Маънии “ишроқ” дар ҳикмати Суҳравардӣ

Гузориши ҳамоиши “Бузургдошти рӯзи Шайхи Ишроқ” (2)

Суханронии Иброҳими Динонӣ, файласуф ва устоди донишгоҳ. Унвон: “Маънии “ишроқ” дар ҳикмати Суҳравардӣ”

* * *

Шайхи шаҳид (Суҳравардӣ) соҳиби китоби “Ҳикматул-ишроқ” ва фалсафаи ӯ, фалсафаи ишроқӣ аст. Калимаи “ишроқ” арабӣ аст ва вожаи шарқ ба маънои тулӯи хуршед аст. Ба ҳамин ҷиҳат, макони тулӯъ ва ғуруби хуршед машриқ ва мағриб номида мешавад.

Ҳар нуре, ки метобад, барои ин аст, ки дида шавад. Садо ва мусиқӣ низ аз он ҷиҳат навохта мешавад, ки шунида шавад. Бинобар ин, агар гӯше дар олами ҳастӣ набошад, навохтани мусиқӣ маъное надорад.

Нур ва садо аҳаммияти бунёдӣ дар ҳастӣ доранд ва олами ҳастӣ олами нур ва садост. Дар муқобили ин ду, чашм ва гӯш ба унвони ду қуввае ҳастанд, ки нур ва садоро дарёфт мекунанд. Худованди Мутаъол замоне, ки дар бораи худаш сухан мегӯяд, худро воҷибулвуҷуд муаррифӣ намекунад, балки мегӯяд, ман самиъ (шунаво) басир (бино) ҳастам. Албатта ин ки вожаи самиъ дар ибтидо меояд низ қобили таъаммул аст.

Байни шунидан ва дидан, кадом қувва дар фаҳми одамӣ бештар таъсиргузор аст? Мавлавии Балхӣ китобашро бо ин мисроъ, ки: “Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад” оғоз мекунад. Мавлоно таъкидаш бештар бар шунидан аст. Аммо Суҳравардӣ нурӣ аст ва беш аз он ки рӯи гӯш такя кунад, ба чашм ишора дорад ва мегӯяд, Худованд нури осмонҳо ва замин аст. Ҳикмат ва фалсафаи Суҳравардӣ ҳам нурӣ ва ишроқӣ аст.

Ба муддати 800 сол ба иштибоҳ Суҳравардиро қоил ба асолати моҳият донистаанд. Тайи ин замон фалосифа баён кардаанд, ки чун Шайх Суҳравардӣ мӯътақид аст вуҷуд эътиборӣ аст, пас қоил ба асолати моҳият аст. Дар ҳоле, ки ин айни нодонӣ аст. Чаро ки Суҳравардӣ қоил ба асолати нур аст. Чун моҳият зулмонӣ аст. Чунонки Ибни Сино, Арасту ва Мулло Садро қоил ба асолати вуҷуд ҳастанд, аммо Шайхи Ишроқ мегӯяд, вуҷуд як моҳияти эътиборӣ аст ва қоил ба асолати нур аст.

Фалсафаи нур худаш равшани биззот аст ва ҳама чизро равшан мекунад. Худованд низ зоҳир аст ва ҳама чизро зоҳир мекунад, ва ин маънои “ишроқ” аст. Ишроқ яъне нури маъно ва на нури ҳиссӣ ва физикӣ. Худованд нуруланвор аст, яъне нури ҳамаи нурҳост ва чизе равшантар ва зоҳиртар аз Ҳақ Таъоло нест. Ва агар мо қодир ба дидани ӯ нестем, ба далели нақси басарии мост.

Ҳазрати Мӯсо (а) ибтидо аз Худованд хост, ки ӯро бибинад ва он гуна ки дар Қуръон ривоят шуда, Худованд бо хитоби тунде ба Мӯсо гуфт: “Лан таронӣ”, яъне ҳаргиз наметавонӣ маро бибинӣ! Пас Мӯсо ба кӯҳи Тур рафт ва ба дунболи шунидани садои Ҳақ Таъоло рафт. Ин дар ҳолест, ки ҳазрати Хатмимартибат Паёмбари Акрам (с) дар ибтидо ваҳйро шунид ва баъд ба Меъроҷ рафт. Яъне Мӯсо ибтидо нурӣ буд ва баъд шуниданӣ шуд, аммо ҳазрати Муҳаммад (с) ибтидо шуниданӣ буд ва баъд нурӣ шуд. Аммо ҳар ду, ҳам шунидан ва ҳам дидан доштанд.

Шайхи Ишроқ мегӯяд, ҳикмати ман ишроқӣ ва нурӣ аст. Ҳегел мегӯяд, ки аввалин бор дар торихи башарият маънавият аз тариқи тарҳи масъалаи нур ба василаи эрониён вориди ҷомеаи башарӣ шуд ва ин бисёр қобили таъаммул аст.

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Машоҳир, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: