Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст

(Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ)

Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул (дастдарозӣ) ба моли раият дароз карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷое, ки халқ аз макоиди (макрҳои) феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати (мусибати) ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раъият кам шуд, иртифои (болоравии) вилоят нуқсон пазируфт ва хизона тиҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд.

 

Ҳар кӣ фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад,

Гӯ, дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш.

Бандаи ҳалқабагӯш ар нанавозӣ, биравад,

Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагӯш.

 

Боре ба маҷлиси ӯ китоби “Шоҳнома” мехонданд дар мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаридун. Вазир маликро пурсид:

— Ҳеч тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳишам надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд?

Гуфт:

— Ончунон ки шунидӣ, халқе бар ӯ ба таъассуб гирд омаданд ва тақвият карданд, то подшоҳӣ ёфт.

Вазир гуфт:

— Эй малик! Чун гирд омадани халқе мӯҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?

 

Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ,

Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ.

 

Малик гуфт:

— Мӯҷиби гирд омадани сипоҳу раъият чӣ бошад?

Гуфт:

— Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду асло дар ҷибиллат нест:

 

Накунад ҷаврпеша султонӣ,

Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.

Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,

Пойдевори мулки хеш биканд.

 

Маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рӯй аз ин сухан дар ҳам кашиду ба зиндонаш фиристод.

Басе барнаёмад, ки банӣ (фарзандони) амми султон ба мунозаъат хостанд ва мулки падар хостанд. Қавме, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.

 

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,

Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.

Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,

З-он ки шоҳаншоҳи одилро раият лашкар аст.

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Забон ва адабиёт, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: