Нақди талаққии ғарбиён аз тафаккури Ҳаким Умари Хайём

Ба қалами профессор Сайидҳусайни Наср

Ишора: Сайидҳусайни Наср, файласуфи эронӣ ва устоди улуми исломӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтуни Омрико, ки мақолот ва кутуби донишгоҳии бисёреро ба риштаи таҳрир даровардааст.

* * *

Хайём

Умуман ҳеч шахсияте дар торихи адабиёти форсӣ ва дар ҳақиқат дар торихи тафаккури исломӣ ва эронӣ нест, ки ҳамонанди Умари Хайём дар ғарб машҳур буда ва дар айни ҳол то он ҷо, ки ба куллияти тафаккур ва андешаи ӯ марбут мешавад, ношинохта бошад.

Дар воқеъ метавон гуфт, ки бисёре аз афрод аз замони тарҷумаи зебо аммо нодурусти рубоиёти Хайём ба ҳиммати Фитсҷеролд (FitzGerald), ӯро шоире ҷабргаро ва ишратталаб дидаанд. Бо ин ҳол, Хайём бо ин ки сирфан ба масобаи подзаҳри ахлоқгароии асри Виктуриё муаррифӣ шуда буд, ориф ва файласуф, донишманд, муаррих ва мутахассиси тақвимҳо ва вақойеи торихӣ низ буд; касе, ки ҳамчунин ашъори муҳим ва зебоеро ба забони модариаш суруд. Аммо агарчи ӯ аз як сӯ бузургтарин шоири Эрон набуд, ва лекин аз сӯи дигар яке аз бузургтарин риёзидонон ва бузургтарин файласуф-донишмандони Эрон дар фосилаи байни Ибни Сино ва Сӯҳравардӣ буд.

* * *

Осори мутанаввеъи Умари Хайём

Хайём китобҳои каме менавишт, аммо дар айни ҳол он чиро ҳам, ки навишт, дорои аҳаммияти зиёдест. Чандин рисолаи мавҷуди ӯ, на танҳо муҳимтарин осор дар ҷабр (алгебра) пеш аз асри ҷадидро шомил мешавад ва таҳқиқоти маъруфи ӯ дар қазоёи иқлидусиро дарбар мегирад, балки шомили ихтироъи тақвими ҷалолӣ низ мешавад, ки то ба имрӯз дар Эрон мутадовал буда ва аз тақвими григорӣ бисёр дақиқтар аст. Осори ӯ китоби арзишманде дар бораи соли ҷадиди эронӣ ё Наврӯз ва низ рисолоти муҳиммеро дар бораи илоҳиёт (метофизик) шомил мешавад. Осори ӯ на танҳо шомили рубоиёти маъруф, балки ҳамчунин шомили тарҷумаи форсии хутбаи Ибни Сино дар “Тавҳид” мебошад.

* * *

Фазои фарҳангии ҳоким бар афкори Хайём

Барои шинохти комили Хайём, ҳар муҳаққиқе бояд тамоми ин осорро хонда ва дар даруни ин суннати ақлонӣ, ки Хайём аз он берун омад, таъаммул кунад, ва шакгароӣ ва лаззатпарастии тафаккури ҷадиди урупоиро ба оламе, ки мутаъаллиқ ба он нестанд, фарофиканӣ накунад.

Хайём марде набуд, ки берун аз олами имон зиндагӣ карда бошад ва ба сабки бисёре аз шахсиятҳои адабӣ ва файласуфони ғарбии давраи баъд аз қуруни вусто, дар шакки динӣ зиндагӣ накард. Он чи, ки Хайём нисбат ба он ташкик дошт, мутлақсозии умури нисбӣ буд, ки вежагии андешаи ҳаррӯзаи башарист; хоҳ мутаъаллиқ ба ҷаҳони суннатӣ бошад ва хоҳ ба ҷаҳони зиддисуннтии ҷадид. Хайём ҳаргиз дар вуҷуди мутлақ шак накард, аммо ҳамеша бар нисбияти ҳамаи умур ғайр аз зоти мутлақ (Худованд) таъкид дошт. Ӯ мухолифи яқине динӣ набуд, аммо бо риё ва таъассуб мухолифат меварзид.

Ӯ аз “лаҳзаи ҳозир” таъриф ва тамҷид мекард, на ба далели мухолифат ё фаромӯшии абадият, балки барои таъкид бар ин ки замони ҳозир танҳо нуқтаи иттисоли мо бо амри абадист… Дар ҳоле, ки мӯъминон ва парҳезгорон ба дунболи биҳишт пас аз марг ҳастанд, “аҳиббоуллоҳ” (ошиқони Худо) ҳамеша инҷо ва акнун ба дунболи Ӯ будаанд.

Ин гуфтаи ҳамеша мукаррари Хайём, ки инсон бояд аз лаҳзаи ҳозир “лаззат” бибарад, навъи дигари баёни ҳақиқатест, ки сӯфиён аз Робиъа то Румӣ бар он таъкид кардаанд; ҳақиқате, ки дар воқеъ дар бештари оятҳои Қуръон ва ривоёти мутаъаддид ба он ишора шудааст. Фақат бо зиндагӣ кардан дар замони ҳозири кунунист, ки инсон метавонад дар ин ҳаёт ба биҳишт “дохил” шуда ва ҳақиқати илоҳиро таҷриба кунад, ки сӯфиён таҳти унвони “ҷаннатуззот” ба он ишора кардаанд.

* * *

Маънои “лаззат” дар таъолими динӣ

Хайём “лаззатпараст” низ буд, аммо на ба маънои айёшӣ ва ишратталабиёнаи вожа, он гуна ки аз муҳтавои ҷараёни аслии ирфони масеҳӣ, ба вежа он чунонки дар ғарби лотин густариш ёфт, фаҳмида мешавад. Лаззатгароӣ ғолибан мухолиф бо руҳоният дар ин суннат аст, дар сурате ки дар тасаввуфи исломӣ байни руҳоният ва нафсоният навъе ваҳдати созмонёфта вуҷуд дорад. Ба ҳамон наҳв, ки дар амри фавқи табиӣ вуҷуд дорад, ҳамин тавр гунаи маънавияти умури моддӣ ва моддияти умури маънавӣ низ ҳаст, ки дар бештари ашколи фарҳанги суннатии Эрон дида мешавад ва аз фалсафаи Сӯҳравардӣ то шеъри Ҳофиз, аз мусиқии суннатии эронӣ то аъмол ва маносики динии рӯзмарраро дарбар мегирад.

Хайём ин суннатро дар ашъори худ мунъакис мекунад; он ҳам ба шевае, ки дар ҳоле ки тасвирҳои ӯ фавқулъода ҷисмонӣ ва моддӣ аст, на танҳо ин тасвирҳо мухолифи руҳоният ва маънавият нест, балки мунтаҳӣ ба он низ мешавад. Шароб дар ашъори сӯфиёна натиҷа ва самараи маърифати мудрик аст. Корбурд ва истифодаи Хайём аз ишороти рамзгуна дар бораи шароб, фақат дар сурате метавонад ба таври комил дарк шавад, ки инсон гуфтаи Румиро ба ёд оварад, ва он ин ки шароб аз мо маст шудааст, на мо аз шароб.

* * *

Хайём ва ҷаҳонбинии ирфонӣ ва фалсафии тамаддуни ислом

Ин бад-он маъно нест, ки андеша ва ашъори Хайём сирфан ҳамонанди афкор ва ашъори бузургтарин шоирони сӯфии форсизабон аст, балки манзур ин аст, ки тасвирҳо ва ҷаҳонбинии ӯ, ки забонаш ноқил ва ҳомили онҳост низ наметавонад ба таври комил аз ин суннати манзуми форсӣ ҷудо шавад. Хайём ҷараёни муайяне аз ин суннатро нишон медиҳад; суннате, ки бар нопойдорӣ ва бесуботии ин ҷаҳон, бар ибҳом ва муаммогуна будани вуҷуди инсон ва ҷаҳон замоне, ки танҳо аз нуқтаи назари инсон ё аз дидгоҳи ақлгароёна мушоҳида шавад, ва бар талфиқ ва таркиби лаззатгароӣ бо олитарин гароишҳои фалсафӣ ва ақлӣ таъкид дорад. Хайём намунаи аълои бисёре аз файласуф- донишмандони эронӣ ва ҳатто олимони динист, ки дар зимни навиштани осоре бисёр фаннӣ ва аз назари ақлӣ муназзам ва мураттаб дар мантиқ, риёзиёт ё фиқҳ, рубоиёте чанд ба сабку сиёқи хайёмӣ низ таълиф ва тасниф кардааст. Инчунин аст, ки Хайём устоди барҷастаи ин навъ рубоиёт гашт; касе, ки қолаби рубоиро, ки пештар Абӯсаъиди Абулхайр онро ба унвони аввалин абзори шеъри сӯфиёнаи форсӣ ба кор гирифт ва Ибни Сино қабл аз ӯ ин қолабро барои баёни ашколи гуногуни андешаҳои фалсафии худ истифода намуд, дар ин навъ аз ашъори назарӣ ба камол расонд.

* * *

Лузуми мутолеаи дақиқи осор ва афкори Хайём

Пас аз як қарн, ки тайи он номи Хайём ба воситаи тарҷума ё тарҷеҳан иқтибоси Фитсҷеролд аз рубоиёт, вожае худӣ шудааст, акнун замони арзёбии муҷаддад ва комили осори фалсафии Хайём, ки яке аз аҷзои аслии он рубоиёт мебошад, фаро расидааст. Рубоиёт мусталзими он аст, ки на танҳо ба унвони шоҳкори тарҷумаи асри Виктуриё, балки ба унвони шарҳи амиқе аз назариёти яке аз барҷастатарин шахсиятҳои фарҳанги эронӣ мавриди мутолеа ва баррасӣ қарор гирад. Найл ба ин ҳадаф мусталзими ин аст, ки осори илмӣ ва фалсафии Хайём ба таври дақиқ мутолеа ва баррасӣ шавад ва рубоиёти ӯ ба таври дуруст ва саҳеҳе дар дастрас (-и ҳамагон) қарор гирад.

(Сайидҳусайни Наср, Суннати ақлонии исломӣ дар Эрон, сс.281-284)



Рубрики:Забон ва адабиёт, Машоҳир, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: