Арабистони Саудӣ дар ҳоли тағйири сиёсатҳои худ дар қиболи Эрон аст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Мусофиҳаи торихӣ ва ғофилгиркунандаи вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон дар Истонбул, чаро алъон иттифоқ афтод? Оё ихтилоф бар сари Қатар, далели он аст? Оё ба зудӣ Абдулмалик Ҳусӣ ва чи басо Валид ал-Муаллимро дар Риёз мебинем?

Ҳангоме ки дирӯз дар ҳамин рӯзнома (Раъюл-явм) гуфтем, ки Арабистон сиёсатҳои гушоиш ва иқбол дар равобит бо Эрон ва меҳвари он дар минтақаро оғоз карда, фоле нагирифта будем, балки як пешбинӣ буд.

Даъвати Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ аз Сайид Муқтадо Садр барои сафар ба Арабистон ва истиқболи гарме, ки аз вай ба маҳзи расидан ба фурудгоҳ шуд, таъйидкунандаи гароиши ғайримунтазираи саудиҳост.

Мусофиҳае, ки дирӯз (сешанбе) байни Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Одил ал-Ҷубайр, ҳамтои саудӣ пас аз солҳо ранҷиши ду кишвар аз якдигар дар ҳошияи конфронси фавқулъодаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Истонбул сурат гирифт, таъкиди дигаре бар тағйири мавозеъи саудӣ ба самти гуфтугӯ ва диплумосӣ ба ҷойи рӯёрӯӣ ва таниши расонаӣ аст.

Чи басо тағйири мавозеъи Арабистон — он ҳам пас аз чанд рӯз аз гузашти сафари тафреҳии подшоҳи ин кишвар ба Мағриб ва вогузор шудани масъулиятҳояш ба валиаҳд — маъонии зиёде дошта бошад.

Мо ба дунболи иғроқ дар бораи натоиҷи чунин таҳаввуле нестем, аммо аз замоне ки Муҳаммадсолеҳ бен Тоҳир Бинтан, вазири ҳаҷ ва авқофи Арабистон аз раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон барои сафар ба Арабистон даъват кард ва ба баҳсу ройзанӣ дар бораи иллати ғайбати ҳоҷиёни эронӣ барои анҷом додани фаризаи ҳаҷҷи соли гузашта пардохт, маълум буд, ки сарони саудӣ ба шевае дар садади гушоиш дар равобит бо Эрон ҳастанд.

* * *

Аз ҳамин рӯ, ҳамаи мавонеъ, мушкилот ва сутафоҳумҳое, ки боиси қатъи эъзоми ҳоҷиёни эронӣ ба Арабистон шуда буд, рафъ шуд ва ҳамаи шуруте, ки барои сафари ҳоҷиёни эронӣ вазъ шуда буд лағв шуд ва раванди судури раводид барои ҳоҷиёни эронӣ аз тариқи сафорати Суис (Швейтсария) дар Теҳрон, ки ҳофизи манофеъи Арабистон дар Эрон аст тасҳил шуд.

Ҳатто гуфта мешавад, ки масъалаи маросими “Бароъат аз мушрикин”-и ҳоҷиёни эронӣ низ ба шевае мавриди ризояти ду кишвар ҳал шуда, аммо ҳанӯз эълом накарданд.

Ахбори шибҳитаъйидшуда низ ҳокӣ аст, ки мушкили ахир марбут ба пардохти ғаромат ба хонаводаҳои 460 ҳоҷиёни эронии кушташуда дар ҳодисаи издиҳоми ду сол пеши Мино низ ҳаллу фасл шуд, аммо аланӣ нашудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо дар сурате, ки нармиш ва инъитофе аз сӯи ду тараф бахусус Арабистон вуҷуд надошт, имконпазир набуд.

Билохира дирӯз тасовири даст додани вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон, ки дар ҳошияи нишасти фавқулъодаи вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Истонбул сурат гирифт, билофосила дар пойгоҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд.

Хабаргузории расмии Эрон низ эълом кард, ки Зариф ва ал-Ҷубайр пас аз мусофиҳа бо якдигар хушу беш карданд, ки мӯҷиби шигифтии ҳуззор шуд.

Аммо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон иқдоми ҳамтои саудии худ дар даст додан ва ба оғӯш кашидани вайро оддӣ ва ҳаракате дар урфи диплумотик донист ва гуфт: “Далели ин кор эҳтироми мутақобил ва дӯстии дерина” будааст.

Вазири хориҷаи Эрон мегӯяд, “дӯстии дерина” будааст, аммо аз се сол пеш то кунун ҳатто бо ҳеч мусофиҳае ҳамроҳ набудааст, чун баъд аз ҳамла ба сафорати Арабистон дар Теҳрон ва оташ задани онҷо, равобит байни Эрон ва Арабистон муташанниҷ аст, то ҳадде, ки ба таҳдидҳои мустақим алайҳи якдигар ва қатъии равобит расид.

Мутмаиннан Одил ал-Ҷубайр наметавониста бо Зариф дар муқобили дурбинҳо даст бидиҳад бидуни ин ки чароғи сабзи онро аз тарафи раҳбарони худ дар Риёз гирифта бошад, ки ин амр дар ростои рӯйкарди ҷадиди Риёз барои фурӯ нишондани таниш бо “душмани эронӣ” аст. Ва ҳар касе ғайр аз инро бовар дорад, аз Арабистон ва чигунагии тасмимгириҳои он бехабар аст.

* * *

Пурсише, ки дар инҷо матраҳ мешавад ин аст, ки чаро сиёсати гушоиш дар равобит бо Эрон ва раҳбарони шиъаи ироқӣ ногаҳонӣ иттифоқ афтод ва оё байни ин ду иртибот вуҷуд дорад? Оё ин мавзӯъ ба бӯҳрони равобити Арабистон бо Қатар муртабит аст?

Суоли дигар, ки аз суоли нахуст нашъат мегирад ин аст, ки оё даст додани вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон, заминаи даст додани валиаҳди Арабистон бо Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро фароҳам хоҳад кард, то ба тавофуқи сулҳе мунҷар шавад, ки ба ҷанги ду солу нима дар ин кишвар хотима диҳад?

Мо ҳеч ҷавоби фаврӣ ба ин ду пурсиш надорем ва тарҷеҳ медиҳем каме сабр кунем ва бибинем, аммо он чи рӯй дода таҳаввуле муҳим аст, ки боис мешавад, ки бурузи гушоишҳое дар равобит байни Эрон ва Арабистон дар ояндаи наздикро баъид надонем.

Чи басо шоҳиди бозтоби ин қазия бар ҷанги Сурия низ бошем, чаро ки ду тарафи эронӣ ва саудӣ дарёфтанд, ки гуфтугӯ барои расидан ба тафоҳум дар ҳамаи сутуҳ камҳазинатар ва камзарартар аст.

Аз Интифозаи Масҷидулақсо муташаккирем, ки заминаи вуқӯи ин мӯъҷизаро фароҳам кард.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: