“Такфир танҳо ба адёни иброҳимӣ ихтисос надорад”

Гузориши ҳамоиши “Бузургдошти рӯзи Шайхи Ишроқ” (1)

Суханронии Оятуллоҳ Муҳаққиқи Домод, файласуф ва устоди донишгоҳ. Унвон: “Суҳравардӣ шаҳиди такфир”

* * *

Агар шунаво бошем ва андаке гӯш бидиҳем, садои фарзандони ятимеро мешунавем, ки падаронашон кушта мешаванд ва нолаи бевазанонеро мешунавем, ки шавҳаронашон сар бурида мешаванд… Дар чунин замоне, сухан аз Суҳравардӣ мегӯем. Тамоми ин сару садоҳое, ки алъон ҳаст, агар ба тӯли торих нигоҳ кунем, мебинем, ки ин тасаввур чӣ қадр хун додааст.

Решаи ин қазия ба куҷо бармегардад? Решааш ба ҷое бармегардад, ки тамоми адён ба он муттаҳам ҳастанд. Тамоми адён ба ин муттаҳаманд, ки шумо ҷомеаро ба мӯъмину кофир тақсим кардаед. Дар ҳоле ки ин танҳо ба адёни иброҳимӣ ихтисос надорад. Суқрот, донои Юнонро ба иттиҳоми ташвиши азҳони умумӣ нисбат ба Худоён дар маҳкамае бо 500 узв ҳайъати мунсифа муҳокима карданд.

Ин тафаккур масъалаи адёни иброҳимӣ нест, балки 500 сол қабл аз мелоди Масеҳ (а) ҳам мебинем, ки вуҷуд дорад. Суқрот ҷоми шӯкарон аз дасти касоне мехӯрад, ки ба ӯ гуфтанд: кофир аст! Ва ӯ ҳам итоат аз қонун кард ва онро нӯшид ва торихро дар сӯги як доное нишонданд.

Дар торихи ислом аз ҳамон рӯзҳои оғозин ин масъала шурӯъ шуд, ба вежа баъд аз Паёмбари ислом. Дар замони Расули Акрам (с) касе такфир нашуд. Ин қазия баъд аз Расулулллоҳ (с) шурӯъ шуд. Ҳама аз ниҳоди такфир истифода мекарданд, то ин ки ба Шайхи Ишроқ (Суҳравардӣ) мерасем, ки яке аз намунаҳои асафбори ин теурӣ дар қарни шашум аст. Ӯ худ фақеҳ аст. Ва ҷолиб аст дар як тараф ҳам афроде, ки ӯро кофир медонанд, фақеҳ ва олими дин ҳастанд.

Ин мард бо ин вежагиҳо ба маҳкама меояд ва кофир шинохта мешавад. Дар мақолае бо унвони “Суҳравардӣ дар додгоҳи ҷаҳли муқаддас” овардаам, ки торих ҳамаи бозпурсиҳоро нанавиштааст ва дар инҷо муқассир аст.

Достон ин аст, ки эшон ҷозиба дошта ва яке аз афроде, ки ҷазби ӯ шудааст, писари Салоҳуддини Аюбӣ аст. Ҳасудон дасиса карданд ва номае ба Салоҳуддин менависанд, ки эшон (Суҳравардӣ) писаратонро мунҳариф кардааст. Ҳамин буд, ки ӯро ба маҳкама кашонданд.

Қозӣ аз Суҳравардӣ суол кард, ки ту дар бархе аз тасонифи худ навиштаӣ, ки Худованд қодир аст паёмбари дигаре биёфаринад, оё саҳеҳ аст? Шайх посух дод: Оре, навиштаам. Қозӣ гуфт: Ин маҳол аст. Суҳравардӣ як калом гуфт ва сукут кард, гуфт: Далел бар маҳолияти он чист? Магар на ин ки Худованд қодир бар тамоми умури мумкин аст? Қозӣ раъйи худро содир ва ҳукми қатли ӯро содир кард.

Намедонам, ин ҷумалот чӣ далеле бар илҳоди ӯст, инкори кадом як аз зарурёти дин аст?

Қозии нодон ин гуна меандешид, ки агар фарде қоил бошад ба ин ки Худованд ақлан метавонад паёмбари дигареро халқ кунад, ӯ мулҳид аст…

Аммо чаро Суҳравардӣ ҷавоб надод, бо вуҷуди ин ки метавонист посухи мустадал ва мубайяне ба ин мавзӯот бидиҳад.

Ба назарам, Суҳравардӣ умқи фоҷеаро фаҳмида буд, ӯ фаҳмида буд, ки агар додрасии одилонае вуҷуд дошта бошад, бояд шароити он муҳайё бошад. Шарти нахустини додрасии одилона озодии додрасӣ аз ҳар навъ фишор аст.

Фишор бар ду навъ аст: фишори берунӣ, яъне дастуроте, ки аз боло ва қудрат меояд, ва фишорҳои дарунӣ, ки аз дугмотизм ва ҷазмияти ношӣ аз каҷфаҳмиҳои динӣ ҳосил мешавад. Агар додгоҳҳои Ленин ва Истолинро мутолеа кунем, ба ин масъала мерасем. Дар додгоҳи Суҳравардӣ ҳар ду навъ фишор бар қозӣ будааст.

Аммо чӣ бояд кард? Ин ҳарбаи такфир ношӣ аз тақсимбандии инсонҳо ба мӯъмин ва кофир аст. Ба назари ман, бояд ин тақсимбандиро канор гузошт ва ба тақсимбандии ҷадиде, ки инсонҳоро ба мусолим ва муҳориб тақсим мекунад тан дод. Ба ин маънӣ, ки ҳар кас сотур ба даст нест, дасти ӯро бифишорем ва рӯйи онро бибӯсем ва дар воқеъ ба ҳукми Қуръон амал кунем. Мо ҷоиз ба ҷанг кардан бо касе, ки бо мо ҷанг намекунад нестем.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин коре, ки мекунад, ба ин назария бояд фикр карда ва эълом кунад ва тафовути худро бо ДОЪИШ баён кунад. Чаро ки такфир ношӣ аз он тақсимбандӣ аст, дар сурате ки ислом ба маънии салом ба маънои ишқ ва дӯстӣ аст. Ислом инсонҳоро ба мусолим ва муҳориб тақсим кардааст, ҳар касе ки муҳориб нест, мо ҳақ надорем ӯро ҳарб кунем ва агар муҳориб аст, мо бояд аз худамон дифоъ кунем.

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Машоҳир, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Такфир, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: