Эътои ҷоизаи вежаи Иттиҳоди байналмилалии уламои исломӣ ба Кабирӣ

Иттиҳоди байналмилалии уламои исломӣ ҷоизаи вежаи ин ниҳодро ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ба хотири “нашри дидгоҳҳои мӯътадили исломӣ ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ” эъто намуд.

Ба гузориши сафҳаи фейсбукии ҲНИТ, сафари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб ба Молезӣ ба хотири ширкат дар конфронси байналмилалии уламои исломӣ таҳти шиори “Ваҳдати уммат” ба анҷом расид. Ин ҳамоиш бо ибтикори бахши осиёии Иттиҳоди байналмилалии уламои исломӣ ва ҳукумати вилояти Келонтон (Kelantan)-и Молезӣ рӯзҳои 21-24 июл баргузор гашт.

Бар асоси ин гузориш, раҳбари ҲНИТ бо даъвати раиси ҳукумати вилояти Келонтон ва ноиби раиси Иттиҳоди байналмилалии уламои исломӣ Шайх Абдулҳодӣ Аванг, дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ин конфронс раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо, вазирон ва масъулини сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат намуданд ва масоили доғи олами ислом мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Раҳбари ҲНИТ дар бораи вазъи имрӯзаи ҷаҳони ислом аз ҷумла Тоҷикистон суханронӣ намуда, дидгоҳ ва таҳлилҳои худро ба ширкаткунандагон ироа намуд.

Дар чорчӯби ин конфронс, раҳбари ҲНИТ суханронии хоссе дар ҳузури уламо ва донишмандони исломии Молезӣ бо ибтикори Иттиҳоди уламои Молезӣ дошт. Дар ин суханронӣ раҳбари ҲНИТ андешаҳои худро дар бораи сабабҳои аслии гирифтор шудани ҷомеаҳои мусалмон ба бӯҳронҳо ва роҳҳои бурунрафт аз он ироа намуд. Пас аз суханронӣ, ба раҳбари ҲНИТ ҷоизаи ин иттиҳод барои нашри дидгоҳҳои мӯътадили исломӣ ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ эъто гардид.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқотҳои ҷудогонаи раҳбари ҲНИТ бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои гуногун, масъулини давлатҳо ва андешамандони маъруф сурат гирифт.

Бар пояи ин гузориш, матни суханронии раҳбари ҲНИТ дар конфронси байналмилалии “Ваҳдати уммат” ‘ ба зудӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр хоҳад шуд.

Тасовире аз ин ҳамоиш:

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: