Фалсафа ва равиши реализм (100)

Зарурат ва имкон (2)

Муқаддима (2)

Ин баҳс илмист ё фалсафӣ?

Мумкин аст барои касоне, ки ҳудуди ҳиссу ақл ва ҳудуди илму фалсафаро дуруст бознашнохтаанд, ин таваҳҳум пеш ояд, ки ин масъаларо аз тариқи “улум” метавон ҳал кард, ба ин баён, ки: ҳар илме моро ба як силсила масоили зарурӣ ва қонунҳои қатъӣ ҳидоят мекунад; масалан, агар “шимӣ” ба мо мегӯяд, натиҷаи фалон фурмул фалон таркиб аст, маънояш ин аст, ки ба таври зарурат ва вуҷуб ин натиҷаро дорад, ва агар “физик” хоссиятҳои модда ва қувва ва қонунҳои ҳаракатро баён мекунад, ба таври зарурат ва ҷабр ва тахаллуфнопазир баён мекунад, ва агар “ҳандаса” мегӯяд, хоссияти фалон шакл фалон чиз аст, яъне ба таври зарурат ва ҷабр он хоссият собит аст ва хилофаш маҳол ва мумтанеъ аст, ва ҳамчунин соири улум. Пас, ҳар илме моро ба як силсила қоъидаҳои зарурӣ ва навомиси қатъӣ ҳидоят мекунад ва мо метавонем бигӯем, тибқи роҳнамоии улум — ва ё лоақал бигӯем, то он ҷо, ки улум нишон медиҳад — як силсила низомоти қатъӣ ва навомиси зарурӣ бар ин ҷаҳон ҳукумат мекунад.

Вале агар хонандаи мӯҳтарам он чиро дар мақолаи 1 дар мақоми фарқи фалсафа ва илм гуфтем дар назар дошта бошад, медонад, ки синхи баҳси илмӣ ин аст, ки ҳамвора мавзӯеро мафрузулвуҷуд мегирад ва ба таҳқиқ дар бораи хоссиятҳои он мавзӯъ мепардозад, ва аммо ин ки фалон чиз оё мавҷуд аст ё мавҷуд нест ва ба фарзи вуҷуд, вуҷудаш чӣ гуна вуҷудест, бо синхи баҳси дигаре, ки номашро “фалсафа” гузоштаем қобили таҳқиқ аст ва илм наметавонад ба таҳқиқи ин умур бипардозад, ва агар бипардозад хоҳ нохоҳ синхи баҳс ва мавзӯи баҳс ва методи таҳқиқ ва васоил ва абзорҳои таҳқиқ яъне усули мутаорафа ва мавзӯае, ки ба кор бурда мешавад, ҳама иваз мешавад ва табдил ба фанни дигаре мешавад, ки номашро “фалсафа” гузоштаем.

Бинобар ин, дар ин ҷо, ки дар мақоми таҳқиқ аз зарурат ва лозарурати мавҷудот ҳастем, хоҳ нохоҳ бояд аз равиши баҳси фалсафӣ истифода кунем ва бо усули мутаорафа ё мавзӯаи фалсафӣ даст ба кор шавем. Ва сониян, фарзан, ки равиши махсуси улум битавонад моро ба зарурати қисмате аз низоми мавҷудот воқиф созад, аммо аз он ҷое, ки ҳавзаи таҳқиқоти улум маҳдуд аст ва танҳо коре, ки аз илме аз улум бармеояд ин аст, ки хоссиятҳои шайъ ё ашёи муайянеро баён мекунад, таҳқиқоти мо дар бораи низоми мавҷудот, маҳдуд хоҳад шуд ба мавзӯъоте, ки улум ба онҳо дастрасӣ пайдо кардаанд ва хоссиятҳои онҳоро шинохтаанд. Ва аммо ҳавзаи таҳқиқоти фалсафӣ чун ҷанбаи куллӣ ва умумӣ ва иҳотӣ дорад ва ба таврест, ки моварои он адам аст, яъне моварое надорад, қаҳран шомили низоми куллии мавҷудот аст. Ва қадри мутаяққан ин аст, ки ин масъала агар қобили таҳқиқ бошад, танҳо аз тариқи фалсафӣ қобили таҳқиқ аст, ва агар қобили таҳқиқ нест, аз ҳеч тариқе нест.

Ва солисан, ҳарчанд ҳамон тавре, ки дар зимни ишкол баён шуд, ҳар илме қоъидаҳо ва масоили хешро ба сурати зарурӣ ва ҷабрӣ баён мекунад, вале аз баёни ин ҷиҳат оҷиз аст, ки чаро зарурӣ ва ҷабрӣ ва тахаллуфнопазир аст ва маншаи ин зарурат ва ҷабр чист? Ва ин аҷз дар улуми табиӣ ва таҷрибӣ ошкортар аст, зеро ҳаддиаксари як фарзия ва назарияи табиӣ он аст, ки ҳиссу таҷрибаҳои мукаррар онро таъйид кардааст, ва албатта он чӣ ҳиссу таҷриба ба мо ифода мекунад ин аст, ки он чӣ дар табиат воқеъ шуда ва мешавад ин гуна аст, ва аммо ин ки чаро ва ба чӣ ҷиҳат бояд ҳатман чунин бошад ва хилофаш маҳол ва мумтанеъ аст, аз ӯҳдаи ҳиссу таҷриба берун аст ва ночор бояд даст ба домони як навъ далоили дигаре шуд, ки ҳамоно далоили фалсафӣ аст.

Ҳақиқат ин аст, ки ҳамаи улум ва ба хусус улуми табиӣ, бо истиноди зимнӣ ба як “асли мавзӯъ” масоили худро ба сурати зарурӣ ва қатъӣ баён мекунанд, ва он асли мавзӯъ “асли зарурати низоми вуҷуд” аст. Ин асл, ки дар улум ба манзилаи “асли мавзӯъ” ба кор бурда мешавад, ҷузъи масоили аслии фалсафа аст, ва ин худ яке аз ҷиҳоти ниёзмандии улум ба фалсафа аст, ки дар мақолаи 1 иҷмолан ишора шуд. Ва агар бо равиши фалсафӣ — яъне бо тафаккури ақлонӣ — дар бораи “вуҷуд ва мавҷуд” дар мабҳасе, ки фалосифа онро “мабҳаси маводди сегонаи ақлӣ” мехонанд, зарурӣ будани низоми мавҷудотро битавонем исбот кунем ва маншаи ин заруратро натавонем нишон диҳем, қаҳран наметавонем масоили улумро зарурӣ ва қатъӣ талаққӣ кунем, балки наметавонем он масоилро ба унвони “қонуни илмӣ” бипазирем; зеро қонуни илмӣ ҳангоме сурати қонуни илмӣ ба худ мегирад, ки зеҳн онро ба сурати қатъӣ ва хилофнопазир талаққӣ кунад, ва илло ҳеч фарқе байни “қонуни илмӣ” ва “фарзи эҳтимолӣ” нахоҳад буд. Пас, баёни ин ки ин зарурат ва вуҷуб аз куҷо ношӣ шуда танҳо бо тарзи таҳқиқи фалсафӣ муяссар аст.

* * *

Маншаи зарурат ва имкон

Дар ин ҷо мо ақоиди дигаре, ки дар ин замина иброз шуда баён мекунем ва аз қадимтарин замонҳо шурӯъ мекунем то зимнан сайри таҳаввулии ин масъаларо низ филҷумла баён карда бошем ва назарияи худро баъдан таҳти унвони “асолати вуҷуд, ва зарурат ва имкон” баён хоҳем кард.

Он чӣ аз замонҳои бисёр қадим дар ин замина расида ин аст, ки ҳар як аз “зарурат” ва “имкон” ва “имтиноъ” хоссияти махсуси бархе аз моҳиятҳо ва зотҳо ҳастанд. Яъне моҳиятҳо биззот мухталифанд ва хоссияти баъзе аз онҳо “зарурати вуҷуд” ва хоссияти баъзе “имкони вуҷуд” ва хоссияти баъзе “имтиноъи вуҷуд” аст, ва аз ин рӯ моҳиятҳо аз ин лиҳоз бар се қисманд:

1) Воҷибулвуҷуд;

2) Мумкинулвуҷуд;

3) Мумтанеъулвуҷуд.

Ин даста “воҷиб” ва “мумкин” ва “мумтанеъ”-ро ин тавр таъриф кардаанд: “Воҷиб он аст, ки зот ва моҳияташ муқтазии вуҷудаш аст”. Ва “мумтанеъ он аст, ки зот ва моҳияташ муқтазии адамаш мебошад”. Ва “мумкин он аст, ки зот ва моҳияташ нисбат ба вуҷуд ва адам, лоиқтизост”.

Баъдан фалосифа андаке дақиқ шуданд ва ин баёнро хеле ноқис, балки кӯдакона диданд ва гуфтанд: зоте, ки худаш муқтазии вуҷуд ё муқтазии адами хеш бошад маъно надорад, ва чӣ гуна мумкин аст, ки як чиз худаш вуҷуддиҳанда ё маъдумкунандаи худаш бошад? Ва гуфтанд: агар воҷибулвуҷуде дошта бошем, ба ин маъност, ки зотест, ки вуҷудаш аз ноҳияи иллати хориҷӣ ба вай нарасида. Ва агар мумтанеъулвуҷуде дошта бошем, ба ин маъност, ки адамаш маълули иллати хориҷӣ нест. На ин ки воҷибулвуҷуд зотест, ки худаш вуҷуддиҳандаи хеш аст ва мумтанеъулвуҷуд зотест, ки худаш маъдумкунандаи хеш аст. Оре, ин қадр метавон гуфт, ки воҷибулвуҷуд зот ва моҳиятест, ки агар ақл онро тасаввур кунад, мавҷудиятро аз ҳоққи зоти он моҳият интизоъ мекунад — ҳамон тавре, ки чун адади 4-ро тасаввур мекунад, ҷуфт буданро аз ҳоққи зоти вай интизоъ мекунад ва хилофи онро маҳол медонад. Ва мумтанеъулвуҷуд моҳиятест, ки агар ақл онро тасаввур кунад, маъдумиятро аз ҳоққи зоти вай интизоъ мекунад. Пас, воҷибулвуҷуд зотест, ки аз ноҳияи ғайр ва маълули ғайр нест ва ақл аз ҳоққи зоти вай мавҷудиятро интизоъ мекунад. Ва мумтанеъулвуҷуд зотест, ки ба худии худ ва қатъи назар аз иллати хориҷӣ, маъдум аст ва ақл аз ҳоққи зоти вай маъдумиятро интизоъ мекунад. Ва мумкинулвуҷуд зотест, ки аз ноҳияи ғайр ва маълули ғайр аст ва ба таврест, ки ақл аз зоти вай бо қатъи назар аз шайъи хориҷӣ на мавҷудиятро интизоъ мекунад ва на маъдумиятро.

Вале баъдан, ки фалосифа дар илоҳиёт ғаври бештаре карданд ва рӯйи бурҳонҳои махсусе хоссиятҳои воҷибро ба даст оварданд, собит карданд, ки агар воҷибулвуҷуде дошта бошем, мумкин нест, ки он воҷибулвуҷуд монанди соири ашё мураккаб бошад аз моҳияте ва вуҷуде, балки воҷибулвуҷуд бояд вуҷуди маҳз ва ҳувияти сирф бошад. Ва аз ин рӯ таърифи воҷибулвуҷуд ба “моҳияте, ки мавҷудият аз ҳоққи зоташ интизоъ мешавад” низ саҳеҳ нест, балки таърифи саҳеҳи воҷибулвуҷуд ин аст: “Ҳақиқате, ки вуҷуди сирф аст ва қоим ба зоти хеш мебошад”.

Мутобиқи назарияи ин идда аз фалосифа, асоси ду назарияи боло дар мақоми баёни маншаи зарурат ва имкон ва имтиноъ, ки ҳар як аз ин серо хоссияти моҳияте аз моҳиятҳо медонистанд, ғалат аст, зеро чунонки дидем, вуҷуби зотӣ наметавонад хоссияти моҳияте аз моҳиятҳо бошад, балки агар вуҷуби зотӣ дошта бошем — яъне агар воҷибулвуҷуди биззоте дошта бошем, ки “вуҷуб” хоссияти зотии ӯст — ӯ бояд вуҷуди маҳз ва ҳувияти сирф (биломоҳият) буда бошад.

Хонандаи мӯҳтарам таваҷҷӯҳ дорад, ки феълан дар мақоми баёни назарияҳои фалосифа дар бораи маншаи зарурат ва имкон ҳастем ва ин матлабро монанди як идда матолиби дигар муқаддимаи исботи “асли зарурати низоми мавҷудот” қарор додаем ва феълан назаре ба исботи зоти воҷибулвуҷуд ва ин ки ба чӣ далел воҷибулвуҷуде дорем, ва оё воҷибулвуҷуд вуҷуди сирф аст ва моҳият надорад, ё ин тавр нест, ва хоссиятҳои воҷибулвуҷуд чӣ чизҳое бояд буда бошад, надорем. Аз лиҳози фалсаӣ, масъалаи исботи воҷиб муъаххар аст аз ин масъала. Ва он чӣ дар ин мақола гуфта мешавад, муқаддима ва поя аст нисбат ба он масъала ва фаҳмидани он чӣ дар ин ҷо гуфта мешавад, барои ҳалли он муаммо фавқулъода дахил аст, ва охирин мақолаи ин силсиламақолот ба масъалаи исботи воҷиб ва мутафарреъоти он ихтисос дода шуда, ва албатта дар ин мақола баъд аз он ки собит шуд низоми мавҷудот низоми вуҷубӣ аст ва собит шуд, ки ҳар зарурати билғайре мунтаҳӣ мешавад ба зарурати биззот, хоҳ нохоҳ иҷмолан ин матлаб низ ба миён хоҳад омад, ки вуҷуди мумкин мунтаҳӣ ба воҷибулвуҷуд аст. Дар мақоми баёни маншаи зарурат ва имкон, назарияи 4-уме ҳаст, ки анқариб гуфта хоҳад шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: