Конфронси хабарии вузарои хориҷаи 4 кишвари арабии таҳримкунандаи Қатар дар Манома

Вазирони умури хориҷаи чаҳор кишвари арабии таҳримкунандаи Қатар, бо гирдиҳамоӣ дар Манома, пойтахти Баҳрайн, бар зарурати иҷрои мутолибот ва шурути 13-гона таъкид карда ва хостори пойбандии комили Қатар ба он шуданд.

Холид Оли Халифа, вазири умури хориҷаи Баҳрайн, дирӯз (якшанбе, 29.07.2017) пас аз поёни нишасти вузарои хориҷаи чаҳор кишвар дар Манома гуфт, ки ин чаҳор кишвар бар усули 6-гонаи зикршуда дар баёнияи Қоҳира исрор доранд.

Вай бо ишора ба ин ки чаҳор кишвари арабӣ дар бораи истимрори ройзаниҳо ва ҳамоҳангӣ дар хусуси нишастҳои оянда тавофуқ карданд, аз кишвари миёнҷигар Кувайт ба далели талош барои ҳалли бӯҳрони Шӯрои ҳамкорӣ тамҷид ва эълом кард, ки Қатар боисте тамомии бандҳои 13-гонаи марбут ба мутолиботи чаҳор кишвари арабӣ (Миср, Арабистон, Баҳрайн ва Аморот)-ро иҷроӣ кунад.

Холид Оли Халифа бо баёни иники “мо тамоюл дорем 6 кишвар дар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс боқӣ бимонанд” афзуд: “Дар айни ҳол, бо сиёсати тавтиъа мухолиф ҳастем.”

Вай тасреҳ кард, ки мо ҳеч як аз бандҳои 13-гонаи зикршуда дар феҳристи хостаҳои кишварҳои арабӣ аз Қатарро ҳазф нахоҳем кард ва дар айни ҳол, омодаи гуфтугӯ ҳастем, аммо Қатар бояд ин хостаҳоро пазируфта ва иҷроӣ кунад.

Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи АрабистониСаудӣ низ таъкид кард, ки Арабистон бо сиёсӣ кардани масъалаи ҳаҷ мухолиф аст. Вай тасреҳ кард: “Қатар боисте даст аз сиёсатҳои таҷовузкорона бардошта ва сиёсати ҳусни ҳамҷивориро дар пеш бигирад ва бо ифротигарӣ ва теруризм муборизаи фаъолона ва муассир дошта бошад.”

Ал-Ҷубайр изҳор дошт, ки агар Қатар тасаввур мекунад маслиҳаташ дар наздикӣ бо Эрон аст, дар он сурат ба ақидаи ман Қатар ба шакли матлуб умурро арзёбӣ намекунад. Вай гуфт: “Эрон омили хунрезӣ ва вайронӣ дар минтақа аст ва ҳеч кишваре, ки бо Эрон ҳамкорӣ дорад, хайре намебинад.”

Вай бори дигар Эронро ба даст доштан дар бӯҳрони Қатар муттаҳам кард ва гуфт: “Эрон барои кишварҳое, ки бо он таъомул доштанд, танҳо харобӣ ва вайронӣ ба армуғон оварда ва миллати Қатар низ ҳаргиз ифои нақши Эрон дар кишварашонро намепазиранд.”

Вай дар идома афзуд: “Мо барои музокира дар хусуси иҷрои усул омодагӣ дорем, ба шарти он ки Қатар низ ҷиддӣ ва пойбанд ба таъаҳҳудот бошад, ин дар ҳолест, ки равшан аст Қатар ҷиддият надорад.”

Сомеҳ Шукрӣ, вазири умури хориҷаи Миср низ таъкид кард, ки ҳеч гуна музокирае дар хусуси хостаҳои 13-гона дар кор нест.

Вазири умури хориҷаи Аморот низ таъкид кард, ки метавон тасмимотеро иттихоз кард, аммо муҳим ин аст, ки аз асароти он бар шаҳрванди қатарӣ коста шавад. Вай ишора кард, ки Қатар дар гузашта марҳилаи музокираро пушти сар гузошта, аммо ба он пойбанд набудааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: