Ислом ва Эронзамин (51)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (14)

Ҳадис ва ривоят дар аҳли суннат

Дар миёни аҳли тасаннун аввал касе, ки тадвини ҳадис кард Абдулмалик ибни Ҷурайҳ аст, ки дар қарни дуввум мезистааст. Абдулмалик ибни Ҷурайҳ араб нест ва зоҳиран эронӣ низ нест. Ин мард дар соли 144 даргузаштааст.

Аввалин ҷомеъи ҳадисии аҳли тасаннун “Муваттаъ”-и Молик ибни Анас аст, ки алъон мавҷуд аст. Молик араб ва арабнажод аст ва яке аз имомҳои чаҳоргонаи аҳли тасаннун аст.

Дар миёни китобҳои ҳадиси аҳли тасаннун шаш китоб мӯътабартарини онҳо ба ҳисоб меояд. Мо барои ин ки меъёре аз ширкати эрониёни мусалмон дар тадвини китобҳои ҳадиси аҳли тасаннун ба даст дода бошем, ҳамон китобҳоро бо муаллифони онҳо муаррифӣ мекунем:

1) Саҳеҳи Бухорӣ, таълифи Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ. Ин китоб мӯътабартарин китоби ҳадис дар миёни аҳли тасаннун ба шумор меравад. Бухорӣ дар муддати 16 сол ин китобро таълиф кардааст. Бино бар нақли Ибни Халлакон дар “Вафаётул-аъён” ва муҳаддиси Қумӣ дар “Алкуно вал-алқоб”, Бухорӣ гуфтааст, ҳеч ҳадисеро вориди китобам накардам, магар он ки қаблан ғусл кардам ва ду ракъат намоз баҷо овардам. Дар бораи ҳофизаи нерӯманди Бухорӣ суханоне гуфта шудааст. Бухорӣ аслан аҳли Бухорост ва дар талаби ҳадис ба шаҳрҳои Хуросон, Ироқи аҷам, Ироқи араб, Ҳиҷоз, Шом ва Миср сафар кардааст ва оқибат ба Бағдод омада ва мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазл қарор гирифтааст. Вафоти вай дар соли 256 дар яке аз қаряҳои Самарқанд ба номи “Хартанг” воқеъ шудааст.

2) Саҳеҳи Муслим. Муаллифи ин китоб Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ аст. Пас аз Саҳеҳи Бухорӣ мӯътабартарин китоби ҳадис дар назди аҳли тасаннун Саҳеҳи Муслим аст. Бархе онро бар Саҳеҳи Бухорӣ тарҷеҳ медиҳанд. Муслим ба Ироқ, Ҳиҷоз, Миср ва Шом дар талаби ҳадис мусофират кард ва муддате дар Нишопур мулозими Бухорӣ будааст. Муслим дар соли 261 дар Насрободи Нишопур даргузаштааст.

3) Сунани Абӯдовуд. Муаллифи ин китоб Сулаймон ибни Ашъас маъруф ба Абӯдовуди Сиҷистонӣ аст. Аҳли Систон аст. Ӯ низ ба шаҳрҳои мухталиф барои ахзи ҳадис мусофират карда ва муосири Аҳмад ибни Ҳанбал будааст. Абӯдовуд зоҳиран як эронии арабнажод аст. Вафоташ дар соли 275 воқеъ шудааст.

4) Ҷомеъи ТирмизӣСунани Тирмизӣ). Нависандаи китоб Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ аз шогирдони Бухорӣ аст. Дар соли 279 даргузаштааст. Тирмиз, ки мавтини Тирмизӣ аст, аз билоди Мовароуннаҳр аст.

5) Сунани Насоӣ. Муаллифи ин китоб Абӯабдурраҳмон Аҳмад ибни Алӣ ибни Шуъайби Насоӣ аст. Ин мард низ дар талаби ҳадис мусофиратҳо кардааст. Дар хилоли мусофират, ки ба Шом расид, мардуми онҷоро аз Алӣ алайҳис-салом мунҳариф дид, аз ин рӯ китоби “Хасоис”-ро дар фазоили Алӣ алайҳис-салом ва Аҳли байт навишт. Дар ин китоб бештар аз Аҳмад ибни Ҳанбал ривоят кардааст. Одаташ ин буд, ки як рӯз дар миён рӯза мегирифт. Ибни Халлакон менависад: Дар Димишқ аз ӯ роҷеъ ба фазоили Муовия пурсиш шуд. Бино бар ривояте ҷавоб дод: Ҷуз ин дар фазилати Муовия ҳадисе намедонам, ки Пайғамбар (он ҷо, ки мукаррар дунболи Муовия фиристод ва фиристода омад ва гуфт, машғули хӯрдан аст) дар борааш фармуд: “Худо шикамашро сер накунад!” Мардуми Шом ӯро сахт кутак заданд. Дар асари ҳамон кутакҳо мурд. Гӯянд, чун эҳсос кард мехоҳад бимирад, ба Макка рафт ва дар онҷо мурд. Насо аз тавобеъи Хуросон аст ва вафоти Насоӣ дар соли 303 воқеъ шудааст.

6) Сунани Ибни Моҷа. Нависандаи ин китоб Муҳаммад ибни Язид ибни Моҷаи Қазвинӣ аст. Ба Ироқ, Ҳиҷоз, Миср ва Шом барои талаби ҳадис мусофират кардааст ва дар соли 273 даргузаштааст.

Чунонки дидем, ҳамчунон ки муаллифони “кутуби арбаъа”-и шиъа — ки мӯътабартарин китобҳои ҳадиси шиъа аст — эронӣ будаанд, муаллифони мӯътабартарин сиҳоҳ ва сунани аҳли тасаннун низ эронӣ ҳастанд, аъамм аз эронии эронинажод ё эронии арабнажод.

Илова бар муаллифони китобҳои шашгонаи мазкур, дар миёни маориф ва машоҳири муҳаддисини аҳли тасаннун, ки ба унвони “ҳофиз” ва ё соири ановини ҳадисӣ маъруфанд ва китобҳои ҳадисии муҳим ва зиқимате аз назари аҳодиси аҳли суннат таълиф кардаанд, уламои эронӣ фаровонанд. Мо барои эҳтироз аз татвил, аз зикри номи онҳо худдорӣ мекунем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: