Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз нишасти Манома

Вазирони умури хориҷаи чаҳор кишвари таҳримкунандаи Қатар дар нишасти рӯзи гузашта (якшанбе, 30.07.2017) дар Манома (пойтахти Баҳрайн), аз иқдомоти ҷадид ва ё тарҳҳои муҷозоте алайҳи Қатар хабар надоданд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба фазои ин нишаст ва рӯйкарди тунди ҳозирон дар он алайҳи Қатар, баъид нест тафоҳумоте байни онон ҳосил шуда бошад, ки маҳрамона аст ва чи басо дар рӯзҳо ва ё ҳафтаҳои оянда шоҳиди иҷроӣ шудани он бошем.

Бисёре бар калимаи “гуфтугӯ”, ки дар баёнияи поёнӣ ва расмии ин нишаст зикр шуда, таъаммул карда ва пешбинӣ карданд, ин калима, ки барои нахустин бор аз замони оғози бӯҳрон бо Қатар зикр шудааст, баёнгари ақибгарди мавозеъи ин кишварҳо бошад, аммо вазирони хориҷа дар нишасти Манома пеш аз зикри ин калима таъкид кардаанд, ки гуфтугӯ пас аз мувофиқати Қатар бо шурути 13-гонаи онон ҳосил хоҳад шуд.

Бо дар назар гирифтани ин маворид, ин суол матраҳ аст: агар аз қатариҳо интизор меравад тамоми шурутро бе чуну чаро иҷро кунанд, пас маънии гуфтугӯ чист?

* * *

Нуктаи муҳимтар ва хатарноктар, ки баёнгари савқ ёфтан ба самти мавозеъи тунди чаҳор кишвари таҳримкунанда аст, изҳороти Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон пас аз нишасти Манома буд, ки дар гуфтугӯ бо шабакаи Аларабия бори дигар таъкид кард: “Дархости давлати Қатар мабнӣ бар байналмилалӣ кардани Ҳарамайни Шарифайн ва дахолат дар ҳокимияти Арабистон бар он, эъломи ҷанг аст ва мо ҳаққи посух ба ҳар тарафе, ки чунин дархостеро матраҳ кунад, барои худ маҳфуз медонем.”

Ин изҳорот ишораи равшане ба шикояти Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар ба намояндаи Созмони Милал дар умури озодии дин ва ақида буд, ки дар он аз сиёсӣ шудани маросими динӣ дар Арабистон ибрози нигаронӣ ва эълом шуда буд, ки Арабистон аз ин маросим дар ростои аҳдофи сиёсӣ баҳрабардорӣ мекунад, ва ин ба манзилаи нақзи ошкори тамоми маншурҳо ва урфҳои байналмилалӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки саудиҳо ҳар сӯҳбате дар мавриди байналмилалӣ шудани амокини муқаддасро мавзӯи бисёр ҳассос медонанд, ки нақзи ошкори ҳокимияти онон ва шакку тардид дар мудирияти маросими дитнӣ аст, ва албатта ба назар намерасад масъулони қатарӣ аз ин ҳассосият ғофил бошанд.

Дар ин миён, бархе нозирон мӯътақиданд, масъулони саудӣ метавонистанд бо иҷоза додан ба ҳоҷиёни қатарӣ барои анҷоми фаризаи ҳаҷ тибқи маъмули ҳар сол, аз бурузи ҳар гуна мушкиле, ки мӯҷиби сарзаниши онон шавад, ҷилавгирӣ кунанд, ба вежа ин ки таъкид доранд ҳадаф аз таҳрими Қатар, осеб расондан ба қатариҳо нест, балки давлати ин кишвар ҳадаф қарор дорад, бинобар ин ҳанӯз ҳам фурсат барои лағви маҳдудият алайҳи ҳоҷиёни қатарӣ боқӣ аст.

Дар мавриди мавзӯи “байналмилалӣ кардан”-и ҳаҷ ва изҳороти Одил ал-Ҷубайр мабнӣ бар ин ки ҳар гоме дар ин хусус ба манзилаи “иқдоме хасмона” ва “эъломи ҷанг” аст ва кишвараш ҳаққи посух ба ҳар тарафе, ки ин мавзӯъро матраҳ кунад, барои худ маҳфуз медонад, бояд гуфт, манзури ӯ Қатар аст ва бояд пурсид оё изҳороти Ал-Ҷубайр ҳокӣ аз ин аст, ки Арабистон шикояти давлати Қатар ба Созмони Милал ва ЮНЕСКО-ро иқдоме хасмона ва эъломи ҷанг медонад, пас посух ба он чӣ гуна ва чӣ замоне хоҳад буд?

* * *

Чи басо ин аввалин бор аст, ки як масъули саудӣ бо ин лаҳни таҳдидомез аз замони бӯҳрон бо Қатар ва ба ин равшанӣ ба иқдоми низомӣ ишора мекунад, ва ин бисёр нигаронкунанда аст.

Дар ин миён Шайх Холид бен Аҳмад Оли Халифа, вазири хориҷаи Баҳрайн, ба ҳеч ваҷҳ гузоришҳои рӯзномаҳои мисрӣ ва кишварҳои араби халиҷи Форс дар мавриди барномаи эҷоди пойгоҳи низомии муташаккил аз нерӯҳои мисрӣ дар ҷазоири Ҳавориюн барои муқобила бо Қатарро такзиб накард.

Сомиҳ Шукрӣ низ дар тавзеҳи ин мавзӯъ, ба гуфтани ин ки ҳамкории низомӣ байни Миср ва Баҳрайн аз чанд даҳа пеш идома доштааст, иктифо кард.

Ба ҳар ҳол, дар партави ноком мондани миёнҷигариҳо барои ҳаллу фасли бӯҳрони меҳвари саудӣ бо Қатар ва пофишории ҳар ду тараф бар мавозеъи худ ва худдорӣ аз ҳар гуна имтиёздиҳӣ, ба назар мерасад ин бӯҳрон ба хонаи аввал бозгаштааст ва дар натиҷа ба самти ҳар чи муташанниҷтар шудан дар ҳаракат аст ва шояд рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда саҳнаи иқдомоти шадид ба вежа аз сӯи чаҳор кишвари таҳримкунанда алайҳи Қатар бошад.

Raialyoum



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: