Вақте таҳдид ба фурсат табдил мешавад…

Як рӯзномаи омрикоӣ навишт: “Таҳримҳои ахир сабаб шуд, қатариҳо ба он ба чашми фурсате барои ибрози ҳамосаи миллӣ нигоҳ кунанд. Ин бӯҳрон боис шуд, то ширкатҳои қатарӣ эътимод ба нафс пайдо кунанд.”

Рӯзнома Омрикоии Wall Street Journal бо интишори мақолае, ба наҳваи муқовимати Қатар дар баробари таҳримҳои Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср пардохт ва навишт: “Дуҳа ба хотири дарсҳое, ки аз гузашта гирифт, мутаваҷҷеҳ шуд, ки тавоноии зиёде барои муқовимат дар баробари ин таҳримҳо дорад.”

Ин рӯзномаи омрикоӣ таъкид кард: “Қатар аз моҷарои соли 2014 дарси асосӣ гирифт. Дар ин сол Арабистон, Аморот ва Баҳрайн сафирони худро аз Дуҳа фаро хонданд. Ин фарохонӣ дар мухолифат бо ҳимояти Қатар аз Ихвонулмуслимин ва пӯшиши хабарии ин ҷунбиш тавассути шабакаи “Алҷазира” сурат гирифт.”

Wall Street Journal навишт: “Ин бархӯрди диплумотик ба таҳримҳои фарогир мунҷар нашуд, ҳамон тавр ки акнун ин таҳримҳо вуҷуд дорад, аммо Дуҳа мутаваҷҷеҳ шуд, ки бояд тадобире иттихоз кунад, ки битавонад дар баробари чунин бархӯрдҳо ва рӯёрӯиҳое, аз манофеъи Қатар ҳимоят ва ҳифозат кунад. Аз ин рӯ ин кишвар амалан худро омодаи дуввумин даври ихтилоф ва даргирӣ бо кишварҳои мазбур кард, чаро ки фаҳмида буд, бархӯрди соли 2014 охирин бархӯрди Арабистон, Аморот ва Баҳрайн бо Дуҳа нахоҳад буд.”

Ин рӯзнома ба нақл аз Марвон Қабалон, раиси бахши таҳлилҳои сиёсии Маркази арабии пажӯҳишҳои сиёсии Қатар навишт: “Дар соли 2014 ҳеч кас фикр намекард, ки Қатар битавонад дар баробари таҳрим муқовимат кунад, албатта дар сурате, ки бӯҳрони диплумотики Дуҳа бо Арабистон, Аморот ва Баҳрайн идома пайдо мекард ва авзоъ ба марҳилаи таҳрим мерасид. Акнун таҳримҳо алайҳи Қатар эъмол шуда ва қатариҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки метавонанд бо он зиндагӣ кунанд. Ин ҳамзистӣ бо таҳримҳо ба хотири омодагии қаблии қатариҳост.”

Вай афзуд: “Кишварҳои таҳримкунанда роҳи садама ва осеб расондан ба Қатарро дар пеш гирифтанд, аммо натавонистанд осебе ба ин кишвар бирасонанд, зеро Дуҳа барои чунин вазъияте аз қабл омода буд, чаро ки аз гузашта ба хубӣ дарс омӯхта буд.”

Wall Street Journal ба роҳкорҳои Қатар барои муқобила бо таҳримҳо пардохт ва навишт: “Дар соли 2014 Қатар фоқиди бандаре дар халиҷи Форс буд, аммо акнун як бандари ҷадиде ба номи “Бандари Ҳамад” дорад. Дар ин бандар киштиҳои бузург метавонанд паҳлӯ бигиранд. Шиноварҳое, ки дар банодири Аморот ба хотири эъмоли таҳримҳо наметавонанд бори худро тахлия кунанд, дар “Бандари Ҳамад” маҳмулаи онҳо тахлия мешавад. Инак Бандари Ҳамад ба унвони муҳимтарин бандари Қатар маҳсуб мешавад, ки киштиҳо дар онҷо бори худро тахлия мекунанд.”

Ин нашрияи омрикоӣ афзуд: “Қатар колоҳои мавриди ниёзи худро мисли маҳсулот лабанӣ аз Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Лубнон ворид мекунад. Ҳамчунин Дуҳа говҳоеро барои тавлиди шир ва гӯшт харидорӣ карда ва таҷҳизоти лозимро барои сохти анборҳои маҳсулоти роҳбурдӣ ворид кардааст.”

Мудири иҷроии ширкати санойеъи шир ва маҳсулоти лабании Қатар гуфт: “Таҳримҳо фурсате шуд, то мо шикофҳои хатарнок дар санъати шир ва маҳсулоти лабании кишварамонро бартараф созем. Ин масъала сабаб шуд, то мо фосилаи худро бо ширкатҳои саудӣ дар бозор ба таври чашмгире коҳиш диҳем.”

Вай дар поён тасреҳ кард: “Ин бӯҳрон сабаб шуд қатариҳо ба он ба чашми фурсате барои ибрози ҳамосаи миллӣ нигоҳ кунанд. Ин бӯҳрон боис шуд, то ширкатҳои қатарӣ эътимод ба нафс пайдо кунанд.”

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: