Торихи рӯёрӯии расонаҳои ҷаҳон

Мақолае дар Irdiplomacy

Дар сапедадами севвуми феврали 1943, як милюн олмонӣ аз радиои режими нозии Олмон ин хабарро шуниданд: “Зери парчами салиби шикаста, барафрошта бар фарози вайронаҳои шаҳри Истолингрод, охирин набард сурат гирифт. Фармондеҳони артиш, афсарон, дараҷадорон ва сарбозон шона ба шона истоданд ва то охирин нафас ҷангиданд. Онон бе ҳадаф қурбонӣ нашуданд, онон ҷон бохтанд, то Олмон зинда бимонад.”

Ин гузориш, як дурӯғи ошкор буд. Воқеият ин буд, ки артиши шашуми Олмони нозӣ, дар баробари қудрати бартари лашкариёни Шӯравӣ тоб наёвард ва таслим шуд. Ин рӯйдод Ҳитлерро хашмгин кард ва ба фармони ӯ, ин ҳақиқат кетмон шуд. Дар он сӯ аммо расонаҳои ҷаҳон ахбори дурустро мухобира мекарданд. Ин ҷанге буд миёни ҳамаи расонаҳо ва расонаҳои як кишвар. Расонаҳои Шӯравӣ бар як иборат таъкид мекарданд: “Расонаҳои дурӯғгӯи олмонӣ”. Ҷаҳон саъй дошт ҳақиқати гумшударо ба олмониҳо нишон диҳад. Ҳақиқате, ки хеле мавоқеъ дар расонаҳо гум мешавад.

Ҳар ҷанг ҳаддиақал дар ду замина рух медиҳад: “майдони набард ва зеҳни умумии мардум”. Дар ҳар ду ҷабҳа фармондеҳоне, ки қодир ба баҳрагирӣ аз абзори контрол ва мудирияти ангораҳои зеҳнӣ бошанд, метавонанд душманро бифиребанд ва нерӯҳои худиро дар ҷабҳаи дифоъ аз аҳдофи худ созмондиҳӣ кунанд.

Ҷанг миёни расонаҳо ҳамешагист. Ин ҷанг аз замони рӯзномаҳои зарди бритониёӣ дар солҳои 1890, ки мудом якдигарро бар сари мавзӯоти аҷибу ғариб ва ҳатто пешипоуфтода нақд мекарданд, вуҷуд дошт. Daily Telegraph дар соли 1895 навишт: “Хабари талоқи Лурд Нуртклиф (Lord Northcliffe), ки он рӯзномаи дурӯғгӯ бо исми масхара навишта комилан дурӯғ аст. Лурд Нуртклиф танҳо ихтилофи ҷузъӣ бо ҳамсараш дорад, ки шарҳи дурусти онро ин ҷо мехонед…

Аммо дар даврони ҳирфаӣ, ин ҷанг бештар аз навъи сард аст. Камтар пеш меояд, ки маъруфтарин расонаҳои ҷаҳон якдигарро хитоб кунанд ва мустақиман вориди ҷанги лафзӣ ва гарм шаванд. Расонаҳо бино ба риояти ахлоқи ҳирфаӣ ҳам, ки шуда, тарҷеҳ медиҳанд дар зеҳни умумии мардум рақобат кунанд, на ин ки майдони набарди якдигар бошанд. Аммо бо ин ҳол, боз ҳам пеш меояд, ки ба сурати рӯ дар ӯ хабарҳои дурӯғ ва иштибоҳоти якдигарро фош кунанд ва бар сари якдигар бикӯбанд.

Солиёни ахир ва бо вуруди расонаҳои иҷтимоӣ роҳ барои чунин даъвоҳое бозтар шудааст.

* * *

Чаро Абӯбакри Бағдодӣ намемирад?

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико чанд рӯз пеш бо ҳамла ба New York Times, кори онҳоро “дастури кори бемор” хонд. Тромп мӯътақид аст, яке аз гузоришҳои ин рӯзнома талошҳои Омрикоро барои куштани Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, ноком гузошт. Тромп дар як паёми твиттерӣ дар ин бора навишт: “New York Times-и шикастхӯрда талоши Омрико барои куштани таҳти таъқибтарин теруристи ҷаҳон, Абӯбакри Бағдодиро бесамар гузошт.”

Ин иқдоми Тромп дифоъе буд аз расонаи маҳбубаш Fox News. Ин расона мусоҳибае аз женерол Тони Тумос мунташир кард. Дар он мусоҳиба раиси фармондеҳии амалиёти вежаи низомии Омрико гуфт, ки нерӯҳои омрикоӣ пас аз ҳамлаи соли 2015, ки мунҷар ба дарёфти иттилооте дар бораи ДОЪИШ шуд, бисёр ба Бағдодӣ наздик шуданд. Женерол Тумос мӯътақид буд, ки нерӯҳои омрикоӣ иттилооти хубе дар бораи махфигоҳҳои раҳбари ДОЪИШ ба даст оварда буданд, аммо мутаассифона ин иттилоот ҳудуди як ҳафта баъд дар New York Times фош шуд. New York Times ҳам Fox News-ро ба дурӯғгӯӣ ва шойеъапарокании мудовим дар бораи Абӯбакри Бағдодӣ муттаҳам кардааст. Сухангӯи New York Times гуфт, ки мо аз Кохи сафед мехоҳем тавзеҳоти возеҳ ва мубарҳане дар бораи ин твитт ироа диҳад.

* * *

Ман бештар аз Тромп мутанаффирам

Русҳо ва Тромп коре карданд, ки дар арзи 24 соат ду рӯзномаи маъруф ва пуртирожи Омрико, New York Times ва Washington Post ҳисобӣ аз хиҷолати ҳам дарбиёянд. Одом Гулдман (Adam Goldman), ки сардабири собиқи ҳар дуи ин рӯзномаҳо буд мегӯяд: “Ин бузургтарин ҷанги расонаии торих буд, ки ба умрам дидам…

Моҷаро бар сари Тромп ва равобиташ бо Русия оғоз шуд ва ба теъдоди афроде, ки дар суханрониҳои Тромп ширкат мекарданд, кашида шуд. Ду тараф мудом дар твиттери расмӣ якдигарро таг карданд ва ба ҳам тикка андохтанд. Ин ҷанги тӯлонимуддат аз соли 2015 то ҳамин авохир идома пайдо кард. Аҷиб будани ин даъво бештар бар сари ин буд, ки ҳар ду тараф мавзеъи зидди Тромп доштанд, аммо ҳар як мехостанд нишон диҳанд, ки мавозеъи шадидашон алайҳи Тромп, дурусттар аз тарафи дигар аст.

* * *

Даъво дар тамоми сафаҳот

Яке аз тӯлонитарин даъвоҳои расонаӣ, ба расонаҳои ду кишвари Ҳинд ва Покистон бармегардад. Сиёсат, варзиш ва саргармии ҳар сафҳаеро, ки боз кунед, гӯшае аз ин даъвоҳоро метавонед пайдо кунед. Наздик ба 70 сол аз кашида шудани хатте дар миёнаи шибҳиқорра Ҳинд мегузарад, аммо муноқишоти ин минтақа ҳатто бо омадану рафтани сиёсатмадорони либерол ва муҳофизакор ва носиюнолист сари ҳал шудан надорад. Соли 2016, наздик ба 100 коноли хабарӣ дар Покистон вуҷуд дошт ва дар он сӯи марз ҳиндиҳо ду баробари ин расонаҳоро доранд. Ҷанги расонаӣ байни ин ду гурӯҳ ба калишаи ҳаррӯзаи ин расонаҳо бадал шудааст. Ин ҷанг дигар фаротар аз марзҳои сиёсӣ ва давлатҳост ва ба зиндаги рӯзмарраи шаҳрвандони ду кишвар ворид шуда ва фарҳанги ҷанг дар ҳар ду сӯ вуҷуд дорад.

Ҳорун Халид, рӯзноманигори озоди покистонӣ, ки дар Huffington Post қалам мезанад, мегӯяд: “Соли 2008-ро ба хотир дорам. Рӯзномаҳои ду кишварро варақ мезадам. Pakistan News in Urdu, Ово, Урду ахборот, Деҳлӣ нюз, Индиё Тоймз ва Миротӣ… боваратон намешавад дар тамоми сафаҳоти ин рӯзномаҳо ҷанг байни ду кишвар дар ҷараён буд ва мудом номи рӯзномаи он тарафӣ барои тамасхур бурда мешуд.”

Irdiplomacy



Рубрики:Таҳлилот

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: