“Мо набоистӣ ба саҳюнистҳо иҷоза диҳем, то барои мо дастури кор таъйин кунанд”

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дирӯз (сешанбе, 01.08.2017) ) дар нишасти фавқулъодаи Кумитаи иҷроии Созмони ҳамкории исломӣ дар хусуси вазъияти Қудси шариф дар Истонбул, тайи суханоне, зимни қадрдонӣ аз давлат ва мардуми Туркия барои мизбонии ин нишаст, унвон кард: “Мо охирин ришта аз таҷовузҳои саҳюнистӣ, ки дар беэътиноии комил ба ҳуқуқи байналмилал ва бо ҳадафи тағйири вазъияти таърихии ҳарами шариф, тағйири таркиби ҷамъиятӣ ва контрол бар амокини муқаддасаи исломӣ дар қалби Қудси ишғолӣ сурат гирифтро қавиян маҳкум мекунем.”

Зариф изофа кард: “Мо ба мардуми Фаластин ифтихор мекунем, ки бо муқовамати қаҳрамононаи худ, ба ин иқдоми таҷовузкорона поён доданд.”

Вай афзуд: “Қудси шариф дар натиҷаи муҳосираи тӯлонии ин шаҳр, истҳои бозрасӣ, нерӯҳои ишғолгар, шаҳраксозиҳои ғайриқонунӣ, иқдомоти мусаллаҳона ва хашини шаҳракнишинон, таҳқир, табъиз ва саркӯби сокинини Фаластин, хафа шудааст. Аз сӯи дигар, мо набояд вазъияти ду милюн фаластинии сокини Ғазза, ки таҳти муҳосираи ғайриқонунӣ, муҷозотҳои дастаҷамъӣ қарор гирифта ва аз ниёзҳои аввалия ва ҳатто ҳаётиашон дар замина дору, оби солим ва энержӣ маҳрум шудаандро низ фаромӯш кунем. Ин кобуси инсонӣ ниёзманди иқдоми оҷил аз тариқи поён додани фаврӣ ба муҳосира аст.”

Зариф унвон кард: “Режими Исроил ҳамчунон ба тамомии дархостҳои ҷаҳонӣ барои таваққуф ва тағйир дар сиёсатҳо ва иқдомоти нажодпарастонааш алайҳи мардуми Фаластин, беэътиноӣ мекунад. Мо уммати исломӣ бояд ибтидо ва беш аз ҳар чиз, бо ҳам барои пӯйиши ҷаҳонӣ ва якпорча, муттаҳид шуда ва талошҳои режими саҳюнистиро барои махфӣ нигоҳ доштани барномаҳо ва иқдомоти муҷримонаашон хунсо кунем.”

Вай гуфт: “Ҳамаи мо бояд бо ҳар гуна талоше, ки таваҷҷӯҳи ҷамъии моро аз ҳадафи аслӣ, ки моро дар Созмони ҳамкории исломӣ гирди ҳам оварда дур мекунад, муқобила кунем. Мо набояд ба ҳеч чиз ва ҳеч кас иҷоза диҳем, то ормони аслии ин созмонро, ки иртиқои ваҳдати уммати исломӣ, муқобила бо тавсиъаталабӣ ва ишғолгарии саҳюнистӣ ва ҳимоят аз таъсиси давлати мустақил ва пойдори фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф аст, мунҳариф кунад.”

Зариф тасреҳ кард: “Мо набоистӣ ба саҳюнистҳо иҷоза диҳем, то барои мо дастури кор таъйин кунанд ё масоили ҷадиде халқ кунанд ва дар натиҷаи он, аз ҷиноёте, ки алайҳи ҳамаи мо муртакиб шудаанд, масуният ёбанд.”

Зариф идома дод: “Кишварҳои исломӣ набояд бо жестҳои тухолӣ ва сароби ғайривоқеии ваъда ва ваъидҳои онҳо гумроҳ шаванд.”

Вазири хориҷаи Эрон хотирнишон кард: “Зарурӣ аст то мо бо як садо бо ҷомеаи байналмилалӣ ба вежа Шӯрои амнияти Милали Муттаҳид сухан бигӯем ва аз онҳо бихоҳем, то ба фарҳанги бекайфарӣ барои режими Исроил поён дода ва ин режимро маҷбур кунад, то барномаҳо ва ҷиноёташро мутаваққиф кунад.”



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: