Ахлоқ ва фарҳанги Муҳаммад (с) арабию аҷамӣ нест

Ба қалами Далер Шарифов

(Бознашр аз хабаргузории “Озодагон”, 26.07.2017)

“Ва (Эй Муҳаммад) туро ҷуз раҳмат барои ҷаҳониён нафиристодем” (Анбиё: 107)

Бузургтарин мутафакирону донишмандон ва нобиғаҳои ҷаҳон новобаста ба бовару ақидаашон ахлоқ ва фарҳанги Муҳаммад (с)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро намунаи барҷастаи як инсони комил шуморидаанд. Ин омӯзишҳо ҳанӯз ҳам идома дораду хоҳад дошт. То кунун ҳеч айбҷӯӣ аз Муҳаммад (с) илман ва маънаван исбот накарда, ки пайравӣ аз ахлоқ ва рафтори Ӯ ба зарари инсон ва ҷомеа мебошад. Табиист, гуруҳи кӯчаке аз инсонҳо ё бо ном донишмандон ҳарфу ҳиҷое бо кинаву кудурат ва ё рашку ҳасодат гуфтанду мегӯянд ва бо гузашти замоне ё аз андешаи худ рӯй мегардонанд ё онро партовхонаи таърих бо худ фурӯ мебарад.

Мактаб ва равиши Муҳаммад (с) чи дар гузашта ва чи имрӯз ҳамтое надорад ва оливу ҷовидона мебошад. Ин мактаб аз хурдану нушидан, пӯшидану хуфтан, иқтисод, фарҳанг, сиёсат, ҷамъият, хулоса тамоми муносибатҳои инсониро дар доираи ахлоқу одоби олӣ пешниҳоди башарият мекунад ва дар он ҳеҷ камию каҷие вуҷуд надорад. Роҳ ва равиши Муҳаммад (с) рост ва дуруст мебошад.

“Чаро аз фарҳанги як араб пайравӣ мекунед?”, “ Аз бобову аҷдодатон шарм намекунед, ки аз як араб пайравӣ мекунед!?”, “Ҳарчи ки ӯ овард барои мо бегона аст”… Мутаассифона дар ҷомеаи мусалмонишини Тоҷик имрӯз гуруҳе пайдо шудаанд, ки бо чунин тарзи суолгузорию шиорпартоӣ худ ва ҷомеаро сӯи гумроҳӣ мебаранд. Манзурашон аз як араб Муҳаммад (с) аст. Дар бештари маврид нашармида, ҳатто ба номи Ӯ ҳам ишора мекунанд ва ошкоро мегӯянд, ки Муҳаммад (с) як арабе беш нест. Худоё паноҳ!

Аҷиб он аст, ки ин тоифа худро мусалмон мешуморанд ва ҳамин гуна гуруҳҳо дар ҷаҳони Ислом ҳастанд, ки мехоҳанд мадрак ва маслаки худро танҳо аз Қуръон бигиранд ва ба Муҳаммад (с) мегӯянд, вазифааш анҷом шудааст. Роҳи Ӯ ва пайравӣ аз суннат (роҳ ва равиши Расулаллоҳ)-ро бегонапарастӣ ва арабгароӣ мешуморанд. Ин тоифа ё барқасдона ин корро мекунанд ё дар воқеъ намедонанд, ки ахлоқ ва рафтору кирдори Муҳаммад (с) тибқи Қуръон буда, заррае аз он берун нест.

Таърихи инсоният бо далелҳои муҳкам ва қатъӣ шаҳодат медиҳад, ки ин мактаб дар бистари худ ҳазорон шахсиятҳои ҷаҳониро парвариш кардаву ба башарият ҳадя намудааст. Ва онҳо бо тору пудашон барои инсоният хидматҳои мондагор ва шоистае анҷом додаанд ва ҳанӯз ҳам ин суннати нек идома дорад. Ҷаҳон билохира ба ин натиҷа мерасад, ки саодату наҷот дар ахлоқ ва роҳи Муҳаммад (с) мебошад.

Фарҳанг ва ахлоқи Муҳаммад арабию аҷамӣ ё ғарбию шарқӣ нест. Он башарӣ ва ҷовидона аст. Он ахлоқ ва фарҳанг ба ҳеч гуруҳу қавму қабоил ё миллате хос нест. Он созгор ба ҳама халқ ва миллатҳои ҷаҳон буда, ҳар миллате, ки аз он пайравӣ мекунад ва онро гиромӣ медорад, дар ду ҷаҳон бузургу сарбаланд ва саодатманду хушбахт мешавад. Муҳаммад (с) мутаалиқ ба арабҳо набуда, балки ба сӯи инсоният фиристода шудааст, ӯ орӣ аз ҳар гуна қавмгароиву милатгароист.

Худованд (ҷ) дар китоби муқадаси Қуръон ахлоқи Муҳаммад (с)-ро ахлоқи бузург ва худашро раҳмату раҳнамо барои башарият эълон кардааст ва ин гуфтаи Офаридгор то рӯзи охират бе тағйир боқӣ мемонад. Ва ҳарки аз Муҳаммад (с) пайравӣ накунад, динаш комил нест. Ва чизе аз ингуна инсонҳо назди Худо пазируфтанӣ нест.

Аллоҳ (ҷ) дар Қуръони карим фармудааст: “Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст ва ҳар ки Ӯро нофармонӣ кунад, пас Худоро нофармонӣ кардааст”. (Нисо: 80)

Ozodagon



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Инсони муваффақ, Ислом, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: