Анвоъи сохторҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

Дар ибтидо бояд гуфт, андешаи сиёсии Ибни Сино чандон тафовуте бо тафаккури сиёсии Форобӣ надорад. Зеро андешаҳои Форобӣ дар заминаи сиёсат, ба ҳадде муҳкам ва устувор матраҳ шудааст, ки на танҳо Ибни Сино, балки бештари донишмандони баъд аз Форобӣ таҳти таъсири он қарор гирифтаанд. Ба ҳар ҳол, дар навиштори ҳозир, дидгоҳҳои сиёсии Ибни Сино мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

* * *

Иҷтимои башарӣ ва чигунагии таъсиси мадина

Ибни Сино мӯътақид аст, зиндагии матлуби инсонӣ фақат ва фақат дар сояи иҷтимои онҳо муяссар аст. Ба ақидаи Ибни Сино, инсон ба танҳоӣ наметавонад ӯҳдадори ҳамаи умури маъишатии худ шавад. (1) Инсонҳо дар ин зиндагии ҷамъӣ, барои гузарони зиндагии худ ниёзманди тақсими кор ва баҳрмандӣ аз тавоноиҳои якдигаранд. (2)

Вай, пас аз баёни зарурати зиндагии иҷтимоӣ ва тақсими кор дар он, ба асли мушорикат ишора мекунад ва мегӯяд: “Вуҷуд ва бақои инсон ниёзманди мушорикат аст.” (3) Мушорикат ба мафҳуми “бар ӯҳда гирифтани як нақши вижа (яке нонвой, яке харрот, яке мудир ва ғайра…)” аст, ки дар натиҷаи он, таъовун, муъовиза ва муъомила ба вуҷуд меояд. (4)

* * *

Қонун ва қонунгузор дар мадина (ҷомеа)

Пурравшан аст, ки тадовуми иҷтимои башарӣ ва назми маданӣ, бидуни вуҷуди муқаррарот, ки истилоҳан қонун номида мешавад, мумкин нахоҳад буд. Бинобар ин, мадинаи мавриди назари Ибни Сино низ аз ин қоъида мустасно набуда ва ниёзманди қонун аст. Ибни Сино аз он чӣ мо онро “қонун” меномем, бо унвонҳои мухталифе ёд карда, монанди: номус, суннат, маҳмудот ва шариат. Аммо ҷомеъи ҳамаи онҳоро “шариат” (ба маънои қонун) медонад. (5)

Ҷомеаи башарӣ барои истимрори зиндагии ҷамъӣ ниёзманди адолат ва қонунҳои одилона аст, ки рафтори афродро бар асоси ҳақ ва истеҳқоқ (шоистагӣ) танзим кунад. Таъкиди аслии Ибни Сино дар идораи мадина, бар қонунманд будани он ба вижа бар мабнои шариати илоҳӣ аст. Яъне дар назари вай, шариат маншаи аслӣ ва чорчӯби куллии қавонини мавриди ниёзи мадина ва ҷомеаи башариро ташкил медиҳад.

Ибни Сино дар амри қонунгузорӣ, бо ихтироъ мухолиф аст ва шариати нозилшудаи осмониро мабнои зиндагии маданӣ медонад, вале бо ин ҳол мӯътақид аст, ки “дар шариат фақат чорчӯби аслӣ” — ва ба истилоҳи имрӯзин, қавонини асосӣ ва бунёдин — омадааст, вале қавонини фаръӣ ва тафсилӣ бо тавассул ба иҷтиҳод ва бо истифода аз назароти аҳли машварат (яъне нухбагон ва коршиносон) бо назорати куллии ҳоким ва ба таъбири Ибни Сино “соиси мадина”, сурат мегирад. (6)

Ибни Сино ҷузъиётро ба ӯҳдаи муфассир қарор медиҳад, ки аз тариқи равишҳои забонӣ, тафсири Қуръон ва ривоёт ва дониши усули фиқҳ, саъй дар фаҳми он доранд. (7) Аз назари ӯ, фақат аз ин тариқ аст, ки қонунҳо мутаносиб бо замон ва макони мутағайир, имкони вазъ доранд ва аз ин тариқ аст, ки дар амри қонунгузорӣ миёни ақл ва ваҳй ҷамъ мешавад. Қонунҳо, аз нигоҳи Ибни Сино, шомили ҳавзаҳои дунявӣ ва ухравӣ, яъне моддӣ ва маънавӣ ҳар ду мегардад ва мадина ва иҷтимои инсонӣ аз ҳеч як аз ин ду ҳавза бениёз намебошад. (8)

* * *

Анвоъи низоми сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино:

1. Низоми сиёсии ваҳдонӣ (худкома): Ибни Сино дар бораи иллати номгузории ин навъ аз низоми сиёсӣ мегӯяд: “Ба ин далел ин ҳукуматро ваҳдонӣ меномем, ки раҳбари он аз ширкат додани ҳар кас дар мақом ва манзилати худ имтиноъ меварзад.” (9) Ҳадафи сиёсати ваҳдонӣ, ба таслими маҳз водоштани мардуми мадина аст;

2. Низоми сиёсии каромат: Дар ин навъ аз ҳукумат, раиси мадина масолеҳи мардумро риоят мекунад, аммо на ба хотири ивази моддии хосс, балки барои ин ки онон дар таъзим ва такрими вай бикӯшанд. Ин низоми сиёсӣ эътибор ва ифтихорталаб аст ва дар он иззат ва ифтихори қавмӣ ва миҳанӣ бар ҳама чиз муқаддам аст;

3. Низоми сиёсии фикрия: Ибни Сино ин низомро чунин таъриф мекунад: “Риёсати фикрия чунин аст, ки пешво сарватманд бошад ва риёсат, раҳбарӣ ва тадбири умури дигаронро ба хотири сарваташ ба даст оварад, аммо бидуни он ки ҷанбаи зӯр ва ғалаба дошта бошад.”

4. Низоми демукросӣ: Ибни Сино айнан вожаи демукросиро ба кор бурда ва дар таърифи ин низом мегӯяд: “Сиёсати демукросӣ он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқ ва каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом касе наметавонад, ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд.” (10) Ибни Сино мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ озодӣ аст.” (11)

5. Низоми сиёсии суқротӣ: Дар ин низом раҳбари ҷомеа сирфан ба далели истеҳқоқ ва шоистагие, ки дорад, ба мақоми риёсат расида, чаро ки бар вазъи сунан ва қавонин ва ё ҳифз ва ҳиросати онҳо тавоноӣ дорад.

Низоми сиёсии матлуби Ибни Сино аз миёни ҳамаи низомҳои зикршуда, низоми суқротӣ аст, ки онро дар “Илоҳиёти шифо” бар низоми нубувват татбиқ додааст. (12)

* * *

Поварақӣ:

(1) Ибни Сино, “Аннаҷоту минал ғарқ фил баҳриз залолот”, с.709.

(2) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.305.

(3) Ибни Сино, манбаи пешин, с.441.

(4) Абулфазли Шакурӣ, манбаи пешин, с.306.

(5) Абулфазли Шакурӣ, манбаи пешин, с.308.

(6) Ибни Сино, “Шифо” (Илоҳиёт), с.452.

(7) Муҳаммади Пизишкӣ, мақолаи “Равоншиносии сиёсӣ дар ҳикмати Машшоъ”, с.180.

(8) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.319.

(9) Муҳаққиқи Домод, “Дин, фалсафа ва қонун”, ба нақл аз “Аҳволун-нафс”-и Ибни Сино, с.69.

(10) Ибни Сино, “Шифо” (Мантиқ), с.62.

(11) Манбаи пешин, с.83

(12) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.329-349.

* * *

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Сиёсат, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: