Интифоза пирӯз шуд… Исроил: “Дурбин насб намекунем!”

Интифозаи Масҷидулақсо пирӯз шуд ва режими саҳюнистӣ аз насби дурбинҳои мадорбаста бар дарвозаҳои Масҷидулақсо мунсариф шуд.

Дар пайи шиддат гирифтани даргириҳо миёни мӯътаризони хашмгини фаластинӣ бо низомиёни саҳюнист ва худдории фаластиниҳо аз убур аз гетҳо (дарвозаҳои контролшаванда)-и режими саҳюнистӣ барои вуруд ба Масҷидулақсо, ва баргузории намози ҷамоат пушти дарвозаҳои Масҷидулақсо, саранҷом режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз эълом кард, ба ҷойи гетҳо, иқдом ба насби дурбинҳои мадорбаста мекунад.

Аммо бо шиддат гирифтани эътирозот ва идомаи мухолифати фаластиниҳо ва вокунишҳои байналмилалӣ ба ин иқдоми режими саҳюнистӣ ва табдил шудани ин моҷаро ба Интифозаи исломӣ дар баробари саҳюнизм, саранҷом режими саҳюнистӣ таслим шуд ва радиои артиши режими саҳюнистӣ дар “хабаре фаврӣ” эълом кард, ки ин режими аз насби дурбин бар дарвозаҳои Масҷидулақсо мунсариф шуд.

Интифозаи Масҷидулақсо пас аз он шакл гирифт, ки режими саҳюнистӣ ба баҳонаи амалиёти шаҳодатталабонаи се фаластинӣ дар Масҷидулақсо, дарҳои ин масҷидро ба рӯйи мусалмонон баст ва аз саргирии вуруд ба ин масҷидро ба убур аз гетҳо манут кард.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: