Ислом ва Эронзамин (48)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (11)

Қироат ва тафсир

Дар миёни улуми исломӣ, аввалин илме, ки такаввун ёфт, илми қироат ва пас аз он илми тафсир буд. Илми қироат марбут ба лафзи Қуръон аст, ки чӣ гуна хонда шавад, ва илми тафсир марбут ба мафоҳим ва маъонии каломуллоҳи маҷид аст.

Дар илми қироат усул ва қоидаҳои вақфу васлу мадду ташдиду идғому ғайра баён мешавад. Ба илова, баъзе аз калимоти Қуръони Карим, ки ба шаклҳои мухталиф қироат шудааст, шаклҳои мухталифи қироати онҳо баён мешавад.

Саҳоба Қуръонро аз Пайғамбари Акрам меомӯхтанд. Расули Акрам баъзе аз саҳобаро мустақиман таълим медоданд ва ононро, ки Қуръонро омӯхта буданд, маъмури таълими бархе дигар мекарданд. Тобеин, ки асри Расули Акрамро дарк накарда буданд, Қуръонро аз саҳоба омӯхтанд. Дар ҳамин вақт буд, ки гурӯҳе мутахассиси қироат ва таълими саҳеҳи Қуръон ба вуҷуд омад ва оммаи мусалмонон, ки дар ин ҳангом зиёд шуда буданд ва бо ҳирсу валаъи шадид ба таъаллуми Қуръон рӯ карда буданд, ба ин мутахассисон рӯ меоварданд. Ин мутахассисон кайфияти қироати худро аз имомон ё аз саҳоба ривоят мекарданд ва ҳар кадом ба навбаи худ шогирдон ва мутахассисоне тарбият мекарданд, ки дар китобҳои таворих ва тароҷум забт шудааст.

Ин ки иллати ихтилофи қироатҳо чист; оё дар замони Расули Акрам ҳам қироатҳои мухталиф вуҷуд дошта ё на? Ва ба фарзи аввал, оё худи он ҳазрат иҷоза дода буданд, ки бархе калимот ба вуҷуҳи мухталиф қироат шавад, ва ба иборати дигар, оё аз аввал бархе калимоти Қуръон бо вуҷуҳи мухталиф ба он ҳазрат ваҳй шудааст ва ё он ки иллати ихтилофи қироатҳо ҳамон чизест, ки дар соири китобҳо ба воситаи ихтилофи нақли ровиён пайдо мешавад?, матлабест, ки дар ҷойи дигар бояд баҳс шавад. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки мусалмонон ниҳояти кӯшишро ба кор мебурданд, то Қуръони Каримро ончунон қироат кунанд, ки шахси Расули Акрам қироат мекардаанд. Аз ин рӯ Қуръонро назди касоне меомӯхтанд, ки биловосита ё маъалвосита аз Расули Акрам омӯхта буданд.

Дар ибтидо қориён шафоҳан ва сина ба сина фанни қироатро аз асотид ва муаллимони хеш фаро мегирифтанд ва ба шогирдон таълим медоданд. Сипас дар ин илм китобҳое таълиф шуд. Баъзе муддаӣ шудаанд, аввал касе, ки дар илми қироат китоб таълиф кард Абӯубайд Қосим ибни Салом (вафотёфта дар 224 ҳиҷрӣ) буд, вале ин назар мардуд шинохта шудааст. Ҳамза ибни Ҳабиб, ки шиъа ва аз қориёни сабъа аст ва дар ҳудуди як қарн қабл аз Қосим ибни Салом мезистааст, пеш аз ӯ ба таълифи китоб дар фанни қироат пардохт.

Ҳамчунон ки алломаи бузургвор Оятуллоҳ марҳум Сайидҳасани Садр таҳқиқ кардаанд ва аз каломи Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” ва каломи Наҷҷошӣ дар феҳристи ӯ шоҳид овардаанд, Абон ибни Тағлуб, ки аз асҳоб ва шиъаёни Имом Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин алайҳис-салом аст, пеш аз ҳамаи инон ба тадвини илми қироат пардохт.

Марҳуми Садр исбот мекунанд, ки “аввал касе, ки Қуръонро ҷамъоварӣ кард ва навишт, Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом буд. Аввал касе, ки Қуръонро нуқтагузорӣ кард — то он вақт нуқтагузорӣ дар хатт маъмул набуд — Абуласвади Дуалӣ аз асҳоби Амирулмӯъминин буд. Аввал касе, ки дар илми қироат, китоб тасниф кард Абон ибни Тағлуб буд, ва ҳам ӯ аввал касе аст, ки дар маъонии Қуръон ва тавзеҳи луғоти мушкилаи Қуръон китоб навишт. Аввалин касе, ки дар фазоили Қуръон китоб навишт, Убай ибни Каъб саҳобии маъруф аст, ки шиъӣ аст. Аввал касе, ки дар маҷозоти Қуръон таълиф кард, Фарроъ, наҳви маъруф аст, ки шиъӣ ва эронӣ аст. Аввал касе, ки дар аҳкоми Қуръон китоб навишт Муҳаммад ибни Соиби Калбӣ аст. Аввал касе, ки дар тафсир тасниф кард Саъид ибни Ҷубайр буд.” (Таъсисуш-шиъа ли улумил-ислом, сс.316-322)

Ба ҳар ҳол, дар миёни тобеин ва шогирдони тобеин, ки дар қарни аввал ва дуввум мезистаанд, даҳ нафаранд, ки ба унвони мутахассиси фанни қироат шинохта шудаанд. Ҳафт нафар аз он даҳ нафар, маъруфтар ва машҳуртар ва мӯътабартаранд ва ба “қориёни сабъа” маъруфанд. Онон иборатанд аз: Нофеъ ибни Абдурраҳмон, Абдуллоҳ ибни Касир, Абӯамр ибни Алоъ, Абдуллоҳ ибни Омир, Осим ибни Абиннуҷуд, Ҳамза ибни Ҳабиб, Алии Касоӣ.

Чаҳор нафар аз ин ҳафт нафар эронианд ва се нафар ғайриэронӣ. Аз чаҳор нафар эронӣ, ду тан шиъаанд ва аз се нафар ғайриэронӣ низ ду тан шиъаанд.

Алломаи ҷалил марҳум Сайидҳасани Садр дар китоби “Таъсисуш-шиъа ли улумил-ислом” (с.346) аз Шайх Абдулҷалили Розӣ нақл мекунанд, ки аксари пешвоёни илми қироат — аъамм аз маккӣ, маданӣ, куфӣ ва басрӣ ва ғайруҳум — аз адлия (шиъа ё мӯътазила) будаанд. Ба ҳар ҳол, чаҳор нафар аз ҳафт қории маъруф эронӣ будаанд:

1) Осим. Осим ба истилоҳ аз маволӣ аст. Дар илми қироат шогирди Абӯабдурраҳмон Салмо аст ва ӯ шогирди Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом будааст. Қироати Осимро беҳтарини қироатҳо медонанд. Дар “Райҳонатул-адаб” менависад: “Асли масоҳифро, ки навъан асли маъмулӣ дар китобат аст, мувофиқи қироати Осим навишта ва қироатҳои ҳар як аз қориёни дигарро бо таъйини исми қории он бо хатти сурх дар ҳавошӣ менавиштанд.” (с.426)

Осим дар Куфа мезиста ва дар ҳамонҷо даргузаштааст. Соҳиби “Маҷолисул-мӯъминин” ва баъзе дигар ва аз он ҷумла Аллома Сайидҳасани Садр (Таъсисуш-шиъа ли улумил-ислом, с.346) ба ташайюъи ӯ тасреҳ кардаанд. Вафоташ дар ҳудуди соли 130 ҳиҷрӣ воқеъ шудааст.

2) Нофеъ. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” тасреҳ мекунад, ки Нофеъ исфаҳониюласл аст ва сокини Мадина будааст. Дар “Райҳонатул-адаб” менависад, ки Нофеъ бисёр сиёҳранг буд ва дар фанни қироат имоми аҳли Мадина буд ва раъй ва қироати ӯ мавриди эътимоди эшон буд. Ӯ қироати худро аз Язид ибни Қаъқоъ, ки яке аз қориёни даҳгона аст ахз кард. Нофеъ дар соли 159 ва ё 169 даргузаштааст.

3) Ибни Касир. Ибни ан-Надим мегӯяд: “Гуфта шудааст, ки Ибни Касир аз авлоди эрониёнест, ки Анушервон онҳоро ба Яман фиристод, то ҳукуматро аз ҳабашиён гирифтанд ва ба Сайф ибни Зиязан, ки ба тазаллум ба дарбори Анушервон омада буд супурданд.”

Мо қаблан нақши муҳимми ин эрониёнро дар тарвиҷ ва тавсиъаи ислом дар он минтақа баён кардаем.

Дар “Райҳонатул-адаб” менависад: “Ибни Касир усули қироатро аз Муҷоҳид, аз Ибни Аббос, аз Алӣ алайҳис-салом ахз намуд. Вафоти Ибни Касир дар соли 120 ҳиҷрӣ воқеъ шудааст.”

4) Касоӣ. Мутобиқи он чӣ дар “Алфеҳрист”-и Ибни ан-Надим омадааст, номи вай Алӣ аст ва падараш Ҳамза ибни Абдуллоҳ ибни Баҳман ибни Фирӯз аст. Касоӣ аз машоҳири адаби арабӣ ва аз акобири наҳвийин аст. Ӯ муаллими фарзандони Ҳорун буд. Дар сафари Ҳорун ба Хуросон ҳамроҳи вай буд ва дар Рай даргузашт ва аз қазо Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ — фақеҳ ва қозиюлқузоти маъруф, ки ӯ низ ҳамроҳи Ҳорун буд, дар ҳамон рӯз даргузашт ва дар Рай дафн шуд.

Ҳорун гуфт, имрӯз фиқҳ ва арабиятро дар Рай дафн кардем. Вафоти Касоӣ дар охирҳои қарни дуввуми ҳиҷрӣ воқеъ шудааст. Касоӣ низ шиъа будааст.

* * *

Аммо тафсир. Дар замони Расули Акрам табъан мусалмонон мушкилоти худро дар бораи маъонӣ ва мафоҳими оятҳои Қуръон аз он ҳазрат мепурсиданд. Бархе аз саҳоба беш аз дигарон дар фаҳми маъонии Қуръон басират доштанд, аз ин рӯ аз ҳамон аввал ба унвони “марҷаъ” дар тафсири оятҳои Қуръон шинохта шуданд. Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Масъуд аз ин афроданд. Ибни Аббос дар ин ҷиҳат шӯҳрати бештаре дорад. Орои ӯ дар китобҳои тафсир зиёд нақл мешавад. Ибни Аббос шогирди Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом буд ва ба ин шогирдӣ ифтихор мекард ва ба худ меболид. Ибни Масъуд низ шиъа ва шогирди Алӣ алайҳис-салом аст. Дар китобҳои феҳрист аз як китоби тафсир таълифи Ибни Аббос ёд мешавад. Бархе муддаӣ ҳастанд, ки нусхае аз ин тафсир ҳамакнун дар китобхонаи салтанатии Миср мавҷуд аст.

Ибни Аббос бо ҳамаи табаҳҳуре, ки дар тафсир дошт мегуфт: “Дар муқобили Алӣ ҳамчун қатрае дар муқобили дарё ҳастам.”

Ҷорҷи Зайдон муддаист, ки то охири қарни аввали ҳиҷрӣ, тафсири Қуръон забон ба забон нақл мешуд ва нахустин касе, ки тафсири Қуръонро ба сурати китоб даровард, Муҷоҳид буд (вафотёфта дар 104 ҳиҷрӣ). Сипас амсоли Воқидӣ ва Табарӣ дар қарни дуввум ва севвум тафсирҳое навиштанд. (Торихи тамаддун, ҷ.3, с.95)

Вале албатта ин назар саҳеҳ нест. Ибни Аббос ва ҳатто Саъид ибни Ҷубайр пеш аз Муҷоҳид ба нигориши тафсир қиём кардаанд. Ин назари Ҷорҷи Зайдон тобеи як назари куллитаре аст, ки муддаӣ аст мусалмонон дар тамоми қарни аввал ҳеч таълифе надоштаанд. Назари Ҷорҷи Зайдон бо далоили қатъӣ мардуд шинохта шудааст. Мо дар зимни фусули оянда ба бутлони назари ӯ ишора хоҳем кард.

Эрониён ҳамон тавр ки ба фанни қироати Қуръон эҳтимом варзиданд, ба фанни тафсир низ эҳтимом варзиданд.

Эҳтимоми эрониён ба тафсиру фиқҳу ҳадис, ки мустақиман бо матни ислом марбут будааст, аз ҳар мавриди дигар бештар будааст. Барои мо феълан мумкин нест ҳамаи муфассирони эрониро аз садри ислом то асри ҳозир муаррифӣ кунем. Агар бинои чунин коре бошад “Маснавӣ ҳафтод манн коғаз шавад” . Дар ҳар қарне садҳо ва ҳазорҳо муфассир вуҷуд доштааст ва садҳо тафсир нигошта шудааст. Таҳқиқ дар бораи ҳамаи онҳо ва ҷудо кардани эрониён аз ғайриэрониён як умр вақт мехоҳад. Вале барои ин ки намунае аз хадамоти эрониён дар тафсир ироа дода шавад, кофист, ки назаре ба тафосири барҷаста ва муфассирони машҳур ва маъруф миёни мусалмонон биандозем; хоҳем дид, аксари ин муфассирон эронӣ будаанд.

Мо ин афродро аз миёни касоне интихоб мекунем, ки ё чун аз муфассирони аввалияанд, исмашон ва раъю назарашон зиёд дар тафосир зикр мешавад ва ё тафсири барҷаста ва қобили таваҷҷӯҳ аз онҳо ба ёдгор мондааст.

Дастаи аввал яъне муфассирони аввалия, ки ороашон дар китобҳои тафсир зиёд нақл мешавад, баъзе саҳобӣ ва баъзе тобеӣ ва баъзе аз шогирдон ва ё шогирдони шогирдони тобеин будаанд аз қабили Ибни Аббос, Ибни Масъуд, Убай ибни Каъб, Садӣ, Муҷоҳид, Қатода, Муқотил, Калбӣ, Субейъӣ, Аъмаш, Саврӣ, Зуҳрӣ, Ато, Икрима, Фарроъ ва ғайри инҳо.

Баъзе аз инҳо шиъаянд ва баъзе ғайришиъа ва ҳамчунин баъзе эронианд ва баъзе ғайриэронӣ. Бадеҳист, ки дар ин табақа ғалаба бо ғайриэрониён аст. Танҳо чанд нафар аз инҳо яъне Муқотил ва Аъмаш ва Фарроъ эронианд ва боқӣ ғайриэронӣ.

Муқотил ибни Сулаймон аз аҳли Хуросон ва ё аз аҳли Рай аст. Дар қарни дуввум мезиста ва дар соли 150 даргузаштааст. Муқотил аз аҳли тасаннун ба шумор меравад. Шофеӣ дар борааш таъбире муболиғаомез дорад, мегӯяд: “Мардум дар тафсир, аёли Муқотил мебошанд”.

Сулаймон ибни Меҳрони Аъмаш ба нақли “Райҳонатул-адаб” (с.154) аслан аҳли Дамованд аст ва дар Куфа мутаваллид шуда ва дар ҳамонҷо сукно гузидааст. Сулаймон шиъа аст ва уламои аҳли тасаннун низ ӯро сутудаанд. Аъмаш ба латифагӯӣ маъруф аст. Достонҳое аз латоифи ӯ нақл мешавад. Аъмаш дар ҳудуди соли 150 ҳиҷрӣ даргузаштааст.

Фарроъ Яҳё ибни Зиёди Ақтаъ аз маъорифи луғавийин ва наҳвийин аст. Номаш дар китобҳои адаби арабӣ зиёд бурда мешавад. Фарроъ шогирди Касоӣ ва мураббии фарзандони Маъмун будааст. Соҳиби “Риёзул-уламо” ва ҳамчунин соҳиби “Таъсисуш-шиъа” ба ташайюъи вай тасреҳ кардаанд. Фарроъ эронӣ аст, падараш Зиёди Ақтаъ дар вақъаи маъруфи Фах, ҳамроҳи шаҳиди Фах, Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан буд; дасташро ба муҷозот буриданд ва аз ин рӯ ба “Ақтаъ” маъруф шуд. Фарроъ дар соли 207 ё 208 ҳиҷрӣ даргузашт.

Аз ин табақа, ки бигзарем, мерасем ба табақае, ки дар тафсир китоб таълиф кардаанд. Ҳамчунон ки қаблан ишора шуд, китобҳои тафсирӣ, ки дар шиъа ва суннӣ навишта шудааст, аз ҳадди эҳсо хориҷ аст. Танҳо ба зикри маъруфтарин тафосире, ки ҳамакнун дар миёни шиъа ва суннӣ роиҷ аст иктифо менамоем. Баҳси худро аз тафосири шиъа оғоз мекунем.

Муфассирони шиъа тақсим мешаванд ба муфассирони асри имомон ва муфассирони асри ғайбат. Бисёре аз асҳоби имомон, ки баъзе аз онҳо эронӣ ҳастанд, тафсир навиштаанд аз қабили Абӯҳамзаи Сумолӣ, Абӯбасири Асадӣ, Юнус ибни Абдурраҳмон, Ҳусайн ибни Саъиди Аҳвозӣ, Алӣ ибни Маҳзиёри Аҳвозӣ, Муҳаммад ибни Холиди Бурқии Қумӣ, Фазл ибни Шозони Нишопурӣ.

Муфассирони асри ғайбат фаровонанд. Мо дар инҷо ба унвони намуна танҳо ба зикри номи китобҳои тафсири маъруф миёни шиъа мепардозем. Аз ҳамин намуна маълум мешавад бештари тафосири шиъиро шиъаёни эронӣ таълиф кардаанд:

1) Тафсири Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ. Ин тафсир аз маъруфтарин тафосири шиъа аст. Акнун мавҷуд аст ва чоп шудааст. Падари Алӣ ибни Иброҳим аз Куфа ба Қум мунтақил шуд. Баъид нест, ки Алӣ ибни Иброҳим як эронии арабнажод бошад. Вай аз машойихи Шайх Кулайнӣ аст ва то соли 307 дар қайди ҳаёт будааст.

2) Тафсири Айёшӣ. Муаллифи ин тафсир Муҳаммад ибни Масъуди Самарқандӣ аст. Аввал мазҳаби аҳли тасаннун дошт ва баъд ба ташайюъ гароид. Муосири Шайх Кулайнӣ аст. Аз падараш 300 ҳазор динор ба ӯ ирс расид, ҳамаро сарфи насху муқобилаву истинсох ва ҷамъи китоб кард. Хонааш ба шакли як мадраса даромада буд; ҳар кас ба як кори илмӣ гумошта шуда буд ва кори худро анҷом медод ва ҳазинаи ҳамаро Айёшӣ таъмин мекард.

Айёшӣ илова бар тафсир ва ҳадис ва фиқҳ, дар тиббу нуҷум дасте доштааст. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” аз ӯ ёд карда ва китобҳои фаровоне аз ӯ ном бурда ва муддаӣ шуда, ки китобҳои Айёшӣ дар Хуросон ривоҷи зиёде дорад. Айёшӣ эронӣ аст, вале зоҳиран арабнажод аст. Ибни ан-Надим мегӯяд: Гуфта шуда, ки тамимиюласл аст. Айёшӣ аз уламои қарни севвуми ҳиҷрӣ маҳсуб мешавад.

3) Тафсири Нӯъмонӣ. Муаллифи ин тафсир, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Иброҳим аст. Аҳёнан ба номи Ибни Абизайнаб хонда мешавад. Шогирди Шайх Кулайнӣ аст. Соҳиби “Таъсисуш-шиъа” мегӯяд: Нусхае аз тафсири Нӯъмонӣ дар китобхонаи эшон ҳаст. Нӯъмонӣ маълум нест, ки аҳли Ироқ (ҳудуди Восит) аст ё аҳли Миср. Нӯъмонӣ аз уламои қарни чаҳорум маҳсуб мешавад.

Нӯъмонӣ духтарзодае дорад ба номи Абулқосим Ҳусайн маъруф ба Ибни ал-Марзбон ва Вазири Мағрибӣ. Ин мард ба Яздиҷирди Соcонӣ насаб мебарад ва назар ба ин ки чанд навбат ба вазорат расидааст, ба “Вазири Мағрибӣ” маъруф аст. Ибни ал-Марзбон дар 14- солагӣ Қуръони Маҷидро ҳифз кард, дар наҳв, луғат, ҳисоб, ҷабр, ҳандаса, мантиқ ва бархе фунуни дигар моҳир буд, адиб ва нависандае тавоно буд.

Ибни ал-Марзбон китобе дорад ба номи “Хасоисул-Қуръон”. Дар соли 418 ва ё 428 даргузаштааст ва тибқи васияти худаш ҷанозаашро аз Бағдод ба Наҷаф мунтақил карданд ва дар ҷивори марқади Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом дафн намуданд.

4) Тафсири Тибён. Муаллифи ин тафсир Шайхуттоифа Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ аст. Дар адабиёт, калом, фиқҳ, тафсир, ҳадис имом ва пешво будааст. Дар соли 385 таваллуд ёфт ва бинобар ин акнун дар ҳудуди 1000 сол аз таваллуди ин ситораи дурахшони ислом мегузарад. Соли гузашта ба ҳамин муносибат кунгираи ҳазораи вай дар Машҳад таъсис шуд ва гурӯҳи зиёде аз донишмандон аъамм аз мусалмон ва ғайримусалмон ва аъамм аз шиъа ва суннӣ дар он ширкат доштанд. Шайх Тӯcӣ дар соли 460 ҳиҷрӣ даргузаштааст. Ин марди бузург дар 23-солагӣ аз Хуросон ба Ироқ омад ва аз маҳзари Шайх Муфид ва Сайид Муртазо Аламулҳудо истифода кард ва сипас худаш пешвои ташайюъ дар асри худ гашт. Дар аъсори баъд низ ҳамвора дар саффи муқаддами уламои шиъа қарор доштааст. Дувоздаҳ соли охири умри худро ба воситаи ҳаводиси ногуворе, ки дар Бағдод рух дод, аз онҷо ба Наҷаф мунтақил шуд. Ҳавзаи илмияи Наҷафро ин марди бузургвор таъсис кард, ки ҳамакнун пас аз ҳазор сол ба ҳаёти илмӣ ва динии худ идома медиҳад.

5) Маҷмаъул-баён. Муаллифи ин тафсир Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ аст. Аслан аҳли Тафриш аст. Дар зилқаъдаи 536 аз таълифи ин тафсир фароғат ёфтааст. “Маҷмаъул-баён” аз назари адабӣ ва ҳусни таълиф беҳтарин тафсир аст. Шиъа ва суннӣ барои ин тафсир аҳаммияти фаровон қоиланд. Мукаррар дар Эрон ва Миср ва Бейрут чоп шудааст. Табарсӣ тафсири мухтасаре дорад ба номи “Ҷавомеъул-ҷомеъ”. Табарсӣ пас аз фароғ аз “Маҷмаъул-баён” ба тафсири Кашшоф, ки тавассути муосири номдораш Ҷоруллоҳи Замахшарӣ таълиф ёфта буд вуқуф ёфт ва писандид ва дар он нукоте аз ҷанбаҳои адабӣ ёфт, ки аз худаш дар “Маҷмаъул-баён” фавт шуда буд. Тафсири “Ҷавомеъул-ҷомеъ”-ро бо таваҷҷӯҳ ба латоифи Кашшоф нигошт.

Албатта аҳли фанни тафсир медонанд ҳарчанд бархе нукот хусусан аз ҷанбаи фанни балоғат дар Кашшоф ҳаст, ки дар “Маҷмаъул-баён” нест, нукоти зиёди адабӣ ва тафсирӣ дар “Маҷмаъул-баён” ёфт мешавад, ки дар Кашшоф вуҷуд надорад.

6) “Равзул-ҷинон” маъруф ба тафсири Абулфатуҳи Розӣ. Ин тафсир ба забони форсӣ аст ва аз маъруфтарин ва ғанитарин тафосири шиъа аст. Фахруддини Розӣ ва — ба иддаои баъзе — Табарсӣ низ аз ин тафсир зиёд истифода кардаанд. Ин тафсир дар чиҳил соли ахир мукаррар дар Эрон чоп шудааст. Абулфатуҳ нишопуриюласл аст, вале дар Рай мезистааст. Абулфатуҳ аз эрониёни арабнажод аст. Насабаш ба ҷаноби Абдуллоҳ ибни Бадил ибни Варқоъ мерасад, ки аз саҳобаи Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом буд ва дар Сиффин ифтихори ҳузури рикоби он ҳазратро дошт.

Абулфатуҳ муосири Табарсӣ ва Замахшарӣ аст ва назди шогирдони Шайх Тӯcӣ таҳсил кардааст. Торихи дақиқи вафоташ дар даст нест. Қадри мусаллам ин аст, ки дар авосити қарни шашуми ҳиҷрӣ мезистааст. Қабраш ҳамакнун дар шаҳри Рай маъруф аст.

7) Тафсири Софӣ. Муаллифи ин тафсир ҳаким ва ориф ва муҳаддис ва муфассири маъруф Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ аст. Аз машоҳири уламои шиъа аст ва дар қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ мезистааст. Ин марди бузург умри пурбаракате дошта ва ба касрат ва ҷавдати таълиф маъруф аст.

Марҳуми Файз дар оғози умр дар Қум иқомат дошт. Мадрасаи Файзия ба номи ӯ маъруф шуд. Аз Қум ба Шероз мусофират кард ва илми ҳадисро назди Сайидмоҷиди Баҳронӣ, ва фалсафа ва ирфонро назди ҳаким ва орифи баландқадр Садрулмутаалиҳин омӯхт ва духтари Садроро ба занӣ гирифт. Вафоти Файз дар соли 1091 дар Кошон воқеъ шудааст.

8) Тафсири Муллосадро. Садрулмутаалиҳин ё Муллосадро шӯҳраташ ба фалсафа ва ирфон аст ва худ дар ин ришта соҳиби мактаб аст, вале дар тафсир ва шарҳи аҳодис ҳам табаҳҳуре басазо доштааст. “Усули Кофӣ”-ро шарҳ кардааст ва сураи Бақараро то ояти 65:

وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ الَّذِينَ اعْتَدَواْ مِنكُمْ فِي السَّبْتِ فَقُلْنَا لَهُمْ كُونُواْ قِرَدَةً خَاسِئِينَ

… ва ҳамчунин сураҳои Алиф лом мим Саҷда, Ёсин, Воқеъа, Ҳадид, Ҷумъа, Ториқ, Аъло, Изо зулзилат, ва ояҳои оятулкурсӣ, ояти Нур ва ояти

وَتَرَى الْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً

-ро тафсир кардааст. Тафсири Муллосадро ҳарчанд тамом нест, вале муфассал аст ва тақрибан ба андозаи Тафсири Софӣ аст. Чандин бор дар Эрон чоп шудааст. Вафоти Муллосадро дар Басра дар соли 1050 дар ҳафтумин сафари вай ба ҳаҷ, ки ҳамвора пиёда мерафтааст иттифоқ афтод.

9) Минҳоҷус-содиқин. Ин тафсир ба забони форсӣ аст ва дар се ҷилди бузург дар Табриз ба чопи сангӣ чоп шудааст. То сӣ чиҳил соли ахир ягона тафсири форсии мутадовал буд. Муаллифи ин тафсир марҳум Мулло Фатҳуллоҳ ибни Шукруллоҳи Кошонист, ки дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ мезистааст. Ғолиби таълифоти ин мард ба забони форсӣ аст; аз ҷумлаи онҳост шарҳи Наҳҷул-балоға, ки албатта тарҷумаест форсӣ бо шарҳе мухтасар.

10) Тафсири Шуббар. Муаллифи ин тафсир Сайидабдуллоҳи Шуббар аст. Ин марди шариф муосири Кошифулғито ва Мирзои Қумӣ будааст. Марде бисёр мутатаббеъ ва мутабаҳҳир ва мутаъаббид будааст. Таълифоти зиёде дар фиқҳ, усул, калом, ҳадис, риҷол ва тафсир доштааст. Вай дар соли 1242 ҳиҷрӣ вафот ёфт ва дар ҷивори Козимайн алайҳимас-салом дафн шуд.

11) Тафсири бурҳон. Муаллифи ин тафсир марҳум Сайидҳошими Баҳрайнист, ки аз муҳаддисин ва мутатаббиъини маъруфи шиъа ба шумор меравад. Ин тафсир тибқи мазоқи ахборийин аст, ки Қуръонро танҳо бо ҳадис қобили тафсир медонанд бидуни ҳеч тавзеҳи дигаре ва ҳатто бидуни ин ки кучактарин тавзеҳе дар бораи ҳамон аҳодис ва кайфияти тафсирии он аҳодис дода шавад, балки сирфан ба ин сурат, ки аҳодиси марбута нақл гардад ва ба ҳамон нақл иктифо шавад. Сайидҳошими Баҳрайнӣ дар соли 1107 ё 1109 даргузаштааст.

12) Нурус-сақалайн. Нависандаи ин тафсир яке аз уламои ҳувайзист, ки дар Шероз маскан доштааст. Муосири марҳуми Маҷлисӣ ва Шайх Ҳурриомилӣ аст. Дар ин тафсир низ иноят ба нақли ахбор ва аҳодис аст. Номи муаллиф Шайх Абдулалӣ ибни Ҷумъа аст. Торихи дақиқи вафоташ маълум нест.

Тафосире, ки ном бурда шуд, маъруфтарин ва машҳуртарин тафосири шиъа то қарни 13 ҳиҷрист, ки чоп шуда ва тақрибан дар дасти ҳамаи касоне, ки ба тафосири шиъӣ алоқаманданд мавҷуд аст, ва агар афроди ғайришиъӣ бихоҳанд ба тафосири шиъа муроҷиа кунанд, ба ин тафосир муроҷиа мекунанд. Дар қарни чаҳордаҳум низ тафосири зиёд ва пурарҷе таълиф ёфтааст ва ё дар ҳоли таълиф аст; мо аз зикри онҳо худдорӣ кардем.

Агар касе бихоҳад оморе то ҳудуди имкон аз тафосири шиъӣ ба даст оварад, бояд ба китоби бисёр пурарҷи “Аззариъа ило тасонифиш-шиъа” таълифи алломаи ҷалил марҳум Ҳоҷ Шайх Оқобузурги Теҳронӣ муроҷиа кунад.

Аз намунае, ки ба даст додем, маълум шуд тақрибан ҳамаи тафосири маъруфи имрӯзи шиъа ё аз эрониёни эронинажод аст ва ё аз арабнажодоне, ки эронӣ шуда буданд ва ё аз шиъаёни сокини савоҳили халиҷи Форс, ки дар Эрон мезистаанд.

Дар бахши баъдӣ дар бораи тафосири аҳли суннат баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: