Фалсафа ва равиши реализм (102)

Зарурат ва имкон (4)

Муқаддима (4)

Зарурати биззот ва билғайр

Аз он чӣ қаблан дар зимни баён маншаи зарурат ва имкон гуфтем ва аз он чӣ дар зимни баёни қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ гуфтем, то андозае маънои зарурати биззот ва билғайр равшан шуд, вале барои мазиди тавзеҳ лозим аст ақсоми зарурат ва имкон ва имтиноъро — ба ҳасби он чӣ ақл эътибор кардааст ва мутобиқи охирин таҳқиқоте, ки дар ин замина шуда — баён кунем:

Ҳар як аз ин маводди сегонаи ақлӣ, ба ҳасби фарзи ибтидоӣ, ё биззот аст ё билғайр. Зарурати биззот яъне ин ки мавҷуде бидуни истинод ба ҳеч иллате мавҷуд буда ва қоим биззот бошад ва адам бар зоти ӯ маҳол бошад. Чунин мавҷудеро мо “воҷибулвуҷуд” мехонем.

Зарурати билғайр яъне ин ки мавҷуде дар вуҷудаш мустанад ба ғайр бошад ва аз ноҳияи он ғайр, ки иллати вуҷуди ӯст вуҷуд ва зарурати вуҷуд касб карда бошад.

Имтиноъи биззот яъне ин ки чизе биззот вуҷуд бар ӯ маҳол бошад, мисли иҷтимои нақизайн ва судфа ва ғайра.

Имтиноъи билғайр яъне ин ки чизе биззот вуҷуд бар ӯ маҳол нест, балки агар иллати вуҷуддиҳандае дар кор бошад мавҷуд хоҳад шуд, лекин чун иллаташ мавҷуд нест, он низ қаҳран ва ҷабран мавҷуд нест. Пас, ба воситаи набудани иллат, он чиз имтиноъи вуҷуд пайдо карда, ва чун ин имтиноъ аз ноҳияи адами иллат аст, онро “имтиноъи билғайр” мехонем.

Имкони зотӣ иборат аст аз ин ки шайъ ба ҳасби зот на зарурати вуҷуд дошта бошад ва на имтиноъи вуҷуд, балки ба ҳасби зот ҳам қобили мавҷуд шудан аст ва ҳам қобили маъдум шудан, мисли ҳамаи умуре, ки дар ин ҷаҳон падид меоянд ва аз байн мераванд. Имкони зотӣ бо зарурати билғайр ва имтиноъи билғайр мунофот надорад, зеро ишколе надорад, ки шайъ ба ҳасби зот, лоиқтизо бошад, яъне на зарурати вуҷуд дошта бошад ва на имтиноъи вуҷуд, лекин ба ҳасби иқтизои ғайр, зарурат ё имтиноъ пайдо кунад, ва чун иллат заруратдиҳанда ба маълул аст, ҳар мумкини биззоте дар ҳоли вуҷуд, зарурати билғайр дорад, ва дар сурати адам, имтиноъи билғайр.

Ва аммо имкони билғайр маъно надорад. Яъне маъқул нест, ки имкон аз ноҳияи ғайр барои шайъ ҳосил шавад, зеро он шайъ ба ҳасби зот ё мумкин аст ё воҷиб ё мумтанеъ. Агар мумкин аст, пас ба ҳасби зот воҷиди имкон аст ва маъно надорад, ки аз ноҳияи ғайр ба ӯ имкон бирасад. Ва агар воҷиб ё мумтанеъ аст, лозим меояд, ки воҷиби биззот ва мумтанеъи биззот, ба воситаи як амри хориҷӣ ҳолате пайдо кунад, ки ҳам бар ӯ адам ҷоиз бошад ва ҳам вуҷуд, ва албатта ин ҷиҳат бо вуҷуби зотӣ ва имтиноъи зотӣ мунофӣ аст. Пас, имкони билғайр маъно надорад ва аз ақсоми шашгонаи фарзии ибтидоии мо 5 қисм маъқул ва як қисм ғайримаъқул аст.

Аз баёни фавқ маълум шуд, ки ҳар маълуле вуҷуб ва зарурати билғайр дорад, ва агар фаразан низоми мавҷудот аз силсилаи иллатҳо ва маълулоти ғайримутаноҳӣ таълиф ёфта бошад, тамоми низоми мавҷудот аз вуҷуботи билғайр ташкил шуда (на вуҷуби биззот).

Яке аз мавориди таноқузгӯии моддигароён ҳамин ҷост, яъне аз тарафе худро ба низоми иллӣ ва маълулӣ мӯътақид нишон медиҳанд, ва аз тарафи дигар, ҷабри иллӣ ва маълулиро далел бар нафйи мабдаи кулл ва сонеъи кулл мегиранд ва иддаъо мекунанд, ки чун пайдоиши мавҷудот бар тибқи низоми иллӣ ва маълулӣ ҷабрӣ ва хилофнопазир аст, фарзи вуҷуди мабдаи кулл ва сонеъи кулл маъно надорад, зеро вуҷуди ҳар мавҷуде ба таври вуҷуб ва ҷабр ва зарурат аст, ва ҳар мавҷуде дар мартибаи худ воҷибулвуҷуде аст, пас фарзи воҷибулвуҷуде, ки холиқи кулли мавҷудот бошад, чӣ лузуме дорад?! Вале ҳақиқат ин аст, ки ҷабри иллӣ ва маълулӣ яке аз муқаддимоти қатъист, ки моро ба вуҷуди иллатул-илал ва воҷибулвуҷуди биззот, ки ҳамаи вуҷуботи билғайр ва вуҷудоти билғайр мунтаҳӣ ба ӯ ва қоим ба зоти ӯст раҳбарӣ мекунад, ва моддигароён наъл воруна мезананд, зеро асоси моддият ва инкори мабдаи кулл рӯйи бинои судфа ва нафйи низоми иллӣ ва маълулӣ аст, на рӯйи исботи он, лекин моддигароён чун чорае аз қабули қонуни иллият ва маълулият намебинанд, фаҳмида ё нафаҳмида байни “ҷабри ғайрӣ” ва “ҷабри зотӣ” иштибоҳ мекунанд.

Ба ҳар ҳол, ин нуктаро барои фаҳмидани баъзе қисматҳо, ки дар худи мақола хоҳад омад, набояд аз назар дур дошт.

* * *

Зарурати зотии фалсафӣ ва зарурати зотии мантиқӣ

Баъд аз он ки маънои зарурати зотиро мутобиқи истилоҳи шойеъи фалсафӣ баён кардем, лозим аст дар ин ҷо маънои зарурати зотиро тибқи истилоҳи шойеъи мантиқдонон низ баён кунем. Зеро то фарқи ин ду қисм равшан нашавад, ҳақиқати матлаб он ҷо, ки исбот мекунем вуҷуд мутлақан мусовӣ бо вуҷуби зотӣ аст ва ҳар вуҷуде (хоҳ вуҷуди мумкин ва хоҳ вуҷуди воҷиб) дорои вуҷуб ва зарурати зотӣ аст — яъне ҳар мавҷуде воҷибулвуҷуди биззот аст — равшан нахоҳад шуд.

Албатта хонандаи мӯҳтарам агар аҳли таъаммуқ ва тадаббур бошад, мутаваҷҷеҳ хоҳад буд, ки он чӣ дар таҳти унвони фавқ мегӯем, сирфан баёни истилоҳот ва бозӣ бо алфоз нест, балки таҷзияи дақиқест аз аҳкоми мухталифи ақл. Қаблан ишора кардем, ки аҳкоми зеҳн дар мавриди зарурат ва имкон ва имтиноъ, аҳкомест ақлӣ, на ҳиссӣ, ва ночор дар мавриди ин синх аҳком ё бояд ба куллӣ дам фурӯ баст ва сухане аз ҷабру зарурати низоми мавҷудот ё аз имкон ё аз истиҳола ва имтиноъи ашё ба забон наовард, ва ё он ки бояд таҷзияи дақиқи ақлонӣ ба амал овард ва эътибороти мухталифи зеҳнро аз якдигар бозшинохт. Ва чунонки медонем, масъалаи зарурати низоми мавҷудот дар қадим ва ҷадид ҳамвора дар дараҷаи аввали аҳаммият қарор дошта ва имрӯз ҳам соҳибони макотиби мухталиф — аъамм аз илоҳӣ ва моддӣ — қисмате аз ковишҳои хешро ба ин масъала ихтисос додаанд. Ва рӯйи ин ҷиҳат, агар касе бихоҳад, ки масъалаи зарурати низоми мавҷудот барояш равшан шавад, бояд тамоми ақсоми заруратҳоро, ва ба иборати дигар, анвоъи аҳкоми ақлро дар ин замина ташхис диҳад, то ҳақиқат равшан ва ҷилави сафсатаҳо гирифта шавад.

Мо ин ду қисми зарурати зотиро таҳти унвони ду истилоҳи “фалсафӣ” ва “мантиқӣ” баён мекунем ва зимнан ёдоварӣ мекунем, ки қабл аз тулӯъи назарияи асолати вуҷуд, аз лиҳози таҳқиқи фалсафӣ дар “маводди сегонаи ақлӣ”, шинохтани ин ду қисми зарурати зотӣ чандон лузуме надошт, вале бино бар асли асолати вуҷуд агар касе ин ду қисми заруратро ба хубӣ бознашиносад, гирифтори ишколоти азиме хоҳад шуд, ва ҳамон гирифториҳост, ки бархеро ба тарафи нафйи вуҷуди мумкин ва бархе дигарро ба сӯи назарияи эътиборӣ будани вуҷуд кашонидааст.

Тарафдорони мантиқи диалектик чун ин ду қисми заруратро намешинохтаанд, ба иштибоҳоти азим ва аҳёнан музҳике дучор шудаанд ва мо баъдан дар поварақиҳои мақола ба онҳо ишора хоҳем кард.

Зарурат, ҳама ҷо — чӣ дар мантиқ ва чӣ дар фалсафа — дар муқобили имкон ва имтиноъ гуфта мешавад. Чизе, ки ҳаст ин аст, ки мантиқдонон дар боби қазияҳо ҳар вақт сухан аз зарурати зотӣ ба миён меоваранд, онро дар муқобили зарурати васфӣ ва шартӣ қарор медиҳанд ва ин тақсимро мантиқдонон аз назари кайфияти ҳукми ақл кардаанд, на аз назари воқеъ ва нафсуламр ҳарчанд байни ҳукми ақл ва воқеъ ва нафсуламр мутобиқат аст.

Зарурати васфӣ иборат аз ин аст, ки маҳмуле барои мавзӯе зарурат дошта бошад, вале на мутлақан, балки дар ҳоле, ки мавзӯъ дорои сифати хосс ва ҳолати хоссе буда бошад, мисли он ки мегӯем: ҳаракат барои ҷисм зарурат дорад дар ҳоле, ки нерӯе бар ӯ асар кунад ва монеъе дар кор набошад. Ва зарурати зотӣ ин аст, ки маҳмуле барои мавзӯе зарурат дошта бошад мутлақан бидуни ин ки машрут ба шарти хориҷии хоссе бошад ва бидуни он ки ҳолати муайяне дахолат дошта бошад, балки модоме, ки зоти мавзӯъ маҳфуз аст, ин маҳмул биззарура барои мавзӯъ собит аст. Яъне танҳо дар назар гирифтани зоти мавзӯъ кофист барои ҳукми ақл ба зарурати иттисоф мавзӯъ ба маҳмул, мисли он ки мегӯем: “Чисм дорои макон ё миқдор аст”, ё он ки мегӯем: “Инсон ҳайвон аст”, ё он ки мегӯем: “Мусаллас маҷмӯи зовияҳояш мусовӣ бо ду қоима аст”. Маънои ин ҷумлаҳо ин аст, ки ҷисм модоме, ки ҷисм буданаш маҳфуз аст, дорои макон ва миқдор аст, ва инсон модоме, ки инсон буданаш маҳфуз аст, дорои ҳайвоният аст, ва мусаллас модоме, ки мусаллас буданаш маҳфуз аст, тасовии завоё бо ду қоима барояш собит аст.

Дар ҳақиқат дар ин гуна қазияҳо ҳукми ақл ба зарурат, фақат машрут ба як шарт аст, ва он иборат аст аз бақои зоти мавзӯъ. Яъне ақл дар фарзи бақои мавзӯъ, ҳукм мекунад ба зарурати субути маҳмул аз барои мавзӯъ, ба хилофи қазияҳои зарурияи васфия, ки илова бар бақои мавзӯъ, вуҷуди ҳолати муайян низ шарт аст.

Мантиқдонон дар ваҳлаи аввал аз назари кайфияти ҳукми ақл беш аз ин ду қисми зарурат ва дар натиҷа беш аз ду қисми қазияҳои зарурия наёфтанд: як қисм қазияҳое, ки танҳо дар назар гирифтани зоти мавзӯъ барои ҳукми ақл ба зарурат кофист, ва як қисм қазияҳое, ки дар назар гирифтани ҳолати муайян ва шароити хосс низ шарт аст.

Ва албатта аз назари мантиқӣ ин ду қисми зарурат ва ҳамчунин имкон ва имтиноъ, ба маҳмули муайяне ихтисос надорад, балки ҳар маҳмуле бо ҳар мавзӯе санҷида шавад, иттисофи мавзӯъ ба он маҳмул, ё зарурӣ аст ё мумкин аст ё мумтанеъ аст.

Ин буд он маъно аз зарурати зотӣ, ки мусталаҳ ва шойеъи мантиқдонон аст, ва чунонки дидем, ин зарурати зотӣ дар муқобили зарурати васфӣ аст, ва ин инқисом аз барои зарурат, аз лиҳози маноти ҳукми ақл аст.

Аммо фалосифа зарурати зотиро дар муқобили “зарурати ғайрӣ” (на зарурати васфӣ) ба кор мебаранд, ҳамчунон ки имтиноъи зотиро дар муқобили “имтиноъи ғайрӣ” ба кор мебаранд. Ин инқисоми зарурат, ки мавриди таваҷҷӯҳи фалосифа аст, аз лиҳози маноти ҳукми ақл ва кайфияти инъиқоди қазияҳои зеҳния ва лафзия нест, балки сирфан аз лиҳози воқеъ ва нафсуламр аст.

“Зарурати ғайрӣ” иборат аст аз зарурате, ки барои шайъ ба воситаи як иллати хориҷӣ ҳосил шудааст, хоҳ он зарурат аз назари мантиқӣ зарурати зотӣ бошад ё васфӣ. Ва “зарурати зотӣ” иборат аст аз зарурате, ки барои шайъ ҳосил аст, ва дар он зарурат ҳеч гуна иллати хориҷӣ ба ҳеч наҳв дахолат надорад. Ба илова, назари фалсафӣ ба ҳасби иқтизои фанн, дар боби зарурат ва имкон ва имтиноъ, нисбат ба ҳамаи маҳмулот умумият надорад, балки ихтисос дорад ба маҳмули муайяне, ки ҳамоно “мавҷудият” аст. Ва аз ин назар, ҳар гоҳ “воҷиб” ё “мумкин” ё “мумтанеъ” гуфта шавад, “воҷибулвуҷуд” ва “мумкинулвуҷуд” ва “мумтанеъулвуҷуд” қасд мешавад. Вале чунонки қаблан ишора шуд, назари мантиқӣ дар ин боб шомили ҳар маҳмуле нисбат ба ҳар мавзӯе аст.

Рӯйи ин ду ҷиҳат, пас “зарурати зотии фалсафӣ” иборат аст аз ин ки: мавҷуде дорои сифати мавҷудият ба наҳви зарурат бошад ва ин заруратро мадюни ҳеч иллати хориҷӣ набуда бошад. Ва ба иборати дигар, мавҷуде мустақил ва қоим ба нафс ва ғайримаълул буда бошад. Ва “зарурати ғайрӣ” иборат аст аз ин ки: мавҷуде сифати мавҷудиятро ба наҳви зарурат дошта бошад, вале ин заруратро мадюни иллати хориҷӣ буда бошад.

Лозимаи зарурати зотии фалсафӣ, азалӣ ва абадӣ будан аст. Яъне агар мавҷуде ба наҳви зарурати зотӣ мавҷуд бошад ва зоте қоим ба нафс ва ғайримаълул буда бошад, хоҳ нохоҳ зотест азалӣ ва абадӣ ва сифати мавҷудият барояш азалан ва абадан собит хоҳад буд.

Вале лозимаи зарурати зотии мантиқӣ, азалӣ ва абадӣ будан нест, зеро ҳукми ақл дар зарурати зотии мантиқӣ машрут ба бақои мавзӯъ аст, ва агар мавзӯъ амре зоилшуданӣ бошад, хоҳ нохоҳ иттисофи мавзӯъ ба маҳмулоти хеш низ мунтафӣ аст (солибаи ба интифои мавзӯъ).

Бархе аз фалосифа ва мантиқдонон муддаӣ шудаанд, ки аз назари мантиқӣ, яъне аз назари маноти ҳукм ақл, се қисми зарурат дорем ва дар натиҷа се қисм қазияҳои зарурия дорем:

Зарурати васфӣ ва зарурати зотӣ ва зарурати азалӣ.

“Зарурати васфӣ” иборат аст аз зарурати иттисофи мавзӯъ ба маҳмул ба шарти бақои мавзӯъ ва ба шарти вуҷуди ҳолати муайян.

Ва “зарурати зотӣ” иборат аст аз зарурати иттисофи мавзӯъ (ба маҳмул ) модоме, ки мавзӯъ боқист.

Ва “зарурати азалӣ” иборат аст аз зарурати иттисофи мавзӯъ ба маҳмул мутлақан, яъне бидуни ҳеч шарту қайде.

Рӯйи ин назар, дар “қазияҳои зарурияи васфия” ду шарт дар маноти ҳукми ақл ба зарурат мӯътабар аст, ва дар “қазияҳои зарурияи зотия” як шарт, ва дар “қазияҳои азалия” ҳеч шарте дахолат надорад.

Рӯйи ин назар, зарурати зотии фалсафиро метавон аз назари мантиқӣ қисми ҷудогона ба ҳисоб овард ва онро дар арзи зарурати зотӣ ва васфии мантиқӣ қарор дод ва бинобар ин, зарурати мутлақа ихтисос дорад ба зарурати азалия, ва соири заруратҳо ҳама заруратҳои муқайяда ҳастанд.

Ба ҳар ҳол, қатъи назар аз истилоҳоте, ки байни фалосифа ва мантиқдонон шойеъ аст, мо агар ба тарзи ҳукм кардани ақл ба зарурати чизе аз барои чизе муроҷиа кунем, онро чанд қисм мебинем:

Як қисм аҳкоме, ки дар мавриди зарурати бархе аз сифот барои ашё аст, вале дар ҳолати хосс ва шароити муайян (зарурати васфӣ).

Ва як қисм аҳкоме, ки дар мавриди зарурати бархе дигар аз сифот аз барои ашё аст бидуни дахолати ҳолати хосс ва шароити муайянаи хориҷӣ, вале ба шарти боқӣ будани зоти он ашё (зарурати зотии мантиқӣ).

Ва як қисм аҳкоме, ки дар мавриди зарурати сифате аз сифот аст, вале ба таври мутлақ ва бидуни он ки шарти бақои мавзӯъ дар маноти ҳукми ақл лузуме дошта бошад (зарурати азалӣ).

Дар ин ҷо мумкин аст ин таваҳҳум пеш ояд, ки дар ҳақиқат ҳеч фарқе байни зарурати зотии фалсафӣ (зарурати азалӣ) ва зарурати зотии мантиқӣ нест ва ин фарқе, ки гуфта шуд — ки дар зарурати зотии мантиқӣ бақои мавзӯъ ба унвони шарти ҳукми ақл эътибор мешавад ва ҳеч монеъе надорад, ки мавзӯъ аз байн биравад ва табиатан иттисофи мавзӯъ ба маҳмули хеш низ аз байн биравад, вале дар зарурати зотии фалсафӣ эътибори ин шарт лағв аст, зеро агар шайъ қоим ба хештан шуд, қаҳран азалӣ ва абадӣ аст ва аз байн рафтан барои ӯ маъно надорад — марбут ба моҳияти ин ду қисми зарурат нест, балки фақат марбут ба ин аст, ки дар зарурати азалӣ, маҳмулро “вуҷуд” фарз кардаем, ва агар сифати вуҷуд барои шаъйе аз ашё дорои зарурати зотии мантиқӣ бошад, яъне мавҷудият лозими зоти чизе бошад, лозимааш ин аст, ки он шайъ азалӣ ва абадӣ буда бошад ва лозимааш ин аст, ки он шайъ зоте мустақил ва қоим ба хештан ва воҷибулвуҷуд буда бошад.

Вале ин таваҳҳум ботил аст ва мулозимае байни вуҷуби зотии вуҷуд ба ҳасби истилоҳи мантиқ бо вуҷуби зотии вуҷуд ба ҳасби истилоҳи фалсафӣ нест, ва ҳамчунин ҳеч мунофоте байни зарурати зотии вуҷуд ба ҳасби истилоҳи мантиқ ва зарурати ғайрии вай ба ҳасби истилоҳи фалсафа нест, ва мо ҳамаи ин муқаддимотро барои ҳамин як нукта баён кардем ва он ҷо, ки дар ҳамин муқаддима унвони “Асолати вуҷуд ва зарурат ва имкон”-ро тарҳ мекунем, машрӯҳан ин матлабро баён хоҳем кард.

Фарқ нагузоштан байни “зарурати зотии мантиқӣ” ва “зарурати зотии фалсафӣ” мӯҷиби иштибоҳоти азиме барои иддае аз муддаиёни фалсафа ва ғайруҳум аз моддӣ ва ғайримоддӣ шуда ва ҳамин фарқ нагузоштан мӯҷиб шуда, ки тарафдорони мантиқи диалектик мабҳаси “зарурат”-ро дар мантиқ зоид бидонанд, балки эътиқод ба нисбатҳои зарурияро аз мазоҳири ҷумуди мантиқи ба истилоҳ “истотик” бидонанд. Мо ин иштибоҳотро баъдан дар матни поварақиҳои худи мақола баён хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: