Фалсафа ва равиши реализм (99)

Мақолаи ҳаштум

Зарурат ва имкон (1)

Муқаддима (1)

Яке аз масоиле, ки дар фалсафа мавриди баррасӣ қарор мегирад ва ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи фалосифаи ҷаҳон буда ин аст, ки: “Оё низоми мавҷудоти ҷаҳон, низоми зарурӣ ва вуҷубӣ аст ё на?” Яъне, оё он чӣ дар ин ҷаҳон мавҷуд мешавад ва мартибае аз маротиби ҳастиро ишғол мекунад, мавҷуд шуданаш хилофнопазир ва ҷабрӣ ва ба ҳукми зарурат аст, ё он ки зарурат ва вуҷубе дар кор нест ва ҳеч гуна имтиноъе надорад, ки он чӣ дар зарфе аз зуруф ё мартибае аз маротиб мавҷуд мешавад мавҷуд нашавад? Ва агар низоми мавҷудот низоми вуҷубӣ ва зарурист, ин зарурат ва вуҷуб аз куҷо ношӣ шудааст? Таҳқиқ дар ин ки оё низоми ҳастӣ низоми вуҷубӣ аст ё на, як мабҳаси хоссеро, ки муштамил бар чандин масъала аст, дар фалсафа ба вуҷуд оварда, ки ба номи “Мабҳаси маводди сегонаи ақлӣ” хонда мешавад ва дар атрофи вуҷуб ва имкон ва имтиноъ гуфтугӯ мекунад.

Дар атрофи ин маводди сегонаи ақлӣ аз ҷанбаҳои мухталиф баҳсҳои зиёде шуда ва қисматҳое ҳам ҳаст, ки муфид ва муҳим ва қобили таҳқиқ аст ва дида нашудааст, ки дар атрофи онҳо таҳқиқе шуда бошад.

Вале бо дар назар гирифтани вазъи ин мақола, аз баъзе қисматҳо сарфи назар мекунем ва ба пайравии худи ин мақола фақат ба баёни қисматҳое мепардозем, ки аз муқаддимот ё натоиҷи асли фавқуззикр аст.

Дар матни ин мақола бо тарзи махсусе, ки ихтисос ба худи ин мақола дорад, аз зарурат ва имкон баҳс шуда ва ин тарз бо он ки муттакӣ ба масоилест, ки дар мақолаи 7 гузашт ва он масоил мавриди қабули қотибаи пайравони ҳикмати мутаолия аст, аз лиҳози тарзи истинботи масоили зарурат ва имкон аз масоили вуҷуд ва ба хусус аз “асолати вуҷуд” бесобиқа аст ва ихтисос ба худи ин мақола дорад. Ва аз тарафе матолиби мухталифе, ки дар ин мақола баён шуда хеле дарҳам фишурда шуда ва аз ин рӯ мумкин аст, ки тарзи таҳқиқи масоили зарурат ва имкон дар ин мақола ҳатто барои ошноён ба ин масоил номафҳум ё аҷиб ва ғайри қобили қабул ҷилва кунад.

Аз ин рӯ, мо дар ин муқаддима маҷмӯъи масоилеро, ки матолиби мақола муттакӣ ба онҳост ва ё ишораи мухтасаре дар матни мақола ба онҳо шуда ба изофаи баъзе масоили лозими дигар тавзеҳи кофӣ медиҳем ва бо тавзеҳи мухтасаре, ки дар поварақии худи мақола медиҳем, матолиб ба хубӣ возеҳ хоҳад шуд.

Ин муқаддима муштамил бар қисматҳои зайл аст:

1) Маънои зарурат ва имкон;

2) Зарурат ва имкон маъқул аст, на маҳсус;

3) Оё баҳс аз зарурат ва лозарурати низоми мавҷудот баҳсест илмӣ ё фалсафӣ?

4) Маншаъи зарурат ва имкон;

5) Қонуни иллият ва маълулият;

6) Иллат заруратдиҳанда ба маълул аст (ҷабри иллӣ ва маълулӣ);

7) Ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо;

8) Зарурати биззот ва билғайр;

9) Зарурати зотии мантиқӣ ва зарурати зотии фалсафӣ;

10) Тавҷеҳи низоми мавҷудот;

11) “Асолати вуҷуд” ва зарурат ва имкон;

12) Мавҷуд маъдум намешавад.

* * *

Маънои зарурат ва имкон

Зарурат ва имкон аз ҷумлаи мафоҳиме ҳастанд, ки эҳтиёҷ ба таъриф ва тавзеҳ надоранд. Агар дар як мафҳум ибҳому иҷмоле бошад, барои тавзеҳи он мафҳум бояд мутавассил ба таъриф шуд, ва агар ибҳому иҷмоле набошад, мустағнӣ аз таъриф ва тавзеҳ аст. “Таъриф” яъне таҳсили маърифат ба зоти як чиз, ва он бо таҷзияи мафҳуми он шайъ ба аҷзоъ ва аносури аввалияи зеҳнии вай сурат мегирад, ҳамон тавре, ки маърифати аҷзоъ ва аносури мураккаботи хориҷӣ бо таҷзияи хориҷӣ ва амалии онҳо сурат мегирад. Яъне “таъриф” таҳлилу таҷзияи ақлонии мафҳуми шайъ аст, ва аз ин рӯ танҳо дар мавриди мафоҳими мураккаб мисдоқ дорад, аммо мафоҳими басит, ки аносури аввалияи зеҳниётро ташкил медиҳанд, қобили таъриф нестанд, ва қаҳран ин аносур бадеҳиюттасаввур ва мустағнӣ аз таъриф хоҳанд буд, зеро ибҳом дар баситҳои зеҳнӣ маъно надорад.

Тавзеҳ он ки: ҳар сурати зеҳнӣ — чунонки дар мақолаи 4 ва 5 гузашт — интибоқи зотӣ дорад бо воқеияте аз воқеиятҳо ва он сурат илм аст ва он воқеият маълум. Илм айни огоҳӣ ва иттилоъ ва инкишофи маълум аст, ва дар илм аз он ҷиҳат, ки илм аст ибҳому иҷмол, ки навъе аз ҷаҳолат аст роҳ надорад. Чизе, ки ҳаст ин аст, ки агар як мафҳум ва сурати зеҳнӣ мураккаб бошад, ба далоиле, ки дар мантиқ собит шуда мебоист мураккаб бошад аз як ҷузъи аъамм, ки “мо биҳил-иштирок”-и вай бо як идда ашёи дигар аст, ва аз ҷузъи дигари мусовӣ, ки ихтисос ба худи вай дорад. Ва албатта танҳо ҳусули як сурати зеҳнӣ дар зеҳн кофӣ нест, ки ҷузъи муштарак ва ҷузъи ихтисосии вай аз якдигар тамйиз дода шаванд ва он мафҳум ба воситаи ҷузъи ихтисосӣ аз ғайри худаш бозшинохта ва тамйиз дода шавад.

Ташхис ва тамйизи шайъ аз ғайри худаш ба василаи ҷузъи ихтисосӣ истилоҳан “маърифат” ё “шиносоӣ” номида мешавад. Ва гоҳе илми аввалӣ ва ҳусули сурати аввалиро, ки маълули бархӯрди зеҳн бо воқеияти айнӣ аст “маърифати иҷмолӣ” ва тамйиз ва бозшиносии шайъро, ки натиҷаи таҷзия ва таҳлили зеҳн ба “мо биҳил-иштирок” ва “мо биҳил-имтиёз” аст “маърифати тафсилӣ” меноманд. Ба ҳар ҳол, “маърифат” тамйиз додан ва “таъриф” мумтоз сохтан аст. Ва албатта як мафҳум ва сурати зеҳнӣ дар сурате ниёзманд ба таъриф ва таҳсили шиносоист, ки ваҷҳи муштараке бо ашёи дигар дошта бошад, то бо таҳсили ваҷҳи ихтисос ва имтиёз маърифат ва шинохт ҳосил шавад. Ва агар мафҳуме басит бошад, биззот бо ҷамиъи мафоҳими дигар мубойинат дорад ва биззот аз соири мафоҳим мутамойиз аст ва қаҳран маърифат ба вай биззот ҳосил аст.

Бинобар ин, аносури зеҳниии басит ё аслан оризи зеҳн намешаванд ва зеҳн аз онҳо ҳеч иттилое надорад ва ё оризи зеҳн мешаванд дар ҳоле, ки возеҳ ва бадеҳӣ ва бозшинохта ва орӣ аз ҳар гуна ибҳому иҷмоле мебошанд.

“Зарурат” ва “имкон” ва ҳамчунин соири “мафоҳими оммаи фалсафӣ” аз қабили “вуҷуд”, “адам”, “ваҳдат”, “касрат”, “иллият” ва “маълулият”, мафоҳими баситанд ва агар мураккаб буданд мебоист аз ду ҷузъ мураккаб бошанд: яке ҷузъи аъамм (ҷинс) ва яке ҷузъи мусовӣ (фасл). Ва фарзи ҷузъи аъамм бо ҷанбаи умумӣ будани он мафоҳим — чунонки возеҳ аст — мунофот дорад. Бинобар ин, ба ҳукми бурҳон мафҳуми зарурат ва имкон ғайри қобили таъриф ва мустағнӣ аз таъриф мебошанд.

Барои исботи мустағнӣ будани ин ду мафҳум аз таъриф, чандон эҳтиёҷе ба иқомаи бурҳон нест. Ҳар кас ба замир ва виҷдони хеш муроҷиа кунад, меёбад, ки тасаввури равшан ва бисёр возеҳе аз ин ду мафҳум дорад. Ҳар касе дар зеҳни худ як силсила аҳкоми қатъӣ ва яқинӣ дорад. Масалан, ҳама кас медонад, ки 4 зарб дар 5 мусовии 20 аст (4×5=20) ва ба ин матлаб яқин дорад ва хилофи онро маҳол ва мумтанеъ медонад, пас 20 будани 4 зарб дар 5-ро зарурӣ медонад. Ва албатта то азҳон тасаввури равшане аз “зарурат” надошта бошанд, наметавонанд дар мавриди қазияе ин гуна ҳукм намоянд. Асосан мафоҳими оммаи фалсафӣ ҳама бадеҳиюттасаввур ва ҳамаи онҳо абзорҳои аслии тафаккури башар ҳастанд. Башар агар тасаввуре аз вуҷуд ва адам ва тасаввуре аз вуҷуб ва имкон ва имтиноъ ва тасаввуре аз ваҳдат ва касрат ва тасаввуре аз иллату маълул надошта бошад, наметавонад дар ҳеч мавзӯе бо тарзи ақлонӣ ва мантиқӣ фикр кунад ва дар атрофи мавзӯъот ба тарзи истидлолӣ сухан биронад. Милоки “нутқ”, ки “мо биҳил-имтиёз”-и инсон аз соири ҳайвонот аст, бар хилофи он чӣ умуман фалосифа мегӯянд, танҳо қувваи таҷриду таъмим ва куллисозии зеҳн нест, балки воҷид будани ин мафоҳими оммаи фалсафист, ки маъқулоти сония ва натиҷаи як навъ фаъолияти хосси зеҳн мебошанд. Ба ҳар ҳол, пас мо дар мақоми баёни маънои зарурат ва имкон, эҳтиёҷ ба таъриф надорем ва дар ин гуна маворид тибқи маъмул, ба танбеҳ ва тизкор ва ирҷоъи азҳон ба муртаказот ва виҷдониёти онҳо бояд қаноат кард.

* * *

Зарурат ва имкон маъқул аст, на маҳсус

Баёни муфассали ин ки мафоҳими “зарурат” ва “имкон” ва “имтиноъ” аз чӣ роҳе вориди зеҳн мешаванд ва қувваи мудрика ба чӣ тартиб ва ба чӣ кайфият ба онҳо ноил мешавад, ва оё он тавре, ки бархе аз ҳиссгароён пиндоштаанд, вуруди ин мафоҳимро ба зеҳн аз роҳи яке аз ҳавосс метавон тавҷеҳ кард ё на? Ва ҳамчунин баёни ин ки ба чӣ далел бояд ин мафоҳимро ҷузъи мафоҳими оммаи фалсафӣ ва маъқулоти сония шумурд? Ва ҳамчунин баёни ин ки оё далеле ҳаст, ки ҳамаи азҳон хоҳ нохоҳ воҷиди ин мафоҳим ҳастанд ё на?, ҷузъи матолибест, ки бо дар назар гирифтани вазъи ин мақола мо наметавонем ба тафсил вориди онҳо бишавем, вале андак таваҷҷӯҳе кофист, ки бифаҳмем ҳеч як аз ин мафоҳими сегона ҳиссӣ нестанд ва маъқуланд. Бадеҳист, ки зарурат ва ҷабр ва хилофнопазирӣ, ки бар саросари мавҷудот ҳоким аст, як падидаи бахусусе дар арзи соири падидаҳои ҷаҳон нест, ки қобили ҳиссу ламс бошад ва мо ҳаргиз ҷабр ва заруратро надида ё нашунида ё бӯ накардаем ва дар айни ҳол тасаввури равшане аз онҳо дорем. Пас, ақли мо ин ҳақоиқро ба тариқи дигар ноил шуда. Ба илова, мо дар мақолаи 5 ба исбот расонидем, ки иллият ва маълулият қобили эҳсос нест ва ҳамчунин собит кардем, ки мафҳуми вуҷудро зеҳн аз роҳи эҳсос ноил нашуда, пас чӣ гуна мумкин аст, ки зарурат ва ҷабрро, ки аз шуъуни иллият ва маълулият аст ва аз лиҳозе аз шуъуни вуҷуд аст, мо эҳсос карда бошем?!

Донистани ин ки зарурат ва имкон ва имтиноъ маъқул аст на маҳсус, аз он ҷиҳат барои мо муфид аст, ки вақте ақсоми заруратҳо ва имконҳоро баён мекунем ва тавзеҳ медиҳем, ки ғайр аз ҷабри иллӣ ва маълулӣ, ки моддигароён онро мешиносанд, заруратҳо ва ҷабрҳои дигаре низ ҳаст, агар мавриди эътироз воқеъ шавем, ки мо ҷуз ҷабри иллӣ ва маълулиро эҳсос намекунем, дар посух хоҳем гуфт, ки мо ҳатто ҷабри иллӣ ва маълулиро низ эҳсос намекунем ва ҳамаи ин зарурату ҷабрҳоро бо навъе аз таҳлили ақлӣ меёбем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: