Натонёҳу хостори таътилии дафтари Алҷазира шуд

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, бо муттаҳам кардани шабакаи хабарии Алҷазира ба тарвиҷи “хушунат ва иғтишош” дар Байтулмуқаддас, хостори таътилии дафтари ин расона дар Исроил шудааст.

Ба гузориши ВВС форсӣ, Натонёҳу рӯзи чаҳоршанбе (26.07.2017) дар изҳори назаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кард, шабакаи қатарии Алҷазираро муттаҳам кард, ки дар қазияи насби дарвозаҳои амниятии электруникӣ дар вурудии Масҷидулақсо “ҳассосиятзоӣ” карда ва аз ҳамин рӯ, нахуствазири Исроил дар пайи он хоҳад буд, ки аз роҳҳои қонунӣ заминаи ихроҷи Алҷазира аз Исроилро муҳайё кунад.

Шабакаи хабарии Алҷазира аммо дар вокуниш ба изҳори назари Бенёмин Натонёҳу, ин изҳоротро “ҳамлаи мазбуҳона” тавсиф кард.

Ин шабака имрӯз (27.07.2017) дар баёнияе бо маҳкум кардан таҳдидоти Натонёҳу, таъкид кард, ки ба пӯшиши ахбори мусалмонон дар сарзаминҳои Фаластин, ба сурати ҳирфаӣ ва бетарафона идома медиҳад.

Ба гузориши сойти ин шабака, дар ин баёния омадааст: “Алҷазира чунин иттиҳомоти худсарона ва изҳороти хасмонаро маҳкум мекунад. Алҷазира тамоми иқдомоти қонунии лозим дар сурати амал кардани онҳо (Исроил) ба таҳдидоташонро анҷом хоҳад дод

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: