Ислом ва Эронзамин (50)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (13)

Ҳадис ва ривоят

Яке аз майдонҳои хидмати эрониён ба ислом дар саҳнаи илму фарҳанг, фанни ҳадис аст. Фанни ҳадис яъне фанни истимоъ, қироат, забт, ҷамъ ва нақли суханони Расули Акрам ё пешвоёни исломӣ.

Фанни ҳадис низ монанди тафсир ба ду шохаи шиъӣ ва суннӣ мунқасим мегардад.

Муҳаррики аслии мусалмонон ба фарогирӣ ва ҷамъу нақли ахбор ва аҳодис, аввалан ниёзи мусалмонон ба аҳодис дар умури динӣ буд. Сониян, шахси Расули Акрам бино бар ривояти мусаллам ва қатъии шиъа ва суннӣ, мукаррар мардумро ташвиқ мекард, ки он чӣ аз ӯ мешунаванд забт кунанд ва барои ояндагон нақл намоянд. Аз ин рӯ аз садри ислом мусалмонон алоқаи шадиде ба забт ва нақли аҳодиси набавӣ нишон медоданд. Пас аз интишори ислом ва вуруди милали дигар ба ҷаҳони ислом, саҳобаи Расули Худо, ки шарафи маҳзари он ҳазратро дарёфта буданд ва аз он ҳазрат кам ё зиёд суханон ва қазоёе ба ёд доштанд, арҷ ва аҳаммияти фаровон ёфтанд. Алоқамандон ба аҳодиси набавӣ барои истимоъи ҳадис аз саҳоба ва ё тобеин (касоне, ки саҳобаро дарк карда буданд) аз шаҳре ба шаҳре ва аз минтақае ба минтақае мерафтанд. Басо, ки як нафар барои таҳқиқ дар сиҳҳату суқми як ҳадис ва барои истимоъ аз як ровии мӯътабар, даҳҳо фарсанг роҳ тай мекард, то ба маҳзари он муҳаддис роҳ меёфт ва ҳадиси мавриди назари худро аз ӯ мешунид.

Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Ҳамин ки мусалмонон дар садади фаҳми маъонии Қуръон баромаданд, табъан ба дарки маъонии гуфтаҳои ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) эҳтиёҷ ёфта, то бо фаҳми маъонии аҳодиси набавӣ, маъонии Қуръонро беҳтар дарк кунанд. Ва албатта аҳодиси набавӣ аз саҳоба ривоят мешуд, чӣ, ки онон аз Пайғамбари Акрам онро шунида ва ҳифз карда буданд ва мусалмонон барои фаҳми аҳодис ба саҳоба руҷӯъ мекарданд. Вале чун мусалмонон ба кишваргушоӣ машғул шуданд, саҳобаи пайғамбар, ки аз сарони муҳоҷирин буданд, дар мамолики мухталиф мутафарриқ гаштанд. Аз он рӯ, ҳар кас, ки мехост ҳадис ё аҳодисе аз Пайғамбари Акрам бидонад, ночор ба дунболи саҳоба ба мамолики мухталиф ва нуқоти мухталиф мерафт ва чӣ басо, ки як ҳадисеро фақат яке аз он саҳоба аз ҳазрати Расул шунида буд ва дигарон онро намедонистанд. Пас, касе, ки дунболи ҷамъоварӣ ва фаро гирифтани аҳодис бармеомад, ночор ба Макка, Мадина, Басра, Куфа, Миср, Рай ва соири шаҳрҳо мерафт, дар ҳар нуқтае илм ва ҳадисе меомӯхт. Ин ҳамон аст, ки мусалмонон онро “риҳла” дар талаби илм меноманд.”

Алоқа ва шӯри мусалмонон ба нақлу забт ва истимоъи аҳодиси набавӣ аз замони худи он ҳазрат оғоз гашт. Ва ба ҳукми ин ки ҳар вақт тақозои як коло зиёд шавад, колоҳои тақаллубӣ ҳам ба бозор меояд, гурӯҳе аз заъифулимонон дар замони худи он ҳазрат аҳодисе аз он ҳазрат нақл ва ривоят карданд, ки асосе надошт ва худи он вуҷуди муборак дар садади такзиб баромад. Дар як хитобаи умумӣ пайдоиши каззобин ва ваззоъинро эълом фармуд. Он гоҳ барои ин ки меъёре асил муаррифӣ кунад, Қуръони Каримро меъёри сиҳҳату суқми аҳодиси манқула ва мансуба ба худаш қарор дод.

Бо ин ки эҳтимом ба истимоъ ва забту нақли аҳодис, ҳам дар миёни омма вуҷуд дошт ва ҳам дар миёни пайравони Аҳлул-байт, як тафовути асосӣ дар қарни аввали ҳиҷрӣ миёни омма ва миёни пайравони Аҳлул-байт буд, ва он ин ки омма дар муддати як қарн ба пайравӣ аз дастури халифаи дуввум ва назари бархе саҳобаи дигар, навиштан ва китобати ҳадисро макрӯҳ мешумурданд ба узри ин ки ҳадис бо Қуръон муштабаҳ нашавад ва ё эҳтимом ба ҳадис ҷойи эҳтимом ба Қуръонро нагирад, вале пайравони Аҳлул-байт аз ҳамон садри аввал ҳамчунон ки нисбат ба истимоъ ва забту нақли аҳодис эҳтимом меварзиданд, нисбат ба китобати онҳо низ эҳтимом доштанд.

Омма дар аввали қарни дуввум мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шуданд ва ин садд, ки ба василаи халифаи дуввум ба вуҷуд омада буд, дар қарни дуввум ба дасти Умар ибни Абдулазиз халифаи умавии зоҳид — ки худ аз тарафи модар аз аҳфоди халифаи дуввум буд — шикаста шуд. Ин буд, ки шиъа ҳаддиақал як қарн дар тадвин ва китобати ҳадис аз аҳли тасаннун ҷилав афтод.

Алломаи ҷалил ва муҳаққиқ ва мутатаббиъи олиқадр, марҳум Сайидҳасани Садр дар китоби нафиси “Таъсисус-шиъа” аз Саҳеҳ Муслим ва “Фатҳул-борӣ”-и Ибни Ҳаҷар нақл мекунад, ки гуфтаанд:

Саҳоба дар навиштани ҳадис ихтилофи назар доштанд. Умар ибни Хаттоб, Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Абӯсаъиди Худрӣ ва ҷамъе дигар макрӯҳ мешумурданд, аммо Алӣ ибни Абӯтолиб ва Анас ибни Молик ва бархе дигар ба хилофи ин назар медоданд. Аз ин рӯ, пайравони Алӣ аз садри ислом ба навиштани аҳодис пардохтанд, бар хилофи пайравони онон, то он ки дар қарни дуввум иҷтимоъ шуд бар зидди назари халифаи дуввум.” (с.270)

Аввалин ва дуввумин китоби ҳадисии шиъа яке китобест ба хатти Алӣ алайҳис-салом, ки дар назди имомони атҳор алайҳимус-салом буда ва аимма гоҳе онро ба дигарон ироа медодаанд ва ё аз он нақл мекардаанд, ки: “дар китоби Алӣ чунин омадааст…” Дигар китобест ба номи “Мусҳафи Фотима алайҳас-салом”.

Аз ин ду китоб, ки бигзарем, аввалин китоби ҳадисӣ китоби Абӯрофеъ ғуломи озодшудаи Расули Худост, ки дар сунан ва аҳком ва қазоё навиштааст. Абӯрофеъ як ғуломи қибтист, ки Расули Худо ӯро озод кард. Ӯ ва ду фарзандаш Убайдуллоҳ ва Алӣ аз шиъаёни Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом ба шумор мераванд. Номи Убайдуллоҳ ибни Абирофеъ ба унвони котиб ё хазонадори Амирулмӯъминин дар замони хилофати он ҳазрат зиёд дар китобҳо ёд мешавад.

Уламои шиъа монанди Наҷҷошӣ дар “Алфеҳрист” ӯро аввал мусаннифи шиъа донистаанд. (Ҳамон, с.280)

Баъд аз Абӯрофеъ, Салмони Форсӣ китобати ҳадис кардааст. Асари Салмони Форсӣ дар бораи шарҳ ва тавзеҳи ҳадиси Ҷосалиқи Румӣ будааст, ки баъд аз вафоти Расули Акрам ба Мадина барои таҳқиқ омад.

Пас аз Салмон номи иддаи дигар аз қабили Абӯзари Ғифорӣ ва Асбағ ибни Набота ва дигарон бурда мешавад. Салим ибни Қайс аз саҳобаи Амирулмӯъминин таълифе дорад, ки ахиран ба табъ расидааст.

Дар табақаи баъд, китобе, ки аз шиъа боқӣ монда ва табақа ба табақа ривоят шудааст, “Саҳифаи Саҷҷодия” аст. Вафоти Имом Саҷҷод дар охирҳои қарни аввал аст ва ин асари ҷовид, ки ба номи “Забури Оли Муҳаммад” маъруф шудааст, аз нимаи дуввуми қарни аввал ба сурати мактуб даст ба даст нақл ва ривоят шудааст.

Нимаи аввали қарни дуввум — яъне замони Имом Боқир ва Имом Содиқ алайҳимас-салом, ки то ҳудуде барои шиъа озодӣ будааст — давраи авҷи нақлу ривоят ва забту китобати ҳадис аст. Номи чаҳор ҳазор нафар бурда мешавад, ки аз маҳзари Имом Содиқ истифода кардаанд. Асҳоби Имом Содиқ ва Имом Козим алайҳимас-салом 400 китоби ҳадисӣ таълиф кардаанд, ки ба “Усули арбаъамиа” маъруф аст. Муаллифони ин китобҳо аз миллиятҳои мухталифанд.

Дар давраи баъд — яъне охирҳои қарни севвум ва аввалҳои қарни чаҳорум — таълифи ҷавомеъи ҳадис роиҷ шуд. Китобҳои ҳадисӣ, ки имрӯз дар миёни шиъа ва суннӣ мавҷуд аст, ҳамон ҷавомеъ аст ва дар ин давра аст, ки эрониён нубуғи худ ва ҳам ихлос ва самимияти худро нисбат ба ислом дар ин замина нишон додаанд.

Бадеҳист, ки мо наметавонем ҳамаи эрониёне, ки дар табақоти мухталиф аҳли ҳадис будаанд ёд кунем, зеро ин кор ба танҳоӣ мусталзими таълифи чанд ҷилд китоб аст. Дар ин ҷо маъруфтарин ва мӯътабартарин китобҳои ҳадиси шиъа ва сунниро ном мебарем, то маълум гардад аксарияти қариб ба иттифоқи нависандагони ҷавомеъи ҳадиси шиъа ва суннӣ, эронӣ будаанд. Баҳси худро аз ҷавомеъи ҳадиси шиъа оғоз мекунем:

1) Кофӣ, таълифи сиқатулислом шайхулмуҳаддисин, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнии Розӣ. Ин марди бузург аз як деҳ ба номи “Кулайн” аз деҳоти наздики шаҳри Рай дар атрофи Теҳрон аст. Хонадони вай дар он деҳ аз муҳаддисони шиъа будаанд. Падараш Яъқуб ва доияш Алон дар ҳамин деҳ зиндагӣ мекарданд. Кулайнӣ аз кӯдакӣ ҳадис омӯхт.

Сипас барои идомаи таҳсил ба шаҳри Рай рафт. Кулайнӣ аз касонест, ки “риҳла”-и ҳадисӣ доштааст. Яъне барои ахзу ҷамъи аҳодис ва дарки хидмати асотиди фанн мусофиратҳо кардааст. Бист соли охири умри худро дар Бағдод гузаронид ва дар ҳамон ҷо даргузашт ва дар ҳамон бист сол китоби “Кофӣ”-ро таълиф кард.

Китоби “Кофӣ” як давраи ҳадиси шиъа аст аз усули ақоид гирифта то ахлоқиёт ва фурӯъ. Дар ҳудуди 16 ҳазор ҳадис дар ин китоб гирд овардааст. Ин китоб мӯътабартарин китоби ҳадиси шиъа аст. Кулайнӣ дар соли 329 даргузаштааст.

2) Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ, таълифи раисулмуҳаддисин Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ маъруф ба Садуқ. Худаш ва падараш аз бузургони тирози аввали уламои шиъаанд ва хонадони Садуқ як хонадони маъруф аст дар шиъа. Садуқ дар ҳудуди 300 таълиф ва тасниф доштааст. Номи “Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ”ро — ки ба маънии “Худомӯзи фиқҳ” аст — аз китоби “Ман ло яҳзуруҳут-табиб”-и Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ иқтибос кардааст, ки ба маънии “Худомӯзи тибб” аст. Китоби “Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ” муштамил бар 5920 ҳадис аст.

Шайх Садуқ низ риҳлаи ҳадисӣ доштааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод мусофират кард. Машойихи бузург аз маҳзараш истифода мекарданд ва бо эъҷобу таҳсин ба вай менигаристанд. Шайх Садуқ барои мулоқот бо соири риҷоли ҳадис, ки дар Хуросон мезистаанд, ба шаҳрҳои Нишопур, Тӯс, Сарахс, Марв, Бухоро, Фарғона мусофират кард. Дар муқаддимаи “Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ” ба ин мусофират ишора мекунад.

Вафоти Шайх Садуқ дар 381 воқеъ шуд ва дар наздикии ҳазрати Абдулазим, дар маҳалле, ки ҳамакнун ба номи худаш маъруф аст дафн шуд.

3) Таҳзибул-аҳком, таълифи Шайхуттоифа Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасани Тусӣ. Қаблан дар шумори муфассирон зикре аз ин нобиғаи азим шуд. Ин мард дар аксари улуми исломӣ монанди адабиёт, калом, тафсир, фиқҳ, ҳадис, риҷол мутабаҳҳир ва дар дараҷаи аввал будааст. Аввал касест, ки фиқҳро бо таълифи китоби “Мабсут” вориди марҳилаи ҷадиде кард. Шайх Тӯcӣ теъдоди 13590 ҳадис дар китоби “Таҳзибул-аҳком”, ки ҳама дар фурӯъ аст гирд овардааст.

4) Истибсор. Ин китоб низ таълифи Шайхуттоифа Абӯҷаъфари Тӯcӣ аст. Ин китоб муштамил бар 5511 ҳадис аст. Шайх Тӯcӣ дар соли 460 даргузаштааст.

Чаҳор китоби номбурда дар шиъа ба номи “кутуби арбаъа” маъруф аст ва мӯътабартарини китобҳои ҳадиси шиъа ба шумор меравад. Муаллифони ин китобҳо, ки ҳар се номи Муҳаммад доранд ва кунияи ҳар сеашон Абӯҷаъфар аст, ба “Муҳаммадини салосаи мутақаддим” маъруфанд.

Пас аз ин чаҳор китоб, се ҷомеъи ҳадисии дигар дар шиъа ҳаст, ки маъруфтарини ҷавомеъ аст:

1) Биҳорул-анвор, таълифи шайхулислом алломатулмуҳаддисин Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақии Маҷлисӣ. Ин китоб ҷомеътарини китобҳои ҳадис аст. Он чӣ дар соири китобҳои ҳадис ба таври мутафарриқ мавҷуд буда, дар ин китоб якҷо ҷамъ омадааст. Ҳадафи муаллиф бештар ҷилавгирӣ аз талаф шудани китобҳои ҳадис будааст, аз ин рӯ саҳеҳу сақим якҷо зикр шудааст. Маҷлисӣ дар соли 1111 даргузаштааст.

2) Вофӣ, таълифи ҳаким ва ориф ва муҳаддиси машҳур Муҳаммад ибни Муртазо маъруф ба Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ. Ин китоб ҷомеъи китобҳои арбаъа бо ҳазфи мукаррарот аст. Марҳуми Файз дар ҳудуди 200 таълиф дар риштаҳои мухталиф дорад. Вафоти вай — ҳамчунон ки қаблан гуфта шуд — дар соли 1191 воқеъ шудааст.

3) Васоилуш-шиъа, таълифи муҳаддиси мутабаҳҳир Муҳаммад ибни Ҳасани Шомӣ маъруф ба Шайх Ҳурри Омилӣ. Дар ин китоб ҷанбаи муроҷиаи фиқҳӣ бештар риоят шудааст; саъй шудааст тартиб ва таксири абвоб мутаносиб бо масоиле бошад, ки дар фиқҳ унвон мешавад, ва аз ин рӯ аҳодисро қитъа-қитъа карда ва ҳар қитъаро дар маҳалли марбут ба худ овардааст. Шайх Ҳурри Омилӣ муосири Маҷлисӣ аст. Ин ду муҳаддиси бузург аз якдигар ривоят мекунанд. Вафоти Шайх Ҳурри Омилӣ дар соли 1104 дар Машҳади Муқаддас воқеъ шудааст ва қабраш ҳамакнун дар саҳни шимолии ҳазрати Ризо алайҳис-салом маъруф аст.

Нависандагони ин се китоб, ки онҳо низ монанди пешиниёни худ номи Муҳаммад доранд, ба “Муҳаммадини салосаи мутааххир” маъруфанд.

Аз ин ҳафт ҷомеъ, ки бигзарем, ба чанд ҷомеъи дигар бармехӯрем, ки боарзиш ва воҷиди аҳаммиятанд, аз қабили “Аволим”-и Абдуллоҳ ибни Нуруллоҳи Баҳрайнӣ ва “Ҷомеъул-аҳком”-и Сайидабдуллоҳи Шуббар ва “Мустадракул-васоил”-и марҳум Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Нурӣ. Китоби ахир махсусан — ки камтар аз як қарн аз таълифи он мегузарад — ҷойи шоистае барои худ боз кардааст.

Ҳамчунон ки маълум гашт, аз шаш нафар муҳаддиси бузурги шиъа панҷ нафар эронӣ ва як нафар Ҷабали Омилӣ аст ва аз се нафар муҳаддиси дигар низ яке эронӣ аст.

Дар бахши баъдӣ, дар бораи китобҳои ҳадисии аҳли тасаннун баҳс мекунем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: