“Инҳитоти фалсафӣ вақте рух медиҳад, ки равиши ақлонӣ рахт барбандад”

Гузориши ҳамоиши “Бузургдошти рӯзи Шайхи Ишроқ” (3)

Суханронии Абдулҳусайни Хусравпаноҳ, файласуф ва устоди донишгоҳ, унвони суханронӣ: “Корбасти равишшиносии ҳикмати ишроқ барои ҷилавгирӣ аз инҳитоти инсонӣ”

* * *

Инҳитот ба маънои пастӣ, ва инҳитоти як ҷомеа ба маънои пастии он ҷомеа дар баробари рушду такомули он матраҳ мешавад. Инҳитот анвоъи мухталифе дорад, гоҳе ба маънои инҳитоти ахлоқӣ аст, ба маънои ин ки разоили ахлоқӣ падид меояд монанди ғурур, такаббур ва ғайра… Вақте мегӯем, афрод гирифтори инҳитоти ахлоқӣ ҳастанд, дар ниҳоят мунҷар ба инҳитоти иҷтимоӣ мешавад.

Ба назари ман, муҳимтарин инҳитоти иҷтимоӣ, инҳитоти ахлоқӣ аст. Инҳитоти иҷтимоӣ низ ба маънои разоили иҷтимоӣ монанди ришвахорӣ, ҳақгурезӣ, ҳақситезӣ ва ғайра… аст.

Гоҳе ҳам инҳитоти фалсафӣ аст, ба ин маънӣ, ки ақлоният аз ҷомеа рахт бармебандад ва таъассуби кӯр-кӯрона ҷойгузини он мешавад. Ба назарам, ҳар чи қадр иллатҳо бар андешаҳо таъсир бигузорад ва беш аз таъсири далоил бошад, он ҷомеа дучори инҳитоти фалсафӣ аст.

Агар дар ҷомеае андешаҳо зоидаи далоил бошад, он ҷомеа ақлонӣ аст. Аммо агар андешаҳо зоидаи иллат бошад, он вақт ҷомеа дучори инҳитот шудааст. Бисёре аз фалосифа барои вуҷуди Худо далоиле меоваранд, аммо иддае бо мисол мехоҳанд вуҷуди Худоро рад кунанд.

Ҳақиқати ирфон сулук аз касрат ба ваҳдат аст ва ҳар чи ба лиҳози нигариш инсон касраташ ба ваҳдат табдил шавад, ин дар воқеъ ирфони назарӣ аст. Ва агар ба лиҳози қалбӣ табдил шуд, ирфони амалӣ аст. Гоҳе дар ҷомеа гирифтори касрат ҳастем ва ваҳдатро ба лиҳози андеша дарнамеёбем, ки ин инҳитоти ирфонӣ аст.

Инҳитоти дигар инҳитоти илмӣ аст, ва ин инҳитот замоне падид меояд, ки улуми табиӣ бе эътибор шинохта мешавад, ба далели ин ки ин улум, улуми бинои охур аст ва инсонро ба осмони ҳафтум намебарад…

Ҷомеае, ки фиқҳаш мубтанӣ бар дугмотизм бошад ва бар усули фиқҳи ақлонӣ устувор набошад, ин инҳитоти фикрӣ аст. Мо дар тӯли торих ин инҳитототро мебинем. Масалан, мутакаллимонеро мебинем, ки фалосифаро такфир кардаанд. Ғаззолӣ бо “Таҳофутул-фалосифа” чӣ кор кард, ки то ин андоза таъсир гузоштааст, ки мутаассифона ҳанӯз бисёре аз уламои аҳли суннат алифбои мабоҳиси фалсафиро дунбол намекунанд ва ба ҳамин далел мабоҳиси такфирӣ дар андеша зуҳур ёфтааст.

Ҳикмати Суҳравардӣ нишон медиҳад, Шайхи Ишроқ аз равишҳои ақлӣ, шуҳудӣ, нақлӣ ва таҷрибӣ истифода кардааст ва осори вай бо вуҷуди синни 37-солааш нишондиҳандаи авҷи нубуғи он аст.

Вай беҳуда равишеро истифода накарда, балки як фароянди метулужиро тай карда, бад-ин маънӣ, ки бо як равишшинохтии ақлонӣ шурӯъ ба нафйи шаккокияти мутлақ мекунад. Сипас ба суроғи маърифатҳои ҳусулӣ ва абзор меравад ва дар ниҳоят бо равиши ақлӣ онҳоро табйин мекунад.

Инҳитоти фалсафӣ вақте рух медиҳад, ки равиши ақлонӣ рахт барбандад. Вақте нигоҳи касрат ба ваҳдат фано шуд, инҳитоти ирфонӣ падид меояд. Суҳравардӣ мӯътақид аст, мутакаллиме, ки танҳо равиши нақлиро дорад, бахше аз роҳро рафта, ва файласуфе, ки равиши ақлиро ба кор мегирад низ бахше аз роҳро тай карда ва ба ҳамаи он эътимод надоштааст, дар ҳоле ки мо ба ҳамаи равишҳо ниёз дорем.

Суҳравардӣ бо таълифи китоби “Аттанқиҳот фи услил-фиқҳ” кори муҳимме карда. Ин китоб мубтанӣ бар ҳикмати ишроқӣ аст, албатта мутаассифона бисёре аз осори Суҳравардӣ тасҳеҳ ва чоп нашуда, ки дар ғайри ин сурат метавонистем бибинем, ки чӣ гуна Суҳравардӣ илми ҳузуриро барои ҳақиқат истифода мекунад.

Ин равишҳои мутанаввеъ метавонад сайри тамаддунии моро тағйир диҳад, чаро ки агар мо танҳо ба як равиш басанда кунем, ба мушкил бармехӯрем ва инҳо ҳар кадом метавонад ҷилави яке аз осебҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро бигирад, он гуна ки равишшиносии Суҳравардӣ метавонад аз инҳитоти маърифатӣ ва илмӣ ҷилавгири кунад.

Барои ҷилавгирӣ аз инҳитоти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ҳам, муҳимтарин дастоварди ҳикмати ишроқ назарияи ишқ аст, ки мегӯяд, нуруланвор зеботарин нур аст ва ишқу ҷамол бо ҳам омехта шудааст. Агар ҷомеаи мо ҷомеае бошад, ки ишқу муҳаббат бар он ҳоким бошад, бисёре аз ин инҳитототи ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра… аз байн мераванд.



Рубрики:Ислоҳи динӣ, Машоҳир, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Такфир, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: