Бӯалӣ кофир буд ё мусалмон?

Матни суханронӣ дар ҷамъи донишҷӯёни покистонӣ дар Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотии Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон (соли 2011)

* * *

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Меҳвари баҳси имрӯзи мо, Бӯалӣ аст; ин нобиғаи торих, ки бе ҳеч муболиға ва иғроқ метавон муддаъӣ шуд, ки на модаре ҳанӯз дуюми ӯро зоида ва на торих то ба имрӯз назири ӯро дида. Ӯ, ки бо сароҳати тамом иддао мекунад:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял

Ҳар банд гушода шуд магар банди аҷал

… газоф намегӯяд. Ӯ касе нест, ки чизеро барои худ муддаъӣ шавад, ки дар ӯ набошад. Аз Умари Хайём пурсиданд, дар бораи эътирозҳои Абулбаракот ба суханони Шайх Абӯалӣ чӣ мегӯӣ, гуфт: “Абулбаракот қудрати фаҳми суханони Шайхро надорад. Пас чӣ эътирозе метавонад ба Шайх бикунад ва ба натоиҷи афкори ӯ чӣ эроде метавонад бигирад?

Дар ин нишаст, ман намехоҳам дар бораи афкору андешаҳои фалсафӣ ё иҷтимоӣ ва ё сиёсии ин абармард, ки чӣ гуфта ва чӣ тозаҳое дар майдони маърифат ба армуғон оварда бипардозам, балки агар иҷоза бифармоед, андаке перомуни гароиши эътиқодии Бӯалӣ баҳс ба амал оварам, ки оё Бӯалӣ як динбовар ва мусалмон буд, ё ин ки на, ба иддаои бархе рӯшанфикрони муосир, бедин ва як атеисти ба тамоми маъно буд, ва ё ба иддаои бархе аз мусалмонони қишргаро, кофир буд, ки ба назарам, баҳсе дар хӯри таваҷҷӯҳ аст.

* * *

Нажоди Бӯалӣ

Мушоҷароте, ки дар бораи Бӯалӣ барпост, ғолибан миёни ду гурӯҳ аст. Меҳвари бигӯмагӯҳои гурӯҳе дар бораи Сино, миллату нажоди ӯст. Ин гурӯҳ, гурӯҳе ҳастанд, ки коре ба андешаҳои Бӯалӣ ва ё дину мазҳабу гароишҳои эътиқодии вай надоранд ва асосан барояшон муҳим нест, ки Бӯалӣ чӣ гуфта ва ё дину мазҳабаш чӣ буда, балки ҳамин ки вай як абармарди торих аст ва метавонад мояи ифтихор бошад, ба миллату нажоди Бӯалӣ, ки чӣ будааст чанг задаанд.

Араб муддаъист Бӯалӣ як араб буд, эронӣ мегӯяд вай эронӣ буд ва ҳатто дар ҷое хондам туркҳо муддаъӣ шудаанд, Бӯалӣ як турк будааст яъне як ӯзбак будааст. Далел ҳам меоваранд. Мегӯянд, вай сокини Бухоро буд ва Бухоро масалан дар қаламрави Ӯзбакистон қарор дорад ва аз ин қабил иддаъоҳои бемаънӣ, ки пеши арбоби маърифат, як чунин даъвоҳое, ки Бӯалӣ оё эронӣ аст ё турк, арзише надорад. Ҳоло камина хабар надорам, шояд дар кишвари шумо низ касоне бошанд, ки Синоро як покистонӣ қаламдод кунанд, ки аз эҳтимол ба дур нест ва агар ҳам карданд, нӯши ҷонашон.

Худам, ки як тоҷикам, ба Аллома Иқбол, ки ҳаммиҳани шумост, ба ҳамон андоза меболам, ки ба Бӯалӣ ифтихор мекунам. Чун хадамоте, ки ин марди бузург барои адабиёти порсӣ ва ҳамчунин дар арсаи эҳёи тафаккури динӣ аз худ ба ҷой гузошта, фақат ихтисос ба шумоён надорад, балки барои тамоми порсигӯён ва балки тамомии мусалмонон аст.

Ба ҳар ҳол, феълан мо коре ба нажоди Бӯалӣ надорем. Бигузор як жопонӣ иддаъо кунад Бӯалӣ жопонӣ будааст. Бинобар ин, агар мо порсҳо ба Бӯалӣ ифтихор мекунем, фикр накунед, чун Бӯалӣ як эронӣ мебошад. Албатта муродам аз эронӣ, маъное густардатар аз Эрони имрӯз аст. Манзурам эронзамини пеш аз Сафавиён аст, ки медонед шомили Афғонистону Фарорӯд ҳам буд. Чун аҷдоди Бӯалӣ аз Балх буданд, ки имрӯз дар қаламрави Афғонистон қарор дорад ва зодгоҳаш низ шаҳри Бухорост, ки аз марокизи муҳимми порсиён аст ва марқадаш ҳам дар Ҳамадон қарор дорад, ки яке аз шаҳрҳои Эрони имрӯз аст.

Балки ифтихори мо, пеш аз ҳар чизе дигар, ба хотири ҷойгоҳи илмии ин мард ва хадамотест, ки барои башарият дар арсаи маърифат аз худ ба ҷой гузошта.

* * *

Бӯалӣ кофир буд ё мусалмон?

Ва аммо гурӯҳи дигар, ки онҳо низ дар бораи Бӯалӣ бо ҳам даъво доранд, меҳвари даъвояшон гароиши эътиқодии Бӯалӣ аст, ки дар оғоз ёдовар шудам, ки оё Сино як динбовар ва мусалмон буд, ё ин ки на, бедин ва як атеисти ба тамоми маъно буд, ва ё ба иддаои бархе аз мусалмонони қишргаро, кофир буд?

Бале, касоне, ки Шайхро бедин ва кофир дониста ва медонанд, ду тоифа ҳастанд, ки миёни ин ду тоифа ба лиҳози андеша ҳеч синхияте вуҷуд надорад. Яке, бархе аз ба ном рӯшанфикрони муосир, ки андешаҳои атеистӣ ҳам доранд ҳастанд, ки ба назарам шоиста аст номашонро торикфикр биномем беҳтар аст то рӯшанфикр. Ин тоифа, намедонам ба чӣ далел Бӯалиро ба бединӣ нисбат медиҳанд? Ё аслан осори ӯро мутолиа накардаанд, ва ё агар мутолиа ҳам карда бошанд, чизе нафаҳмидаанд.

Касе, ки бо осори Бӯалӣ ошност, асосан аз маҳолот аст, ки ӯро ба бединӣ нисбат бидиҳад. Муҳимтарин осори Шайх, яке “Наҷот” аст, дигар “Шифо” аст ва яке ҳам “Ишорот”. Дар куҷои ин осор, матлабе дида бошанд, ки аз он бӯи лодинӣ ба машом бирасад? Асосан, яке аз аҳдофи Бӯалӣ дар ин осор, хусусан “Ишорот”, ки дар поёнҳои умри шарифи худ нигошта, ин аст, ки ӯ кӯшида то вуҷуди Худоро бо такя бар бароҳини фалсафӣ исбот кунад. Дӯстоне, ки огоҳанд, медонанд, ки бахши “Илоҳиёт бил маънал ахасс” дар ин китоб, дар бораи исботи вуҷуд ва сифоти Борӣ Таолост. Бурҳони маъруфи Сиддиқин низ, ки Шайх барои нахустин бор дар арсаи фалсафа ба армуғон оварда, бурҳони ақлии маҳз бар вуҷуд ва бархе сифоти Худованд аст, ки ҳоло маҷоли табйини он нест.

Асосан, магар касеро, ки мегӯяд:

Куфри чу мане газофу осон набвад

Муҳкамтар аз имони ман имон набвад

Дар даҳр яке чун ману он ҳам кофир

Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набвад

… метавон ӯро ба бединӣ ва куфр нисбат дод? Инҷо Шайх таъризе намуда ба бархе қишргароён, ки дар замони худаш ӯро ба куфр нисбат медоданд, ки анқариб дар бораи ин гурӯҳ ҳам баҳс хоҳам кард. Ӯ мегӯяд, агар қарор бошад ман кофир дониста шавам, пас, дар ин олам мусалмоне наметавон пайдо кард. Яъне имони ман ба дараҷае аз муҳкамӣ ва устуворӣ аст, ки назирашро наметавонед пайдо кунед.

Ва аммо тоифаи дигар, ки Шайхро ба куфр муттаҳам карда ва имрӯз низ пайравоне доранд, гурӯҳе аз қишргароён дар худи ҷаҳони ислом буданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд. Аз аҷоиби рӯзгор, яке ҳамин аст, ки дар мавриди ақидаи Бӯалӣ, атеистҳо ва мусалмонони қишргаро андешаи муштарак доранд. Нуқтаи иштирокашон ҳам ҳамин аст, ки ҳар ду Бӯалиро бедин ва мулҳид медонанд. Афроде чун Ибни Таймия ва куллан Аҳли Ҳадис аз аҳли суннат ва Аллома Маҷлисӣ ва бархе аз Ахбориҳо аз шиъаён, аз ин гурӯҳанд.

Яке аз далелҳои атеистҳо бар куфри Бӯалӣ ва ин ки гӯӣ ӯ мусалмон набудааст низ, суханони ҳамин тоифаи қишргарост. Мутаассифона, бузургмарде чун Ғаззолӣ (р) низ Бӯалиро ба хотири порае аз андешаҳояш, ба куфру илҳод муттаҳам кардааст.

Албатта, ин иттиҳом аз сӯи қишргароён, ки Бӯали кофир ва мулҳид аст, танҳо мутаваҷҷеҳи Бӯалӣ нест, балки тамомии фалосифаи исломиро шомил аст. Зеро ба ақидаи ин гурӯҳ, “ман тафалсафа (ва ё тамантақа), тазандақа”, яъне ҳар кӣ ба дониши фалсафа ва ё мантиқ машғул шавад, ӯ зиндиқ хоҳад шуд. Зиндиқ ҳам, ки медонед, ҳамон мулҳид ва атеист аст. Бо ин ҳисоб, шумо низ, ки донишҷӯи риштаи фалсафа ҳастед, ба ақидаи ин гурӯҳ, кофир ва мулҳидед, бинобар ин аз ин назар хотиратон ҷамъ!

Пайдост, ки мушкили ин тоифа дар ин иттиҳомашон, навъе ҷаҳолат ва адами маърифат аст. Инҳо агар медонистанд, ки фалсафа чист, баъид ба назар мерасад ба ин роҳатӣ мусалмонеро кофир ё мулҳид қаламдод кунанд. Ибни Таймия, ки метавон ӯро аз бузургони ин тоифа донист, муддаъист фалсафа хондааст ва аз рӯи огоҳӣ зероби фалсафаро мезанад. Чанд то китобе ҳам дар радди фалосифа ва ақлгароён ба риштаи таҳрир дароварда, ки муҳимтаринаш китоби “Даръут таоруз байнал ақли ван нақл” аст.

Дӯстоне, ки бо ин китоб ошно ҳастанд, медонанд, ки ин китоб пур аз таноқуз аст, ки ҳатто дар ҷоҳое худаш намедонад чӣ мегӯяд. Масалан, дар ҷое, мегӯяд, магар дар “бадеҳиёти ақлӣ” касе шак дорад? Мегӯяд, инро ки ҳар соҳиби андешае қабул дорад.

Хуб, агар қабул дошта бошӣ, пас, сари чӣ чизе бо фалосифа даъво дорӣ? Магар фалосифа намегӯянд, мабнои тамомии далелҳои фалсафӣ “бадеҳиёти ақлӣ” аст? Яъне фалосифа омаданд ва “бадеҳиёти ақлӣ”-ро мабнои дигар муддаъоҳои худ қарор доданд. Тоза, ҷаноби Ибни Таймия, қиёси мантиқиро, ки равиши фалосифа аст низ мункир нест, мегӯяд, ҳар инсоне билфитра чунин қиёсе дар зеҳни худ анҷом медиҳад, аммо ишколаш ин аст, ки мегӯяд, шумо фалосифа беҳуда умри худро сарфи таълиму таъаллуми чунин донише мекунед.

* * *

Ғаззолӣ ва Бӯалӣ

Аммо баъзе аз донишмандони исломӣ низ ҳастанд мисли Ғаззолӣ (р), ки бо Бӯалӣ миёнаи хубе надоранд. Аммо далели хусуматаш мисли далели амсоли Ибни Таймия ва дигар қишргароён нест. Чунин нест, ки Ғаззолӣ аз беху бун бо дониши ақлӣ мушкил дошта бошад мисли Аҳли Ҳадис, балки мушкили марҳуми Ғаззолӣ, порае аз андешаҳои фалсафӣ буд. Ба унвони мисол, яке аз далелҳои Ғаззолӣ бар ин ки Синоро ба куфр муттаҳам мекунад, ин аст, ки мегӯяд, Сино мӯътақид ба қидмати олам аст (яъне мӯътақид аст, олам қадим аст), ва ин, ба андешаи Ғаззолӣ (р), гӯӣ хилофи ақидаи исломӣ будааст. Дар китоби “Таҳофут” ин масъаларо ба тафсил тавзеҳ додааст.

Дар инҷо низ, метавон гуфт, амсоли марҳуми Ғаззолӣ (р) ин гуна масоили фалсафиро нек нафаҳмидаанд, ки агар мефаҳмиданд, баъид ба назар мерасад Синоро кофир донанд. Дар ҳамин масъалаи қадим будани олам, магар фалосифа чӣ “куфре” муртакиб шудаанд?

Ҳоло инҷо маҳалли тавзеҳи он нест, аммо ба гунаи мухтасар арз кунам. Бибинед, фалосифа мегӯянд: мо ду мафҳум дорем, яке “қидам” (қадим будан), ва дигар, “ҳудус” (ҳодис будан). Ин ду мафҳум, ба навбати худ, ду корбурд доранд, яке дар зарфи замон ва дигар дар берун аз замон. Пас, дар маҷмӯъ мо чаҳор мафҳум дорем:

1) Ҳудуси замонӣ: ки иборат аст аз: масбуқияти вуҷуди як чиз ба адами замонӣ, яъне ин ки замоне будааст, ки ин чиз набудааст ва баъд ба вуҷуд омадааст;

2) Қидами замонӣ: ки иборат аст аз: адами масбуқияти вуҷуди як чиз ба адами замонӣ, яъне замоне набудааст, ки ин чиз набудааст, балки дар ҳамаи замонҳо будааст;

3) Ҳудуси ғайри замонӣ;

4) Қидами ғайри замонӣ.

Ду тои аввалӣ, яъне ҳудуси замонӣ ва қидами замонӣ, дар бораи мавҷуде содиқ аст, ки дар зарфи замон воқеъ бошад. Аммо мавҷуде, ки хориҷ аз зарфи замон аст, на ҳодиси замонӣ аст ва на қадими замонӣ, монанди мавҷудоти муҷаррад, ки дар зарфи замон қарор надоранд.

Бо ин ҳисоб, кулли ҷаҳон низ, ки шомили ҳамаи замонҳо ва маконҳо мебошад низ, аз ин қабил аст, яъне аз зарфи замон хориҷ аст. Худи “замон” иборат аст аз: “миқдори ҳаракати зотии як чиз”, ва зарфи замонии як чиз иборат аст аз: “мутобиқати он ҳаракат бо ҳаракати дигар” (масалан, ҳаракати шабонарӯзӣ).

Бинобар ин, кулли ҷаҳон зарфи замонӣ надорад, то баҳси масбуқияти вуҷудаш ба адами худаш дар замони пешин, ва ё адами масбуқияти вуҷудаш ба адами худаш дар он замон ба миён ояд. Ҷаҳон дар кулли худ замон надорад ҳамчунон ки макон надорад. Ба иборати дигар ва ба қавли Шаҳид Мутаҳҳарӣ:

Маҷмӯи ҷаҳон, ки шомили замон ҳам ҳаст, пешу паси замонӣ надорад, то гуфта шавад, дар он замон будааст ё набудааст. Ҳамчунон ки саҳеҳ нест гуфта шавад, ки “Олам дар куҷо офарида шуд?”, ҳамин тавр саҳеҳ нест гуфта шавад: “Кай офарида шуд?” Зеро, “кай” ва “куҷо” мутаъаххир аз олам аст ва фаръ бар олам аст. Кайу куҷову вақту ҷо, фақат дар бораи аҷзои олам содиқ аст, зеро “макон” аз нисбати иҳотаи аҷзои ҷаҳон бар ҷузъи дигар фаҳмида мешавад, ва “замон” аз ҳаракати зотии ашё ва татбиқи он бо ҳаракати умумии шабонарӯзӣ.”

Ба ҳар сурат, агар дар ин масъала нек таваҷҷӯҳ кунед, хоҳед фаҳмид, ки фалосифа як чиз мегӯянд, инҳо чизи дигар мефаҳманд, ва ҳамин нафаҳмиҳо сабаб мешавад, ки ба куфру илҳоду аз ин қабил чизҳо муттаҳам шаванд.

Дигар баҳс ба дарозо намекашам, ва ба ҳамин миқдор иктифо мекунам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Старавшани, номи шайх Буали не, балки Абу Али навишта мешавад !

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: