Шарҳи Маснавӣ (202)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (28)

* * *

Тафсири қавли ҳаким (2)

* * *

Шоҳро ғайрат бувад, бар ҳар кӣ ӯ

Бу гузинад, баъд аз он ки дид рӯ.

Ҳар кас, ки ба дидори шоҳи ҳақиқат расад, ва з-он пас тоза ба дунболи далел ва асар бигардад, шоҳи ҳақиқат нисбат ба ӯ изҳори ғайрат мекунад, яъне аз ӯ рух барметобад ва бар ӯ қаҳр меоварад.

Бу: Дар таъбироти Мавлоно мутлақи асар аст, хоҳ роиҳа ё чизи дигар. Бу гузидан истидлол ба осор ва пай бурдан аз асар ба муассир, ки равиши ҳукамо ва муткаллимин ва бидояти кори сӯфӣ аст. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.2, с.702)

Ғайрати Ҳақ, бар масал, гандум бувад,

Коҳи хирман ғайрати мардум бувад.

Ғайрати ҳазрати Ҳақ Таъоло монанди гандум аст ва ғайрати мардум монанди хирмани коҳ, ки коҳ дар муқобили гандум ба чизе намеарзад.

Асли ғайратҳо бидонед аз Илоҳ,

Они халқон фаръи Ҳақ, беиштибоҳ.

Асли ҳамаи ғайратҳоро аз Худованд бидонед, ва он ғайрате, ки дар мардумон аст, бе гумон, фаръ бар ғайрати Ӯст.

Шарҳи ин бигзораму гирам гила

Аз ҷафои он нигори даҳдила.

Ман дигар ба шарҳу тавсифи ғайрат идома намедиҳам, балки ба шикоят аз ҷафои он нигори даҳдила мепардозам.

Нукта: “Нигор” ба маънии маҳбуб ва маъшуқ аст. Ва “даҳдила” низ ишора ба ин аст, ки он маҳбуби ҳақиқӣ яъне ҳазрати Кирдугор дорои таҷаллиёти бешумори латифа ва қаҳрия аст ва бар ҳамаи мавҷудот, ва дар таҷаллиёташ такрор нест.

كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ

(Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.561)

Нолам, эро нолаҳо хуш оядаш,

Аз ду олам нолаву ғам боядаш.

Нола мекунам аз ин рӯ, ки нолаҳо барои ӯ хушоянд аст, зеро ӯ аз ҳар ду олам нолаву андӯҳро беш аз ҳар чизе дӯст дорад.

Эро: Аз ин рӯ.

Чун нанолам талх аз дастони ӯ?

Чун наям дар ҳалқаи мастони ӯ.

Чаро аз қиссаи пурғуссаи ӯ нанлолам? Зеро ки натавонистаам дар ҳалқаи мастони бодаи ишқи ӯ дароям.

Дастон: Достон, афсона, ҳилаву чораҷӯӣ.

Нукта: Ҳазрати Ҳақро таҷаллиёти бениҳоят аст, пас ба иҳота дарнаояд ва ҳеч касро тамоми чамоли худ нанамояд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.562)

Чун нанолам ҳамчу шаб бе рӯзи ӯ?

Бе висоли рӯйи рӯзафрӯзи ӯ.

Чаро ҳамчун шаби тираву сиёҳпӯш ва ғамзада нанолам, ки ин нола бад-ин ҷиҳат аст, ки ба висоли рӯйи пурфурӯғаш нарасидаам? Ҳамон рухсоре, ки рӯз аз он равшанӣ мегирад.

Нохуши ӯ хуш бувад дар ҷони ман,

Ҷон фидои ёри дилранҷони ман.

Ҳар нохушӣ, ки аз сӯи ӯ бар ман ворид шавад, дар ҷони ман хуш хоҳад буд. Эй фидои он ёр, ки диламро меранҷонад!

Ошиқам бар ранҷи хешу дарди хеш,

Баҳри хушнудии шоҳи фарди хеш.

Ман бар ранҷу дарди хеш ошиқам, он ҳам ба хотири хушнудии шоҳи беҳамто ва беназирам, яъне ҳазрати Ҳақ.

Хоки ғамро сурма созам баҳри чашм,

То зи гавҳар пур шавад ду баҳри чашм.

Хоки андӯҳро барои дидагонам сурма месозам, то ин ки ду дарёи дидаам аз гавҳарҳои ашк лаболаб шавад.

Нукта: Пизишкони қадим ақида доштанд, ки сурам кашидан биноии чашмро меафзояд, аз ин рӯ, дарду андӯҳи маънавӣ низ мӯҷиби афзоиши биноии ботин мегардад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.562)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: