“Душман ваҳдати мусалмононро ҳадаф гирифтааст”

Мӯҳсини Покойин, сафири собиқи Эрон дар Озарбойҷон

Ҷаҳони ислом ба далели вежагиҳои сарзаминӣ ва ҷамъиятӣ, сарват ва мавқеият, агар табдил ба як ҷаҳони муттаҳид шавад, барои қудратҳои бузург ҳатман қобили қабул нест ва эҷоди музоҳимат мекунанд, ва ба ҳамин далел аст, ки мухолифони ислом барномаи эҷоди тафриқа дар ҷаҳони исломро ба унвони як асл дар дастури кори худ қарор дода ва ин масъаларо дунбол мекунанд.

Ду тан аз навмуҳофизакорони Омрико ба номи оқои Тумос Фридман (Thomas Friedman) ва оқои Мойкл Ледин (Michael Ledeen), пас аз иҷрои пружаҳои таҳқиқотии зиёд, эълом карданд, ки дунёи ғарб агар ба амнияти ояндаи худ меандешад, бояд аз ҳеч талоше барои ҷилавгирӣ аз якпорчагии мусалмонон худдорӣ накунад ва заминаи эҷоди ин шикоф ҳам вуҷуд дорад. Навмуҳофизакорони Омрико ба давлатмардони ин кишвар тавсия карданд, ки аз ин ба баъд аз мафҳуми “ҷаҳони ислом” истифода накунед, чун мафҳуми “ҷаҳони ислом” дар куллият як иттиҳоди исломиро навид медиҳад, балки ба ҷойи он аз мафҳуми “мусалмонон” истифода кунед, ки қобилияти шиканандагии бештаре дорад.

Имрӯз талош барои эҷоди тафриқа дар ҷаҳони ислом яке аз аносури ҷанги нарми ғарб аст. Фарқҳое байни “ҷанги нарм” ва “ҷанги сахт” вуҷуд дорад. Дар ҷанги сахт маъмулан сарзаминҳо ҳастанд, ки тасарруф мешаванд, аммо дар ҷанги нарм афкор ва андешаҳои мусалмонон аст, ки дучори осеб мешавад ва мавриди таъсир қарор мегирад. Дар ҷанги сахт осебҳо ва вайрониҳо маҳсус ва малмус аст ва бо сармоягузории дубора бозсозӣ мешавад. Вале дар ҷанги нарм осори тахриби афкор ва эътиқодот дар кӯтоҳмуддат маҳсус нест ва бо сармоягузорӣ ҳам қобили ҷуброн нест. Масъалаи муҳим ин ки дар ҷанги нарм инсонҳо давталабона мепазиранд, ки таҳти таъсири афкори кишвари дигар ё дидгоҳе, ки қасди таҳмили худро дорад, воқеъ шаванд.

Масъалаи мусобиқаи боду хуршедро эҳтимолан шунида бошед, ки боду хуршед тасмим мегиранд бо ҳам мусобиқа бидиҳанд. Нигоҳ мекунанд, мебинанд дар як порк, канори як рӯдхона, фарде дар ҳоли қадам задан аст. Бод ба худ менозад ва мегӯяд, ки ман хеле роҳат метавонам коре кунам, ки ин фард либосҳои худро аз тан дарбиёварад. Ба хуршед мегӯяд, мо метавонем мусобиқа бидиҳем, бибинем чӣ касе қодир хоҳад буд ин корро анҷом бидиҳад. Бод хеле хашин мевазад ва бисёр тӯфонӣ, аммо ин фард муқовимат мекунад; ба дарахтҳо ва бӯтаҳои атроф паноҳ мебарад ва ин либос аз тани ӯ хориҷ намешавад. Хуршед лабханде мезанад, дамои худро бештар мекунад ва он фард довталабона либоси худро дармеоварад ва вориди рӯдхона мешавад ва худро хунук мекунад. Дар воқеъ ба далели ҳаракати нарми хуршед, он фард довталабона дар масири ҳадафи хуршед қарор мегирад.

Дар ҷанги нарм низ ба лиҳози фарҳангӣ ҳоло чӣ дар буъди калони он дар ҷаҳони ислом, чӣ дар буъди хурди он дар байни кишварҳои исломӣ, тавре ҳаракат мешавад, ки афроди кишварҳо довталабона меъёрҳои ғарбиро бипазиранд. Ва ин шояд аслитарин чолишест, ки дар муқобили иттиҳоди исломӣ қарор дорад.

Ғарб бо ҷанги нарм, дар ду буъд амал мекунад. Аввал, эҷоди ихтилоф миёни мусалмонон аз тариқи ироаи андешаҳое, ки мӯҷиби тафриқа мешавад. Ва дуввум, ташдиди ихтилоф миёни кишварҳои мусалмон, то ин кишварҳо муттаҳид нашаванд. Чанд ҳаракати умдаро ғарбиҳо дар ҳамин чаҳорчӯби ҷанги нарм, алайҳи ҷаҳони ислом днбол мекунанд. Фирқасозии мазҳабӣ, сиёсӣ ва эҷоди гурӯҳҳои теруристии шибҳинизомӣ, ки дар воқеъ бо қироатҳои мухталиф аз дин ишоъа дода мешавад. Барои таҳаққуқи ин ҳадаф фирқаҳо ва қабилаҳои динӣ ва сиёсӣ эҷод мешаванд мисли бобигарӣ, мисли гурӯҳҳои такфирӣ; гурӯҳҳои такфирие, ки тафаккури хосси худро доранд. Ин гурӯҳҳо ба наҳве аз сӯи ҷаҳони ғарб эҷод ва тақвият мешаванд ва ҳадаф ин аст, ки мусалмонон ва кишварҳои мусалмон муттаҳид нашаванд.

Доман задан ба даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, ки мутаассифона дар баъзе аз кишварҳо, худи мусалмонон довталабона онро пазируфтаанд ва бо тавҳин ба мазҳаби муқобил оғоз шуда ва боиси эҷоди тафриқа ва дур шудани мусалмонон аз якдигар мешавад. Даргириҳое, ки миёни кишварҳои мусалмон аз ҷумла Сурия ва Туркия, Арабистон ва Қатар, Ироқ ва Туркия, Покистон ва Афғонистон ва тарҳи мавзӯи “ҳилоли шиъӣ” ва ғайра, боис мешавад, ки мусалмонон ба ҳам наздик нашаванд. Ва ин ҳамон муваффақияти аҳдофи ҷанги нарм аст.

Як рӯйкарди дигари ғарб, нухбапарварӣ бо ҳадафи нуфуз аст. Талош мекунанд, ки тайфе аз “равшанфикрон” дар чаҳорчӯби аҳдоф ва масоили худ бипарваронанд. Ҷоизаҳоеро тарроҳӣ мекунанд, ба ин нухбагон дода мешавад. Инҳоро дар дунё матраҳ мекунанд, довталабона кишварҳои исломӣ аз ин афрод барои суханронӣ ва машварат даъват мекунанд. Китобҳои инҳо дар кишварҳои исломӣ тавзеъ ва таблиғ мешавад, дар ҳоле, ки ҳадафи пушти пардаи пружаи нухбапарварӣ, ҳамон баҳси эҷоди ихтилоф дар миёни мусалмонон ва ҷаҳони ислом аст.

* * *

Имрӯз мо бо ин навъ чолишҳо мувоҷеҳ ҳастем. Аммо чӣ роҳкорҳоеро мо бояд барои муқобила бо ин чолишҳо дунбол кунем?! Роҳкорҳое матраҳ шуда, аммо ман имрӯз мехоҳам ба мавзӯи “диплумосии иттиҳоди исломӣ” бипардозам, ки ин вожаро барои аввалин бор мақоми раҳбарӣ (Оятуллоҳ Хоманаӣ) дар дидор бо меҳмононе, ки барои “Ҳафтаи ваҳдат” ба Эрон омада буданд, матраҳ ва фармуданд, ки шумо бояд ба дунболи навъе диплумосӣ барои эҷоди иттиҳоди исломӣ бошед. Барои ин ки вориди ин баҳс шавем, таърифҳоеро, ки аз диплумосӣ ҳаст хидмати шумо арз кунам.

Диплумосӣ бар асоси яке аз таърифҳо, омилест барои ҷилавгирӣ аз ихтилофу ҷанг, ва эҷоди сулҳ. Дар дунёи муосир, диплумосӣ дар мақтаъе, ки баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум матраҳ шуд, ҳарфи аслии он ин буд, ки бояд ҷангҳоро коҳиш диҳем, ихтилофҳоро коҳиш диҳем ва дӯстӣ ва иттиҳодро бештар кунем ва аз ин рӯ ба тақвияти диплумосӣ ва ҷойгузин кардани музокира дар муқобили мунозиъа ниёз дорем. Мо мӯътақидем, дар дунёи имрӯз ҳам ҳарҷо ҷанге иттифоқ биуфтад, ҳатман диплумосӣ хуб амал накардааст. Ҳар ҷо ихтилофоте ташдид шавад, ҳатман диплумотҳо заиф амал карданд. Дар сираи набавӣ ҳам мебинем, ки Паёмбари Акрам (с) ҳам маъмулан қабл аз ҳар ҷанге, бо тарафи муқобил гуфтугӯ мекарданд. Яъне аз назари эшон, музокира муқаддам бар ҷанг буд. Номаҳоеро мефиристоданд, суфароеро эъзом мекарданд, беш аз сад нома Паёмбари Акрам (с) навиштанд, ки дар воқеъ барои даъват ба ислом ё ҷилавгирӣ аз ҷанг ва эҷоди сулҳ буд.

Агар мо воқеан ҳамин буъди амалии диплумосии Паёмбарро имрӯз дар дунё битавонем тарвиҷ кунем, ин шоибаҳое, ки алайҳи ҷаҳони ислом ва шахси он ҳазрат аст, ки ислом бо ҷангу шамшер пешрафт кардаро мо метавонем хунсо кунем.

Ҳеч гоҳ дар ислом аз ҷанг истиқбол нашуда, ва ин ба далели аҳаммияте аст, ки дар ислом ба нуфуси инсонҳо дода мешавад. Диплумосӣ чунин ҳунаре дорад. Ҳатто бархе мӯътақиданд, ки агар мо дар солҳои 1358 (1979) дорои як вазорати умури хориҷаи ҳирфаӣ ва як диплумосии қавӣ будем, шояд метавонистем аз вуқӯи ҷанги таҳмилӣ (ҷанги Эрону Ироқ) ҳам ҷилавгирӣ кунем. Бинобар ин, ҳунари диплумосӣ, талош барои коҳиши ихтилофот аст. Ва вақте, ки диплумосӣ дар масири иттиҳоди исломӣ қарор гирад, чунончи ба хубӣ истифода шавад, метавонад тақриб ва тафоҳум эҷод кунад.

Албатта диплумосии иттиҳоди исломӣ, фақат диплумосии расмӣ нест. Диплумосии расмӣ кори ҷудогонае дорад. Дар диплумосии расмӣ ба далели танаввӯъи масоил, мумкин аст баҳси тақриби мазоҳиб ва иттиҳоди исломӣ дар ҳошия қарор гирад. Албатта мумкин аст яке аз меҳварҳои музокира бошад, аммо гоҳе меҳвари аслӣ музокира нест. Албатта набояд тарҳи мавзӯи ваҳдати ислом дар диплумосии расмӣ тарк шавад, аммо бояд ба диплумосии ғайрирасмӣ ва диплумосии умумӣ ҳам бипардозем.

Диплумосии ғайрирасмӣ яъне навъе диплумосӣ, ки ҳам расмӣ аст ва тарафи он, мақомоти расмии кишварҳо ҳастанд, ва ҳам ғайрирасмӣ ҳаст, ки мухотаби он нухбагон, равшанфикрон, уламои динӣ ва дар воқеъ мақомоти ғайрирасмӣ ва таъсиргузор бар афкори умумӣ ҳастанд. Ин бахш яке аз бахшҳои муҳимми диплумосии умумӣ ҳаст.

Мо дар Эрон Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳибро дорем, ки солҳост, ки дар ҳафтаи ваҳдат ҳамоишҳоеро баргузор мекунад, ки албатта кори лозимест, аммо диплумосӣ он аст, ки мо ба миёни онҳо биравем. Мо ҳайъатҳоеро эъзом кунем бо ҳадафи музокира, бо ҳадафи муаррифии мушкилоте, ки бар сари роҳи иттиҳоди исломӣ вуҷуд дорад, бо ҳадафи ёфтани роҳкорҳое, ки ин иттиҳодро мумкин созад.

Аввалҳои инқилоб ҳайъатҳое эъзом мешуданд махсусан дар даҳаи Фаҷр барои муаррифии инқилоб. Ин иқдом шояд ба далоили молӣ, ба тадриҷ кам шудааст. Шахсиятҳое мисли Оятуллоҳ Тасхирӣ, бо он забони гӯё ё мисли марҳум Оятуллоҳ Хуросонӣ ва шогирдоне, ки парвариш додаанд, инҳо бояд ба сурати гурӯҳҳои дунафара, сенафара, чанднафара, таҳти унвони расулони ваҳдат, ба кишварҳои мусалмон эъзом шаванд, ҳам бо уламо ва таъсиргузорони ин кишварҳо сӯҳбат кунанд, ҳам дар кишварҳое, ки имкон дорад бо мақомоти расмӣ дар мавриди масоиле, ки имрӯз дар ҷаҳони ислом барои ҷилавгирӣ аз ваҳдати исломӣ мегузарад, сӯҳбат кунанд. Бояд барои музокира бо уламои ҷаҳон гуфтумонсозӣ кунем. Гуфтумонҳои муштаракро мо бояд бисозем, то битавонем дар бораи онҳо гуфтугӯ кунем.

Яке аз гуфтумонҳо метавонад баҳси исломҳаросӣ бошад. Гуфтумоне, ки дар кишварҳои исломӣ муштарак аст, бояд бо онҳо мавҷе аз исломҳаросии ғарб алайҳи ҷаҳони исломро матраҳ кард. Ва ё баҳси такфириҳо ва қироати хушунатборе, ки аз ислом доранд. Инҳо ба унвони гуфтумонҳо матраҳ ҳастанд ва расулоне, ки кори диплумосии ваҳдати исломиро анҷом медиҳанд, бояд бираванд ва сӯҳбат кунанд ва дигаронро иқноъ кунад.

Масъалаи Фаластин алъон муҳимтарин гуфтумонест, ки мо бояд рӯйи он кор кунем. Тамоми ин таҳаввулоте, ки имрӯз дорад дар Сурия анҷом мешавад, дар Ироқ, дар ҷаҳони ислом, ҳама барои ин аст, ки масъалаи Фаластин, масъалаи дуввум ва севвуми ҷаҳони ислом шавад. Ва ин диплумосии иттиҳоди исломӣ ва эъзоми ин афрод ба кишварҳои мухталиф метавонад кӯмак кунад, ки масъалаи Фаластин, масъалаи рӯзи ҷаҳони ислом шавад.

Баҳси диплумосии иттиҳоди исломӣ фақат дар ҳитаи кори Маҷмаи ҷаҳонии тақриб ҳам набошад, мароҷеи изоми мо ҳам метавонанд вориди ин ҳита шаванд. Ҳамон коре, ки Оятуллоҳ Буруҷердӣ анҷом доданд, намояндагонеро ба дунё бифиристанд. Мароҷеи изоми мо метавонанд намояндагонеро дар тӯли сол ба ҷаҳони ислом эъзом кунанд аз тарафи худ, аз тарафи ин марҷаи динӣ барои сӯҳбат перомуни ҳамин гуфтумонҳо ва талош барои эҷоди тафоҳум ва тақриб байни ҷаҳони ислом, эъзом шаванд.

Манбаи қудрати нарми мо диплумосӣ аст. Мо ҳам бояд аз манобеи қудрати нарми худ истифода кунем, ки яке аз онҳо диплумосӣ аст, чӣ дар арсаи расмӣ, чӣ дар арсаи ғайрирасмӣ ва чӣ дар арсаи диплумосии умумӣ. Меҳвари аслии диплумосии умумӣ расона аст. Баҳси расона, баҳси бисёр муҳимме ҳаст, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ кунем. Имрӯз дунё бо расона кор мекунад. Дар инқилобҳои махмалӣ дар манотиқи шарқи Урупо, ё яке аз иллатҳои фурӯпошии Шӯравӣ, фазосозиҳои расонаӣ буд. Имрӯз ҳам яке аз шурути Арабистон дар муқобили Қатар, таътилии шабакаи хабарии Алҷазира аст. Ин нишон медиҳад, ки хабаргузории Алҷазира чӣ нақши бузургеро бар хилофи манофеи Арабистон ифо мекунад ва Арабистонро ба марҳилае мерасонад, ки ин шартро бигузорад. Таваҷҷӯҳ ба расона дар арсаи диплумосии умумӣ бисёр баҳси муҳимме аст. Таваҷҷӯҳ ба фазои маҷозӣ, расонаҳои суннатӣ, ки мақоми раҳбарӣ ҳам ахиран ба ин мавзӯъ ишора карданд.

Мақомоти омрикоӣ бо дастуроте, ки ба расонаҳо доданд, созмондиҳии азиме барои муқобила бо ваҳдати исломӣ анҷом доданд. Дар тамоми ҳавзаҳои расонаҳои мудерн ва суннатӣ, доранд фаъолият мекунанд ва дар ин ҳавза касоне, ки дар ҷиҳати диплумосии иттиҳоди исломӣ ҳаракат мекунанд, бояд фаъолияти расонаӣ дошти бошанд. Дар ҷаҳони ислом бояд шабакаҳои бузургеро роҳандозӣ кунем. Аз тавоноии нухбагон ва андешамандон истифода кунем.

* * *

Мӯҳсини Покойин, сафири собиқи Эрон дар Озарбойҷон; суханронӣ дар нишасти “Ваҳдат ва ҳамгароӣ дар ҷаҳони ислом: аз андеша то амал”.

Irdiplomacy

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Сиёсат, Такфир, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: