Шарҳи Маснавӣ (200)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (26)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (11)

* * *

Ман чу “лаб” гӯям, лаби дарё бувад,

Ман чу “ло” гӯям, мурод “илло” бувад.

Агар ман калимаи “лаб”-ро бар забон меронам, манзурам лаби дарёи ваҳдат аст. Ва агар лафзи “ло”-ро мегӯям, мақсудам ҳамин калимаи нафй нест, балки манзурам он мустасноест, ки бо “илло” баён мешавад.

Нукта: “Ло” дар арабӣ адоти нафй аст. Дар таъбироти сӯфия итлоқ мешавад бар нафйи мосиваллоҳ ва нафйи ғайр ва ғайрият, муқобили “илло”, ки исботи Ҳақ Таъолост ба улуҳият ва ихтисоси вуҷуд. Акбарободӣ мегӯяд: “Вақте ки ман калимаи “лаб”-ро мегӯям, муродам лаби маҳбуб аст, яъне дар зоҳир ишорат ба худ мекунам ва дар ботин ба Ҳақ Таъоло.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.123) Манзури Мавлоно ин аст, ки ман асрори ишқро бармало накардаам, балки сарбаста гуфтаам, ки фақат аҳлаш дарёбанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.556)

Ман зи ширинӣ нишастам рӯтуруш,

Ман зи пуррии сухан бошам хамуш.

Ман агар чеҳрае гирифта ва дарҳам дорам, ба ҷиҳати он ширинӣ ва латофатест, ки саросари руҳу ботинамро фаро гирифта. Ва агар маро хомӯш ва сокит мебинӣ, ба ҷиҳати ин аст, ки суханони нағзу пурмағз бисёр медонам.

То ки ширинии мо аз ду ҷаҳон,

Дар ҳиҷоби рӯтуруш бошад ниҳон.

Ин бад-он ҷиҳат аст, ки ширинӣ ва латофати руҳи мо аз ду ҷаҳон, дар ҳиҷоб ва пардаи гирифтагӣ ва дарҳамӣ ва хамӯшӣ пинҳон бимонад ва касе ба асрори мо пай набарад ба вежа ноаҳлон.

То ки дар ҳар гӯш н-ояд ин сахун,

Як ҳамегӯям зи сад сирри ладун.

Барои ин ки ин асрор набояд ба ҳар гӯше хонда шавад, чунонки барои ин мулоҳиза маҷбурам аз сад нуктаву рози нуҳуфтаи илоҳӣ, танҳо якеро, он ҳам фақат ба аҳлаш, бигӯям.

Нукта: Аз ҷумлаи шурути сулук, кетмони сирр аст. Ва ин воҷибтарини шартҳо ба шумор меравад. Ҳамаи бузургони урафо ва машойихи тариқат суфориши акид кардаанд, ки азкору авроду ҳолоту воридоти қалбиро бояд аз ағёр пӯшида дошт, чунонки Амирулмӯъмин ҳазрати Алӣ (а) низ бад-ин нукта ишорате дошта, аз он ҷумла фармуда:

بل اندمجت على مكنون علم لو بحت به لاضطربتم اضطراب الارشية في الطويّ البعيدة

Бал донише жарф ва пӯшида дорам, ки агар он чиро медонам, барои шумо ошкор кунам, ҳар ойина шумо дучори изтиробу парешонӣ мешавед (яъне зарфият ва аҳлияти шунидани ин маорифро надоред) монанди ларзидани ресмон дар жарфои чоҳе амиқ.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 5) Барои ҳамин аст, ки фармуд:

Ҳар киро асрори Ҳақ омӯхтанд,

Мӯҳр карданду даҳонаш дӯхтанд.

Солик дар ҳини сулук мумкин аст ба аҳволи хоссе бирасад ва ё воридоте ғайбӣ бар дилаш дарояд ва ё ҳолоти маънавӣ ва волое ба ӯ даст диҳад, ва ё мумкин аст маорифе ҳаққонӣ ва эътиқодоте нуронӣ ҳосил кунад, ки ифшои он, ҳам мӯҷиби заволи он ҳолот шавад ва ҳам азҳони нопухта аз бартобидани он дар аҷз оянд. Дар натиҷа, ба парешонӣ ва ошӯби руҳӣ дучор шаванд ва ба фитнаангезӣ ва озор даст олоянд. Бинобар ин, кетмони асрор аз аҳамми воҷибот дар сулук аст. Ва агар касе дар риояти ин шарт мусомиҳа кунад, қатъан наметавонад сулукро ба поён бирасонад. Музофан ин ки кетмони сирр ба навбаи худ дарси истиқомат ва пойдории руҳӣ медиҳад ва одамро аз сифати худнамоӣ ва худбинӣ пок мегардонад. Дар ҳамин ҷиҳат, дар қуруни гузашта сӯфиён ва машойих ногузир шуданд, ки барои баёни мақосиди худ истилоҳоте хосс вазъ кунанд, то ҳар кас бад-он роҳ наёбад ва аз забони пуррамзу рози онон мутталеъ нашавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.557)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: