“Теруристҳо ба дунболи эҷоди даргирии мазҳабӣ дар Афғонистон ҳастанд”

Раиси иҷроии давлати Афғонистон дар вокуниш ба инфиҷори масҷиди “Ҷаводия” дар Ҳирот таъкид кард: “Теруристҳо барои эҷоди даргирии мазҳабӣ дар ин кишвар талош мекунанд, аммо муваффақ нахоҳанд шуд.”

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон, бо маҳкум кардани ҳамлаи теруристӣ ба масҷиди “Ҷаводия” дар Ҳирот, эълом кард, ки теруристҳо барои эҷоди даргирии мазҳабӣ дар Афғонистон талош мекунанд, аммо мардуми ин кишвар қурбонии ин тавтиъаҳо намешаванд.

Вай дар баёнияе таъкид кард: “Теруристҳои такфирӣ ба ҳеч ойин ва мазҳабе таъаллуқ надоранд ва ба ҳеч арзиши инсонӣ ва ахлоқӣ пойбанд нестанд.”

Шаби гузашта ду муҳоҷими интиҳорӣ, ки гуфта мешавад вобаста ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ҳастанд, ба намозгузорон дар масҷиди “Ҷаводия” дар минтақаи Бакрободи Ҳирот ҳамла карданд. Дар ин ҳамла 30 намозгузор шаҳид ва дастикам 64 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар баёнияи раиси иҷроии давлати Афғонистон омадааст: “Теруристҳои ҷинояткор ва номусалмон бори дигар бо ҳамла ба намозгузорон дар Ҳирот, шуморе аз ҳамватанони бегуноҳро ба шаҳодат расонданд.”

Абдуллоҳ таъкид кард, ки гурӯҳи теруристӣ посухи ҳамалоти ҷинояткоронаи худро дарёфт хоҳад кард.

То кунун ба таври расмӣ фард ё гурӯҳе ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, аммо гуфта мешавад, ки ин ҳамларо афроди вобаста ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ анҷом додаанд.

Гурӯҳи Толибон дар соатҳои аввалияи пас аз ин ҳамла, бо интишори баёнияе, ҳамла ба масҷидро маҳкум ва рад кард.



Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: