Вогузории 13 русто дар шимоли Афғонистон бидуни даргирӣ ба Толибон

Раиси Шӯрои вилоятии Қундуз эълом кард, ки низомиёни афғон 13 рустои роҳбурдӣ дар маркази ин вилоятро бидуни даргирӣ ба Толибон вогузор кардаанд.

Ба гузориши Tasnimnews, Амруддин Валӣ, раиси Шӯрои вилоятии Қундуз гуфт: “Низомиёни афғон 13 рустои роҳбурдӣ дар маркази ин вилоятро бидуни даргирӣ ба Толибон вогузор кардаанд.”

Вай изҳор дошт: “Нерӯҳои амниятӣ бо таҳаммули мушкилоти бисёре ин манотиқро аз контроли Толибон хориҷ карда буданд, аммо ба далели заъф ва нотавонии масъулони аршади маҳаллии ин вилоятҳо, Толибон бори дигар ба ин манотиқ бозгаштанд.”

Амруддин Валӣ афзуд: “Сокинони бумии рустоҳои Ҳазрати Султон, Арабҳо, Уртабулоқиҳо, Чабрма, Эшонҳо ва чандин рустои дигар, омода буданд, то дар саффи нерӯҳои хезиши мардумӣ ин манотиқро аз ҳамлаи Толибон ҳифз кунанд, аммо дархости онҳо бепосух монд.”

Аҳмад Ҷовид Салим, сухангӯи нерӯҳои вежаи афғон низ гуфт, ки пас аз 14 рӯз амалиёт ва поксозии 13 рустои шаҳри Қундуз, Шӯрои низомии ин вилоят тавофуқ карданд, то нерӯҳои вежа аз ин минтақа хориҷ шаванд ва ҳукумати маҳаллӣ то дақоиқи поёнӣ ҳозир нашуд ба хотири ҳифзи ин манотиқ нерӯ эъзом кунад.

Салим гуфт: “Вазифаи нерӯҳои вежа поксозии манотиқ аз вуҷуди мухолифони мусаллаҳи давлат аст ва дигар нерӯҳо масъулияти ҳифзи манотиқро доранд, аммо ҳангоми хуруҷ аз минтақа ҳеч нерӯе барои ҳифозат аз минтақа ҳузур надошт.”

Як манбаъ аз дафтари волии Қундуз низ, ки нахост номаш фош шавад, ба “Салом ватандор” гуфта, ки адами масъулиятпазирии артиш ва пулис ба хотири ҳифзи ин манотиқ, сабаби бозгашти Толибон шудааст.

Аз сӯи дигар, Абдулҳамид Ҳамидӣ, фармондеҳи пулиси Қундуз, ин иттиҳомҳоро рад кард ва гуфт, хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз ин минтақа ба маънои заъф ва нотавонии нерӯҳои амниятӣ нест.

Вай дар идома, хуруҷ аз минтақаро ҷузъи амалиёт хонд ва гуфт: “Набард то нобудии охирин фарди мухолифон идома хоҳад дошт.”

Аз сӯи дигар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ дар ин набарди 14-рӯза шикаст хӯрд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: