Оё Курдистони мустақил дар нақшаи ҷаҳон зоҳир мешавад?

Таҳлиле дар Mashreghnews

Аз замони ташкили ҳукумати федерол дар Ироқ, тайи як даҳаи гузашта рӯйкарди давлати Иқлими Курдистон (KRG) ҳамвора бар “ҷудоӣ аз давлати марказӣ дар Бағдод” ва “ташкили кишвари мустақилли Курдистон” мутамаркиз будааст.

То кунун гузоришҳо ва таҳлилҳои бешуморе дар бораи мавонеъи пеши рӯйи ташкили кишвари мустақилли Курдистон дар расонаҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ мунташир шуда ва ба яқин ҳар ақли салиме, ки баҳрае аз мантиқ бурда бошад, дармеёбад, ки ҷудоии Иқлими Курдистон аз Ироқ — бо фарзи мӯҳтамал будани ин сенорию — беш аз он ки ба суди курдҳо бошад, ба зиёни онҳост.

Гузориши зайл бо пазириши пешфарзи ташкили кишвари мустақилли Курдистон, талош дорад, мавонеъ ва чолишҳои пеши рӯйи шаклгирии кишвари Курдистон дар се сатҳи ҷуғрофиё, жеупулутик ва жеуистротежики минтақаи бӯҳронхез ва пурилтиҳоби Ховари Миёнаро баррасӣ кунад.

* * *

Чолишҳои жеупулутики ташкили кишвари мустақилли Курдистон

Илми сиёсат, “жеупулутик”-ро ҳунари эҷоди мувозинаи қудрат бо бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бо ҳадафи таъмини амният ва ҳифз ва густариши манофеъи миллӣ медонад. Бар ин асос, ҳунари раҳбарони сиёсӣ танзими муносиботи миллӣ ва фаромиллӣ ба гунае аст, ки бо баҳрагирӣ аз фурсатҳо ва маҳдудиятҳои муҳитӣ, манофеъ ва амнияти миллии кишварашонро таъмин кунанд.

Курдистони Ироқ бо минтақаи кӯҳистонӣ бо масоҳате ҳудуди 74 ҳазор километри мураббаъ наздик ба 6 милёюн нафар аз ҷамъияти беш аз 37 милёюннафарии Ироқро дар худ ҷой дода ва 6 устони Диҳук, Курдистон, Каркук, Диёла ва Найнаворо дарбар мегирад, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 20 дарсади масоҳати кишвари Ироқро шомил мешавад ва ба далели баҳрамандӣ аз захоири зеризаминӣ ва манобеъи обӣ дар минтақаи жеупулутик ва жеуистротежик воқеъ шудааст.

Аз тарафе, Иқлими Курдистон байни 4 кишвари қудратманди Ховари Миёна яъне Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Сурия ва Ироқ воқеъ шуда ва ин мавқеияти ҷуғрофиёӣ ин минтақаро ба маҳалли талоқии чаҳор тамаддуни башарӣ яъне Эрон, шибҳиҷазираи Араб, Онотулӣ ва Қафқоз табдил карда ва ба навъе дар масири гузаргоҳе аст, ки се қорраи Осиё, Урупо ва Офриқоро ба ҳам муртабит мекунад.

Ҳамин шарҳи кӯтоҳ ба хубӣ ошкор мекунад, Иқлими Курдистон агарчи дар минтақае жеупулутик ва жеуистротежик воқеъ шуда, аммо бо чолиши бузург ва пойдоре таҳти унвони “мавқеияти баста” мувоҷеҳ аст, ки сиёсатҳои хориҷии ин иқлимро дар ду сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ муқайяд ба қайдҳои гоҳо сахт ва печида дар таъомул бо дигар кишварҳо ба вежа кишварҳои ҳамҷивор мекунад, чун дар мудели давлат–миллати Курдистон – бо фарзи ташкил — пешниёзи ҳар гуна иртибот ва мубодила бо дунёи хориҷ, доштани равобити ҳасана бо кишварҳои ҳамҷивор ба вежа ду кишвари Эрон ва Туркия аст ва бархӯрдорӣ аз чунин муносиботе манут ба ин аст, ки вокуниши кишварҳои ҳамҷивор ба ташкили кишвари ҷадиде ба номи Курдистон чӣ хоҳад буд ва чӣ таъомуле бо он хоҳанд дошт? Оё мавҷудияти онро ба расмият хоҳанд шинохт? Оё тағйири марзбандиҳои ҷуғрофиёӣ ва зуҳури як кишвари ҷадид, кучак ва маҳсур дар хушкӣ бо хушомадгӯии ҳамсоягон мувоҷеҳ хоҳад шуд?

* * *

Зуҳури марзбандиҳои ҷадид

Аввалин паёмади ташкили кишвари Курдистон, дар марзбандиҳо намоён хоҳад шуд. Бар ин асос, марзҳои кунунии Ироқ бо Туркия табдил ба марзи Курдистон ва Туркия хоҳад шуд. Илова бар он, ниме аз марзи феълии Ироқ бо Эрон яъне аз ҳудуди устони Кирмоншоҳ то устони Урумия, ба марзи муштараки Эрон ва Курдистон табдил хоҳад шуд.

Ба ин тартиб, агарчи марзҳои Туркия бо Курдистон дастнахӯрда боқӣ хоҳад монд ва фақат номи кишвари ҳамсояи Туркия аз Ироқ ба Курдистон табдил хоҳад шуд, аммо ин вазъият дар хусуси Эрон мисдоқ нахоҳад дошт. Дар ин росто, Эрон ба ҷойи ҳамсояи ғарбии феълии худ, яъне Ироқ, бо ду кишвар ҳамҷивор хоҳад шуд, дар шимол бо шимоли Курдистон ва дар ҷануб бо Ироқ.

Сурия низ ба вазъияте мушобеҳи вазъияти Эрон дучор хоҳад шуд; ба ин маъно, ки дар марзҳои шарқии худ, дар шимол бо Курдистон ва дар ҷануб бо Ироқ ҳаммарз хоҳад шуд.

Ҳамон гуна, ки гуфта шуд, ба ин тартиб дар шароите кишвари Курдистон дар минтақа пой ба арса мегузорад, ки на танҳо дар миёни чаҳор кишвари муҳим ва таъсиргузори минтақа маҳсур мебошад, балки дар ҳоли ҳозир ҳеч кадом аз ин кишварҳо мувофиқи шаклгирии ин киёни сиёсии курдӣ нестанд.

* * *

Мухолифон ва ҳомиёни Курдистони мустақил

Аввалин паёмади чунин мухолифате худдории кишварҳои фавқуззикр аз ба расмият шинохтани истиқлоли сиёсии Курдистон хоҳад буд, чун ташкили чунин кишвареро омили таҳрик дар миёни ақаллиятҳои курди худ ва барҳамзанандаи амнияти миллиашон талаққӣ хоҳанд кард.

Дар ин байн ташкили кишвари мустақилле ба номи Курдистон танҳо метавонад мавриди истиқбол ва ҳимояти режими саҳюнистӣ ва қудратҳои ғарбӣ бошад. Табитан далоили бисёре вуҷуд дорад, ки мӯҷиб мешавад чунин истиқбол ва ҳимояте бе қайду банд ва бе ҳадду ҳаср набошад, аз ҷумла ин ки иртиботи ҳомиёни Курдистони мустақил дар ғарб ва минтақа бо Арбил, бидуни истифода аз осмон ва ё хоки кишварҳои ҳамҷивори Курдистон ва бидуни мувофиқат ва таъйиди онҳо ҳеч гоҳ муяссар нахоҳад шуд. Ва ин метавонад аз як сӯ, ба барги барандае дар дасти ин кишварҳо ҷиҳати эъмоли фишор бар Курдистон ва имтиёзгирӣ аз Арбил, ва аз сӯи дигар, ба аҳруми фишоре дар дасти 4 кишвари фавқ алайҳи ҳомиёни ғарбӣ ва минтақаии истиқлоли Курдистон ва тағйири рӯйкардҳои онҳо дар қиболи Арбил бадал шавад.

Омили боздорандаи дигаре, ки ҳимоятҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз Курдистони мустақилро маҳдуд хоҳад кард, муҳосиботи минтақаӣ ва мувозинаҳои қудрати ҳоким бар равобити қудратҳои ҷаҳонӣ бо кишварҳои ҳамҷивори Курдистон аст. Диплумосии байналамилал ҳеч гоҳ иқтизо намекунад Омрико Курдистонро бар муттаҳиди минтақаӣ чун Туркия, яке аз аъзои НАТО ё Ироқ тарҷеҳ диҳад.

Илова бар ин ки ҳам Омрико ва ҳам режими саҳюнистӣ ҳар қадр ҳам қудратманд ҷилва диҳанд ва ба қавонин ва муъоҳидоти байналмилалӣ бетаваҷҷӯҳ бошанд, наметавонанд бидуни касби муҷаввиз аз осмону хоки Ироқ, Сурия ё Туркия барои расидан ба Курдистон истифода кунанд ва ин монеъе бузург дар баробари Курдистони мустақил хоҳад буд, ки паёмадҳои зиёнбор ва аҳёнан вайронгари он домангири арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва диплумотики Арбил хоҳад шуд.

* * *

Идомаи ҳаёти Курдистони мустақил дар дасти ҳамсоягон

а) Туркия:

Бисёре аз ниёзҳои Иқлими Курдистон ҳамакнун аз тариқи Туркия ва марзҳои муштарак байни тарафайн бароварда мешавад. Табиист бурузи ҳар гуна таниш ва чолиш дар равобити Арбил – Онкоро, ба зиёни Иқлими Курдистон хоҳад буд ва ин барои кишвари навпое чун Курдистон, ки аз мушкилоти шадиди иқтисодӣ ва заъф дар сохторҳои ҳукуматӣ ранҷ мебарад, зарбае муҳлик хоҳад буд.

Илова бар ин ки ин чолиш метавонад ба роҳатӣ ба нуқтаи заъфи Арбил табдил шуда, агар роҳро бар дастандозиҳо ва чашмдоштҳои тавсиъаталабонаи Онкоро дар шимоли Ироқ ҳамвор накунад, бе шак ба барги барандае дар дасти Туркия табдил хоҳад шуд, то имтиёзоти бештаре аз курдҳо дар шимоли Ироқ касб кунад.

Дар ин миён набояд аз чолиши курдҳои Туркия, ки дорои ихтилофоти дерина ва мутаъаддид бо курдҳои Ироқ аст, ба соддагӣ гузашт. Ташдиди ихтилофот ва афзоиши хусуматҳо метавонад бо иқдомоте низомӣ аз сӯи курдҳои Туркия дар Курдистони Ироқ ҳамроҳ шавад ва ин таҳдиде бузург барои кишвари тозамутаваллидшудаи Курдистон маҳсуб мешавад, ки агар онро сарнагун накунад, бе тардид ба шиддат тазъиф хоҳад кард.

Сарфи назар аз роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ, як давлати мустақилли маҳсур дар хушкӣ бидуни дастрасӣ ба обҳои байналмилалӣ ё доштани ҳаққи транзит ба чунин оброҳҳое маҳкум ба фано хоҳад буд. Туркия дар изои таъмини манофеъи иқтисодиаш метавонад чунин шоҳраги ҳаётиро ба давлати Курдистон вогузор кунад. Аммо бар асоси теорияҳои равобити байналмилал, кишваре, ки ҳаққи транзит ба як кишвари маҳсурро медиҳад, маъмулан хостаҳои сиёсии худро низ дар канори фоидаҳои иқтисодӣ ба он кишвар таҳмил хоҳад кард. Дар чунин шароите Туркия қодир хоҳад буд дар баробари вогузории ҳаққи транзите, ки дар ихтиёр дорад, хостаҳои сиёсии худро ба Курдистон таҳмил ва то ҳудуде ноҳияҳои курднишини худро аз таъсироти манфии ташкили як давлати курдӣ масун нигаҳ дорад. Илова бар он ки даромадҳои иқтисодии ношӣ аз ин убури транзитӣ манбаъи даромади қобили таваҷҷӯҳ ва ҷадиде барои давлати Туркия хоҳад буд ва ба давлати ин кишвар дар ҳавзаи иқтисод кӯмак хоҳад кард.

б) Сурия:

Дар бораи равобити Арбил – Димишқ бояд гуфт, вазъият мутафовит аст. Сурия имрӯз дар шароите қарор дорад, ки ба низоми ин кишвар иҷозаи барқарории равобити судманд ва ҳадафманд бо Курдистонро намедиҳад. Ҳузури садҳо ҳазор паноҳҷӯи сурӣ дар Ироқ ва Иқлими Курдистон, омили манфӣ ва танишзо дар равобити Арбил – Димишқ хоҳад буд ва ин таниш мумкин аст барои солҳо идома пайдо кунад.

То замоне, ки давлати фарогире дар Сурия бар авзоъ мусаллат нашавад ва харобиҳои чанд соли ҷанги дохилиро сару сомон надиҳад, раванди муҳоҷирати курдҳои Сурия ба хориҷ аз ҷумла кишварҳои ҳамҷивор идома хоҳад ёфт ва Курдистон аввалин гузинаи ин паноҳҷӯён хоҳад буд, ки метавонад осебпазирии кишвари кучак ва тозашаклгирифтае монанди Курдистонро дучандон кунад.

Дар чунин шароите Иқлими Курдистон наметавонад дар муҳосиботи минтақаии худ ҷиҳати барқарории робита ва тавсиъа ва густариши муносиботи мавҷуд, бо ҳадафи таъмини ниёзҳояш ва иртибот бо ҷаҳони хориҷ ҳисоб кунад ва ин метавонад шароитро барои Арбил дар мақотеъе аз замон сахт ва душвор кунад.

ҷ) Ироқ:

Бидуни тардид, ҷудоии Курдистон ва ташкили давлати мустақилли курдӣ, ки дар ҷануб бо Ироқ соҳиби марзҳои муштарак хоҳад шуд, боби мухосима бо Курдистонро боз хоҳад гузошт, ба хусус агар давлати Ироқ ҳамчунон ба мавзеъи ғайриқонунӣ будани истиқлоли Курдистон тавассул дошта бошад ва ё мухолифи қазияи илҳоқи Каркук ба Иқлими Курдистон бошад. Ин шароит боби мухосимот бар сари қазоёи мухталиф байни Арбил ва Бағдод боз хоҳад монд ва бистарсози ихтилофот ва мунозиъоти ҷадиде дар минтақа хоҳад шуд.

Табиист ихтилофи мавозеъ байни ду кишвар, заминаи ҳар гуна тавсиъа ва густариши равобит ва ҳамкориҳои фимобайнро аз байн хоҳад бурд ва равобити Арбил ва Бағдод низ аз ин қоъида мустасно нахоҳанд буд. Дар ин шароит марзҳои ҷанубии Курдистони мустақил хеле зуд ба девори зиндоне табдил хоҳад шуд, ки курдҳоро дар кишвари навпояшон маҳсур кардааст.

ҷ) Ҷумҳурии Исломии Эрон:

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамон ибтидо зимни ҳимоят аз ҳифзи ваҳдат ва тамомияти арзии Ироқ, мухолифати худро бо таҷзияи ин кишвар ва ҷудоии Иқлими Курдистон аз Бағдод эълом кард. Теҳрон бар ин бовар аст, ки иҷроӣ шудани ин хоста на танҳо шурӯи тарҳи таҷзия ва тақсими Ироқ, балки сар то сари минтақа аст.

Аҳаммияти Эрон барои Курдистони мустақил дар ин аст, ки аз тариқи хушкӣ хоҳад тавонист роҳи транзитии дигареро ба обҳои халиҷи Форс бигушояд. Дар чунин сурате, Эрон шоҳроҳт воридотии Курдистон аз халиҷи Форс, ва Туркия шоҳроҳи содиротии он хоҳад буд. Аммо иҷроӣ шудани ин сенорию дар гарави рӯйкарди Эрон ба ҷудоии Арбил аз Бағдод ва ташкили кишвари ҷадиде ба номи Курдистон аст.

* * *

Тағйири вобастагиҳо

Ин авзоъ мӯҷиби вобастагии бештари давлати Иқлими Курдистон хусусан ба Эрон ва Туркия хоҳад шуд. Афзоиши вобастагии Иқлими Курдистон, ба танҳо масири транзитӣ ва хатти лӯлаи нафти мавриди муноқиша, ки аз Туркия ва манотиқи даргирӣ байни курдҳои Туркия ва давлати Онкоро убур мекунад, худро дар вазъияти осебпазирии иқтисодии бештаре нисбат ба гузашта қарор хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир содироти нафт ва даромадҳои Иқлими Курдистон бо авзоъи сиёсии дохилии Туркия ва даргирии 30-солаи ин кишвар бо Ҳизби Коргарони Курдистон (PKK) гиреҳ хӯрда, ки пойгоҳҳое барои худ дар Иқлими Курдистон, шарқи Сурия ва ҷануби шарқии Туркия доир карда ва ҳар аз чанд гоҳе иқдом ба мунфаҷир кардани нуқоте аз хутути лӯлаи интиқоли нафти Туркия ва Ироқ мекунад.

Афзун бар ин ки PKK Боризонӣ ва Ҳизби демукроти Курдистонро низ ба чолиш кашида ва бар сари раҳбарии гурӯҳҳои курд ва ҳамчунин “фурӯхтани Иқлими Курдистон ба Туркия” бо онҳо низоъ дорад.

Ин осебпазириҳо дар асари “моҳияти шахсӣ ва ғайришаффофи равобити давлати Иқлими Курдистон ва давлат Туркия”, ки беш аз ҳар чиз шабеҳи муомилаи шахсии байни Масъуд Боризонӣ ва Раҷаб Тайиб Ардуғон мебошад, афзоиш пайдо мекунад. Чун ҳар гуна тағйир дар равобити шахсии Боризонӣ ва Ардуғон ва ё таҳаввул дар авзоъи сиёсии дохилии Туркия, тавофуқ ва муфоди онро ба хатар хоҳад андохт ва таъсири мустақиме бар содироти нафти Иқлими Курдистон хоҳад дошт.

* * *

Хулосаи сухан

Мавориди фавқуззикр таъкид мекунанд, ки ҳатто агар пешфарзи ташкили кишвари мустақилли Курдистон дар шимоли Ироқро бипазирем, ин киёни сиёсии навпо пас аз эъломи мавҷудият бо чолишҳои хатарноке мувоҷеҳ аст, ки метавонад онро то марзи суқут ва фурӯпошӣ савқ диҳад.

Паёмади чунин шароите дар Иқлими Курдистон таъмиқи беш аз пеши ихтилофот байни гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсии курд хоҳад буд, ки ба маротиб хатароти вуҷудӣ алайҳи ин киёни ҷадиди сиёсӣ ва идома бақои он дар минтақаро афзоиш хоҳад дод.

Ба ҳамин далел, дар арзёбии вазъияти ниҳоии Курдистони Ироқ аз нуқтаи назари роҳбурдӣ ва жеупулутик, ба аввалин натиҷае, ки мерасем, ин аст, ки давлати Иқлими Курдистон наметавонад бо силсилаиқдомоти якҷонибаи минтақаӣ ба хостаи истиқлол даст ёбад.

Чаро ки бо ҳукуматҳои минтақаии қавӣ ва қудратманде ҳамонанди Эрон ва Туркия бархӯрд мекунад, ки таъсири мустақим бар сарнавишти Иқлими Курдистон доранд. Арбил алорағми ин ки дар садад аст то аз аҳруми манофеъаш дар як Ироқи заъиф баҳра бибарад, аммо то замоне, ки ин шароит ба шакли асосӣ тағйир накунанд, ин иқлим ҳамчунон дар барзахи сиёсӣ хоҳад монд.

Mashreghnews



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: