Ислом ва Эронзамин (47)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (10)

Оғози тадвину таълиф

Ғолибан мусташриқин ва атбоъу азнобашон муддаӣ мешаванд, ки дар садри ислом яъне дар замони хулафои рошидин тадвину таълифи китоб роиҷ набуд, балки мамнӯъ буд ва ҳатто ҷумлаҳое аз Расули Худо ривоят мешуд мабнӣ бар манъ аз китобату таълиф, вале тадриҷан, ки ислом тавсиъа ёфт, таълифу тадвин роиҷ гашт ва аҳодисе мабнӣ бар тавсия ва ташвиқи таълифу тасниф аз Пайғамбари Акрам ривоят карданд.

Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Хулафои рошидин аз шаҳрӣ шудани арабҳо бим доштанд, аз он рӯ, ки ба ақидаи онон, пас аз шаҳрӣ шудан, нишоту соддагии онон боқӣ нахоҳад монд ва аз ин рӯ арабҳоро аз тадвину таълифи китобҳо бозмедоштанд… Аммо кам-кам ислом интишор ёфт ва мамолики исломӣ васеъ шуд ва саҳоба дар атроф мутафарриқ гаштанд ва фитна ва ошӯб бархост ва оро ва ақоид мухталиф гашт ва муроҷиа ва истифто фузунӣ ёфт. Ночор мусалмонон ба тадвини ҳадису фиқҳу улуми Қуръон пардохтанд ва ба истидлолу иҷтиҳоду истинбот тамассук ҷустанд… Ва аз он рӯ на танҳо китобатро макрӯҳ нашумурданд, балки онро мустаҳаб донистанд ва ба аҳодиси зер, ки Анас ибни Молик аз пайғамбар ривоят кард руҷӯъ намуданд.” (Торихи тамаддуни ислом, ҷ.1, с.75)

Он чӣ Ҷорҷи Зайдон ба хулафои рошидин нисбат медиҳад, дурӯғи маҳз аст. На масъалаи шаҳрӣ шудан матраҳ будааст ва на масъалаи манъ аз тадвину таълиф, ки Ҷорҷи Зайдон фаръ бар он донистааст. Масъалае, ки будааст ва Ҷорҷи Зайдон ва дигарон ба он шоху барг додаанд, яке мамнӯияти саҳобаи пайғамбар аз хуруҷ аз Мадина ва таваттун дар нуқтаи дигар аст. Ва дигар манъ аз китобати аҳодиси набавист. Ва ин ҳар ду марбут аст ба халифаи дуввум на ба ҳамаи хулафои рошидин. Чунонки медонем, дар қадимитарин китобҳои торихи исломӣ, ихтилофи назари Алӣ алайҳис-салом ва баъзе дигар аз саҳоба аз як тараф ва Умар ибни Хаттоб ва баъзе саҳобаи дигар аз тарафи дигар дар масъалаи китобати ҳадис зикр шудааст ва мо баъдан дар бораи ин мавзӯъ сухан хоҳем гуфт. Худи масъалаи хуруҷ аз Мадина ва таваттун дар нуқтаи дигар — чунонки медонем – ба василаи Алӣ алайҳис-салом — ки Кӯфаро дорулхилофа қарор дод-  ва бархе саҳобаи дигар нақз шуд. Бинобар ин, сухани Ҷорҷи Зайдон “аслан” ва “фаръан” беасос аст.

Эдворд Броун низ муддаӣ аст, ки дар қарни аввали ҳиҷрӣ бо ин ки шӯри илмии мусалмонон фавқулъода зиёд буд, китобе тадвин нашуд; куллияи маълумот сина ба сина ва насл ба насл шафоҳан мунтақил мегашт ва Қуръон тақрибан танҳо асаре буд, ки ба насри арабӣ боқӣ буд. Мегӯяд:

Касби илм (дар қарни аввали ҳиҷрӣ) фақат ба василаи мусофират муяссар мешуд ва сафарҳое, ки дар талаби илм мекарданд ва дар ваҳлаи аввал нахуст ба муқтазои авзоъу аҳвол ҳар сафар ҷиҳоти мӯҷибае дошт, лекин ба тадриҷ сафар расм шуд ва саранҷом тақрибан ба як навъ ҷунун мубаддал гардид ва аҳодисе аз қабили ҳадиси зайл таъйидкунандаи сафарҳои илмӣ шуд: пайғамбар фармуд, ҳар, ки роҳеро дар талаби илм тай кунад, Худо ӯро ба роҳе, ки ба биҳишт мунтаҳӣ мегардад, мебарад… Макҳул аслан бандае буд дар Миср, ки чун озод гашт, ҳозир нашуд аз он мамлакат хориҷ шавад, магар вақте ки ҷамиъи улуми мутадовал дар Мисрро касб намуд ва пас аз он ки ба ин кор тавфиқ ёфт, ба Ҳиҷоз ва Ироқ ва Шом рафт, то ҳадиси мӯътабаре дар бораи тақсими ғаноим ба даст оварад…” (Торихи адабиёт, ҷ.1, с.396-397)

Вале ин назар беасос аст. Аз мутолеаи дақиқтар дар осори садри ислом маълум мегардад, ки китобат ва ёддошт аз замони Пайғамбари Акрам маъмул шуд ва идома ёфт. Мадорики фаровон барои исботи ин муддаъо вуҷуд дорад. Дар поварақии тарҷумаи форсии ҷилди аввали “Торихи адабиёт”-и Броун, қисмате аз китоби “Мусаннафотуш-шиъатил-имомия фил-улумил-исломия” таълифи алломаи фақид Шайхулислом Занҷонӣ бар радди назарияи амсоли Броун нақл карда ва хилофи онро исбот кардааст. Ҳамчунин алломаи ҷалил марҳум Оятуллоҳ Сайидҳасани Садр (аълаллоҳу мақомаҳу) дар китоби бисёр нафиси “Таъсисуш-шиъа ли улумил-ислом” кизбу бутлони ин назарияро исбот кардаанд ва мо зимни мабоҳиси оянда қисмате аз онҳоро нақл хоҳем кард. Феълан мо барои парҳез аз итолаи сухан аз нақли онҳо худдорӣ мекунем.

* * *

Иллатҳо ва авомили суръат

Яке аз иллатҳои суръати пешрафти мусалмонон дар улум ин будааст, ки дар ахзи улуму фунун ва санойеъу ҳунарҳо таъассуб намеварзиданд ва илмро дар ҳар нуқта ва дар дасти ҳар кас меёфтанд, аз он баҳрагирӣ мекарданд ва ба истилоҳи имрӯз, руҳи “тасоҳул” бар онҳо ҳукмфармо будааст.

Чунонки медонем, дар аҳодиси набавӣ ба ин нукта таваҷҷӯҳ дода шудааст, ки илму ҳикматро ҳар куҷо ва дар дасти ҳар кас пайдо кардед, онро фаро гиред. Расули Акрам фармуд:

كلمة الحكمة ضالة المؤمن فحيث وجدها فهو أحق بها

Ҳамоно дониши ростин гумшудаи мӯъмин аст, ҳар ҷо онро биёбад, худаш ба он сазовортар аст.”

Дар Наҳҷул-балоға аст:

الحكمة ضالة المؤمن، فخذ الحكمة ولو من أهل النفاق

Дониши ростин гумшудаи мӯъмин аст, пас онро фаро гир ва биёмӯз ҳарчанд аз мардуми мунофиқ.

Ва ҳам аз калимоти он ҳазрат аст:

خذوا الحكمة ولو من المشركين

Ҳикматро биёмӯзед ҳарчанд аз мушрикон.

Дар ривоёти исломӣ имомони атҳор аз ҳазрати Масеҳ нақл кардаанд, ки:

خذوا الحق من أهل الباطل ولا تأخذوا الباطل من أهل الحق وكونوا نقاد الكلام

Яъне “Ҳақро (ҳарчанд) аз аҳли ботил фаро гиред ва аммо ботилро (ҳарчанд) аз аҳли ҳақ фаро нагиред, сухансанҷ ва ҳақиқатшинос бошед.”

Ин ривоятҳо заминаи вусъати дид ва баландназарӣ ва таъассуб надоштани мусалмононро дар фаро гирифтани улум ва маориф аз ғайримусалмонон фароҳам кард ва ба истилоҳ, дар мусалмонон “руҳи тасоҳул” ва “тасомуҳ” ва адами таъассуб дар мақоми фарогирӣ ва илмомӯзӣ ба вуҷуд овард.

Ва аз ин рӯ мусалмонон аҳаммият намедоданд, ки улумро аз дасти чӣ касе мегиранд ва ба василаи чӣ ашхосе тарҷума ва нақл мешавад ва ба дасти онҳо мерасад, балки бар асоси он чӣ аз пешвои азимушшаъни худ омӯхта буданд, худро ба далели ин ки аҳли имонанд соҳиб ва вориси аслии ҳикматҳои ҷаҳон медонистанд, ҳикматро назди дигарон амре “орият” тасаввур мекарданд; ба қавли Мавлавӣ:

Эй бародар, бар ту ҳикмат орияст,

Ҳамчу дар назди наххосе ҷорияст.

Мӯътақид шуда буданд, ки илму имон набояд аз якдигар ҷудо зист кунанд. Мӯътақид буданд, ки ҳикмат дар муҳити беимонӣ ғарибу бегона аст, ватани ҳикмат қалби аҳли имон аст. Бадеҳист, ки ҷумлаи:

كلمة الحكمة ضالة المؤمن فحيث وجدها فهو أحق بها

— ҳамаи ин маъонӣ ва мафоҳимро дарбар дорад. Ин буд, ки мусалмонон тамоми ҳиммату саъяшон ин буд, ки бар улум ва маорифи ҷаҳон даст ёбанд.

Ҷорҷи Зайдон дар бораи иллатҳо ва авомили суръати пешрафти тамаддуни исломӣ мегӯяд:

Яке аз авомили муассир дар суръати пешрафти тамаддуни ислом ва тараққӣ ва таъолии улум ва адабиёт дар наҳзати аббосиён ин буд, ки хулафо дар роҳи тарҷума ва нақли улум аз базли ҳар чизи гарону арзон дареғ надоштанд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба миллият ва мазҳаб ва нажод, донишмандон ва мутарҷиминро эҳтиром мегузорданд ва ҳама навъ бо онон мусоидат мекарданд. Ва аз он рӯ донишмандони масеҳӣ, яҳудӣ, зартуштӣ, собеӣ, сомирӣ дар боргоҳи хулафо гирд меомаданд ва хулафо тавре бо онон ба меҳрубонӣ рафтор мекарданд, ки бояд тарзи рафтори онон барои фармонравоёни ҳар миллат ва мазҳабе сармашқи озодихоҳӣ ва адолатгустарӣ бошад.” (Торихи тамаддуни ислом, ҷ.3, с.247)

Ҷорҷи Зайдон достони маъруфи марсиягӯии Сайид Шарифи Разиро барои Абӯисҳоқи Собеӣ зикр мекунад, ки як марди руҳонӣ дар марсияи як донишманди кофир шеър мегӯяд. Сипас мегӯяд:

Озодии фикру ақида ва мумошот бо донишмандон чунон буд, ки он мард бузурги руҳонӣ бо камоли озодагӣ он донишманди собеиро марсия гуфт.”

Ҷорҷи Зайдон чунин натиҷа мегирад, ки мардум дар таъассуб ва адами таъассуб, аз бузургон (хулафо, салотин)-и хеш пайравӣ мекунанд ва агар бузургон ва фармонравоён озодманиш бошанд, соирин низ аз онон табаият доранд ва аксаш ҳам акс аст.

Вале ин натиҷагирӣ саҳеҳ нест. Амсоли Сайид Шариф Разӣ дунболарави хулафо набуданд, сиъаи садр ва баландназариро аз хулафо наёмӯхта буданд; аз шореъи муқаддаси ислом омӯхта буданд, ки илмро ба ҳар ҳол мӯҳтарам мешуморад, ва аз ин рӯ вақте, ки ба Сайид эътироз шуд, посух дод, ки ман дар ҳақиқат илмро марсия гуфтам, на шахсро.

Оқои дуктур Зарринкӯб низ дар китоби “Корномаи ислом” руҳи тасомуҳ ва бетаъассубии мусалмононро омили муҳимме дар суръати пешрафти мусалмонон мешуморанд.

Омили дигар, ки дар иқболи азими мусалмонон ба улум муассир будааст, тавсия ва ташвиқи фаровони ислом ба таҳсили илм аст. Ҷорҷи Зайдон бо ин ки таъассуби масеҳӣ дорад ва дар баъзе масоил ин таъассуб комилан намудор аст ва гоҳе мехоҳад исрор биварзад, ки мусалмонони аввалия бо ҳар китобе ҷуз Қуръон мухолиф буданд, бо вуҷуди ин, эътироф мекунад, ки ташвиқи ислом ба илм омили муассире будааст. Мегӯяд:

Ҳамин ки мамлакати ислом тавсиъа ёфт ва мусалмонон аз иншои улуми исломӣ фориғ шуданд, кам-кам ба фикри улум ва санойеъ афтоданд ва барои худ ҳама навъ васоили тамаддун фароҳам сохтанд ва табъан дар садади таҳсили илму санъат баромаданд ва чун аз кашишони масеҳӣ матолибе аз фалсафа шунида буданд, беш аз соири улум ба фалсафа алоқаманд гаштанд, бахусус, ки аҳодиси ворида аз (ҳазрати) Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ононро ба таҳсили илм ва бахусус фалсафа ташвиқ менамуд, ки аз он ҷумла фармудааст: “Илм биёмӯзед агарчӣ дар Чин бошад”, “Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст, аз ҳар, ки бишнавад фаро мегирад ва аҳаммият намедиҳад, ки кӣ онро гуфтааст”, “Омӯхтани илм бар ҳар зану марди мусалмон воҷиб аст”, Аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯзед”.

Оқои дуктур Зарринкӯб менависад:

Тавсия ва ташвиқи муаккаде, ки ислом дар таваҷҷӯҳ ба илм ва уламо мекард, аз асбоби умда буд дар ошноии мусалмонон бо фарҳанг ва дониши инсонӣ. Қуръон мукаррар мардумро ба тафаккур ва тадаббур дар аҳволи коинот ва ба таъаммул дар асрори оятҳо даъват карда буд, мукаррар ба бартарии аҳли илм ва дараҷоти онҳо ишора намуда буд ва як ҷо шаҳодати “соҳибони илм”-ро толии шаҳодати Худо ва малоика хонда буд, ки ин худ ба қавли Имом Ғаззолӣ дар фазилат ва наболати илм кифоят дошт. Ба илова баъзе аҳодиси Расул, ки ба асноди мухталиф нақл мешуд, ҳокӣ аз бузургдошти илм ва уламо буд. Ва ин ҳама бо вуҷуди баҳсу ихтилофе, ки дар боби асли аҳодис ва моҳияти илми мавриди тавсия дар миён меомад, аз умуре буд, ки мӯҷиби мазиди рағбати мусалмонон ба илму фарҳанг мешуд ва онҳоро ба таъаммулу тадаббур дар аҳвол ва тафаҳҳусу тафаккур дар асрори коинот бармеангехт. Аз инҳо гузашта, Пайғамбар худ низ дар амал мусалмононро ба омӯхтан ташвиқи бисёр мекард, чунонки баъд аз ҷанги Бадр ҳар кас аз асирон, ки фидя наметавонист бипардозад, дар сурате ки ба даҳ тан аз атфоли Мадина хатту савод меомӯхт озодӣ меёфт. Ҳамчунин ба ташвиқи вай буд, ки Зайд ибни Собит забони ибрӣ ё сурёнӣ — ё ҳар ду забон — ро фаро гирифт ва ин ташвиқу тарғиб сабаб мешуд, ки саҳоба ба ҷустуҷӯи илм рӯ оваранд, чунонки Абдуллоҳ ибни Аббос бино бар машҳур, ба китобҳои Таврот ва Инҷил ошноӣ пайдо кард ва Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос низ ба Таврот ва ба қавле низ ба забони сурёнӣ вуқуф пайдо карда буд. Ин таъкид ва ташвиқи Пайғамбар ҳам алоқаи мусалмононро ба илм афзуд ва ҳам уламо ва аҳли илмро дар назари онон бузург кард.” (Корномаи ислом, сс.17-18)

Акнун вориди баҳс дар нақши муҳим ва муассири эрониён дар улум ва фарҳанги исломӣ бишавем.

Ҳадафи мо дар ин китоб тавзеҳи нақши муассири эрониён дар тадвин ва таквини улум ва фарҳанги исломӣ аст. Он чӣ гуфтем, аз боби муқаддима буд ва зикри онро зарурӣ медонистем.

Такрор карда ва бори дигар таъкид мекунем, ки тамаддуни исломӣ аз ҳеч қавми бахусус нест, балки аз они ислом ва мусалмонон аст; ҳеч миллате ҳақ надорад онро ба номи худ қаламдод кунад, чӣ араб ва чӣ эронӣ ва чӣ ғайри инҳо; ҳар миллате ҳақ дорад саҳми худро мушаххас кунад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: