Номаи Ҳаниа ба Руҳонӣ дар бораи шароити Масҷидулақсо

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, бо ирсоли номае ба раисиҷумҳури Эрон, ба ташреҳи иқдомоти таҷовузкоронаи саҳюнистҳо дар Масҷидулақсо ва вазъияти кунунии фаластиниён пардохт.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ба дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон паёме ирсол карда ва дар он ба ташреҳи иқдомоти режими саҳюнистӣ ва зарурати басиҷи уммати исломӣ барои муқобила бо ин режим таъкид кардааст.

Дар ин паём омадааст: “Режими ишғолгари саҳюнистӣ беш аз ҳар вақти дигаре бар иҷрои тарҳи худ мабнӣ бар сайтараи комил бар Масҷидулақсо, тақсими замонӣ ва маконии он байни мусалмонон ва яҳудиён ва таҳмили худ ба унвони танҳо марҷаъи идораи умури ин масҷид ва маҳдуд кардани нақши таърихии идораи авқофи исломии Қудс — танҳо тарафе, ки масъули идораи умури Қудс аст, исрор дорад. Режими саҳюнистӣ аз рӯзи ҷумъа (14 июли соли 2017) дарҳои Масҷидулақсоро баста ва ин масҷид ҳамчунон ба хотири иқдомоти худсаронаи ин режим ва насби гетҳои амниятӣ дар вурудиҳои он, ки бо ҳадафи ташдиди султа ва ҳокимияташ бар ин масҷид ва контроли вуруду хуруҷи фаластиниён аз он сурат мегирад, таътил аст; иқдоме, ки таҷовузи ошкор ба қадосати меъроҷгоҳи Набии Акрам (с) ва ёри ҳарамайни шарифайн ба шумор меравад.”

Ҳаниа бо ишора ба тасмимоти мутаъаддиди Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломӣ гуфт: “Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломӣ қатъномаҳои мутаъаддиде дар ҳимоят аз Қудс ва Масҷидулақсо содир кардаанд ва кишвари шумо (Эрон) низ дар онҳо мушорикат доштааст ва акнун замони иҷрои ин қатъномаҳо ба манзури ҳимоят аз сокинони Қудс аст, ки аз муқаддасоти уммат дифоъ мекунанд.”

Вай дар ин номаи худ бо ишора ба вуҷуди баргаҳои фишор дар дасти давлатҳои арабӣ ва исломӣ хотирнишон сохт: “Давлатҳои арабӣ ва исломӣ баргаҳои қудрати диплумотик, қонунӣ, мардумӣ ва расонаии зиёде дар ихтиёр доранд ва имрӯз Масҷидулақсо беш аз ҳар вақти дигаре ниёзманди бакоргирии ин баргаҳои қудрат ба манзури эъмоли фишор бар режими саҳюнистӣ дар тамоми маҳофил ва муносибатҳост ва камтарин кор ҳимоят аз таҳрим ва мунзавӣ кардани ин режим ва пайгирд ва бозхости сарони он ба хотири иртикоби ҷиноёт алайҳи миллат ва муқаддасоти Фаластин аст.”

Исмоил Ҳаниа бо ишора ба нақши миллатҳои арабӣ ва исломӣ афзуд: “Миллатҳои арабӣ ва исломӣ нишон доданд, ки қалбашон ҳамчунон ба ишқи Масҷидулақсо метапад ва дар ҳамин росто фаъолиятҳо ва барномаҳое дар чанд кишвари исломӣ ба роҳ афтод. Мо аз давлатҳои исломӣ ва арабӣ интизор дорем аз ҳамбастагии мардумии эҷодшуда бо Масҷидулақсо, барои иттихози мавозеъе ҳамсӯ бо хостаҳои миллати Фаластин ва миллатҳои исломӣ ва арабӣ мабнӣ бар водоштани режими ғосиби саҳюнисти ба таваққуфи таҷовузот алайҳи ин масҷид истифода кунанд. Мо имрӯз муқобили фурсате таърихӣ барои водоштани режими ишғолгари саҳюнистӣ ба таваққуфи таҷовузоташ алайҳи Масҷидулақсо ва мудохила накардан дар умури он аз тариқи такомули талошҳо ва эъмоли фишорҳои расмӣ ва мардумӣ бар ин режим қарор дорем.”

Раҳбари сиёсии Ҳамос таъкид кард: “Дар ин лаҳзаи таърихӣ ва сарнавиштсоз дар таърихи Масҷидулақсо ва уммати исломӣ, умедворем, ки уммати исломӣ барои дифоъ аз Масҷидулақсо бо истинод ба ҳаққи инҳисориаш дар Қудс ва Масҷидулақсо ва бино бар ҳақоиқи таърихӣ, динӣ ва қонунӣ, бо якдигар муттаҳид шаванд; зеро Масҷидулақсо дар тӯли таърих ваҳдатбахши уммати ислом буда ва ҳимоят аз он ҳамеша мояи хайру баракат ва гушоиш барои уммат, сарзаминҳо ва миллатҳои исломӣ будааст.”

Ҳамчунин дар ин нома бо ишора ба ҳокимияти инҳисории исломӣ бар Масҷидулақсо омадааст: “Миллати Фаластин ва бародаронаш дар уммати исломӣ мухолифи ҳар гуна иқдоми режими саҳюнистӣ ҳастанд, ки ба ҳокимияти инҳисории исломӣ бар Масҷидулақсо осеб расонад. Миллати Фаластин ҳамзамон, ки дурахшонтарин ҳамосаҳои пойдорӣ ва муқобила бо зӯргӯии режими саҳюнистӣ ва теруризми шаҳракнишинони тундрави мавриди ҳимояти давлати ишғолгаронро рақам мезанад, чашми умед ба нақш ва талошҳои шумо бастааст, ки таъсири басазое дар дифоъ аз Масҷидулақсо дорад ва таърих мавозеъи шуҷоъонаи шумо дар ҳимоят аз Масҷидулақсо ва субот ва пойдории миллати Фаластинро сабт хоҳад кард.”

Исмоил Ҳаниа дар поёни паёми худ аз Худованди Мутаъол хостааст, ки ифтихори намоз дар Масҷидулақсоро пас аз озодии ин макони муқаддас насиби раисиҷумҳури Эрон гардонад.



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: