“Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо, одамҳо, ба иттифоқоте, ки перомунамон рух медиҳад, ғолибан аз равзанаи бисёр танги моддӣ нигоҳ мекунем, ва таҳлилу баррасиҳоямон аз ҳаводис низ бар асоси ҳисобу китобҳои моддӣ устувор аст. Масалан, агар як ҳоким ва фармонравое ба зиллат ва хорӣ сарнагун шавад ва дар садади таҳлилу баррасии асбоб ва иллатҳои сарнагунии ӯ баройем, ба дунболи ёфтани иллатҳои моддӣ барои он мешавем.

Яке ду рӯз аст, ки хабари маҳкум ба зиндон шудани Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи кишвари ҳамсоя Ӯзбакистон, фазои расонаҳоро пур карда. Ҳол, агар аз яке аз мо суол шавад, ки чаро бо ин бону чунин шуда ва ба ин рӯз гирифтор омада, чи басо – бар асоси таҳлилҳои моддии сирф – бигӯем, Гулнора агар як каме зарангӣ мекард ва дар замони зинда будани падараш пояҳои қудрати худро устувортар месохт ва робитаи худро бо ниҳодҳои бонуфузи ин кишвар мустаҳкам мекард ва ба истилоҳ, дили онҳоро ба даст меовард, баъид набуд имрӯз ҷонишини падар шавад ва нахустин раисиҷумҳури зани як кишвари осиёимиёнаӣ гардад.

Ин бону рӯзе дар Ӯзбакистон рақиб надошт; “малика”-и берақиб дар ин кишвар буд, ҳарчи дилаш мехост анҷом медод ва касе монеъи тасарруфоти ӯ намешуд, ва камтар касе шак дошт, ки ӯ вориси тоҷу тахти падараш хоҳад буд.

Аммо чунин нашуд. Дар замони ҳаёти падараш ӯро “хонанишин” карданд. Барои чӣ? Оё танҳо ба ин хотир, ки “зарангӣ” накард? Агар бо меъёрҳои сирф моддӣ нигоҳ кунем, бале шояд чунин бошад.

Вале дар ин миён, меъёрҳое ҳаст, ки ғолибан аз зеҳни мо, одамиён, пинҳонанд ва онҳоро ба ҳисоб намеоварем. Ва он ин ки: ҷаҳон соҳиб дорад, қавонин ва сунане дар ҷаҳон ҳукмфармост, ки гетӣ бар асоси онҳо чарх мезанад, ва ба фармудаи Мавлоно:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Яъне, ин ҷаҳон дар масал монанди кӯҳ аст ва аъмоли мо низ монанди бонгу фарёдест, ки дар кӯҳ танин меафканад, ва бе гумон ҳар фарёде, ки дар кӯҳ бизанем, танини он дубора ба сӯи мо бозмегардад.

Ва ба сухани дигар, ту — ҳар ки ҳастӣ, чи подшоҳ бошӣ ё инсоне оддӣ — агар хубӣ кардӣ, подош ва аҷри онро гузашта аз охират, дар ҳамин ҷаҳон низ хоҳӣ дид. Ва агар бадӣ кардӣ ва ба мардумон зулму ситам намудӣ, пулу моли кишварро аз худ кардӣ, одамони бегуноҳро куштӣ ва ба зиндон афкандӣ, мутмаин бош, сазои ин рафторҳоятро дар ҳамин дунё пеш аз охират хоҳӣ чашид. Ин як қонун ва суннати ҳоким бар ҷаҳон аст, ва гурезе аз он нест:

إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لأَنفُسِکمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا

Агар некӣ кунед, ба худ некӣ кардаед, ва агар бадӣ кунед, ба худ бад намудаед…” (Сураи Исро, ояти 7)

Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: “Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”. Дар решаи ин масал гуфтаанд: Дарвеше буд, ки дар кӯчаву маҳалла роҳ мерафт ва мехонд: “Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”. Як зани маккора, ки ба ин шеъри дарвеш гӯш медод, пеши худ гуфт: ман собит мекунам, ки ин ҳарфи дарвеш бе асосу поя аст. Зан ба хона рафт ва хамир дуруст кард ва як фатири ширин пухт ва каме заҳр ҳам лойи фатир рехт ва овард ва ба дарвеш дод ва рафт ба хонааш ва ба ҳамсояҳо гуфт: “Ман ба ин дарвеш собит мекунам, ки ҳар чӣ кунӣ, ба худ намекунӣ”.

Аз қазо, зан як писар дошт, ки ҳафт сол буд гум шуда буд, як дафъа писар пайдо шуд ва бо дарвеш рӯ ба рӯ шуд ва саломе кард ва гуфт: “Ман аз роҳи дур омадаам ва гуруснаам”. Дарвеш ҳам ҳамон фатири ширинро ба ӯ дод ва гуфт: “Зани хайрхоҳе барои савоб ин фатирро барои ман пухта, бигир ва бихӯр ҷавон!”

Писар фатирро хӯрд ва ҳолаш ба ҳам хӯрд ва ба дарвеш гуфт: “Дарвеш! Ин чӣ буд, ки сӯхтам?”

Дарвеш фавран рафт ва занро хабар кард. Зан давон-давон омад ва дид, писари худаш аст. Ба сараш зад ва гуфт: “Ҳаққо, ки ту рост гуфтӣ; ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”.

Тамоми кутуби осмонӣ ва кутуби ахлоқӣ ба ин матлаб тасреҳ кардаанд, ки одамӣ раҳини аъмоли худ аст. Ҳар амале, ки анҷом диҳад, натиҷаи онро мебинад. Агар инсон дар ин дунё нисбат ба шахсе амали норавое анҷом бидиҳад, ҳатман рӯзе бо амале шабеҳи ҳамон амали анҷомдодааш рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҳаргиз ёдам намеравад, дар айёми кӯдакӣ дар синини 10 ё 11-солагиам, шоҳиди як ҳодисае шуда будам, ки ҳаргиз аз хотирам намеравад. Дар ҳамсоягии падарбузурги модариам дар Истаравшан пирамарде, ки ду фарзанд дошт зиндагӣ мекард. Рӯзе ҳамроҳи падарбузургам аз оройишгоҳ (сартарошхона) бармегаштем. Яке аз фарзандони ин пирамард дар ҳолати мастӣ буд ва падарашро мезад, то ҷое, ки ӯро бо пойи худ лагад мекард. Эшонбобом рафтанд ва аз дасти он мард гирифтанд ва хостанд монеъи задани ӯ бишаванд. Аммо аҷиб ин ки пирамард хитоб ба эшонбобом ба ин мазмун гуфт: Тӯраҷон! Бигузоред, маро бизанад. Ин сазои ҳамон корҳоест, ки ман дар ҷавонӣ нисбат ба бегуноҳон раво дошта будам. Ман даҳҳо одамҳои бегуноҳро аз ҷумла падари шуморо озору азият ва равонаи зиндон карда будам. Падарбузургам ба ман гуфтанд, ин пирамард дар ҷавонӣ масъули НКВД буд ва бисёр одамҳоро дар Истаравшан озору азият мекард.

Ба ҳар сурат, касе, ки ба мардум зулм ва ситам кунад, дар ҳамин дунё қабл аз охират ба сазои кардаҳояш мерасад. Ин як суннати торих ва қонуни илоҳист. Ҳамаи мову шумо бо чашмони худ дидем, ки ҳокимон ва диктотурҳои золим ва ситамгаре мисли Муаммар Қаззофӣ ва Саддом Ҳусайн ва амсоли инҳо чӣ гуна хору залил кушта шуданд. Ин ду диктотур ҳазорон мардуми бегуноҳро кушта буданд, ҳазорон мардумонро бехонумон карда буданд. Ва ҳар ҳокиме низ, ки мисли ин ду бошад, қатъан рӯзе сазои аъмоли анҷомдодаашро хоҳад дид. Ва ба фармудаи Мавлоно:

Бар ман аст имрӯзу фардо бар вай аст,

Хуни чун ман кас чунин зойеъ кай аст?

Имрӯз ба зиёни ман сипарӣ шуд ва фардо ба зиёни ӯ хоҳад буд. Яъне ҳар кас чоҳе барои дигарӣ ҳафр кунад, рӯзе худ ба он чоҳ хоҳад афтод ва натиҷаи феъли худро хоҳад дид. Зеро хуни мазлуме ҳамчун ман магар мумкин аст ба ҳадар равад?

Гарчи девор афганад сояй дароз,

Бозгардад сӯйи ӯ он соя боз.

Ба унвони мисол, агарчӣ девор сояи баланд бар замин паҳн кунад, вале билохира он соя ба сӯи девор бозмегардад. Яъне, ҷавоби амал низ амре қатъист.

Умедворам, сарнавишти амсоли Гулнора Каримоваҳо барои оқозодаҳои кишварамон дарсе ибрат гардад. Каримова низ як рӯз мисли шумо буд, ҳар чӣ дилаш мехост, анҷом медод ва касе монеъаш намешуд. Пулҳое, ки ӯ ҷамъ карда ба назарам чоряки онро шумо надоред, қудрате, ки ӯ дошт, ниме аз онро шумо надоред, чоплусу мутамаллиқе, ки атрофи Гулнора гирд омада буданд, ба маротиб бештар аз ин чоплусҳое буданд, ки имрӯза пиромунатон ҷамъ шудаанд. Аммо ку он пулҳо?! Ку он ҳама қудрату савлат? Ку он ҳама лаббайкгӯю чоплус?!

Лутфан, дарс бигиред!



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: