Ҷамшед Ёров хитоб ба ҳукуматмадорони Тоҷикистон: “Модаркуширо мутаваққиф кунед!”

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва вакили мудофеи тоҷик ва бародари Бузургмеҳр Ёров, дар номае саргушод ба ҳукуматмадорони Тоҷикистон, бо баёни ин ки “ба кадом забон ба шумо бояд тафҳим кард, ки агар бар фарз Ҷаннатуллоҳ “ҷинояткор” аст – ки чунин нест – чаро модараш ё хоҳараш ва ё яке дигар аз бастагонаш “ҷурми” ӯро ба дӯш кашанд ва фишор бар онҳо ворид шавад ва кор ба ҷое бирасад, ки ҷон ба ҷонофарин супоранд?!”, аз онҳо хостааст, модаркушиҳоро мутаваққиф кунанд.

Вай ҳамчунин аз созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар тақозо кардааст, ки “аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳанд, даст аз ин иқдомоти ғайриинсонӣ бардорад.”

Ин муроҷиатнома, ки Ҷамшед Ёров дар сафҳаи худ дар Фейсбук гузошта ва аз корбарон хостааст, дар сурати мувофиқат бо мазмуни он, имзои худро зери он гузоранд, ба шарҳи зерин аст:

* * *

Модаркуширо мутаваққиф кунед!

Ҳудуди ду ҳафта пеш, баъд аз баргузории ҳамоиши сулҳ дар шаҳри Дормунти Олмон, дар қатори бастагони соири аъзои опозисиюни тоҷик ба хусус аъзои ҲНИТ, модари Ҷаннатуллоҳи Комил, узви Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ-ро низ барои “бозпурсӣ” ба маҳалли КДАМ даъват карда буданд. Албатта ин даъвати чандумин бори ин модар буд. Тибқи он чи Ҷаннатуллоҳ дар ҳамон рӯз дар як ёддошт навишт, дар ин навбат аз даъват низ бар ин модар фишор ворид карданд, то аз писараш бихоҳад ба Тоҷикистон баргардад, вагарна ин мешаваду он…

Дирӯз (26.07.2017), хабари даргузашти ин модари ранҷдида расид ва ҳамаро аз ин хабар ғаму андӯҳ фаро гирифт. Бе тардид, ин модар дигар натавониста он ҳама фишорҳоро таҳаммул кунад. Айбаш фақат ин буд, ки ӯ модари Ҷаннатуллоҳ аст ва дигар ҳеч. Ва ҳамчунин соири афроде, ки яке ду сол аст пушти сари ҳам даъват мешаванд ва бар онҳо фишор ворид мешавад, ки аз писарат ё бародарат ё хоҳарат — ки узви ин ё он ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ аст – бихоҳ, то даст аз фаъолият бардорад, айби ҳамаи инҳо ҷуз падару модару хоҳару бародар будан, дигар чизе нест. Вагарна, на ҷоеро мунфаҷир кардаанд ва на амнияти касеро дар кишвар ба хатар андохтаанд ва на касеро куштаанд. Албатта, ин иттифоқе, ки бо модари Ҷаннатуллоҳ рух дод, бо модари яке дигар аз аъзои фаъоли ҲНИТ пас аз баргузории нишасти Варшав низ рӯй дода буд ва ӯ ҳам бар асари фишори ворида ба шаҳодат расид.

Ҳол, ба кадом забон ба давлатмадорони кунунии Тоҷикистон бояд тафҳим кард, ки агар бар фарз Ҷаннатуллоҳ “ҷинояткор” аст – ки чунин нест – чаро модараш ё хоҳараш ва ё яке дигар аз бастагонаш “ҷурми” ӯро ба дӯш кашанд ва фишор бар онҳо ворид шавад ва кор ба ҷое бирасад, ки ҷон ба ҷонофарин супоранд?!

Ба кадом забон ба ин ҷамоат тафҳим бишавад, ки “Ҳеч бардорандае бори гуноҳи дигариро барнамедорад” (Сураи Исрои, ояти 15)?!

Ба кадом далел ва тибқи кадом қонун, бастагони фаъолони опозисиюни Тоҷикистон таҳдид ба мусодираи молу амволу хонаву кошонаашон мешаванд, чунон ки модари Ҷаннатуллоҳро таҳдид карда буданд, ки агар писарат даст барнадорад ва барнагардад, молу амволу хонаи модараш мусодира хоҳад шуд?!

Ҳатто наздикони азодори Ҷанатуллоҳро ҳангоми ҷаноза ҳам роҳат нагузоштанд ва аз маросими ҷаноза танҳо ба хотири акс гирифтани хоксупории ин модар онҳоро ба кумитаи амният бурданд.

Бояд ҷилави ин гуна иқдомот ва рафторҳои ҷунуномези ҳукумати Тоҷикистон гирифта шавад.

Агар иқдоме ҷиддӣ сурат нагирад, фардо баъид нест домани модарону падарони соири фаъолони опозисиюни Тоҷикистонро низ сарнавишти модари Ҷаннатуллоҳ бигирад. Зеро ин ҳукумат забони одамиро намефаҳмад.

Аз ин рӯ, аз ҳамаи ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар ба хусус Маҷмаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Урупо ва соири созмонҳои ҳуқуқи башар ва низ кишварҳои кафили сулҳ дархост мекунем:

1) Аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳанд, даст аз ин иқдомоти ғайриинсонӣ бардорад;

2) Афроде, ки собит шавад ба сурати мустақим ё ғайримустақим дар ба шаҳодат расидани модарон ё падарони фаъолони опозисиюни тоҷик даст доштаанд, ба додгоҳ кашида шуда ва муҷозот шаванд;

3) Масъулон ва дастандаркорони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, ки дастур ба даъвати бастагони фаъолони опозисиюн додаанд (ва медиҳанд), мавриди таҳрими ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор бигиранд.



Рубрики:Ҷомеа

Метки: ,

3 replies

  1. Ин хама дуругини навбатии хизби террористии нахзат мебошад ки марги нобахангоми модари яке аз мухолифини хукуматро гунохи хукумат мекунад

    Нравится

  2. Шумо бо ин тухмату бухтонхоятон ба максад намерасед мардум инхел фитнаю дуругини шуморо бисёр шунидаги хастан, ин заъифии хизби террористии нахзатро нишон медихад малум мешавад ки дигар илочи кор надоранд ру ба тухмату дуруг мезанад

    Нравится

  3. Ин хизби лаънатии нахзатиро агар дар хочатхона хочаташ мушкилтар шавад дарав гунохро бори хукумат мекунад ин якумбор нест албата мардум алакай ба тухматхои ин хизби зархариди террористи одат кардаанд

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: