Фалсафа ва равиши реализм (101)

Зарурат ва имкон (3)

Муқаддима (3)

Қонуни иллият ва маълулият

Қонуни иллият ва маълулият иборат аз ин аст, ки: ҳар ҳодисае, ки пайдо мешавад, эҳтиёҷ ба муҷид (ба вуҷуд оваранда) ва падидоварандае дорад. Ва ба иборати дигар: ҳар чизе, ки ҳувияташ “кор” ва “ҳодиса” буда бошад, он чиз кунанда ва падидоваранда мехоҳад. Мақолаи 9 ба ин қонун ва мутафарреъоти вай ихтисос дода шуда. Қонуни иллият ва маълулият дар муқобили фарзи “судфа” ва “иттифоқ” аст. “Судфа” иборат аст аз ин ки: фарз кунем, ҳодисае худ ба худ бидуни он ки шаъйе аз ашё дахолат дошта бошад, ба вуҷуд ояд. Яке аз заруриёти ақл имтиноъи судфа ва иттифоқ аст. Дар мақолаи 9, ки мустақиллан аз иллату маълул баҳс мешавад, мавориде, ки гумонофарини вуқӯи судфа ва иттифоқ аст, бо тавҷеҳи саҳеҳи онҳо хоҳад омад. Дар миёни донишмандони ҷаҳон аз оғози таърихи ҷаҳон камтар афроде пайдо мешаванд, ки вуқӯи судфаро ҷоиз бидонанд. Фақат дар миёни донишмандони қадими Юнон аҳёнан касоне ёфт мешаванд, ки мункири мабдаи ҷаҳон будаанд ва вуқӯи судфаро ҷоиз медонистаанд, вале ҳақиқат ин аст, ки маълум нест ин нисбатҳо, ки дар таърих дода мешавад, чӣ андоза сиҳҳат дорад.

Эътиқод ба судфа ва иттифоқ ва нафйи қонуни қатъии иллият ва маълулият, мусталзими ин аст, ки ҳеч гуна назму қоида ва тартибе дар кори ҷаҳон қоил нашавем ва ҳеч чизро шарт ва дахил дар ҳеч чиз надонем ва пайдоиши ҳеч ҳодисаеро марбут ба ҳеч амре надонем ва байни ҳеч чизе ва чизи дигаре робитае қоил нашавем. Ва албатта ин ҷиҳат мусталзими ин аст, ки хатти бутлон рӯйи тамоми улум бикашем, зеро ҳар илме иборат аст аз баёни маҷмӯае аз қоидаҳо ва низомоти ҷаҳон. Ва агар пайдоиши як ҳодиса билоҷиҳат ва бе иллат ҷоиз бошад, дар ҳама вақт ва таҳти ҳар шарте вуқӯи ҳар ҳодисаеро метавон интизор дошт ва дар ҳеч вақт ва таҳти ҳеч гуна шароите итминон ба адами вуқӯи ҳеч ҳодисае наметавон пайдо кард.

Қонуни иллият ва маълулияти умумӣ яке аз қонунҳои фалсафист, ки ҷузъи пояҳо ва аркони куллии қоидаҳо ва қонунҳо ҳамаии улум аст.

* * *

Иллат заруратдиҳанда ба маълул аст (ҷабри иллӣ ва маълулӣ)

Яке аз аҳком ва фурӯи қонуни иллият ва маълулият, ки марбут ба мабҳаси “зарурат ва имкон” аст ва лозим аст дар муқаддимаи баҳс аз зарурати низоми мавҷудот, аз он сухан ба миён ояд ин аст, ки: “иллат заруратдиҳанда ба маълул аст”.

“Иллат”-ро ҳар кас ба ин андоза мешиносад, ки “вуҷуддиҳандаи маълул аст”. Ҳоло мехоҳем бифаҳмем, ки оё ҳамон тавре, ки иллат вуҷуддиҳандаи маълул аст, заруратдиҳандаи вай низ ҳаст ё на? Ва маънои ин ҷумла ин аст, ки: оё бо фарзи таҳаққуқи иллати томмаи шайъ, таҳаққуқ ёфтани маълул қатъӣ ва ҷабрӣ ва тахаллуфнопазир аст ё на?

Андак таъаммуле равшан мекунад, ки агар иллат заруратдиҳанда набошад, вуҷуддиҳанда низ нахоҳад буд; зеро маълул бо қатъи назар аз иллат, “имкони вуҷуд” дорад, ва албатта имкони вуҷуди шайъ ба танҳоӣ кофӣ барои мавҷудияти он шайъ нест, ва илло мебоист ҳар ҳодисаи мумкине бидуни иллат ва мӯҷибе ба вуҷуд ояд, ва ин ҳамон судфа ва иттифоқ аст, ки мусовӣ бо нафйи иллият ва маълулияти умумӣ аст, ва чунонки дидем, мусовӣ бо нафйи ҳамаи улум ва фурӯ рафтан дар вартаи суфастоигарӣ аст.

Баъд аз ин ки маълум шуд имкони зотии вуҷуди шайъ ба танҳоӣ кофӣ нест, агар фарз кунем, ки маълули мафрузи мо аз ноҳияи иллати хеш низ имкони вуҷуд дорад, на зарурати вуҷуд — яъне бо фарзи таҳаққуқи иллат низ ҳолаш ҳамон ҳолест, ки қабл аз таҳаққуқи иллат дошт — пас фарзи таҳаққуқи иллат ва адами таҳаққуқи иллат нисбат ба маълул, мусовӣ аст. Ва ҳамон тавре, ки дар фарзи адами таҳаққуқи иллат, мураҷҷиҳе барои падид омадани маълул нест, дар фарзи таҳаққуқи иллат низ мураҷҷиҳе дар кор нест. Ва ҳамон тавре, ки дар фарзи адами таҳаққуқ иллат, вуҷуд ёфтани маълул мусовӣ бо судфа ва иттифоқ аст ва имтинои ақлӣ дорад, дар сурати таҳаққуқи иллат низ вуҷуд ёфтани маълул имтинои ақлӣ дорад. Пас, агар иллат заруратдиҳанда ба маълули хеш набошад, вуҷуддиҳандаи он низ нахоҳад буд. Яъне воқеан иллат иллат нахоҳад буд. Пас, иллият аз ин лиҳоз мусовӣ бо зарурат ва ҷабр аст ва низоми иллӣ ва маълулӣ қаҳран низоми зарурӣ ва ҷабрӣ хоҳад буд.

Ин ки “иллат заруратдиҳанда ба маълул аст” фитрӣ ва мавриди қабули тамоми азҳони башарӣ аст, ва агар касе аҳёнан дар баҳсҳои илмӣ дар мақоми инкор он барояд, дар мақоми амал ба ҳасби фитрати соддаи хеш, аз он пайравӣ мекунад, ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Агар ба дари баста фишор овардем ва боз нашуд, бармегардем ва аз гӯшаву канор ба ҷустуҷӯ мепардозем, яъне мехоҳем бифаҳмем чӣ каму косте дар иллати боз шудани дар пайдо шуда, ки дар боз намешавад. Чӣ, агар чунин каму косте мавҷуд набуд, фишори даст бо бақияи шароит ҳатман (биззарура) дарро боз мекард, ва ҳамчунин… Пас, ночор иллати томмаи ҳар маълул, ба маълули худ “зарурат” медода ва маълули вай дар дунболи зарурат ба вуҷуд меомада”.

Ин қонунро, ки иллат заруратдиҳанда ба маълул аст ва маълул то вуҷуб ва зарурат пайдо накунад вуҷуд пайдо намекунад, “қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ” мехонем. Ин қонунро қотибаи ҳукамо қабул доранд ва мухолифини ин қонун ду даста ҳастанд: як даста, касоне, ки ба навъе қоил ба судфа ва иттифоқ мебошанд ва худи қонуни иллият ва маълулиятро мункиранд. Тарафдори ин назария чӣ дар қадим ва чӣ дар ҷадид бисёр кам аст. Ахиран гурӯҳе аз уламои физик дар асари як қисмат мутолеоте, ки дар олами заррот намудаанд ва озмоишҳое ба амал овардаанд, ба натоиҷе расидаанд, ки аз он натоиҷ, нафйи ҷабри иллӣ ва маълулиро истинбот намудаанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки асли ҷабри иллӣ ва маълулӣ хориҷ аз ҳавзаи физик аст, на бо усули физикӣ исботшуданӣ аст ва на ибтолшуданӣ. Маъмулан истинботҳое, ки аз тарафи уламои физик дар ин заминаҳо мешавад, як навъ истинботҳои назарӣ ва таъаққулӣ аст, ва чун ин истинботҳои назарӣ тибқи усули мантиқӣ сурат намегирад, арзише надорад ва робитаи саҳеҳ ва маъқуле байни озмоишҳои муҳаққиқи илмӣ ва ин истинботҳои назарӣ вуҷуд надорад, ва мо дар мақолаи 9 ё мақолаи 10 дар атрофи ин мавзӯъ муфассалан баҳс хоҳем кард.

Дастаи дигар, ки мункири қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ мебошанд, гурӯҳе аз мутакаллимин мебошанд. Ин гурӯҳ қонуни иллият ва маълулиятро инкор надоранд, вале асли ҷабри иллӣ ва маълулиро мункиранд. Ин гурӯҳ аз мутакаллимин ба ҷойи қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ, ба қонуни дигаре ба номи “қонуни авлавият” қоиланд ва баёнҳои махсусе барои исботи муддаъои хеш доранд ва ҳукамо ва муҳаққиқини мутакаллимин посухҳои муфид ва қонеъкунандае ба онон додаанд, ва чун баёни ин гурӯҳ ҳовии матлаби муҳимме нест, мо аз шарҳи он ва шарҳи посухҳое, ки ба он дода шуда сарфи назар мекунем.

* * *

Оё ниёзмандии маълул ба иллат, танҳо дар ҳудус аст ё ҳам дар ҳудус аст ва ҳам дар бақо?

Барои он ки асли “зарурати низоми мавҷудот”-ро дарк кунем, ночорем яке дигар аз масоили марбут ба қонуни иллату маълулро, ки он низ аз муқаддимоти ин асл аст тарҳ кунем. Ва он ин аст, ки оё таъсири иллат дар маълул ва ниёзмандии маълул ба иллат, танҳо дар ҳудуси маълул аст, ё ҳам дар ҳудус аст ва ҳам дар бақо? Маънои ин суол ин аст, ки: оё ҳодисае, ки набуд ва ба вуҷуд омад ва баъд барои муддате кам ё зиёд ба вуҷуди худ идома медиҳад, танҳо дар лаҳзаи аввал, ки набуд ва пайдо шуд ниёзманд ба иллат аст ва аммо баъд аз он ки ба вуҷуд омад мустағнӣ аз иллат аст, ё он ки маълул ҳудусан ва бақоан муттакӣ ба иллат аст ва маҳол аст, ки чизе вуҷуди маълулӣ дошта бошад ва битавонад лаҳзае бидуни истинод ба иллат ба вуҷуди хеш идома диҳад. Фарз кунед, ҷисми сокинеро ба василаи ворид овардани як нерӯ бар ӯ ба ҳаракат оварем. Ҳаракати ҷисм ҳодисаест, ки набуд ва пайдо шуд. Нерӯи аввалӣ, ки бар ҷисм ворид шуд, иллати ҳаракати ҷисм аст. Ҳоло бояд бибинем, ки ин ҳаракат танҳо дар ибтидо ниёзманд ба иллат аст, ва ҳамин ки пайдо шуд, дар идомаи хеш ниёзманд ба иллат нест, ё он ки барои ҳамеша мӯҳтоҷ ба иллате ҳаст ва мумтанеъ аст, ки аз иллат мунфак шавад ҳарчанд он иллат бар мо махфӣ бошад.

Ва бино бар ин ки мо маълулро дар бақо мӯҳтоҷ ба иллат надонем ва бигӯем, ки маълул ба худи худ ба вуҷуди хеш идома медиҳад, як суоли дигар пеш меояд. Ва он ин ки: оё ин идома додан зарурӣ ва ҷабрӣ хоҳад буд ё на? Пас, мо баъд аз қабули қонуни иллият ва маълулият ва қабули қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ, барои он ки изъон кунем вуҷуди ҳар мавҷуде ба таври зарурат ва вуҷуб ва ҷабр аст, ночор бояд қаблан бар мо собит шуда бошад, ки маълул дар бақо низ мӯҳтоҷ ба иллат аст, ва иллат, ки вуҷуддиҳанда ва заруратдиҳанда ба маълул аст, ҳудусан ва бақоан вуҷуддиҳанда ва заруратдиҳанда аст ва ё лоақал бояд бар мо собит шуда бошад, ки ҳарчанд маълул дар бақо ниёзманд ба иллат нест ва худ ба худ ба вуҷуди хеш идома медиҳад, вале ин идома додани худ ба худ, ҷабрӣ ва зарурӣ ва тахаллуфнопазир аст. Ва албатта бадеҳист, ки агар маълулотро дар бақо мӯҳтоҷ ба иллат надонем ва ҳам он ки идома додани худ ба худии маълулро низ ҷабрӣ ва зарурат надонем, наметавонем исбот кунем, ки “низоми мавҷудоти ҷаҳон низоми ҷабрӣ ва зарурӣ аст”.

Дар ин ҷо се назария аст:

1) Маълулот ҳудусан ва бақоан ниёзманд ба иллат ҳастанд ва ҳудусан ва бақоан аз ноҳияи иллатҳои хеш касби вуҷуд ва зарурат мекунанд. Ин, ақидаи қотибаи фалосифа аст ва дар миёни фалосифа мухолифе дида намешавад;

2) Маълулот дар ҳудус мӯҳтоҷ ба иллат ҳастанд, на дар бақо, лекин бақо ва идомаи худ ба худӣ ба таври ҷабр ва зарурат сурат мегирад. Ин, назарияи иддае аз донишмандони ҷадид аст, ки аз як идда таҷрибиёти физикӣ истинбот кардаанд;

3) Маълулот дар бақо ва идома мӯҳтоҷ ба иллат нестанд ва ҳеч гуна зарурат ва ҷабре ҳам дар бақо ва идомаи онҳо нест. Ин, назарияи он даста аз мутакаллимин аст, ки аз тарафе асли ниёзмандии маълулро ба иллат дар бақо мункиранд, ва аз тарафи дигар асли ҷабри иллӣ ва маълулӣ (ин ки иллат заруратдиҳанда ба маълул аст)-ро инкор доранд.

Фалосифа барои исботи назарияи хеш далоили мутқане овардаанд ва оро ва ақоиди мутакаллиминро бо тарзи ақлонии саҳеҳе интиқод кардаанд ва дар матни ин мақола он чӣ мутакаллимин ва соири тарафдорони назарияи адами ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо иброз доштаанд, баён ва интиқод шуда, ва ба назарияи физикии донишмандони ҷадид низ ишора шуда ва собит шуда, ки маълул дар бақо низ мӯҳтоҷ ба иллат аст ва аз ноҳияи иллате касби вуҷуд ва касби зарурат мекунад, ва ин матолиб баъдан дар зимни худи мақола таҳти унвони “Ишкол” ва “Посух”-ҳои мутааддид ва машрӯҳе хоҳад омад. Ва чун ин матлаб илова бар он чӣ дар зимни ишкол ва посухҳои ин мақола гуфта шуда, дар мақолаи 9 дар зимни баёни ин ки: “оё маноти эҳтиёҷ ба иллат ҳудус аст ё имкон?” машрӯҳтар хоҳад омад ва дар он ҷо ночорем тамоми ҷавониб ва ҳудуди матлабро зикр кунем, барои иҷтиноб аз такрор, аз баёни машрӯҳи он дар ин муқаддима худдорӣ мекунем. Барои фаҳмидани муддаъои ин мақола ҳамин тарҳи иҷмоли кофист.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: