“Миллати тоҷик шояд ягона миллате бошад, ки ба хотири озодона фикр ва ибодат кардан, ватани худро тарк мекунад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар суханоне дар конфронси “Ваҳдати уммат” дар Молезӣ, бо баёни ин ки: “миллати озодандеш ва озодидӯсти тоҷик шояд имрӯз дар ҷаҳон яке аз камтарин озодиҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва диниро дорад” гуфт: “Миллати тоҷик шояд ягона миллате бошад, ки на танҳо ба хотири мушкилоти иқтисодӣ, балки ба хотири озодона фикр ва ибодат кардан тарки ватан мекунад.” Ваф афзуд: “Шояд шумо кишвари дигареро надошта бошед, ки бо 98 дар сади мусалмон, ҷавонони то сини 18-сола ҳаққи ибодат дар масҷидро надоранд. Шояд бовар накунед, агар бигӯям, ки занҳо аз ҳаққи ибодат дар масҷид, аз ҳаққи таҳсил, кор ва ҳатто тиҷорат бо либоси исломӣ маҳруманд. Шояд бовар накунед, ки дар як кишвари исломӣ ибодат берун аз масҷид, манзил ва гӯристон мамнӯъ аст. Шояд ягона ҳукумате дар ҷаҳон бошад, ки мухолифини худро бидуни он, ки сангеро партояд, шишаеро бишканад, чӯбе ба даст бигирад, муттаҳам ба экстремизму терроризм карда бошад, ҳатто эътирозе ва тазоҳуроте карда бошад.”

Кабирӣ дар бахше дигар аз суханони худ, бо ишора “камбуди муколама, фарҳанги ҳамзистӣ ва таҳаммулгароӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба хусус қишри мазҳабӣ ва дунявӣ” гуфт: “Дар баъзе ҷомеаҳо кор ба ҳадде расидааст, ки гурӯҳе аз равшанфикрони дунявӣ на танҳо аз арзишҳои мазҳабии мардуми хеш ҳимоят намекунанд, балки ба таври ошкор ё пинҳон онҳоро паст мезананд ва ё дар муқобили арзишҳои миллӣ мегузоранд.”

Матни суханронии раҳбари ҲНИТ дар конфронси “Ваҳдати Уммат“ дар Молезӣ ба шарҳи зерин аст:

* * *

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамду ситоиш Худованди Мутаъолро ва дуруд бар Расули Ӯ Муҳаммад (с) ва бар олу асҳоби ишон аҷмаъин.

Мӯҳтарам раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама миннатдории хешро ба баргузоркунандагон, аз ҷумла ба ҳукумати вилояти Келантан ва Иттиҳоди Байналмилалии Уламои Исломӣ, барои даъват ба ин чорабинии муҳим баён мекунам.

Бояд гуфт, ки ин конфронс дар замоне баргузор мегардад, ки олами ислом аз ҳар вақти дигар дида парокандатар, заифтар ва осебпазиртар гаштааст. Ин вазъият аҳамияти чунин чорабиниҳоро мисли конфронси имрӯза бештар мегардонад, то раҳбарон, андешмандон ва уламо битавонанд масоили доғи ҷаҳони исломро баҳсу баррасӣ кунанд ва чораҳои лозимиро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бияндешанд.

Агар мо воқеан инҷо ба хотири пайдо кардани роҳҳо барои берун рафтан аз мушкилоти мавҷуда дар ҷаҳони ислом ва манотиқи худ ҷамъ омадаем, пас моро лозим аст, ки дар бораи ин мушкилот, омилҳо ва сабабҳои онҳо бисёр шаффоф ва бо сароҳат сӯҳбат намоем. Дар сурати ғайр, ҳамоиши имрӯза идомаи ҳамоишҳо ва чорабиниҳои дигар мешавад, ки то имрӯз пайваста баргузор шудаанд ва таъсири зиёд дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом надоштаанд.

Аз нигоҳи банда, қадами аввали мо ин метавонад бошад, ки гирифтор шудани олами ислом ба як бӯҳрони амиқи ҳамаҷонибаро эътироф намоем. Танҳо эътирофи ин воқеъият моро кӯмак мекунад, то ба саволҳои рӯз ҷавоб пайдо намоем. Бидуни эътирофи ин воқеъияти талх мо аз як бӯҳрон ба бӯҳрони дигар ҳаракат хоҳем кард, чун худро ва мушкилоту дардҳои худро нашинохтаем, то онҳоро даво бахшем. Шояд ин бӯҳрон дар ҳама ҷо яксону якрнаг набошад ва ҳатто, баъзе гӯшаҳои олами ислом онро эҳсос накунанд, вале мо имрӯз дар бораи Уммат сӯҳбат мекунем, на як кишвар ва як минтақа. Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси шарифи худ бани одамро мисли бадани воҳид донистаанд, ки агар узве аз он ба дард омад, узви дагараш эҳсос хоҳад кард. Агар имрӯз кишваре, ҷомеае ва гурӯҳе дарду алами бародарону хоҳарони худ дар минтақаҳои бӯҳронии ҷаҳони исломро эҳсос накард, пас бояд назди худ савол бигзорад, ки ӯ воқеан ба ин бадан, яъне Уммати исломӣ тааллуқ дорад ё не. Агар мо ба ин асл эътиқод дошта бошем, пас бояд ҳамаи фарзандони Уммат, аз ҷумла, касоне, ки дар як шароити беҳтари иқтисодӣ ва сиёсӣ ба сар мебаранд, эътироф намоем, ки Уммати мо имрӯз дардманд аст.

Намехоҳам инҷо дар бораи ҳамаи омилҳо ва паҳлӯҳои ин бӯҳрон сӯҳбат намоям, чун вақт ва чорчӯби ин ҳамоиш ҷои сӯҳбатҳои муфассал нест. Аммо, он чизе, ки аз нигоҳи банда муҳим аст ва ҷаҳони исломро ба ин ҳолати бӯҳронӣ кашонидааст ва шояд модари дигар омилҳо ҳам бошад, ин камбуди ду чиз аст. Ин камбуди маърифат ва озодӣ дар ҷомеаҳои мо. Шояд ба ин ҳарфҳо мухолафат шавад, ки мушкилоти мо фаротар аз ин ду аст, мисли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ. Шаке нест ва болотар ҳам гуфтам, ки бӯҳрони мо ҳамаҷониба ва амиқ аст, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагиро фаро мегирад. Аммо, ҳадди ақал банда, асли тамоми ин мушкилотро камбуди ин ду мебинам. Агар мо мусалмонон имрӯз мушкилоти иқтисодӣ дорем, аз он нест, ки молу пули камтар, сарватҳои зерзаминии камтар ва ё қувваи кории камтар дорем. Бештар аз 65 дар сади захираҳои энергетикии ҷаҳон дар минтақаҳои мусалмоннишин қарор дорад, садҳо миллиард доллари кившарҳои мусалмонӣ дар бонкҳо ва ширкатҳои хориҷи минтақа нигаҳдорӣ мешаванд, мо дорои ҷавонтарин нерӯи корӣ дар ҷаҳон ҳастем. Пас чаро фақиртарин, заифтарин ва ноамнтарин минтақаи ҷаҳон маҳз минтақаи мусалмоннишин мебошад? Чун мо маърифат ва озодии кофӣ барои истифодаи сарватҳои инсонӣ, иқтисодӣ ва молии худро надорем. Бидуни маърифат ва озодӣ молу сарват ва дигар захираҳо наметавонанд рушд, субот ва рифоҳи як кишвар ё минтақаро таъмин кунанд. Мо инро метавонем дар таҷрибаи чанд кишвари ҷаҳони ислом бубинем, ки сарватҳои зерзаминӣ ва имкониятҳои беҳисоб доранд, вале то имрӯз натавонистаанд ба сатҳи кившарҳое бирасанд, ки чаҳоряки ин имкониятҳоро ҳам надоранд. Чун дар ин кишварҳо маърифатнокӣ, дониш ва озодии мардум ҳамчун як авлавият шинохта нашудааст. Дар муқобил мо кишварҳоеро дорем хориҷ аз минтақаи ҷаҳони ислом, ки танҳо дар заминаи рушди илму дониш ва озодии миллатҳои хеш тавонистанд бо камтарин захираҳо а имкониятҳо ҷомеаҳои пешрафта ва босубот бисозанд.

Шояд яке аз намунаҳои нодир ва истисно Малайзия бошад, ки имрӯз мизбони ин нишасти мо мебошад. Таҷрибаи ин кишвар нишон медиҳад, ки ҷомеаҳои мусалмонӣ низ метавонанд пешрафти ҳамаҷониба дошта бошанд, агар низоми ҷомеадорӣ ва давлатдории худро дар заминаи илм, дониш ва озодӣ бунёд карда бошанд.

Мехостам ба як нуктаи дигар ишора кунам, чун аксари ширкаткунандагон инҷо уламо ва андешмандони исломӣ мебошанд ва баъзе аз бузургон ба банда ҳаққи устодӣ доранд. Ҷаҳони ислом дар ҳеч замоне ба мисли имрӯз дорои китоб, илм ва дониши динӣ набуд. Шояд дар сад соли охир миқдори китобҳои динии нашршуда, аз ҷумла Қуръони маҷид ва аҳодиси Набавӣ, масҷидҳо ва мадрасаҳои сохташуда, қориҳову ҳофизони тарбиятшуда, бештар аз 1300 соли қаблии таърихи ислом бошад. Шояд шумораи китобҳо дар китобхонаҳои шахсии баъзе афрод имрӯз бештар аз шумораи китобҳои як шаҳр ва ҳатто як кишвар дар гузашта аст. Имрӯз илм ва дониш, аз ҷумла дониши динӣ тариқи миллионҳо китобҳои нашршуда, тариқи ҳазорҳо каналҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин тавассути интернет вориди ҳар манзил гаштааст. Дастрасӣ ба ҳамагуна илму дониш, аз ҷумла ба илми исломӣ аз ҳама давру замон бештар ва осонтар гаштааст. Аммо, суол ин аст, ки чаро бо ин ҳама илму дониши фаровон ва дастрас, Уммати исломӣ имрӯз наметавонад чанд шахсияти диние мисли Имомон Абуҳанифа, Шофеъӣ, Молик ва ибни Ҳанбал, Абуюсуф, Сарахсӣ, Ғаззолӣ ва ғайра парвариш намояд?

Инчунин дар ин сад соли ахир ҳазорҳо донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмиву тадқиқотӣ дар кишварҳои мусалмоннишин дар бахши улуми дунявӣ, таҷрибавӣ, фалсафа ва ғайра сохта шудаанд ва бештарин қисмати будҷаи кишварҳои мо ба соҳаи маориф ва илм сарф мешавад. Вале, чаро бо ин ҳама харҷу имконот дар ин муддат файласуфоне мисли Ибни Сино ва Ибни Рушд, ҷомеашиносе мисли Ибни Халдун, риёзидонҳое мисли Хоразмӣ ва Берунӣ, ва ҳатто, шоироне дар сатҳи шоирони асрҳои миёна ба миён наомад? Даъво надорам, ки ҷавоби ин саволҳо назди мо вуҷуд дорад, аммо боз ҳам эътиқод дорам, ки маҳз муҳити саршор аз маърифату фарҳанг ва озодиҳо боиси шуҷоат ва халлоқияти фикрӣ, илмӣ ва динӣ мегардад. Ва маҳз шуҷоати илмӣ ва динӣ, инчунин муҳити озоди илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ боиси пайдоиши андешаву бозёфтҳои илмӣ ва иҷтиҳоду фатвоҳои динии наву созанда мегарданд. Маҳз камбуди озодӣ, имкон намедиҳад, ки донишҳои мавҷудаи ҷомеаҳои мо (чӣ дониши динӣ ва чӣ дунявӣ) табдил ба андешаву назарияҳои бикр ва фатвоҳову иҷтиҳодҳои муосир шаванд.

Ин ҳама боис гаштааст, ки дар ҷаҳони ислом савод ҳаст, вале ихтироъу кашфиёти илмӣ нест, сарвату пул ҳаст, аммо низоми иқтисодии рушдкунанда нест, артишу пулис ҳаст, вале суботу амният нест. Аз тарафи дигар, донишу маълумоти динӣ фаровон вуҷуд дорад, аммо, иҷтиҳоду навоварӣ дар фиқҳ, андеша ва маърифати исломӣ нест. Бо камоли таассуф бояд эътироф намоем, ки имрӯз низоми таълимии аксари кишварҳои исломӣ ва муҳити илмиву эҷодии онҳо инсони озоду шуҷоъ ва дорои зеҳни ихтироъкунандаро тарбият намекунад. На дар самти улуми дунявӣ ва на динӣ. Ҳамагуна андешаи нав, озод ва фарқкунанда аз қолабҳои вуҷуддошта саркӯб мегардад, ки натиҷааш тарбияи инсонҳои беирода, тамаллуқкор ва беташаббус аст.

Як мушкилии дигаре, ки аз нигоҳи банда дар ҷаҳони ислом вуҷуд дорад, ин камбуди муколама, фарҳанги ҳамзистӣ ва таҳаммулгароӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба хусус қишри мазҳабӣ ва дунявӣ мебошад. Дар чунин шароит, масъулият ва нақши ду гурӯҳи дигарро банда дар ҷомеаҳои исломӣ хеле пураҳамият медонам, ки то имрӯз мутаассифона чандон нақши муассире надоштаанд. Ин ҳам бошад масъулият ва нақши уламо ва равшанфикрон. Албатта, манзур инҷо уламо ва равшанфикрони воқеъии мубориз, огоҳ ва дилсӯз мебошад, на оне, ки мадрак ва ё симати динӣ ва ё илмӣ дорад. Мо ҷуз ин роҳе надорем, магар инки дар кишварҳои худ гуфтугӯ, ҳамкорӣ ва масъулиятпазирии дуҷонибаи ин ду гурӯҳро ба вуҷуд биёрем. Набояд қишри равшанфикрро дар ҷомеаҳои исломӣ аз баданаи Уммат ҷудо донист. Яке аз иштибоҳҳое ки дар бисёре аз кишварҳои исломӣ рух медиҳад, ва бояд эътироф кунам, ки дар Тоҷикистони мо ҳам ин камбудӣ рух дод, он аст, ки қишри мазҳабӣ арзишҳои диниро ва қишри равшанфикр арзишҳои миллиро ба монополияи худ табдил додаанд. Гӯё, ки як равшанфикри дунявӣ наметавонад ва набояд ҳам аз арзишҳои динии худ ва мардумаш дифоъ кунад, ҳамчуноне, ки як олими динӣ набояд аз арзишҳои миллии хеш ҳимоят карда бошад. Дар баъзе ҷомеаҳо кор ба ҳадде расидааст, ки гурӯҳе аз равшанфикрони дунявӣ на танҳо аз арзишҳои мазҳабии мардуми хеш ҳимоят намекунанд, балки ба таври ошкор ё пинҳон онҳоро паст мезананд ва ё дар муқобили арзишҳои миллӣ мегузоранд. Ин ҳама боиси эҷоди нобоварӣ ва бесуботӣ дар ҷомеаҳо мегардад, ки метавонад ба сар задани муноқишаҳо бирасонад. Албатта, кам нестанд ҷомеаҳое, ки чунин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи доимӣ байни равшанфикрон ва уламои исломӣ вуҷуд дорад ва бояд аз ин таҷрибаҳо ба нафъи ҳамаи Уммат истифода намуд. Бинобар ин, пешниҳод доштам, ки дар ҳамоишҳои баъдӣ дар баробари уламо, равшанфикрони вокеъӣ ва огоҳ низ даъват шаванд, то роҳҳои берунрафт аз мушкилотро бо ҳам ҷустуҷӯ карда бошем.

Бародарону хоҳарон ва устодони гиромӣ!

Чун фаъолияти бевоситаи банда бештар дар умури сиёсӣ аст, наметавонам чанд нуктаро ба таври мухтасар дар ин робита ҳам зикр накунам. Агар баъзе истисноҳоро ба назар нагирем, дар умум муҳити фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии кишварҳои ҷаҳони ислом ду гурӯҳро дорад парвариш мекунад: диктаторҳо ва ифротгароён. Агарчӣ, ин ду гурӯҳ ақаллияти комил дар ҳама кишварҳо ҳастанд, имрӯз ҳокимият ва мағзи ҷомеаҳои мо дар ихтиёри онҳост. Қудрат ва пешрафти ин ду гурӯҳ дар он нест, ки илми бештар ё пуштибонии мардумии бештар доранд. Балки дар он аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш ба ягон арзиш ва меъёри ахлоқӣ, динӣ ва қонун пойбанд нестанд ва худро болотар аз ин ҳама медонанд. Дар ҷомеаҳои мо ҳанӯз механизмҳои қонунӣ, сиёсӣ ва фарҳангии пешгирӣ аз диктатура ва ифротгароӣ шакл нагирифтааст ва ин аксарияти мардумро дар баробари ин ду гурӯҳ ҳамеша осебпазир нигаҳ медорад. Ин боиси ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, сиёсатгурезӣ ва бетафовутии аксарияти мардум дар кишварҳои мо гаштааст, ки натиҷааш боз ҳам тақвияти ин ду гурӯҳ мебошад.

Миллионҳо мусалмонон таҳти фишори ин ду гурӯҳ маҷбур ба тарки ватан гаштаанд. Ва ҳиҷрати онҳо ҳам ба кишварҳои аксаран мусалмоннишин ва сарватманд нест, балки ба кишварҳое аст, ки онҷо озодӣ ва каромати инсонӣ таъмин аст, ҳуқуқи башар риоят мешавад, маърифатнокии ҷомеа ба ҳадде аст, ки инсон марзи байни ҳуқуқ ва ӯҳдадории худро ташхис дода метавонад.

Боиси таассуф аст, ки дар сафи ин чанд милион муҳоҷир чандин ҳазор ҳамватанони ман — тоҷикон низ ҳастанд, ки тайи ду соли ахир маҷбур ба тарки ватан ва хонаву манзил карданд. Миллати тоҷик шояд ягона миллате бошад, ки ба хотири мушкилоти иқтисодӣ тарки доимии ватан намекунад. Танҳо ба хотири озодона фикр, эҷод ва ибодат кардан метавонад тарки ватан кунад. Аммо ин миллати озодандеш ва озодидӯст шояд имрӯз дар ҷаҳон яке аз камтарин озодиҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва диниро дорад. Шояд шумо кишвари дигареро надошта бошед, ки бо 98 дар сади мусалмон, ҷавонони то сини 18 сола ҳаққи ибодат дар масҷидро надоранд. Шояд бовар накунед, агар бигӯям, ки занҳо аз ҳаққи ибодат дар масҷид, аз ҳаққи таҳсил, кор ва ҳатто тиҷорат бо либоси исломӣ маҳруманд. Шояд бовар накунед, ки дар як кишвари исломӣ ибодат берун аз масҷид, манзил ва гӯристон мамнӯъ аст. Шояд ягона ҳукумате дар ҷаҳон бошад, ки мухолифини худро бидуни он, ки сангеро партояд, шишаеро бишканад, чӯбе ба даст бигирад, муттаҳам ба экстремизму терроризм карда бошад. Ҳатто эътирозе ва тазоҳуроте карда бошад. Аммо, он чизе ки бояд гуфта шавад ва ҷаҳон ҳам бидонад, он аст, ки ин ҳама мусибатҳо ва ҷиноятҳо ба миллат ва ватани ман ҳеч рабте надоранд. Ва бояд ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик аз ин зовия баҳо дода нашавад. Ин ҳама як марҳилаи муваққатист, ки бо хости Худованд ва дуои шумо бартараф хоҳад шуд.

Ва ин миллат ҳатман шукӯҳу шаҳомат ва обрӯи худро натанҳо дар ҷаҳони ислом, балки дар саросари олам аз нав пайдо хоҳад кард.

Бори дигар барои даъват ва имконияти суханронӣ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ мекунам ва аз Худованд барои шумо саодати дорайнро хоҳонам.

Ва саломун алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: