Шарҳи Маснавӣ (201)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (27)

* * *

Тафсири қавли ҳаким:

Ба ҳар-ч аз роҳ вомонӣ, чӣ куфр он ҳарфу чӣ имон,

Ба ҳар-ч аз дӯст дур афтӣ, чӣ зишт он нақшу чӣ зебо.

Дар маънии қавлуҳу алайҳиссалом:

ان سعدا لغيور وانا أغير من سعد والله أغير مني ومن غيرته، حرّم اافواحش ما ظهر منها وما بطن

(“Ҳамоно Саъд ғаюр аст ва ман аз ӯ ғаюртарам, ва Худо аз ман ғаюртар аст. Ва аз ғайрати ӯ ин ки: “Ҳар гуна рафтори зиштро чӣ аён ва чӣ ниҳон ҳаром кардааст.”)

* * *

Ҷумла олам з-он ғаюр омад, ки Ҳақ

Бурд дар ғайрат бар ин олам сабақ.

Ҳаким Саноӣ мегӯяд: Ба ҳар сабаб ва иллате, ки аз роҳи Худо бозбимонӣ, чӣ ин амр ба номи куфр анҷом шавад ва чӣ таҳти номи имон, фарқе намекунад. Вақте амре чӣ зишт ва чӣ зебо, туро аз роҳи дӯст боздорад, ҳеч тафовуте миёни он ду нест.

Аммо маънии байт: ҳамаи олам бад-он сабаб ғаюр шуда, ки Ҳақ Таъоло дар ғайрат гӯйи сибқат аз ҳамагон даррабудааст.

Нукта: Ҳамагон ғайратро аз Ҳақ Таъоло гирифтаанд. Ҳадисе, ки дар матлаъи ин ашъор омада, аз Паёмбар (с) аст. Ва Устод Фурӯзонфар онро аз манобеи мухталифи ривоӣ ва ирфонӣ ба чанд сурат нақл кардааст. Зимнан, илова бар маънии ғайрат – ки пештар гуфта гузаштем – таъбири дигаре низ вуҷуд дорад, ва он инки: Ҳақ Таъоло бандагони худро аз бархе аз сифоти ҷалол — монанди кибриёӣ ва азамат — боздоштааст ва ин гуна сифотро мунҳасир дар худ донистааст. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:

الحمد لله الذي لبس العزّ والكبرياء واختارهما لنفسه دون خلقه وجعلهما حمى وحرما على غيره

Ситоиш Худовандерост, ки ҷомаи бузургӣ ва арҷмандиро пӯшид ва он дуро танҳо барои худ гузид ва на офаридагон ва он дуро бар ғайри худ ҳаром кард.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 234) (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.558)

Ӯ чу ҷон асту ҷаҳон чун колбад,

Колбад аз ҷон пазирад неку бад.

Худо монанди руҳ аст ва ин дунё монанди ҷисм, ва ин ҷисм ҳамеша чӣ неку чӣ бад, аз руҳ таъсир мегирад.

Ҳар кӣ меҳроби намозаш гашт айн,

Сӯйи имон рафтанаш медон ту шайн.

Ҳар кас, ки меҳроби намозаш мушоҳида ва муъоянаи ҳақиқат бошад, агар ба имон гарояд ва ба мартибаи тасдиқи ҳақиқат аз роҳи калом таназзул кунад, бар ӯ айбу нақс аст. (Зеро мақоми айнуляқин бартар аз илмуляқин аст. Дар инҷо манзур аз имон, имони тақлидӣ ва шак нест.)

Меҳроб: Ҷое, ки имоми ҷамоат меистад барои иқомаи намоз. Айн: Машҳуд ва муъоянашуда. Шайн. Зишт, зиштӣ.

Ҳар ки шуд мар шоҳро ӯ ҷомадор,

Ҳаст хусрон баҳри шоҳаш иттиҷор.

Ба унвони мисол, он кас, ки ҳамнишин ва ҷомадори шоҳ бошад ва ҳамвора бо ӯ дамхӯру анис гардад, агар ба маъмурияти доду ситад барои шоҳ бипардозад, зиён дидааст; зеро аз ҳузури ӯ ғоиб гаштааст.

Иттиҷор: Доду ситад кардан.

Нукта: Дар ин мисол ва мисолҳои баъдӣ, Мавлоно мехоҳад бигӯяд, ки сурати тоъатҳо ва шакли ибодатҳо набояд он қадр бандаро ба худ машғул дорад, ки аз ҳақиқати он ғафлат варзад ва чунон маҳви сурат шавад, ки маъноро шуҳуд накунад. Ва илло, манзур он нест, ки бархе аз сӯфиёни авом муддаӣ мешаванд, ки чун ба Ҳақ восил шудӣ, тарки тоъот кун! Зеро Мавлоно дар айни асолат додан ба маъно ва мағзи тоъот, ба сурату шакли онҳо низ аҳаммият медиҳад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.559)

Ҳар кӣ бо султон шавад ӯ ҳамнишин,

Бар дараш шистан бувад ҳайфу ғабин.

Ҳар кас, ки ҳамнишини шоҳ шавад, бар остонаи даргоҳи шоҳ нишастан барои ӯ зиёну ғабн аст.

Ғабин: Зиён ва мағбун шудан.

Дастбӯсаш чун расид аз подшоҳ,

Гар гузинад бӯси по, бошад гуноҳ.

Мисоли дигар, ҳар гоҳ барои касе имкони ин ҳаст, ки дасти шоҳро бибӯсад, агар бӯсидани пойи шоҳро барои худ интихоб кунад, дучори гуноҳу хато шудааст.

Гарчи сар бар по ниҳодан хидмат аст,

Пеши он хидмат хатову заллат аст.

Агарчи сар бар пойи шоҳ ниҳодан нишонаи хидмат аст, вале пеши он хидмат, ки метавонад дасти шоҳро бибӯсад, ин хидмат, ки пойи шоҳро мебӯсад, гуноҳ ва лағзиш ба ҳисоб меояд.

Заллат: Лағзиш.

Нукта: Касе, ки ба мартибаи дастбӯсӣ иртиқо ёфта, агар ба побӯсӣ таваҷҷӯҳ кунад, дар воқеъ таназзули мақом кардааст. Мавлоно ва орифон аҳволи қалбиро аз ҳаракоти баданӣ шарифтар медонанд. Аз ин рӯ, аз Мавлоно суол мекунанд, ки оё аз намоз наздиктар ба Ҳақ роҳе ҳаст? Мефармояд: “Ҳам намоз. Аммо намоз, ин сурати танҳо нест, ин қолаби намоз аст, зеро ки ин намозро аввалест ва охирест. Ва ҳар чизро, ки аввале ва охире бошад, он қолаб бошад. Зеро такбир аввали намоз аст, ва салом охири намоз аст. Ва ҳамчунин шаҳодат он нест, ки бар забон гӯянд танҳо, зеро ки онро низ аввалест ва охире. Ва ҳар чиз, ки дар ҳарфу сурат дарояд ва ӯро аввал ва охир бошад, он сурат ва қолаб бошад… Пас, донистем, ки ҷони ин намоз, ин сурати танҳо ннест, балки истиғроқест ва беҳушист, ки ин ҳама суратҳо бурун мемонад ва онҷо намегунҷад, Ҷабраил низ, ки маънии маҳз аст намегунҷад.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.11)

Албатта, мақсуди Мавлоно ин нест, ки чун аслу гавҳари намоз таваҷҷӯҳ ва истиғроқ дар Ҳақ аст, пас бояд сурати зоҳирӣ ва сурии намозро тарк гуфт. Зеро барои ҳифзи мағз бояд пӯстро маҳфуз дошт. Вале танҳо пӯсту зоҳирро низ набояд асли ҳақиқат пиндошт ва бад-он набояд басанда кард.

Ва аз ҳамин рӯст, ки Мавлоно ин нуктаро низ бад-ин гуна мешикофад, ки: “Донаи қайсӣ (зардолу)-ро агар мағзашро танҳо бикорӣ, чизе нарӯяд, чун бо пӯст бикорӣ бирӯяд. Пас, донистем, ки сурат низ дар кор аст. Намоз низ дар ботин аст:

لا صلوة الا بحضور القلب

(Намоз ҷуз ба ҳузури қалб таҳаққуқ наёбад). Аммо лобуд аст, ки ба сурати орӣ ва рукуъу суҷуд кунӣ ба зоҳир, онгаҳ баҳраманд шавӣ ва ба мақсуд расӣ.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.143)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: