Чаро секулорҳои мо “косаҳои доғтар аз ош”-анд?

(Нигоҳе ба вазъи секулорҳо дар ҷаҳони ислом)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Касоне, ки дар Миср ё Лубнон ва ё Сурия зиндагӣ кардаанд, медонанд, ки масеҳиёни ин се кишвар, дар амри пойбандӣ ба суннатҳо ва одот ва тақолиди диниашон, бисёр шадиданд ва масеҳитар аз масеҳиёни ғарбӣ ва ё кишварҳое, ки масеҳиён дар онҳо аксариятро ташкил медиҳанд. Ва ҳамчунин аст вазъи муҳоҷирони мусалмон дар кишварҳои ғарбӣ. Яъне, инон низ дар масъалаи пойбандӣ ба шариати исломӣ, мусалмонтар аз мусалмонони сокин дар кишварҳои исломианд. Албатта намехоҳам бигӯям, ҳамаашон чунинанд, балки манзурам аксарияти онҳо ҳастанд.

Дар як барнома дар яке аз шабакаҳои телевизиюнии арабзабон, ки коршиносон дар бораи иллату сабабҳои зуҳуру бурузи такфириҳо ва тундравҳо аз қабили ДОЪИШ-у ғайра бо ҳам табодули назар мекарданд, яке аз коршиносони кувайтӣ гуфт, дар ҳамсоягии мо як ҷавон зиндагӣ мекард, ҷавоне буд лоуболӣ ва ғайрипойбанд ба анҷоми маросими исломӣ, баъд ба далоиле ин ҷавон муҳоҷират кард ба Фаронса. Баъдҳо аз падару модараш шунидам, ки ҳамин ҷавон доъишӣ шуда ва аз Фаронса ба Сурия барои “ҷиҳод” рафтааст. Ин коршинос бо таъаҷҷуб мегуфт, ин хабар барои ман боварнакарданӣ буд, зеро он ҷавонро хуб мешинохтам ва бо руҳиёташ ошно будам.

Ҳол, ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст, ки ақалллият дар ҳар кишвар ва ҳар ҷое, ба хотири ин ки дар васати аксарият маҳву нобуд нашаванд, дар ҳифзи ҳувият ва киёнашон (ҳар чи бошад, дин, суннат, тақолид ва фарҳанги миллӣ, гароишҳои фалсафӣ ва ғайра…) бисёр ҳассос мешаванд ва гирду атрофи худ як ҳисор мекашанд ва намегузоранд ин ҳисорҳо шикаста шавад. Дар Миср ё Лубнон ва ё Сурия ғолибан чунин аст, ки агар як фарди масеҳӣ мусалмон шавад, ҳамкешонаш то марзи куштани ӯ пеш мераванд. Дар Миср агар як зани масеҳӣ бо як марди мусалмон бихоҳад издивоҷ кунад, на танҳо он зан матруд мегардад, балки аҳёнан мунҷар ба қатли ӯ тавассути ҳамкешонаш мешавад. Ва ин бар хилофи ҷомеаҳоест, ки масеҳият дар он аксариятро ташкил медиҳанд, дар ин ҷавомеъ издивоҷи як зани масеҳӣ бо як марди мусалмон ва ё баръакс, як амри оддист, ҳеч ҳассосиятеро барнамеангезад.

Ва аз ин рӯст, ки аксарият дар ин ҷавомеъ, ба хотири адами бурузи мушкилот, ҳамеша ҳавои ақаллиятро доранд. Дар Миср ё Сурия, ки масеҳият ақаллиятро ташкил медиҳад, ҳукуматҳо дар ҳифзи ҳуқуқи онҳо бисёр ҳассосанд ва намегузоранд кучактарин ҳаққашон нақз шавад.

* * *

Он чи дар боло зикр кардам, ҳама муқаддима буданд барои баёни як матлаби дигар. Ва он ин ки: барои чӣ секулорҳо дар ҷомеаҳои исломӣ “косаҳое доғтар аз ош”-анд? Ба ин маъно, ки агар секулорҳо дар ҷомеаҳои ғарбӣ дар баробари дигарандешон ва касоне, ки бо онҳо ихтилофи назар доранд — чи ихтилофи фикрӣ бошад ё сиёсӣ ва ғайра — бисёр пуртаҳаммуланд ва ҳаргиз ҳассосиятҳои беҷо аз худ буруз намедиҳанд, аммо дар ҷавомеъи исломӣ баръакс секулорҳо бисёр тунд ва ҳассос ва камтаҳаммуланд, ба хусус таҳаммули исломгароёнро надоранд ва дар муқобили исломгароён бисёр ҳассосанд.

Албатта, далели ин матлаб ин нест, ки секулорҳои ҷомеаҳои ғарбӣ дар арзишҳои секулоризм бепарво ва бетаваҷҷӯҳ бошанд, далелаш ин нест, балки далелаш он аст, ки секулорҳо дар ҷомеаҳои ғарбӣ аксариятро ташкил медиҳанд ва ҳаргиз аз ноҳияи дигарандешон эҳсоси нигаронӣ ва хатар намекунанд; ба хилофи секулорҳо дар ҷомеаҳои исломӣ, ки инон ҳамеша нигарон ҳастанд ва эҳсоси хатар мекунанд, чун ақаллиятанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки як исломгаро дар ҷомеаҳои ғарбӣ, аз озодии комил бархӯрдор аст, ҳеч монеъае дар анҷоми маросими мазҳабӣ ва ё баёни афкор ва андешаҳои худ, ҳатто тундтарини андешаҳо, барои ӯ гузошта намешавад.

Ҳамин нигаронии секулорҳои ҷомеаҳои исломӣ ва эҳсоси хатари онҳо аз ноҳияи мухолифони фикриашон аст, ки вақте зимоми қудрат дар кишварҳои исломиро ба даст гирифтанд, ҷуз бо қалъу қамъу диктотурӣ ва зӯр натавонистанд ҳукумат биронанд. Пас аз фурӯпошии Имперотурии Усмонӣ ва истеъмори кишварҳои исломӣ тавассути абарқудратҳои ғарбӣ аз як тараф, ва пирӯзии кумунистҳо дар Русия ва истило пайдо кардани кумунистҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ, зимоми қудрат дар бештари кишварҳои исломӣ ба дасти секулорҳо афтод. Албатта, ин секулорҳо ҳама як навохт набуданд, балки баъзе комилан ғарбгаро буданд ва баъзе гароишҳои носиюнолистӣ доштанд мисли Отатурк дар Туркия ва Ризошоҳ дар Эрон ва баъзе ҳам мисли Ҷамол Абдунносир дар Миср ва Ҳофиз Асад дар Сурия, ки дорои гароиши сусиёлистӣ-носиюнолистӣ буданд ва ихтилофоте ҳам миёни инҳо буд, вале ба ҳар ҳол, ҳамаи инҳо дар як чиз муштарак буданд, ва он, доштани гароиши секулорӣ аст.

Ва чизи дигаре ҳам, ки миёни инон муштарак буд, ин диктотурӣ ва қалъу қамъи мухолифони фикрӣ дар тӯли ҳукмрониашон аст. Дар Туркия масалан, дар тӯли ҳукмронии камолистҳо, чаҳор бор дар ин кишвар аз сӯи секулорҳо кудето сурат гирифт ва дар яке аз онҳо нахуствазирро эъдом карданд. Дар Миср низ вазъият аз ҳамин қарор буд ва то ба имрӯз идома дорад. Дар Сурия ва Ироқ низ, ки баъсиҳо (секулорҳои дорои гароиши носиюнолистӣ-сусиёлистӣ) дар раъси қудрат буданд, гоҳе як шаҳр ва ё устон, бо кулли мардумаш қатли омм шуданд. Дар тӯли ҳукумати носиристҳо дар Миср, зиндонҳои ин кишвар мамлув аз исломгароён ва ағлаб аз ихвониҳо буд (ва ҳаст). Дар даврони Абдунносир Сайид Қутб ба дор овехта шуд. Дар Эрони шоҳаншоҳӣ низ вазъият беҳтар набуд, ки билохира мунҷар ба инқилоби мардумӣ гардид.

* * *

Ва чунонки гуфтам ва боз такрор мекунам, ки далели ин қалъу қамъҳо ва ба ин сурат ҳукумат карданҳо, чизе ҷуз нигаронӣ ва эҳсоси хатар аз аксарияти ҷомеа нест, ки дар фикр ва андеша ва гароиш, бо ҳуккоми худ мухолиф буданд. Вагарна, ин ҳукком агар эҳсоси хатар намекарданд, бемор набуданд, ки даст ба кушту куштору кудетоҳо бизананд.

Дар ин миён, як суол ҳаст, ки худнамоӣ мекунад ва ниёз ба посухи дақиқ дорад. Ва он ин ки: чаро секулорҳои ҷомеаҳои исломӣ натавонистанд дар кишварҳои худ мисли ғарбиҳо муваффақ шаванд? Посухаш ин аст, ки секулоризм дар ҷомеаҳои ғарбӣ, аввал ба як фарҳанги умумӣ ва ғолиб дар ҷомеа тадбил гардид, ва сипас аз батни ҳамин ҷомеа ва бо ҳамин ранг, ҳокимон бархостанд. (Ин ҳам, ки чаро секулоризм дар ғарб пирӯз гардид, баҳсаш инҷо нест, бояд дар мақолае ҷудо пиромуни он баҳс шавад.) Ва аммо дар ҷомеаҳои исломӣ, ҳуккоми секулор аз батни ҷомеаи худ барнахостаанд, онҳо таҳмил шуданд. Инон хостанд арзишҳои секулориро дар ҷомеаи худ таҳмил кунанд, на ин ки ҷомеа худаш ба ихтиёри худ пазируфта бошад. Ба ҳамин хотир аст, ки чорае ҷуз ин надоштанд, ки ба қалъу қамъи мухолифони фикрии худ ва ин ҷур рафторҳои хашин бо онҳо паноҳ оваранд.

Ва суоли дигаре, ки бояд посухи худро биёбад ин аст, ки оё секулоризм — ба ҳамин маъное, ки имрӯз роиҷ аст ва таърифи мушаххасе дорад – метавонад дар ҷомеаҳои исломӣ ниҳодина ва ба як андешаи ғолиб дар ҷомеа табдил гардад, чунонки дар ғарб пас аз ренусонс ин иттифоқ рух дод?

Дар ёфтани посух ба ин пурсиши асосӣ, инсон бояд дар навбати аввал бо дини ҳоким дар ҷавомеъи исломӣ – ки ҳамон ислом аст – ошно бошад, ба сурати дақиқ, на сатҳӣ. Иштибоҳи секулорҳои ҷомеаҳои исломӣ дуруст дар ҳамин ҷост, ки инон ҳеч фарқе миёни ислом ва масеҳият ба унвони ду дин намебинанд, ва ё лоақал намехоҳанд бибинанд. Ва ба ҳамин хотир аст, ки гумон мекунанд, бо саъю талош мешавад ҳамон фарояндеро, ки дар ҷаҳони ғарб мунҷар ба рондани дин ба кунҷи калисоҳо шуд, дар кишварҳои исломӣ низ тай кард. Бузургтарин иштибоҳи инон ҳамин ҷост. Роқими сутур дар як мақолаи ҷудо дар ин хусус ба тафсил баҳс хоҳам намуд, феълан вориди ин намешавам, ки чаро имкон надорад дар ҷомеаҳои исломӣ динро дар кунҷи масоҷид ронд.

* * *

Суоли дигаре, ки дар ин миён худ ба худ тарҳ мешавад ин аст, ки бо ин ҳисоб, таклифи секулорҳо дар ҷавомеи исломӣ чист? Зеро чӣ мо бихоҳем ё нахоҳем, иддае секулор ҳастанд дар ин ҷавомеъ ва намехоҳанд ҳукумати динӣ бар сарашон соя афканад.

Ин мавзӯъ, бо ин ки худаш як мавзӯи ҷудост, аммо ба ихтисор назари худро дар ин мавзӯъ арз мекунам. Секулорҳо дар ҷавомеъи исломӣ бояд ин матлабро бипазиранд, ки: ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад, як ҷомеаи исломист ва намешавад дар тақобул бо он қарор бигиранд. Намегӯям, мунофиқ бошед мисли бисёре аз ҳуккоми кунунии ин ҷомеаҳо, ки ба зоҳир худро диндору пойбанд ба арзишҳои динӣ ба намоиш мегузоранд. Ҳарфам ин нест. Балки арзам ин аст, ки ту бояд коре бикунӣ, ки аксарият туро “бипазиранд” ва “душман”-и дину арзишҳои худ надонанд. “Бипазиранд” ба ин маъно, ки бояд нишон бидиҳӣ, ту ба афкор ва андешаҳо ва ақоиди онҳо, ҳарчанд ин афкор ва андешаҳоро дуруст намедонӣ, эҳтиром қоил ҳастӣ. Хулоса, худатро аз ҳолати “ақаллият”-и нигарон, ки ҳамеша эҳсоси хатар мекунад, берун биёварӣ.

Ба унвони як мусалмони пойбанд ба шариат арз мекунам, ки мусалмоне, ки ба Қуръон мӯътақид ва раҳрави роҳи Паёмбар (с) аст, ба ҳукми сареҳи Қуръон ва ба ҳукми ин ки пайрави ҳазрати Муҳаммад (с) аст, таҳаммули дигарандешон ва эҳтиром ба афкор ва андешаҳои дигаронро ҷузъи дини худ медонад. (Феълан, тундраву ифротӣ аз баҳс хориҷанд, зеро тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину маслаке ёфт мешавад.)

Феълан, ба ҳамин андоза иктифо мекунам, агар ниёз буд, боз ба ин баҳс бармегардам.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: