Ислом ва Эронзамин (49)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (12)

Тафосири аҳли тасаннун

1) Ҷомеъул-баён фи тафсирил-Қуръон маъруф ба Тафсири Табарӣ. Муаллифи ин тафсир Табарӣ, муаррих, муҳаддис ва фақеҳи маъруф аст. Табарӣ аз уламои тирози аввали аҳли тасаннун ба шумор меравад. Дар бисёре аз улуми замони худ имом ва пешво шумурда мешавад. Табарӣ дар ибтидо аз назари равиши фиқҳӣ тобеи шофеӣ буд, аммо баъдҳо худ мактаби фиқҳии мустақиле таъсис кард ва аз ҳеч як аз пешвоёни фиқҳи аҳли тасаннун пайравӣ накард. Мазҳаби фиқҳии Табарӣ то муддате пайрав дошт ва тадриҷан аз байн рафт. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” иддае аз фуқаҳоро ном мебарад, ки пайрави мазҳаби фиқҳии Табарӣ будаанд.

Табарӣ аҳли Омули Мозандарон аст. Дар соли 224 ҳиҷрӣ дар Омул мутаваллид шуд ва дар соли 310 дар Бағдод даргузашт. Тафсири Табарӣ дар Қоҳира чоп шудааст ва дар замони Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба амри ӯ ба василаи вазири арабнажодаш маъруф ба вазир Балъамӣ ба форсӣ тарҷума шуд. Тарҷумаи тафсири Табарӣ ахиран дар Теҳрон чоп шудааст.

2) Кашшоф. Ин китоб маъруфтарин ва мутқантарини тафосири аҳли тасаннун аст. Аз назари нукоти адабӣ, бахусус нукоти балоғатӣ, дар миёни ҳамаи тафосир мумтоз аст. Муаллифи ин тафсир Абулқосим Маҳмуд ибни Умари Замахшарии Хоразмӣ мулаққаб ба Ҷоруллоҳ аст.

Замахшарӣ аз акобири уламои ислом ба шумор меравад. Китобҳои зиёд дар адаб, ҳадис ва мавъиза таълиф кардааст. Бо ин ки ин мард аз билоди шимолии Эрон ва сарзаминҳои сардсер буд, солҳо дар Маккаи Муаззама муҷовир шуд ва гармои тоқатфарсои ҳавои онҷоро таҳаммул кард, зеро мӯътақид буд муҷовирати Байтуллоҳ осори маънавии фаровоне дорад. Чун солҳо муҷовири Байтуллоҳ буд, ба “Ҷоруллоҳ” маъруф гашт ва зоҳиран дар ҳамон вақт тафсири “Кашшоф”-ро навишт.

Замахшарӣ дар ҷилди севвуми “Кашшоф”, зайли тафсири ояти 56 аз сураи Анкабут, ки мефармояд:

يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ أَرْضِي وَاسِعَةٌ فَإِيَّايَ فَاعْبُدُونِ

Эй бандагони мӯъмини ман! Замини ман фарох аст, пас танҳо маро парастиш кунед”, пас аз он ки ташреҳ мекунад, ки мӯъмин бояд муносибтарини сарзаминҳоро аз назари ҳифзи дин ва ибодати парвардигор барои сукунат интихоб кунад, мегӯяд:

Ба ҷони худам савганд, ки сарзаминҳо аз ин назар тафовути фаровон доранд. Мо озмоиш кардем, пешиниёни мо низ озмоиш кардаанд: сарзамини Ҳарами Худо ва муҷовирати Байтуллоҳилҳаром таъсири фаровоне дорад бар руҳу дил аз назари мақҳур сохтани нафси аммора ва тамаркузи фикру хаёл ва пайдоиши руҳи қаноат ва…

Замахшарӣ дар яке аз мусофиратҳои илмии зимистони худ дар Хоразм як пойи худро аз даст дод. Пас аз ин воқеа, аз пойи чӯбӣ кӯмак мегирифт. Бо ҳамон ҳол мусофиратҳои тӯлонӣ кард ва чанд сол муҷовири Байтуллоҳ буд. Таваллуди Замахшарӣ дар соли 467 ҳиҷрӣ ва вафоташ дар соли 538 воқеъ шудааст.

3) Мафотеҳул-ғайб ё Тафсири Кабир, таълифи Муҳаммад ибни Умар ибни Ҳусайн ибни Ҳасан ибни Алӣ маъруф ба Имом Фахри Розӣ.

Фахри Розӣ низ аз машоҳири уламои ислом аст. Худаш ва тафсираш ва бархе афкор ва ороаш дар фалсафа ва калом дар миёни шиъа ва суннӣ маъруф аст. Таълифоти фаровон дар риштаҳои мухталиф дорад. Фахри Розӣ дар Мозандарон мутаваллид шуд ва дар Рай сукно гузид ва ба Ҳирот ва Хоразм мусофират кард ва дар замони худ ба камоли шӯҳрат ва эътибор ноил гардид. Фахри Розӣ дар соли 543 мутаваллид ва дар соли 606 дар Ҳирот даргузашт.

4) Ғароибул-Қуръон, маъруф ба Тафсири Нишопурӣ. Ин тафсир низ дар радифи тафосири дараҷаи аввали аҳли тасаннун ба шумор меравад. Муаллифи ин тафсир Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳусайн маъруф ба Низоми Нишопурӣ ё Низоми Аъраҷ аст. Низом аҳли Қум ва сокини Нишопур будааст. Вай марде ҷомеъ будааст. Дар риёзиёт ва адабиёт таълифоте доштааст. Вафоти ӯ дар ҳудуди соли 730 воқеъ шудааст.

5) Кашфул-асрор. Ин тафсир ба форсӣ аст ва даҳ ҷилд аст. Чанд соли пеш дар Теҳрон чоп шуд. Ин тафсир таълифи Абулфазл Рашидуддини Майбадии Яздист, ки дар охирҳои қарни панҷум ва аввалҳои қарни шашум мезистааст. “Кашфул-асрор” ахиран чоп шудааст ва каму беш ҷойи худро миёни аҳли фазл боз кардааст.

6) Анворут-танзил ва асрорут-таъвил, маъруф ба Тафсири Байзовӣ. Муаллифи ин тафсир Абдуллоҳ ибни Умар ибни Аҳмад маъруф ба Қозӣ Байзовӣ аст. Аҳли Байзои Форс аст. Тафсираш хулоса ва зубдаест аз “Кашшоф” ва “Мафотиҳул-ғайб”. Ин тафсир мавриди истифодаи марҳум Файзи Кошонӣ дар Тафсири Софӣ буда ва Шайх Баҳоӣ бар он ҳошия навиштааст. Байзовӣ муосири муҳаққиқи Тӯcӣ ва Алломаи Ҳиллӣ аст ва дар охирҳои қарни ҳафтум даргузаштааст.

7) Тафсири Ибни Касир. Муаллифи ин тафсир ҳамон Ибни Касири маъруфи муаррих аст, ки бештар ба китоби торихаш ба номи “Албидоя ван-ниҳоя” маъруф аст. Кунияаш Абулфидоъ аст. Ибни Касир аслан қурашӣ аст. Сокини Шом ва шогирди Ибни Таймия будааст. Тафсираш дар Қоҳира чоп шуда ва худаш дар соли 774 даргузаштааст.

8) Аддурул-мансур таълифи Ҷалолуддини Суютӣ, ки аз мутабаҳҳиртарин ва пуртаълифтарини уламои ислом аст. Бархе таълифоти ӯ аз қабили “Алитқон фи улумил-Қуръон” аз китобҳои нафис шумурда мешавад. “Дуррул-мансур” тафсири ба маъсур аст, яъне оятҳоро бо ахбор ва ривоёте, ки дар аҳодис омада тафсир кардааст ва аз ин ҷиҳат, ки ҷомеъи аҳодиси тафсирии аҳли тасаннун аст, беназир аст. “Дуррул-мансур” дар тафосири аҳли тасаннун аз назари гирдоварии аҳодиси марбута дар зайли оятҳои карима назири “Тафсири Бурҳон” аст дар шиъа.

Суютӣ аҳли Миср аст. Гӯянд, дар ҳафтсолагӣ Қуръонро ҳифз кард. Дар “Райҳонатул-адаб” 79 таълиф аз ӯ ном мебарад. Вафоти Суютӣ дар 910 ё 911 воқеъ шудааст.

9) Тафсири Ҷалолайн. Ин тафсир таълифи ду нафар аст: аз Ҳамд то сураи Каҳфро, ки дар ҳудуди нисфи Қуръон аст, Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳим Муҳалло, ки аслан аҳли Яман аст ва аз акобири уламои шофеия аст таълиф намуд. Ҷалолуддини Муҳалло дар соли 864 даргузашт ва муваффақ ба итмоми он нашуд. Аз сураи Каҳф то охири Қуръонро Ҷалолуддини Суютии собиқуззикр ба ҳамон сабки Ҷалолуддини Муҳалло такмил кард ва аз ҳамин рӯ ба “Тафсири Ҷалолайн” маъруф шуд.

Тафсири Ҷалолайн бино ба нақли “Райҳонатул-адаб”, борҳо дар Эрон ва Миср ва Ҳинд чоп шудааст.

10) Тафсири Қуртубӣ. Муаллифи ин тафсир Абӯбакр Соинуддин Яҳё ибни Саъдуни Андалусист, ки гӯянд дар ҳадис, наҳв, луғат, таҷвид, қироат ва тафсир аз акобири вақт ва марҷаъи истифозаи машойихи асри худ будааст.

Қуртубӣ аҳли Қуртубаи Андалус (Испониё) аст. Дар соли 567 даргузаштааст.

11) Иршодул-ақлис-салим ило мазоё ал-Қуръонил-Карим, маъруф ба Тафсири Абуссаъуд. Абуссаъуд муаллифи ин тафсир аз акобири уламои усмонӣ дар қарни даҳум аст. Султон Боязиди дуввум аз ӯ ба воситаи таълифи ин тафсир қадрдонӣ ва таҷлили фаровон кард. Пас аз иштиғол ба мақоми қазо ва ҷулус ба маснади қозиюлқузотӣ дар соли 952, муфтӣ ва шайхул-исломи билоди усмонӣ шуд.

Тафсири Абуссаъуд мукаррар дар Қоҳира чоп шудааст. Ман ин тафсирро надидаам, вале баъзе аз муҳаққиқон ва асотиди дараҷаи аввали тафсири асри мо, барои ин тафсир арзиши фаровоне қоиланд. Абуссаъуд дар соли 982 даргузаштааст.

12) Руҳул-баён. Ин тафсир ба форсӣ ва арабӣ махлут аст. Ашъори форсии ирфонии зиёде дар он гунҷонида шудааст. Муаллифи ин тафсир Шайх Исмоили Ҳаққӣ аз уламои усмонӣ аст. Дар Истонбул ба ваъзу иршод машғул буд ва баъд ба шаҳри Баруса аз шаҳрҳои Туркия рафт. Ин мард сӯфиманиш аст, тафсираш низ завқӣ ва ирфонӣ аст. Ба воситаи ақоиди сӯфимаобона мавриди озори муосиринаш воқеъ шуд. Шайх Исмоили Ҳаққӣ дар соли 1127 даргузаштааст.

13) Руҳул-маъонӣ. Ин тафсир таълифи Сайидмаҳмуд ибни Абдуллоҳи Бағдодии Ҳасании Ҳусайнӣ маъруф ба Олусӣ аст. Олусӣ шофеимазҳаб буда, аммо дар бисёре масоил аз фиқҳи ҳанафӣ пайравӣ мекардааст. Олусӣ қасидаи айнияи маъруфи Абдулбоқии Мавсилии Умарӣ дар мадҳи Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-саломро шарҳ кардааст. Ин қасида ҳамон аст, ки Сайидкозими Раштии маъруф низ онро шарҳ карда ва китобаш ба “Шарҳул-қасида” маъруф аст. Олусӣ аҳли Ироқ аст. Гӯянд, тоифае ҳастанд дар Ироқ ба ин ном, ки машҳуранд ва Олус номи нуқтаест дар соҳили Фурот. Олусӣ дар соли 1270 даргузаштааст.

14) Фатҳул-қадир. Ин тафсир таълифи Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Шавконии Яманӣ аст. Шавконӣ дар шаҳри Санъои Яман бузург шуд ва дар ҳамон ҷо ба мақоми тадрис ва ифто расид. Шавконӣ китобе дорад ба номи “Найлул-автор мин асрори мунтақал-ахбор”. Бештар шӯҳрати Шавконӣ ба воситаи ин китоб аст. Шавконӣ дар соли 1250 даргузаштааст.

Чаҳордаҳ тафсире, ки ном бурдем, зоҳиран маъруфтарин ва машҳуртарин ва роиҷтарини тафосири аҳли тасаннун то қарни сездаҳум аст. Дар қарни чаҳордаҳум дар миёни аҳли тасаннун низ тафосири муҳимме дар Миср ва соири билоди исломӣ нигориш ёфта, ки мо аз зикри онҳо худдорӣ кардем. Аз чаҳордаҳ муфассири номбурда, шаш нафар — чунонки дидем — эронӣ мебошанд. Баъзе аз тафосире, ки эрониён навиштаанд, дар дараҷаи аввал қарор дорад ва ғолиби онҳо қабл аз қарни ҳафтум навишта шудааст. Ду нафар аз чаҳордаҳ нафар, яманӣ, ду нафар аз билоди усмонӣ, як нафар андалусӣ (испониёӣ), як нафар шомӣ, як нафар мисрӣ ва як нафар ироқӣ аст.

Чунонки мулоҳиза мешавад, дар ин хидмати гаронбаҳо ба ислом яъне қироат ва тафсир, ғалаба бо эрониён аст. Эрониёни мусалмон аз ҳамаи мусалмонони дигар бештар шӯру нишот ва имону ихлос нишон додаанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: