Ҳамлаи теруристӣ ба як масҷид дар Ҳирот / 30 намозгузор шаҳид шуданд (тасовир)

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди шиъаён дар вилояти Ҳироти Афғонистон 30 нафар шаҳид ва беш аз 40 намозгузори дигар захмӣ шуданд.

Масҷиди “Ҷаводия” дар минтақаи Бакрободи вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт ва бахши бузурге аз он тахриб шуд.

Пас аз ҳамлаи моҳи гузашта ба масҷиди “Соҳибуззамон” ин панҷумин ҳамла ба масҷиди шиъаён дар вилояти Ҳирот аст.

Бар асоси гузоришҳо, то кунун дар ин инфиҷор 30 намозгузор шаҳид ва беш аз 40 тани дигар захмӣ шудаанд ва эҳтимоли афзоиши омори талафоти ин инфиҷори теруристӣ вуҷуд дорад.

Маҳдӣ Ҳадид, масъули кумисиюни амниятии шӯрои вилоятии Ҳирот низ гуфт, ки дастикам 100 нафар дар ин ҳодисаи теруристӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд, аммо омори расмӣ 30 шаҳидро нишон медиҳанд.

Ба гузориши Tasnimnews, мардуми маҳал мегӯянд, ки омили интиҳорӣ бо вуруд ба масҷиди “Ҷаводия” худро мунфаҷир кард ва сипас фарди дигаре ба сӯи намозгузорон тирандозӣ мекунад.

Абдулаҳад Вализода низ гуфтаҳои мардуми маҳалро таъйид кардааст.

Бархе аз манобеъ дар Ҳирот мегӯянд, ки бахши бузурге аз масҷиди “Ҷаводия” тахриб шудааст ва захмиҳои ин ҳодисаи теруристӣ низ ба бемористони марказии Ҳирот мунтақил шудаанд.

Дар миёни шуҳадо ва захмиҳои ин ҳодисаи теруристӣ теъдоди зиёде аз кӯдакон низ ҳузур доранд.

Сухангӯи Толибон бо интишори баёнияе, ҳамла ба масҷиди шиъаён дар Ҳиротро рад ва маҳкум кард.

Ҳанӯз фард ва ё гурӯҳе ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, аммо ҳамалоти гузашта ба масҷиди шиъаён дар ин шаҳрро гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ба ӯҳда гирифта буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: