Хутбаи Ибни Сино дар тавҳид ва тарҷумаи форсии он аз Ҳаким Умари Хайём

Абӯалӣ ибни Сино хутбае дорад маъруф ба “Хутбаи тавҳидия”. Ӯ дар ин хутбаи кӯтоҳ, ки ба арабист, фишурдаи дидгоҳи фалсафии худро дар боби зоти поки Худои Таъоло ва сифоти Ӯ, аркони низоми ҳастӣ, тартиби мавҷудот, ҳикмати хилқат ва ҷойгоҳи инсон баён кардааст.

Ҳаким Умари Хайём ин хутбаро ба форсӣ тарҷума кардааст. Ҳаким Хайём дар муқаддимаи ин тарҷума мегӯяд, ки ҷамъе аз бародарон ба соли 472 ҳ.қ. дар Исфаҳон аз ӯ хостаанд, ки хутбаеро, ки Ибни Сино иншо кардааст, тарҷума кунад ва ӯ пазируфта ва анҷом додааст.

Албатта Хайём ба тарҷума иктифо накарда ва гоҳе нукоте тавзеҳӣ дар шарҳи он гуфтааст ва аз сухани Ибни Сино – ки аз ӯ бо иборати “ин бузург” таъбир карда – дифоъ ва рафъи шубҳа кардааст.

Дар ин ҷустор, аввал асли матни арабии хутбаи Бӯалиро меоварем ва сипас тарҷумаи Ҳаким Умари Хайём аз ин хутба оварда мешавад.

* * *

سبحان الملك القهار الاله الجبار لا تدركه الابصار ولا تمثّله الافكار لا جوهر يقبل الاضداد فيتغير ولا عرض يسبق وجوده الجوهر

لا يوصف بكم فيقدر ويجزى بكيف فيشابه ويضاهى ولا ولا بمضاف فيوازى فى وجوده ويحاذى ولا بأين فيحاط به ويحوى ولا بمتى فينتقل من مدة الى اخرى ولا بوضع فتختلف عليه الهيئات ولا تكتنفه الحدود والنهايات ولا بجدة فيشمله شامل ولا بانفعال فيغير وجوده فاعل ولا بفعل الا ابداعا فيرتفع عن محل الزمان ارتفاعا

الزمان عنه فى الافق الاقصى وناحية الجوهر الادنى عند اشتمال الحركة على متقدم ومتأخر ووجود الجسم فى تبدل وتغير

والدهر وعاء زمانه ونسبة مبدعاته الى اختلاف احيانه

والمكان يلى الزمان وجودا فيحده اوائل علل الزمان تحديدا

واحد لا ينقسم تقديرا ولا حدا

واحد لا يقارن نظيرا ولا ضدا

واحد كلمة وعددا

واحد ذاتا ونعتا

قهار للعدم بالوجود والتحصيل جبار لما بالقوة بالفعل والتكميل ذو قوة غير متناهية شدة والمقوى عليها عدة ومدة وحكمة هيأت لكل شي‌ء اسباب فعاله ورحمته تهدى كل شي‌ء الى خصائص كماله

ذات يفيض عنه كل موجود ويترتب عنه الموجودات بترتيب مقدر محدود

ليس فى طباع الكثرة أن توجد عنه معا ولا فى قوة الجسم أن يظهر عنه مبدعا

كل مبدع واجب الوجود بوجوب وجوده ممكن فى حد نفسه ووجوده

ويفيض عنه وجود جواهر روحانية لا زمانية ولا مكانية صور عارية عن المواد عالية عن القوة والاستعداد تجلى لها فاشرقت وطالعها فتلألأت وألقى فى هوياتها مثاله فاظهر عنها افعاله فكان لكل واحد بما له من الاول وجود ملك وبما يختص به من ذاته وجود فلك فابدع بتوسط ذين اجساما زمانية يشتمل اكثرها على أجرام نورانية أشكالها افضل الاشكال وهو المستدير وألوانها أحسن الألوان وهو المستنير

وصورها افضل الصور لبرائتها عن الاضداد والانداد وأمنها من التغير والفساد بين فلكى معدل النهار والبروج وفلكى الاستواء والتعويج

ولو كنّ نيرات بلا أفلاك لأزهق انبثاث الأضواء فى عالم الكون والفناء ولو كنأفلاكا دون النجوم لما اختلفت الأوقات الفاعلة لنشء الحيوان والنبات ولو لم يكن الفلك المائل عن معدل النهار لاستوت الفصول وتشابهت احوال النواحي والاقطار

سبحانك كنت ذا قوة غير متناهية وجود لم يبقى فى اعطاء الوجود من باقية

وكان ممتنعا وجود ما لا يتناهى معا ولم يككن يوجد الا مفارقا لا مجتمعا فأبدعت الهيولى الاولى ذات قوة غير متناهية فى الانفعال كما انك ذو قوة غير متناهية فى الفعال وعلمت ان الكون والفساد لا يتم الا بجامع ومبدد وذى انقياد للمتكون واستقصاء على المفسد فخلقت الحرارة مبددة فى ذاتها والبرودة جامعة فى صفاتها والرطوبة لتنقاد بها الاجسام للتخليق والتشكيل واليبوسة ليتماسك بها ما افدت من التقويم والتعديل وخلقت منها عناصر أولى واسكنت سخينها المحل الاعلى ولو اسكنته العنصر البارد لتسخن بحركة الفلك ولما بقى كائن الا هلك لاستيلاء الحرارة على سائر الاركان بالقوة والمكان

وخلقت العناصر الاولى ذات إشفاف فى الطباع والا لامتنع عن النفوذ فيها ساطع الشعاع

وخلقت الأرض ذات لون غبراء والا لما وقف عليها الضياء الّذي هو علة الحرارة الغريزية الفاعلة للصور الطبيعية

ثم خلقت جمادا ونباتا وحيوانا اشتاتا فمتكون وفاسد ومتولد ومتوالد وكان الغرض المقدم خلقة الانسان فخلقت من فضالته سائر الاكوان لئلا يفوت عنصرا حقه ويقصر عن قابل مستحقه

وخلقت الانسان ذا نفس ناطقة ان كان زكاها بالعلم والعمل فقد شابه جواهر أوائل العلل اذا اعتدل مزاجه وعدم الاضداد وشاكل بها السبع الشداد وفارقت نفسه القوابل وشابه العلل الأوائل

ربنا ورب مبادينا اياك نروم ولك نصلى ولك نصوم وعليك المعول وانت المبدأ الاول نسألك التوفيق للعصمة والتنبيه من الغفلة وافاضة الهداية وكشف الشبهة انك ولى ذلك والقادر عليه

* * *

Поко подшоҳи додор, Эзади комёб, Худованде, ки оғози ҳамаи чизҳо аз ӯст ва анҷом ва бозгашти ҳамаи чизҳо бад-ӯст.

Ва Эзад — ҷалла ҷалолуҳу — ҷавҳар нест, ки ба пазируфтани аздод мутағайир гардад.

Бибояд донист, ки на ҳар ҷавҳаре зидпазир бошад чун малоик ва чун аҷроми самовӣ, бал чун сувар, ки сувар ҷавҳаранд ва аздодпазиранд; ва лекин ин сухан хато нест, ки ин бузург мегӯяд: “Ва Эзад – ҷалла ҷалолуҳу – ҷавҳар нест”, ки нашояд, ки васфе вайро ва дигар чизҳоро бувад ба иштирок.

Ва вай зери ҳеч ҷинс набувад; зеро, ки дар зоти ӯ такассур нест ба эътибори ақлӣ, ки ҳадди зоти ӯ бад-ӯ мутакассир шавад чун ҳадди баёз ба лавният ва кайфият; ва на ба таркиби аҷзоъ чун ҷисм ба модда ва сурат. Ва ин асмо ва маъонӣ, ки бар Эзад итлоқ кунанд ва бар ғайри ӯ чун “мавҷуд” ва “воҷиб” авсофест лавозими эътиборӣ, ки такассур бад-ӯ ҳосил нашавад чун аксари асмои изофӣ ва салбӣ, ки агар ба сабаби (онҳо) зот мутакассир шудӣ, лозим омадӣ, ки ҳар мавҷудеро авсофи бисёр будӣ номутаноҳӣ, ва ин маҳол бошад.

Ва “араз” нест, ки вуҷуди ҷавҳар пеш аз вуҷуди вай бошад.

Ва ба “камм”-аш васф накунанд, ки тақдирпазир шавад ва ӯро аҷзоъ бошад.

Ва на ба “кайф”, то монанда шавад.

Ва на ба “музоф”, то чизе дар вуҷуд баробари ӯ тавонад буд.

Бибояд донист, ки ин “музоф”, ки Эзадро ба вай васф нашояд кард, музофи ҳақиқӣ аст, зеро ки ҳамаи чизҳоро оғозу анҷом аз ӯст ва вайро ба ҳамаи чизҳо изофа аст; он изофат, ки ба сабаби вай такассур лозим наёяд. Ва ин бузург чунин мегӯяд, ки ӯ аз мақулаи “музоф” нест, на он ки бад-ӯ изофат набошад.

Ва ба “куҷо”-яш васф накунанд, то муҳот бошад.

Ва ба “кай”-аш (боз набанданд), то аз муддате ба муддате интиқол кунад.

Ва на ба “ниҳоду вазъ”, то ҳаяоти (ҳайъатҳои) мухталиф бар вай дарояд ва ҳудудаш бошад.

Ва ба “ҷида”, ки чизе бар вай шомил гардад.

Ва ин мақулаи “ҷида” ба наздики хавосси синоъат, чун ҷома пӯшидан ва силоҳ ва наъл ва хотам доштан бувад, ки бар кулли ҷавҳаре ё бар баъзе аз вай шомил гардад ва ба ҳаракаташон ҷавҳар мунтақил гардад. Ва агар ба мақулаи “ҷида” чизе хоҳанд, ки оммтар аз ин бошад ва такаллуфе кунанд, он набояд пазируфтан.

Ва ба “инфиъол”-аш васф накунанд, то фоъил ӯро (мутағайир) кунад.

Ва ба “феъл”-аш васф накунанд, илло “ибдоъ кардан”.

Бибояд донист, ки мазҳаби ҳақ он аст, ки ҳамаи эҷодҳо аз Худост; агар ба “ибдоъ” бошад он эҷод, ё ба эҳдос. Ва “ибдоъ” эҷод кардане бошад, ки ибтидои замонӣ надорад, ва “эҳдос” эҷод кардане бошад, ки ибтидои замонӣ дорад. Ва лекин ин бузург бад-он феъл, ки онҷо гуфтааст “ибдоъ” хостааст, ки фаязони ӯ аз зоти Борӣ Таъоло бувад бе воситаи ҳаракат, ва “ҳаракат” ва “замон”-ро бад-ӯ роҳ нест, балки замон аз вай ба вуҷуд омадааст, ва андар ҷисмониёт бошад аз фалакулаъло то маркази олам.

Ва “замон” миқдори ҳаракати аълост ва тақдир кардани он ҳаракат ба тақаддум ва таъаххур; ва будани ин аҷсоми сифлӣ дар тағайюр ва кавну фасод аз ҷиҳати ҳаракоти самовиёт аст. Ва “даҳр” чун зарфест замонро, ва гӯӣ бар ҷумлаи замон муҳит аст. Ва нисбати “даҳр” нисбати малоика кунанд ба замон ва аҷзоъи замон ва замониёт, ки эшон сармадианд ва мутағайир нашаванд ҳаргиз.

Ва “ҷой”, пас аз замон падид омадааст, ки ҳаддниҳандаи ӯ фалак аст. Ва берун аз фалак ҳеч мавҷуд нест на халаъ ва на малаъ.

“Яке”, аз он рӯй, ки тақдир ва аҷзоъ напазирад.

Ва “яке”, аз он рӯй, ки назир ва зидд надорад.

Ва “яке”, ба зот ва наът ва калима ва адад.

Комкорест, ки адамро ба вуҷуд қавӣ кунад; додорест, ки “қувват”-ро ба “феъл” орад, “мумкин”-ро “воҷиб” гардонад.

Қувваташ номутаноҳист аз рӯйи эҳком ва итқон ва шиддат.

Ва баъзе аз мавҷудотро нигоҳ дорад ба муддате номутаноҳӣ; ва баъзе, ки эҳтимоли бақои номутаноҳӣ накунад, иддаи ашхос номутаноҳӣ ба адад кунад.

Ҳикматаш ҳамаи мавҷудотро бар некӯтарин низоме гардонидааст; ва раҳматаш роҳ нумудааст ҳамаи мавҷудотро ба сӯйи ёфтани камоли хеш.

Мумкин набувад, ки чизҳои номутаноҳӣ ба адад мавҷуд гардонад ба якбор. Ҳамчунин мумкин нагардад, ки ҷисм бе восита аз зоти Эзад ҳосилулвуҷуд гардад; зеро, ки ҷисм мураккаб аст аз модда ва сурат, ва дар зоти Эзад – азза ва ҷалла — ҳеч такассур нест ва чизе, ки мутакассир бошад, аз “воҳид” ба мавҷуд наёбад бе восита. Аммо малоика, ки воҷибулвуҷуд гаштаанд ба вуҷуди Эзад, эшон мумкинулвуҷуданд дар ҳадди нафси хеш. Пас ҳама мутакассир бошанд, зеро ки ба ҳасби эътибори ақл эшонро ду рӯй бошад мутақобил, ва лекин дар вуҷуд баситанд ва аҳадиюззот, фоиз ба ибдоъ аз зоти Борӣ азза ва ҷалла. Вуҷуди ҷавоҳири руҳонӣ, ки дар замону макон дарнаёяд, суратҳои маҳзанд, ки бо модда мухолата ва алоқа надоранд ва ҳеч маънӣ дар эшон нест, балки ҳама баситанд ва сармадӣ, ва ба мутолеаи Эзад шариф гаштаанд. Эзад мисоли воҷибулвуҷудро дар зоти эшон ниҳод ба афъоли ӯ зоҳир. Пас ҳама, якеро ба вуҷуби вуҷуд, ки аз Эзад ёфта буд воситаи вуҷуди фалакӣ гашт ва афлок падид омад; аҷсоме Худойпараст ва нуронӣ, ки ашколашон фозилтарини ашкол аст мудаввар; ва лавнашон некӯтарини алвон аст мунаввар; ва сураташон беҳтарин сурат аст, ки на назир дорад ва на зидд.

Ва бибояд донист, ки ҳар ҷисме самовӣ, ки ҳаракати вазъӣ кунад, ӯ навъе дигар аст; ва аз навъи ӯ ҷуз шахси ӯ натавонад буд, ва кавну фасод напазирад.

Ва болотарини афлок фалаки муъаддилуннаҳор аст ва фалакулбуруҷ, ки муъаддили фалаки истивост ва фалаки таъвиҷ. Ва агар ҳама фалак будӣ, авқоти кавну фасоди ин олами сифлӣ мухталиф нашудӣ; ва агар ҳама ситора будӣ ва фалак набудӣ, бисёре равшании иллатҳои кавну фасод ин оламро табоҳ кардӣ; ва агар фалаки буруҷ аз муъаддилуннаҳор майл надоштӣ, аҳволи ҳамаи олам яксон будӣ ва тартибу низом набудӣ.

Поко Худоё!, ки ҳамчунонки қуввати номутаноҳист, ҷудат дар додани вуҷуд ҳеч боқӣ нагузорад. Ва мумтанеъ бувад, ки номутаноҳӣ ба якбор мавҷуд гардад магар пароканда; пас ҳиюлоро ибдоъ кардӣ, ки қуввати пазируфтани номутаноҳист чун қуввати ту дар додан. Ва донистӣ, ки кавну фасод тамом нагардад, илло ба гирдоранда ва парокунанда, ва Худованди инқиёде, ки бад-он мунқод шавад фоъили кавнро, ва ба чизе бад-он осӣ шавад фоъили кавнро. Пас гармиро парокунанда офарида, ва сардиро гирдоранда, ва рутубат инқиёдро, ва юбусат исёнро. Ва аз ин чаҳор рукн, чаҳор аркони нахустин биёфаридӣ чун оташу ҳавову обу замин. Ва гармтаринро бар ҷойгоҳт бартарин фуруд овардӣ; аз баҳри он, к-агар сардӣ онҷо будӣ, гарм гаштӣ ба ҳаракати фалак ва ҳеч коин намондӣ, ки на табоҳ шудӣ аз ҷиҳати ғалабаи гармӣ ба дигар аносур, ҳам ба қувват, ва ҳам ба ҷойгоҳ.

Ва ин се унсур болоиро бе ранг офаридӣ; ва агар на шуъоъро роҳ набудӣ, то дар эшон бигузаштӣ.

Бибояд донистан, ки ин сухан маҷозист аз баҳри он, к-шуоъро интиқол кардан ва дар чизе гузаштан набуд, ва лекин чун ҷисми равшан дар баробари ҷисме равшанипазир бошад, ки миёни эшон ҷисме бе ранг бошад то ҷисми равшанипазир мустаъидди равшан пазируфтан шавад ва Эзад Таъоло равшанӣ дар вай биёфарид. Ва лиммияти ин сухан ақли башарӣ дар натавонад ёфтан.

Ва заминро ранге додӣ миёни сафедӣ ва сиёҳӣ, то равшанипазир бошад. Ва чун равшан шуд, гарм гардад гармии ғаризӣ, ки ин гармӣ сабаби вуҷуди суратҳои табиист.

Ва аз ин аносур бисёр мураккабот биёфаридӣ аз ҷамоду маъодину наботу ҳайвону мардум. Ва ҳар якеро дар шараф ва хиссат мартибате додӣ маҳдуд.

Ва ғараз дар офариниши ин аркон “мардум” буд ва аз фузолаи ӯ дигар чизҳо биёфаридӣ, то ҳеч чиз аз ҳеч чизи пазиранда фоит нашавад ва ҳамаи мавҷудот ба ҳаққи хеш бирасанд.

Бибояд донистан, ки Эзад – ҷалла ва ъало – (ро) дар ҳеч чиз ғараз набошад, ки ғараз аз аҷзу нуқсони соҳиби ғараз бошад ва ҷабри он ғараз бо зоти ӯ гардад; балки ҳамаи мавҷудот воҷибулвуҷуданд ба изофат бо вуҷуди Эзад Таъоло; ва ҳеч мавҷуд аз дигаре авлотар нест ба вуҷуд; балки ҳама бар сифатеанд аз низому итқону некӯӣ ва тамомӣ, ки аз он беҳтар нашояд, ки он навъ бувад; ва лекин дар силсилаи “низоми мабдаӣ”, ки ҳар чӣ миёни ӯ ва миёни Эзад – ҷалла ҷалолуҳу — восита камтар аст, ӯ шарифтар аст; ва дар силсилаи “низоми маъодӣ” ҳар чӣ дар миёни ӯ ва миёни ҳаюло восита бештар аст, ӯ шарифтар аст.

Пас падид омад, ки ҳамаи мавҷудот дар тамомӣ ва некӯӣ, дар навъи хеш якеанд ва тафовут дар шараф ва хиссат афтодааст, на он ки яке авлотар аст ба вуҷуд аз дигаре.

Ва мардумро равони гӯё додӣ, ки агар онро покиза гардонад ба илми ҳақ ва амали хайр, монанди малоика гардад ва савоби азим ёбад. Ва чун мизоҷи навъи эшон мӯътадил буд ва аздод надошт, монанди аҷроми самовӣ гашт дар пазируфтани нафси нотиқа; ва чун аз модда муфориқат ёфт, монанди малоика гашт дар идроки маъқулот ва дар басотат, то бақои ҷовидӣ ӯро лозим омад.

Худованди мо ва офаридагори мо! Ва Худованд ва офаридгори мабодии мо! Туро ҷӯем ва туро парастем, ва аз ту хоҳем ва таваккул бар ту кунем, ки оғози ҳамаи чизҳо аз туст ва бозгаштани ҳамаи чизҳо ба туст, вассалому ъало сайидил-аном Муҳаммадин ва олиҳил-бараратил-киром.

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: