Ба кадом суханатон бовар кунем?

Номаи Абдуллоҳи Раҳнамо ба Саидрасули Мӯсавӣ

Ҷаноби оқои Саидрасули Мӯсавӣ!

Дар оғоз салому эҳтироми маро бипазиред.

Нашри маводи Шумо дар боби суҳбат бо банда дар ҳошияи конфронси Бомиён ва бознашри васеи он дар тамоми расонаҳои хориҷии мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон боис гаштааст, то имрӯзҳо бисёриҳо аз ман бипурсанд, ки он “намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон” ки дар баробари суханони оқои Мӯсавӣ ҳеҷ далеле надоштаву “ях задааст”, кӣ бошад? Ва, албатта, барои ҳамагон мушаххас шудааст, ки он “намоянда”-и “лол” банда будаам. Бинобар ин, ногузирам чанд нуктаи муҳтарамона хидмати Шумо бинависам, то воқеияти масъала пеши хонандагону пурсандагон низ рӯшан бошад:

1. Тавре огоҳед, мо бо Шумо ҳеҷ мулоқоти расмию корие надоштем, ки дар он банда мавқеи давлати Тоҷикистонро дар ин ё он масъала ба Шумо баён карда бошам. Дар он чанд рӯз мо Шуморо дар ҳошияи конфронс, вақти чой ё ҳангоми боздид аз осори таърихӣ борҳо дидем ва суҳбатҳои сирфан сарироҳию саричойию инсонӣ доштем. Аксари ин гапҳо ҳолати танзу шӯхӣ ва гуфтугӯи одиро доштанд. Бинобар ин, банда ҳаргиз гумон надоштам, ки Шумо ин суҳбатҳоро бо иловаҳои дигар дар расонаҳо нашр мекунед ва бо киноя ва тантана эълон медоред, ки дар Бомиён намояндаи давлати Тоҷикистон дар баробари ҳарфҳои Шумо ҳеҷ ҷавобе надошт ва “яхаш зад.” Магар чунин ҳолате буд? Худ медонед, ки ҳаргиз набуд.

Баръакси ин, пас аз суханронии банда шахсан Шумо ба ман аҳсанту табрик гуфта, аз ҷумла фармудед, ки “дар ҳақиқат тоҷики соҳибназару соҳибсухан будед”. Ва низ тақрибан чунин илова намудед, ки “ин беҳтарин суханронии имрӯз буд, ҳам мантиқаш хуб буду ҳам забонаш олӣ буду ҳам мавзӯаш муҳим буд.” Инак, банда дар фикр фурӯ рафтаам, ки ба кадом сухани Шумо бовар кунам: ба ин ки, “забону мантиқу мазмуни Шумо олӣ буд” ё ба ин ки “ҳеҷ ҷавобе надошту яхаш зад”?
Агар дар баъзе масоил мо ба бузургсолӣ ва мӯйи сафеди ҳамсуҳбатон эҳтиром гузошта, баҳсу ҷадал накунем, он аз сари ахлоқи тоҷикию мусулмонист, на аз надоштани далоил. Пас, бигзор арзёбии ахлоқии ин амал пеши Шумо бошад.

2. Бар хилофи он матлаб, банда дар конфронси Бомиён намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон набудам. Дар он ҳамоиши илмӣ на намояндагони ҳукуматҳо, балки пажӯҳишгарону устодони донишгоҳҳо аз кишварҳои минтақа ҳузур доштанд. Банда низ он ҷо ба унвони пажӯҳишгари масоили Афғонистон ва муаллифи китоби “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ” иштирок кардам. Муҳаққиқони дигари тоҷик низ ҳамчун коршиносони масоили Афғонистон даъват шуда буданд. Он ҷо ҳеҷ мақоми расмии давлати Тоҷикистон ҳузур надошт.

Аз ин рӯ, як шаҳрванд ё як пажӯҳишгари ҳар кишварро намояндаи Ҳукумати он кишвар донистан дуруст нест. Аз назари шуғлӣ низ банда дар маркази илмию пажӯҳишӣ кор карда, ба пажӯҳиши масъалаҳои сиёсати хориҷӣ машғулам, на ба амалияи танзими робитаҳои хориҷии давлат. Бале, банда ҷонибдори давлат ва аз назари фикру ақида ҳимоятгари давлати худ ҳастам ва ҳамчун шаҳрванд ва коршинос аз мавқеъ ва сиёсати давлатам дифоъ мекунам, аммо феълан банда намояндаи расмии Ҳукумати Тоҷикистон нестам.

Бинобар ин, агар Шумо бо намояндаи расмию босалоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карда, пурсишҳои худро дар масъалаҳои зикршуда дар миён гузоред, ман бовар дорам, ки онҳо ба Шумо ҷавобҳои қатъӣ ва қонеъкунанда хоҳанд дод.

3. Дар бораи муносибат бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бояд гуфт, ки банда бо фаъолияти ин созмон бисёр хуб ошно ҳастам. Ман шояд танҳо пажӯҳишгаре будам, ки дар бораи ин созмон чандин китоб ва мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва интиқодии созанда навиштаам. Агар дар ин ҳизб инсофу дурбинӣ мебуд, ҳоло барои банда муҷассамаи симин мегузоштанд ва барои омӯзиши китобҳои банда чандин семинару  конфронс барпо мекарданд. Аммо, баръакси ин, баъзе аз роҳбарони тундраву китобгурези он нақди созандаро мухолифат пиндошта, ба ҷои ислоҳи вазъияти асафбори ҳизб ба баҳсу ҷавобнависӣ ба банда пардохтанд. Бо вуҷуди ин, то рӯзи идомаи фаъолияти расмии ҲНИТ, банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо фаъолияти як ҳизби сиёсии қонунӣ, ки давлати мо онро эътироф карда буд, хеҷ мушкиле надоштам.

Аммо чун соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Додгоҳи Олии ҶТ) ҳукми худро дар бораи ин ҳизб эълон карда, фаъолияти онро боз дошт, банда низ ҳамчун шаҳрванди қонунписанди Тоҷикистон барои мавқеи худ ҳаминро асос қарор медиҳам. Масъалаи ҳукми ҲНИТ як масъалаи салиқайӣ нест, ки нисбат ба он ин ё он гуна назар дошта бошем. Он як масъалаи ҳуқуқист, ки дар сатҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал ва эълон шудааст. Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон наметавонам мавқеи дигаре дошта бошам. Зеро эътироф накардани ҳукми Суди Олии кишвар ба маънои эътироф надоштани тамоми низоми давлатӣ ва инкори худи давлат аст. Ин аст фаҳмиш ва фарҳанги ҳуқуқии мо.

Бале, чун додгоҳ пӯшида буд, банда аз баъзе ҷузъиёти ҳукми ҲНИТ огоҳ нестам. Аммо ҳукми Суди Олӣ як санади олии ҳуқуқист ва содир шудани ҳамин ҳукм комилан кофист, ки як шаҳрванди дорои маърифати ҳуқуқӣ мавқеи худро дар ин мавзӯъ муайян намояд. Агар фардо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳукми худро аз болои ин ҳизб бардорад, ман ҳамчун шаҳрванди қонунписанд онро ҳатман мепазирам. Ин аст мавқеи ҳуқуқии мо нисбат ба масъалаи ҲНИТ.

4. Аммо бар хилофи банда, ки як корманди пажӯҳишгоҳи илмиям, Шумо як намояндаи расмии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастед ва ин навиштаи Шуморо метавон ҳамчун паёми ҷиддии сиёсӣ пазируфт. Шумо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон будед ва ҳоло мушовири аршади вазири умури хориҷии Эрон мебошед. Дар Вазорати умури хориҷии Эрон мушовири вазир як симати иҷроии тақрибан ҳамвазн бо мақоми муовини вазири умури хориҷӣ аст. Пас, мавқеи ба таври катбӣ ва расонаӣ эълоншудаи Шуморо метавон ҳамчун мавқеи давлати ҶИ Эрон қабул кард. Ҳамин тавр, ин аввалин бор аст, ки чунин мақоми расмии давлатӣ ва узви роҳбарияти Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи ҳимояти қатъии Эрон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чунин изҳорот содир намояд.

То имрӯз мақомоти эронӣ дар мулоқотҳо гӯё эҳсоси андаке нороҳатӣ ба ҷониби Тоҷикистон тавҷеҳ мекарданд, ки гӯё даъвати раиси ҲНИТ ба Эрон аз сӯи як созмони фарҳангии ғайридавлатӣ сурат гирифтааст ва мақомоти расмии давлат аз он огоҳ набуданд ва чунин коре дигар такрор намешавад. Аммо, инак изҳороти катбию расмии мушовири аршади вазири умури хориҷии ҶИ Эронро дар ҳимояти қатъӣ аз ин ҳизб чӣ метавон гуфт? Нашри чунин баёния дар ин сатҳ тамоми гумонҳоро дар бораи ҳатто баъди аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ шудани ҲНИТ идома ёфтани ҳимояти Эрон аз ин ҳизб комилан тасдиқ намуданд. Ба назарам, нашри чунин матлаб аз назари дипломатию давлатдории Эрон низ дуруст набуд…

Намояндагони расмии ҶИ Эрон дар ҳар фурсати муносиб бо ифтихор таъкид мекунанд, ки Эрон аввалин давлатест, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Пас, агар Суди Олии ин кишваре, ки Шумо истиқлолияташро эътироф намудаед, дар бораи як созмони дохилии ин кишвар ҳукме содир карда бошад, чӣ гуна давлати дӯст ва эътирофкунандаи истиқлолияти он кишвар метавонад нисбат ба он мавқеи расмии дигаре дошта бошад? Зеро эътирофи як давлат ба маънои эътирофи манфиатҳо, сохторҳо, қонунҳо ва сиёсатҳои он аст. Ишора ба қарори Суди Олӣ ба ин маъност, ки эътироф накардани қарори Суди Олии як давлат дақиқан ба маънои амалан эътироф надоштани худи он давлат аст. Бинобар ин, дар ин масъала агар дар як нимаи тарозӯ пуштибонии Шумо бо як гурӯҳи хурди идеологӣ истода бошад, дар паҳлуи дигари он муносибати Шумо бо як давлати мустақил ва бо як миллати бузург қарор дорад. Ҳатто аз назари манфиатҳои миллии Эрон Шумо ба сӯи интихоби бад ишора доред.

Дар солҳои охир додгоҳҳои ҶИ Эрон даҳҳо ҳукму қазоватҳое содир мекунанд, ки аксари онҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар комилан зери шубҳаи ҷиддӣ гузошта мешаванд. Аммо чун Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф дорад, ҳукми додгоҳҳои Эронро ҳаргиз мавриди муҳокима қарор намедиҳад. Мо бисёр мехостем, ки Шумо низ чун дипломати собиқадор ба истиқлолияти кишварҳои дӯст ҳамин тавр муносибат намоед.

Аз тарафи дигар, ин матлаби расонаии мушовири аршади Вазорати умури хориҷии ҶИ Эрон дар масъалаи узвияти Эрон ба Созмони ҳамкории Шанхай низ саволҳоеро эҷод кардааст, ки он дигар танҳо ба раъйи Тоҷикистон вобаста нест. Тавре огоҳӣ доред, Созмони ҳамкории Шанхай Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври расмӣ ба Феҳристи ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ин созмон манъшуда ворид намудааст. Бар хилофи баъзе инкорҳои таблиғотӣ, ин қарори СҲШ дар сомонаи сохтори зиддитеррористии он эълон шудааст, ки Шумо метавонед бо нишонии http://ecrats.org/ru/news/6910 муроҷиат фармоед.

Ин феҳрист бар пояи мувофиқаи расмию хаттии тамоми кишварҳои узв тартиб ёфта, эътироф ва риояти он барои тамоми давлатҳои узви СҲШ ҳатмист. Пас, ҶИ Эрон низ, ки довталаби узвият ба СҲШ аст, ногузир дар рӯ ба рӯи интихоби ҳатмӣ байни идомаи ҳимоят аз ҲНИТ ва дарёфти узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай қарор гирифтааст.

5. Дар суҳбатҳо дар ҳошияи конфронси Бомиён Шумо ҳамвора аз беҳбуди равобити ду кишвар, зарурати оғози гуфтугӯи коршиносону фарҳангиёну мутафаккирон, зарурати дарки мавқеи ҳамдигар сухан мегуфтед. Шумо ба такрор фармудед, ки Шумо ва шахсиятҳои бонуфузи дигар омодаи як суҳбати ғайрирасмию самимию худамонӣ барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо ҳастед. Банда ба ин паёми Шумо бовар карда, Худо шоҳид аст, ки ба маҳзи бозгашт ба Душанбе гузорише таҳия намуда, дар он бо ишора ба суҳбати Шумо мавзӯи ба роҳ мондани гуфтугӯи ғайрирасмию нармкунандаи фарҳехтагону коршиносони ду кишварро ба миён гузоштам. Ин пешниҳод ба таври усулӣ истиқбол ёфта, дар ҳоли баррасӣ буд. Аммо пас аз ду рӯз қиссаи “чӣ тавр аз сӯи Шумо мағлуб гаштану ях задани намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон” ва ё эъломияи ҳимояи қатъии Шумо аз ҲНИТ дар тамоми сайтҳои мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон бо як ҳамоҳангии созмонёфта аз як марказ бо тантана нашру бознашр шуд. Ростӣ, пеши дӯстон дар хиҷолатам.

Яъне, бо ин навиштаи зоҳиран танзомез, вале амалан бисёр ҳадафманду сиёсӣ, Шумо боз як даричаи умед барои беҳбуди муносибатҳои ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабонро бастед. Бовар дорам, ки бо он таҷрибаи тӯлонии дипломатӣ, Шумо ҳатман пайомади ин матлабро пешбинӣ мекардед. Пас суоле пеш меояд, ки мақсади ирсоли паёми гуфтугӯ аз тарафи Шумо чӣ буд? Мо ба он паёми пайвандгаратон бовар кунем ва ё ба ин навиштаи тахрибгаратон?

6. Муҳтарам Саидрасули Мӯсавӣ!

Агар берунтар аз масъалаи мавриди баҳс равему ҷанбаи  одии инсонии онро аз назари Шумо қазоват кунем, боз ҳам яқинтар мешавад, ки  довариатон дур аз адолату инсоф аст. Шумо, ки хешро ҳамеша дӯсти Тоҷикистону миллати тоҷик мегӯед, бо як ҷумла мушаххас намудед, ки аслан “дӯст”-и Шумо кист. Аз куштори 17 ҳазор нафар  дар табааи 70 миллионии ҶИЭ ёдрас шудаву дастандаркорони ин амалҳоро террорист меномед, лекин афсӯс, ки дасти дигар гурӯҳи террористӣ, яъне ҲНИТ — ро дар қурбон шудани 150 ҳазор нафар фарзандони як миллати дар ҳамон рӯзҳои сахт 6 миллиона қабул надоред. Алорағми ҳама ҷиноятҳои содирнамуда ва собитшудаи онҳо, бо эҳсосоти зиёд таъкид мекунед, ки “кӯчактарин санаде дар хусуси аъмоли террористии ҳизб нест”.

Ин ҷо агар рӯйхати ҳама амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои содирнамудаи ҲНИТ ва сарварону аъзоёни ин ташкилоти террористӣ оварда шаванд, навишта то садҳо саҳифа тӯл мекашад ва барои Шумо, ҷаноби оқои Саидрасули Мӯсавӣ боз ҳамон ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар мешавам, ки санади асоситарини ҳуқуқист.

Аз ҳарфҳои Шумо бармеояд, ки бародарони оқиламон пайи ҳадафҳои сиёсӣ то ҳаде рафтаанд, ки дигар дар ҳисобу китоб раҳгум задаанд. Пушти манофеи бо як гурӯҳаки сиёсӣ алоқаманд, Шумо дар баробари миллати тоҷик аслан арзишу ҷойгоҳеро қойил нестед. Барои ҳамин дар гуфтаҳоятон тавҳину истеҳзои рӯирост эҳсос мегардад.

Шумо хитоб мекунед, ки “Мо манофеи зиёде дар иртибот бо Урупо дорем, вале намедонам манофеи Эрон дар Тоҷикистон чист?”. Агар дар асл чунин аст, мақсад аз талошҳои Шумо баҳри ҳимоят аз як ҳизби сиёсӣ дар чист? Он ҳам ҳизбе, ки бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои сахттарин, террористию мамнӯъ эълон шудааст.

Тоҷикистон ҳузури озодонаи  Эронро дар  тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон пазируфт. Вале равобити  эътимодноки тоҷикон посухи ҳамсон пайдо накард. Дар сухан яку дар амал дигар будааст. Гуфтаҳои Шумо ҷаноби оқои Саидрасули Мӯсавӣ низ ин нуктаро собит намуданд.

7. То ҷое огоҳам, дар Тоҷикистон касе муқобили доштани робитаҳои дӯстона, вале баробар ва дар асоси манфиатҳои дуҷониба бо Эрон нест. Таъриху фарҳанг ва манфиатҳои муштараки кишварҳои мо барои касе пӯшида нест. Мо бо худи Эрони ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳеҷ мушкиле надорем, балки мо бо амалкардҳои мушаххаси баъзе мақомоти мушаххаси давлатии Эрон дар масъалаҳои комилан мушаххас мушкил дорем. Бинобар ин, банда Шуморо чун меҳмон барои як гуфтугӯи солим ба Душанбе даъват менамоям, шаҳре, ки Шумо солҳо дар он зиставу нону намаки онро хӯрдаед. Ин ҷо мо шароит фароҳам мекунем, ки Шумо ва ҳамроҳонатон дар муҳити озод мулоқот карда, тамоми саволҳои худро дар миён гузоред ва далоили онҳоро оромона бишнавед. Мо низ мехостем назари Шумо ва дӯстонатонро на аз расонаю интернет, балки бевосита аз худи Шумо ба таври муфассал бишнавем.

Бинобар ин, хоҳиш доштам, ки ин баҳс ва ҳалли масоили ду кишварро ба расонаҳо накашед, зеро ин мавзӯъ аз тариқи сомонаю фейсбуку телеграм ҳал намешавад. Балки, барои чунин муколама зарур аст, ки мо дур аз фитнаи расонаҳо, дур аз ҳилаи дипломатӣ, дар як муҳити осудаи корӣ, бо як самимияти инсонӣ ва мантиқи солим бо ҳам нишинем ва рӯи масъалаҳои мавҷуда суҳбат ороем.

Бовар дорам, ки агар дар ҳақиқат пойи инсоф ва бародарӣ дар миён бошад, Шумо мавқеъ ва дидгоҳи моро дуруст дарк мекунед.

Манбаъ: Нашрияи давлатии Ҷумҳурият, 01.08.2017



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат

Метки: ,

1 reply

  1. Салом ба хонандагони муҳтарам!
    Абдуллоҳи Роҳнамо борҳо такрор карданд, ки ҲНИТ як гуруҳи кучак аст. Ман аз ҳамаи хонандагон савол мекунем, ки оё дар ҳақиқат ҳаминхейл аст? Яъне Ҳизби Наҳзати Исломмии Тоҷикистон гуруҳи кучак аст ё зиёди аз мардуми Тоҷик тарафдори ин ҳизб ҳастанд? пас аз Абдуллоҳи Роҳнамо низ умед меравад, ки инсофро риоят кунад ва ҳақиқатро баён кунад чаро ки ҲНИТ дар соли 2010 алакай нишон дод, ки чи андоза тарафдор доран. Бад аз соли 2010 ва шуморишҳои раъй буд, ки ҳукумат ба фикри канорзании ҲНИТ афтод.
    Онче, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ишора карданд, ки гуруҳи Шанхай ҲНИТ ро ҳизби террорестӣ эълон намудааст дар ҳақиқат ин аз тарафи мақомоти қазоии ин кишвар маҳсуб мешавад на аз тарфи дигар аъзои Шанхай, ин баёния сирфан ҷиҳати иттилоърасонӣ будааст ва ба маънои мавзеъгирии Шанхай нест магар ин ки расман дар яке аз созу корҳое, ки тасмимгирии созмонӣ мисли иҷлоси сарон, ё иҷлоси вазирон ба тасвиб расад. Ман аз вуҷуди чинин санадӣ бе иттилоъ ҳастам ва гумон намекунам, ки Ҳинд ва Покистон, ки ахиран ба узвияти Шанхай даромадаанд пазируфта бошанд, ки аҳкоми додгоҳои миллӣ ҳар як дар кишвари муқобил иҷроӣ шавад.ва….
    Албатта гуноҳ аз ҲНИТ нест балки айб аз масъулони ҳизб аст, ки рифоҳталабӣ, роҳаттабӣ ва дунёзадагии онҳо ва даъвати масъулон аз аъзо ва дигар мардуми мусулмони тоҷик ба сабр( масҷидҳоро бастанд сабр, раъйи мардумро дар рӯзи рушан ҷоба баҷо карданд, ки нозирони байнал милалӣ эътироф карданд сабр, манъи ҷавонон аз масҷид сабр, манъи ҳиҷоб аз сари занон ва духтарони тоҷик сабр,) онҳо эълони ҷанг алайҳи дини Худо карданд ва мардум эътироз доштанд вале масъулони ҲНИТ мардумро ба сабр даъват мекарданд. Ин натиҷаи амалкарди ҲНИТ бад аз даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки имрӯз Абдуллоҳи Роҳнамо ҲНИТ ҳизби кучак мешуморад. Абдуллоҳи Роҳнамо худ ба фикрам ба хуби медонад, ки Эрон кафили сулҳ аст ва то ҳол ҳам вазифаи худро ба унвони кафил анҷом надодааст. Барои онки ҲНИТ дар чанд қадамии Душанбе расида буд вале ба хотири миллат сулҳ намуданд. Вале набояд фаромуш кард, ки Эмомали Раҳмон ҳамаро фиреб намуд ва аз боварии мусулмонон ва раҳбарони ҲНИТ суистифода намуда ҳамаи онҳоро аз кишвар берун намуд.
    Гузашта аз он шумо ҲНИТро ҳизби терррорист медонистед ва шумо чи қадар аз афродро аз бозор аз сари кӯча ва дигар чойҳо қапида ба унвони террорист ҳол дар пушти дарҳои зиндон маҳбус кардед.
    Ба Фикри ман бояд Кабирӣ як фикри асоси кунад ва дар берун аз марзҳои кишвар гаштан ва гаҳ гоҳе дар расонаҳо зоҳир шудан масалаеро ҳал намекунад. Бояд ҳарруз дар сомонаи худ бо гуруҳҳо аз муҳоҷирон гирифта то мардуми дохили кишвар суҳбат кунад ва барномаҳои худро ошкоро баён кунад чаро, ки имрӯза ҳукумати Раҳмон ҳатто дар байни кормандони давлатии худ маҳбубияти худро аз даст додааст. Вале рафтаву боз мардумро ба сабру таҳаммул дават кардани бошад ба фикрам, ки бояд аз саҳнаи мубориза ва ҲНИТ дас кашад ва иҷозат диҳад, ки ҷавонони ғаюри кишвар худ иқдом ба асал кунанд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: