Дин, илм ва илмӣ

Пурсиш: Илм чист? Оё олими динӣ ҳам метавонад вуҷуд дошта бошад? Агар динро як бахши аз илм бидонем, пас дар сурати исбот наёфтани назарияҳои динӣ, он чӣ гуна метавонад бахши аз илм бошад? Ё агар назарияҳои динӣ, ки бар пояи мутуни китобҳои муқаддас таркиб ёфтанд, иштибоҳ бошанд, оё афроде, ки солҳo ҳамчун донишманди ин назарияҳои ғалат олим дониста шудаанд, боз ҳам метавонанд олим номида шаванд? Мисол: Тибқи тадқиқоти ҷадиди донишмандони женетик, мардуми Лубнон аз насли ҳамон Канъониёне мебошанд, ки дар Инҷил ва Қуръон ба он ишора шудааст. Вале ин тадқиқот комилан мухолифи гуфтаҳои мутуни динӣ аст, ки ҳокӣ аз комилан маҳв шудании насли канъониён аз замин тавассути Банӣ Исроил аст.

Zakarya Razi

* * *

Посухи Маҳмудхон Бурҳонов:

Илм ба маънои омми он, ба ҳар гуна донистание итлоқ мешавад. Ва ба маънои хосси он, бар донистаниҳое гуфта мешавад, ки аз тариқи таҷриба ба даст омада бошад.

Барои илмӣ шуморида шудани як гузора, чанд шарт лозим аст:

1) Қобилияти таҷрибаи хамагонӣ доштан, яъне ҳар касе битавонад он таҷрибаро ба даст оварад. Бо ин шарт, таҷрибаҳои шахсӣ агарчи ҳақиқат ҳам дошта бошад, аз чорчӯби илм берун мемонад. Масалан, касе хобе мебинад ва сипас дар бедорӣ таъбири он хобро воқеъан рост меёбад. Ва ё касе мукошифаи руҳонӣ мекунад ва ҳақиқатан ҳам он мукошифааш дуруст мебошад. Аммо чун ин таҷрибаҳо ҳамагонӣ нестанд ва наметавон онро ба дигарон интиқол дод, илмӣ хонда намешаванд.

2) Такрорпазирӣ. Яъне чунин набошад, ки он таҷриба фақат як бор рух дода бошад. Бо ин шарт, ҳар падидае, ки танҳо як бор рух додааст, аз қаламрави илм берун мемонад. Масалан, як асари ҳунарии нодир, ки дигар монанде барои он вуҷуд надорад, дар бораи он наметавон илмӣ сӯҳбат кард. Ва ё дар бораи пайдоиши коинот ҳам наметавон ба сурати илмӣ сӯҳбат кард, чун фақат як бор иттифоқ афтода ва мо наметавонем бо такрори он, ба хусусиёташ пай барем.

3) Исботпазирӣ ва ибтолпазирӣ. Яъне роҳе барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии он гузора вуҷуд дошта бошад. Бо ин шарт, гузораҳое, ки ба сурати мутлақ ифода мешаванд ва ё ба сурати ҳасри ақлӣ баён мешавад, худ ба худ аз доираи илм берун мемонанд.

4) Қобилияти пешбинӣ дошта бошанд. Яъне бар асоси он гузора битавон муҳосиботе анҷом дод ва вуқӯъ ё адами вуқӯъи падидаеро пешбинӣ кард.

Бинобар ин, гузорае монанди: “Фардо ё борон меборад ё намеборад” илмӣ нест, чун дар он як ҳасри ақлӣ сурат гирифтааст ва дар ҳар сурат ин гузора исботпазир хоҳад буд, яъне чи борон биборад ва чи наборад, ин сухан рост хоҳад буд ва ҳамчунин наметавон бар ососи он чизеро пешбинӣ кард. Ва ё гузораи: “Адолат билохира пирӯз мешавад” ин гузора илмӣ нест, чун ба сурати мутлақ гуфта шудааст ва наметавон бо ҳазфу изофаи чизе, дарсади дурустӣ ё нодурустии онро санҷид. Ва ё гузораи: “Ҳар вақт аҷали касе фаро расад, он кас мемирад” ин гузора низ илмӣ нест, чун дар ҳар сурат исботпазир аст. Яъне агар фаразан он нодуруст бошад, роҳе барои ибтолаш вуҷуд надорад. Ин гузора танҳо дар сурате ботил мешавад, ки касе аҷалаш бирасад, вале намирад ва ё касе бимирад, бидуни он ки аҷалаш фаро расида бошад. Аммо чӣ гуна метавон инро санҷид?

Бинобар ин, илмӣ будани як гузора лузуман ба маънои дуруст ва мутобиқ бо воқеъият будани он нест, ҳамчуноне ки илмӣ набудани як гузора ҳам лузуман ба маънои нодуруст ва хилофи воқеъият будани он нест.

Илмӣ будани як гузора вобаста ба равиши таҳсили он аст. Бинобар ин, масалан назарияи заминмеҳвари (ҳайъати Батламюсӣ) як назарияи илмӣ аст, агарчи баъдҳо собит шуд, ки мутобиқ бо воқеъият нест. Зеро он назария қобили исбот ё ибтол буд ва бар ососи он мешуд бархе аз падидаҳоро пешбинӣ кард, ҳамон тавре ки Толес тавонист бар асоси ҳамин назария вуқӯъи офтобгирифтагиро пешбинӣ намояд.

Бинобар ин, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки иштибоҳ будани як гузора ё назария, ба маънои ғайриилмӣ будани он нест, вагарна торихи илмро мо бояд имрӯз ҷузъи афсона бишуморем.

Ҳол, дин ба ин маъно ҷузъи илм нест. Вале ба маънои омми он ҷузъи илм мебошад, зеро илм ба маънои омм ба ҳар донистае гуфта мешавад.

Гузораҳои диниро наметавон бо меъёри илмӣ исбот ё ибтол намуд, чун дин асосан берун аз чорчӯби илм ба маънои хосс аст; ҳамон тавре ки хеле аз маълумоти сад дар садии мо инсонҳо берун аз чорчӯби илм аст.

Вале агар дин дар як мавриди хоссе сухан гуфта бошад, ки он маврид дохил дар чорчӯбаи илм ҳам бошад, мисли ҳамин мавриди иддиои шумо, дар чунин маворид, инсони донишманд зуд қазоват намекунад ва он гузораи хосси диниро такзиб намекунад. Зеро илм ҳаргиз иддиои ҳақиқати мутлақ будан намекунад, чун ҳамеша дар ҳоли исботи назарияҳои нав ва ибтоли назарияҳои қаблӣ аст, ва аз он тараф ҳам, он бардошти худ аз он гузораи диниро мутобиқ бо маълумоти нав тағйир медиҳад. Яъне ин кор ба сурати автоматикӣ ҳосил мешавад, зеро маълумоти инсон худ ба худ бо ҳам мунсаҷим мешаванд.

Ва аммо дар мавриди ин ки гуфтед: ”Тибқи мутуни динӣ насли Канъониён комилан тавассути Банӣ Исроил маҳв шудааст”, чунин матлабе дар мутуни динии ислом вуҷуд надорад. Асосан, тибқи мутуни исломӣ на ин ки Банӣ Исроил ягон қавмеро нобуд карда бошанд, балки ҳамеша мавриди хуҷум ва тохту този қавмҳои дигар қарор мегирифтанд. Дар ягон ҷои Қуръон гуфта нашудааст, ки Банӣ Исроил фалон қавмеро маҳв намудаанд, на Канъониён ва на ғайри онро.

* * *

Zakarya Razi: Ман дар гуфтаҳои худ нагуфтам Қуръон, балки мутуни динӣ. Чунин иддао, ки аҳолии Канъон аз тарафи Довуд агар иштибоҳ накунам, комилан нобуд шудаанд, дар Инҷил аст. Ҳоло билохира Қуръон Инҷилро ҳамчун як китоби осмонӣ қабул дорад. Дар мавриди Канъониён дар Қуръон ҳам ишорае шудааст. Пас ба ақидаи шумо масалан дар Тоҷикистон баъзе руҳониюн ҳастанд, ки ононро олим мегӯянд, дар ҳоле ки тибқи таърифи асосии илм, олим ба касе мегӯянд, ки чизи наверо ё кашф мекунад ё назария эълон мекунад, ки он исбот шудааст. Дар мавриди уламои динӣ ба назарам онҳо фарқе аз донишҷӯ ё пажӯҳишгаре, ки маълумоти мухтасаре дар бораи торих дорад, намекунанд. Барои олим шудан, бояд ҳаддиақал рисолае ҳимоя кард.

* * *

Маҳмудхон Бурҳонов: Аввалан, вақте мутуни динӣ гуфта мешавад, пеш аз ҳама ин иборат шомили китоби осмонии ҳар дин мешавад.

Сониян, Қуръони Карим Инҷили мавҷудро (Инҷиле, ки дар замони нузули Қуръон дар дасти мардум буд) тамоман қабул надорад ва онро таҳрифшуда медонад. Асосан, яке аз сабабҳои нозил шудани китоби ҷадид таҳрифи китоби пешин аст.

Агар шумо посухи бандаро бо диққат хонда бошед, дар он байни ду корбурди вожаи “илм” фарқ гузошта шудааст.

Тибқи корбурди аввал, ҳар донистание илм ва ҳар доное олим ба шумор меравад. Вале тибқи корбурди дуввум, фақат ба донистаҳои таҷрибӣ илм гуфта мешавад.

Бинобар ин, албатта ба доноёни дин ва ё доноёни фалсафа ва ё доноёни ҳар донише, ки равиши пажӯҳиш дар он равиши ғайритаҷрибӣ мебошад, олим гуфта мешавад, олим ба маънои омми он.

Ногуфта намонад, ки ҳар донише равиши пажӯҳиши хосси худашро дорад, ва ҳар равише дар доираи худаш мӯътабар аст.

* * *

Zakarya Razi: Аз мутун аслан Таврот, ки шакли қадимитари Инҷил астро дар назар доштам, вале дар мавриди он ки Қуръон Инҷилро қабул надорад, бори аввал аз шумо мешунавам. Вале боз ҳам манзури ман қабул доштани Инҷил ҳамчун китоби осмонӣ аз нигоҳи Қуръон буд. Вагарна аз нигоҳе дигар, агар бигирем куллан барои Қуръон фарқи Инҷил аз Авасто, Mahayana sutras ё Pali Canon дар чист? Мусалламан, Инҷил барои мусалмонон аз китоби зартуштиён ё омӯзаҳои Будо фарқ мекунад. Куллан адёни иброҳимӣ бо Қуръон комил шудаанд. Яъне Қуръон охирин матни адёни иброҳимист. Дар Қуръон баъзе аз донишҳое, ки дар Инҷил ва Таврот ҳаст, ба навъе тағйироте дода шудааст. Вале чаро дар мавриди оқибати кори Канъониён ишорае нашудааст? Дар ҳоле ки дар бораашон оятҳое аст. Агар ман масалан суол бипурсам, ки чаро дар Қуръон аз “Ананас” ояте нест, шумо метавонед бигӯед, ки чун лозим нест Худованд дар бораи ҳама чиз дар Қуръон ҳарф бизанад. Вале аз қазо, дар мавриди мардуми Канъон ишораҳое ҳаст. Шояд Қуръон бо гуфтаҳои Инҷил дар мавриди Канъониён розӣ буда, ки ҳеч ишора ё ислоҳе накардааст. Дуввуман, суоли ман дар бораи илми сирф ҷавоби илмӣ гуфтан буд, на маънои ба қавли шумо оммӣ. Хуб, агар донишанде масалан фалсафа ё торих таҳқиқоте карда бошад ва он эътироф шавад, ин дигар гап, онҳоро мешавад олим гуфт, вале вақте ки дар як домулло меояд, ҳарфҳое мезанад, ки шояд берун аз Тоҷикистон онро гурӯҳе аслан қабул надоранд, оё инро мешавад олим гуфт? Шояд олим барои як минтақа бошад.

* * *

Маҳмудхон Бурҳонов: Манзури шумо аз Инҷил ҳар чи бошад, аммо манзуратон аз Қуръон фақат метавонад Қуръон бошад, он ки гуфтед: “… ки дар Инҷил ва Қуръон ба он ишора шудааст”. Ин аввалан.
Сониян: бале, Куръони Карим ҳам Тавроти ҳазрати Мӯсо ва ҳам Забури ҳазрати Довуд ва ҳам Инҷили ҳазрати Исо (алайҳимус салом)-ро қабул дорад. Аммо мегӯяд, мардум ин китобҳои осмониро таҳриф карданд, бинобар ин, он чи имрӯз дар дасти мардум ба унвони Инҷил ҳаст, рабте ба он чи ба ҳазрати Исо нозил шуд надорад.

Аз ҳаминҷо посухи суоли баъдии шумо низ рӯшан мешавад, ва он ин ки Қуръон Инҷили ҳазрати Исоро ҳамчун омӯзаи осмонӣ қабул дорад. Аммо масалан омӯзаҳои Будоро ҳамчун омӯзаҳои осмонӣ қабул надорад. Вале дар айни ҳол, Инҷили таҳрифшударо низ қабул надорад.

Ва аммо ин шумо эҳтимол додаед, ҳамин ки Қуръон оқибати канъониёнро зикр накардааст, шояд ба он хотир бошад, ки қиссаи он дар Инҷилро қабул доштааст. Ин эҳтимоли шумо аз он ҷо бармехезад, ки шумо гӯё нақши Қуръонро фақат тасҳеҳи Инҷил бидонед. Дар Инҷилу Таврот садҳо достон накл шудааст, ки аслан Қуръон ба он напардохтааст, оё ин ба маънои имзои он тавассути Қуръон аст?

Дар Таврот гуфта мешавад, ки Исроил бо Худо куштӣ гирифт. Қуръон дар ин бора чизе нагуфтааст, оё ин ба он маъност, ки Қуръон ин афсонаи хурофиро қабул дорад?

Рисолати Қуръони Карим иблоғи комилтарин барномаи ҳидояти илоҳӣ барои башар аст. Бинобар ин, чунин нест ки Қуръон фақат нозир бар китобҳои пешин сухан гуфта бошад, Қуръон асли китобҳои пешинро тасдиқ мекунад, вале эълом медорад, ки он китобҳо дигар таҳриф шудааст ваҳоло фақат бояд аз Қуръон пайравӣ кард.

Ва аммо дар мавриди суоли охиратон: Бародари азиз оё шумо медонед, ки дар тӯли торих дар доираи ҳамин ислом чандин илм ба вуҷуд омадааст?

Шумо гӯё аз дунё бехабаред!

Шумо медонед, илми тафсир чист ва чӣ зарофатҳое дорад?

Оё медонед, илми ҳадис чист ва чӣ мушикофиҳое дорад?

Оё медонед, илми калом чист ва чӣ истидлолҳои амиқе дорад?

Оё медонед, илми маъонӣ ва баён чист ва чӣ резакориҳое дорад?

Оё шумо медонед, илми фиқҳ чист ва чӣ доираи густардае ва қонуну қоидаҳои дақиқе дорад?

Ва даҳҳо улуми исломии дигар, ки сирфан барои шинохтани ислом ба вуҷуд омадаанд.

Ҳар кадом аз инҳо барои худ мавзӯъ ва масоили махсус, ҳадафи махсус ва равишу қоидаву қонуни хосси худро дорад. Дақиқан хамон тавре ки масалан илми физик барои худаш мавзӯъ, ҳадаф, равиш ва қоидаҳои хосси худашро дорад.

Таҳқиқ дар улуми динӣ басе сахттар аз улуми таҷрибӣ аст. Риояти қонуну қоидаҳои улуми динӣ хеле зарифтар аз қоидаҳои улуми таҷрибӣ мебошад.

Агар улуми таҷрибӣ дар бораи шинохти ашё ва равобити байни ашё сӯҳбат бикунад, улуми динӣ дар бораи шинохти инсон ва робитаи байни инсон ва ҷаҳон ва Худо сӯҳбат мекунад.

Доираи улуми ғайритаҷрибӣ хеле васеътар ва қавонину қавоидаш хеле зарифтар аз улуми таҷрибӣ аст.

Пешниҳод мекунам, боре ақаллан бо унвонҳои улуми динӣ ошно бишавед.

* * *

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Яке ду нуктаро изофа кунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: корбурди вожаи “илмӣ” барои ҳақоиқи таҷрибӣ, як эътибор аст. Яъне, то замони ренусонс, вожаи “илмӣ” муродифи вожаи “фалсафӣ” буд, аммо пас аз ренусонс вожаи “илмӣ” ихтисос пайдо кард ба ҳақоиқи таҷрибӣ, яъне чунин эътибор карданд. Вагарна, донишҳои ғайритаҷрибӣ, аз “илмӣ” будан ба маънои омми он, ки хориҷ нашуданд. Масалан, чунонки ба як физикдон олим гуфта мешавад, барои як торихнигор ва ё файласуф ё адиб ҳам олим гуфта мешавад, дар ҳоле ки равиши таҳқиқ дар торих ё фалсафа ва ё адабиёт таҷрибӣ нестанд. Мунтаҳо чунонки гуфта шуд, ба инҳо олим ба маънои омми он (на оммӣ, ки шумо мегӯед) итлоқ мешавад. Манзур аз омм, яъне он чӣ дар баробари хосс қарор дорад.

2) Бо ин ҳисоб, агар як нафар дар заминаи улуми динӣ (чи мусалмон бошад ё ғайри он) воқеан табаҳҳур дошта ва дар ин ҳавза мутахассис бошад, ба ӯ қатъан олим гуфта мешавад.

3) Аз суханони шумо пайдост, ки манзури шумо аз олимони динӣ, фақат муллоҳои Тоҷикистон ҳастанд. Дар ҳоле, ки баҳс дар инҷо он аст, ки оё барои як огоҳи ба маорифи динӣ олим гуфта мешавад ё на? Фаразан, агар муллоҳои Тоҷикистон дар ҳавзаи дин тахассуси лозим надошта бошанд, ҳарфи шумо қабул, вале огоҳ набудани муллоҳои тоҷик сабаб намешавад, ки гуфта шавад, пас ҳамаи муллоҳои рӯйи замин олим нестанд. (Такрор мекунам, олим ба маънои омми он, на ба маънои хосс.)

Шумо ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунед, ки олим (ба маънои омм), ба ҳар касе гуфта мешавад, ки дар ягон ҳавза ва соҳаи маърифат (чи таҷрибӣ ва ғайра), тахассус ва табаҳҳур дошта бошад.

4) Дар хусуси он ки Қуръон оё Инҷилро қабул дорад ё на, Қуръони Карим асли Инҷилро (ҳамон ки ба ҳазрати Масеҳ (а) нозил шуда) қабул дорад, дар ин, ки тардиде нест, вале Инҷилҳои чаҳоргонаи имрӯз ва дар замони нузули Қуръон, инҳо дигар таҳриф шудаанд, яъне дар онҳо дасткорӣ шуда. Хуб, инро қабул надорад, на Тавротро ва на Инҷилро.

5) Ва аммо ин ки чаро аз моҷарои Канъониён, ки Таврот ба он ишора кардааст, Қуръон чизе нагуфта, хуб, ба ҳамон далел, ки худатон ишора фармудед, ки қарор нест Қуръони Карим аз ҳама чиз бароямон бигӯяд. Шумо мефармоед, дар Қуръон ба он ишора шуда, хеле хуб, ба хеле чизҳо ишорае кӯтоҳ шуда, вале тафсили онҳоро нақл накарда. Дар бораи ҳазрати Зулқарнайн ҳам ишора карда, дар бораи Толут ва Ҷолут ҳам, вале тафсили онҳоро бароямон нақл накарда, чаро ки зарурате надорад, ки нақл кунад. Балки он чиро нақл мекунад, ки ба наҳве ба ҳидоят ба сӯи сироти мустақим марбут бошад. Яъне, лузуман ба маънои имзо ва таъйиди он чи дар Таврот ё Инҷил дар ин хусус ҳаст нест.

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Пароканда, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: