Ислом ва Эронзамин (52)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (15)

Фиқҳ ва фақоҳат (1)

Аз муҳимтарин фунуни илмии исломӣ фанни фиқҳ аст. Фанни фиқҳ иборат аст аз фанни “истихроҷ ва истинботи аҳком аз мадорик: китоб, суннат, иҷмоъ, ақл.” Илми фиқҳ як илми назарӣ аст, бар хилофи ҳадис, ки сирфан нақлӣ ва ҳифзӣ аст.

Мусалмонон аз қарни аввал ба “иҷтиҳод” пардохтанд. Иҷтиҳод ба мафҳуми саҳеҳ, аз лавозими динӣ монанди ислом аст, ки аз тарафе дини ҳамагонист, ба қавм ва нажод ва минтақае ихтисос надорад, ва аз тарафи дигар, ҳамазамонӣ аст ва дини хотам аст ва дар ҳамаи шароити мутағайири рӯзгор — ки лозимаи тамаддуни башарӣ аст — ҳоким аст.

Бархе мепиндоранд, ки иҷтиҳод дар миёни аҳли тасаннун дар қарни аввал пайдо шуд ва дар миёни шиъа дар қарни севвум. Иллати таъаххури шиъаро дар фиқҳ, бениёзии шиъа аз иҷтиҳод ба сабаби ҳузури имомони атҳор муаррифӣ мекунанд. Аммо ҳамчунон ки мо дар мақолаҳои “Иҷтиҳод дар ислом” ва “Илҳоме аз Шайхуттоифа” исбот кардаем, ин назар иштибоҳ аст.

Фиқҳ ба маънии фанни истинбот ва истихроҷ ва татбиқи усул ва куллиёт бар ҷузъиёт, аз садри аввал ҳам дар миёни шиъа вуҷуд дошта ва ҳам дар миёни аҳли суннат, бо ихтилофоти асосӣ, ки аз назари манобеи фиқҳ ва эътимод ё адами эътимод ба раъй ва қиёс миёни ин ду фирқаи исломӣ вуҷуд доштааст. Аҳли тасаннун бар ин боваранд, ки аввал фарди мусалмоне, ки иҷтиҳод кард Маъоз ибни Ҷабал аз асҳоби Расули Худост, ки ба амри он ҳазрат сафаре барои таблиғи ислом ба Яман рафт ва достонаш маъруф аст.

Алломаи фақид Сайидҳасани Садр дар китоби “Таъсисус-шиъа” менависад: “Аввалин китоби фиқҳии шиъа, дар асри Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом ба василаи Убайдуллоҳ ибни Абирофеъ, ки котиб ва хазонадори он ҳазрат буд таълиф шуд.” Мо қаблан аз Убайдуллоҳ ва падараш дар шумори муаллифони китобҳои ҳадис ёд кардем.

Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” иддае аз китобҳои фиқҳии шиъа ва муаллифони онҳоро дар асри имомон алайҳимус-салом таҳти унвони “Фуқаҳоуш-шиъа” ном мебарад. Иддае аз фуқаҳои асри имомон эронӣ будаанд, вале албатта нисбат ба фуқаҳои ғайриэронии он аср дар ақаллиятанд.

Ба таври куллӣ, дар фуқаҳои шиъа чӣ дар асри имомон алайҳимус-салом ва чӣ дар аъсори баъд то ҳудуди қарни ҳафтум, аксариятро фуқаҳои ғайриэронӣ ташкил медодаанд. Қудамои фуқаҳои шиъа, ки дар ҳоли ҳозир кутубашон дар даст аст ва дар китобҳои фиқҳӣ оро ва назариёташон нақл мешавад, ғолибан ғайриэронӣ мебошанд.

Дар табақаи қудамо, Садуқи аввал Алӣ ибни Ҳусайн ибни Бобавайҳи Қумӣ, ва Садуқи дуввум Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн, балки ҳамаи Оли Бобавайҳ аз қабили Шайх Мунтаҷабуддини Розӣ, ки аз аҳфоди Ҳусайн ибни Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ аст ва ҳамчунин Шайхуттоифа Абӯҷаъфари Тӯcӣ ва Шайх Саллор ибни Абдулазизи Дайламӣ (соҳиби китоби “Маросим” ва шогирди Шайх Муфид) ва Сайид Муртазо ва Ибни Ҳамзаи Тӯcӣ (соҳиби китоби “Васила”) ва Айёшии Самарқандӣ — ки қаблан дар шумори муфассирон номаш бурда шуд ва гуфтем Ибни ан-Надим китобҳои фиқҳии зиёде аз ӯ ном мебарад ва муддаист, ки кутубаш дар Хуросон ривоҷи фаровоне дорад — ҳама эронӣ ҳастанд.

Вале дар муқобил, иддаи бештаре аз фуқаҳои шиъаро то қарни ҳафтум мебинем, ки ғайриэронӣ ҳастанд аз қабили Ибни Ҷунайд, Ибни Абиақил, Шайх Муфид, Сайид Муртазо Аламулҳудо, Қозӣ Абдулазиз ибни Барроҷ, Абуссалоҳи Ҳалабӣ, Сайид Абулмакорим ибни Зуҳра, Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Алломаи Ҳиллӣ ва ғайри инҳо, ки зикр хоҳем кард.

Иллати ин матлаб возеҳ аст. Шиъа дар он давраҳо дар Эрон дар ақаллият будааст. Шиъаёни Лубнон, Ҳалаб, Ироқ зоҳиран аз шиъаёни Эрон ҳам бештар будаанд ва ҳам шароити мусоидтаре доштаанд.

Аз қарни ҳафтум ба баъд, махсусан дар се чаҳор қарни ахир, аксарияти фуқаҳои шиъаро эрониён ташкил дода ва медиҳанд. Дар айни ҳол, дар ҳамин давраҳои ахир бархе фуқаҳои шиъа аз миёни араб бархостаанд, ки фавқулъода мақоми шомихе доранд, аз қабили Шайх Ҷаъфари Кошифулғито ва Шайх Муҳаммадҳасан (соҳиби “Ҷавоҳирул-калом”).

Бемуносибат нест торихчаи мухтасаре аз фиқҳ ва фуқаҳои шиъа аз замони ғайбати суғро то асри ҳозир зикр кунем, то зимни ин ки саҳми эрониён дар фиқҳи шиъа равшан мешавад, тасалсул ва тадовуми ин риштаи фарҳанги исломӣ дар тӯли тақрибан 1300 сол, ки бидуни вақфа идома ёфтааст низ равшан шавад.

Илми фиқҳ (яъне фиқҳи мудавван, ки дар он, китоб тадвину таълиф шудааст ва он китобҳо ҳамакнун низ мавҷуд аст) собиқаи 1300-сола дорад. Яъне аз 11 қарни пеш то кунун бидуни вақфа ҳавзаҳои тадрисии фиқҳӣ барқарор будааст; устодон шогирдоне тарбият кардаанд ва он шогирдон ба навбаи худ шогирдони дигаре тарбият кардаанд то асри ҳозир, ва ин робитаи устоду шогирдӣ қатъ нашудааст.

Албатта, улуми дигар монанди фалсафа, мантиқ, риёзиёт, тибб собиқаи бештаре доранд ва китобҳое аз замонҳои дуртар дар ин улум дар даст аст, вале дар ҳеч як аз он улум шояд натавон ин чунин ҳаёти мутасалсил ва мутадовиме, ки бидуни вақфа ва лоянқатеъ робитаи устоду шогирдӣ дар он маҳфуз бошад нишон дод; фаразан ҳам дар илми дигаре вуҷуд дошта бошад, мунҳасир ба ҷаҳони ислом аст, яъне танҳо дар ҷаҳони ислом аст, ки улум собиқаи ҳаётии мутасалсил ва муназзами ҳазорсола ва бештар доранд, ки вақфае дар байн ҳосил нашудааст. Мо баъдан роҷеъ ба тасалсул ва тадовуми фалсафа ва ирфон ҳам баҳс хоҳем кард.

Хушбахтона яке аз масоиле, ки мавриди таваҷҷӯҳи уламои мусалмонон будааст ин аст, ки табақоти мутасалсили арбоби улумро мушаххас созанд. Ин кор дар дараҷаи аввал нисбат ба уламои ҳадис анҷом ёфтааст ва дар дараҷоти баъдӣ барои уламои улуми дигар. Мо китобҳои зиёде ба ин унвон дорем монанди “Табақотул-фуқаҳо”-и Абӯисҳоқи Шерозӣ, “Табақотул-атиббо”-и Ибни Абиусайбиъа, “Табақотун-наҳвийин” ва “Табақотус-суфия”-и Абӯабдурраҳмони Салмо.

Вале то он ҷо, ки ин банда иттилоъ дорад, он чӣ дар бораи табақоти фуқаҳо навишта шуда аз аҳли тасаннун ва марбут ба онҳост. Дар бораи табақоти фуқаҳои шиъа то кунун китобе навишта нашудааст, аз ин рӯ барои кашфи табақоти фуқаҳои шиъа, аз лобалои китобҳои тароҷум ва ё китобҳои иҷозот, ки марбут аст ба табақоти ровиёни ҳадис, бояд истифода кард.

Мо дар ин ҷо намехоҳем табақоти фуқаҳои шиъаро ба тафсил баён кунем, балки мехоҳем шахсиятҳои барҷаста ва баноми фуқаҳоро, ки ороашон мавриди таваҷҷӯҳ аст, бо зикри китобҳои фиқҳ зикр кунем; зимнан табақоти фуқаҳо низ шинохта мешаванд.

Торихи фуқаҳои шиъаро аз замони ғайбати суғро (260- 329) оғоз мекунем, ба ду далел: яке ин ки асри қабл аз ғайбати суғро асри ҳузури имомони атҳор аст ва дар асри ҳузур ҳарчанд фуқаҳо ва ба маънии саҳеҳи калима муҷтаҳидин ва арбоби фатво — ки имомони атҳор онҳоро ба фатво додан ташвиқ мекардаанд — будаанд, вале хоҳ нохоҳ фуқаҳо ба иллати ҳузури имомони атҳор алайҳимус-салом таҳтушшуъо будаанд. Яъне марҷаъияти онҳо дар заминаи дастнорасӣ ба имомон будааст ва мардум ҳатталимкон саъй мекарданд ба манбаи аслӣ даст ёбанд ва худи он фуқаҳо низ мушкилоти худро то ҳадди мақдур ва мумкин бо таваҷҷӯҳ ба буъди масофатҳо ва соири мушкилот, бо имомони атҳор дар миён мегузоштанд. Дигар ин ки алаззоҳир фиқҳи мудаввани мо мунтаҳӣ мешавад ба замони ғайбати суғро. Яъне таълиф ва асари фиқҳӣ қабл аз он давра аз фуқаҳои шиъа феълан дар даст надорем ё ин банда иттилоъ надорад.

Вале ба ҳар ҳол, дар шиъа низ фуқаҳои бузурге дар асри имомони атҳор вуҷуд доштааст, ки бо муқоиса бо фуқаҳои муосири онҳо аз соири мазоҳиб, арзиши онҳо маълум ва мушаххас мешавад. Ибни ан-Надим фанни панҷум аз мақолаи шашуми китоби бисёр нафиси худро, ки ба номи “Феҳристи Ибни ан-Надим” шӯҳрат ва эътибори ҷаҳонӣ дорад, ихтисос дода ба “Фуқаҳоуш-шиъа” ва дар зайли номҳои онҳо, аз китобҳои онҳо дар ҳадис ё фиқҳ ёд мекунад. Дар бораи Ҳусайн ибни Саъиди Аҳвозӣ ва бародараш мегӯяд:

أوسع أهل زمانهما علما بالفقه والآثار والمناقب

(“Донишмандтарини аҳли замони худ ба фиқҳ ва осор ва маноқиб буданд”), ё дар бораи Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ мегӯяд:

من العلماء الفقهاء

(“Аз донишмандони фақеҳ”) ва дар бораи Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Аҳмад ибни ал-Валиди Қумӣ мегӯяд:

وله من الكتب كتاب الجامع في الفقه

(“Ва ӯ аз китобҳо дорои китоби “Алҷомеъ фил-фиқҳ аст”) Вале зоҳиран китобҳои фиқҳии онҳо ба ин шакл будааст, ки дар ҳар бобе аҳодисе, ки онҳоро мӯътабар медонистаанд ва бар тибқи онҳо амал мекардаанд зикр мекардаанд; он китобҳо, ҳам ҳадис буд ва ҳам назари муаллифи китоб.

Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар муқаддимаи “Мӯътабар” мегӯяд:

Назар ба ин ки фуқаҳои мо (ризвонуллоҳи алайҳим) зиёданд ва таълифоти фаровон доранд ва нақли ақволи ҳамаи онҳо ғайримақдур аст, ман ба сухани машҳурин ба фазлу таҳқиқу ҳусни интихоб иктифо кардаам ва аз китобҳои ин фузало ба он чӣ иҷтиҳоди онҳо дар китобҳо ҳувайдост ва мавриди эътимоди худашон будааст, иктифо кардаам. Аз ҷумлаи касоне, ки нақл мекунам (аз қудамои замони имомон) Ҳасан ибни Маҳбуб, Аҳмад ибни Абинасри Бизантӣ, Ҳусайн ибни Саъид (Аҳвозӣ), Фазл ибни Шозон (Нишопурӣ), Юнус ибни Абдурраҳмон, ва аз мутааххирон Муҳаммад ибни Бобавайҳи Қумӣ (Шайхи Садуқ) ва Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ, ва аз асҳоби фатво Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ, Искофӣ, Ибни Абиақил, Шайх Муфид, Сайид Муртазо Аламулҳудо, Шайх Тӯcӣ аст…

Муҳаққиқ бо он ки гурӯҳи аввалро аҳли назар ва иҷтиҳод ва интихоб медонад, онҳоро ба номи асҳоби фатво ёд намекунад, зеро китобҳои онҳо дар айни ин ки хулосаи иҷтиҳодашон будааст, ба сурати китоби ҳадис ва нақл будааст, на ба сурати фатво. Инак, мо баҳси худро аз муфтиёни аввале, ки дар замони ғайбати суғро будаанд оғоз мекунем:

1) Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ, вафотёфта дар соли 329, мадфун дар Қум. Падари Шайх Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ маъруф ба Шайх Садуқ аст, ки дар наздикии шаҳри Рай мадфун аст. Писар, муҳаддис аст ва падар фақеҳ ва соҳиби фатво. Маъмулан ин падару писар ба унвони “Садуқайн” ёд мешаванд.

2) Яке дигар аз фуқаҳои баном ва маъруфи он замон, ки муосир бо Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ аст, балки андаке бар ӯ тақаддуми замонӣ дорад, Айёшии Самарқандӣ соҳиби тафсири маъруф аст. Ӯ марде ҷомеъ будааст. Гарчи шӯҳраташ ба тафсир аст, ӯро аз фуқаҳо шумурдаанд. Китобҳои зиёде дар улуми мухталиф ва аз он ҷумла дар фиқҳ дорад. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” мегӯяд: “Китобҳои ӯ дар Хуросон ривоҷи фаровон дорад.” Дар айни ҳол мо то кунун надидаем, ки дар фиқҳ орои ӯ нақл шуда бошад, шояд китобҳои фиқҳии ӯ аз байн рафтааст.

Айёшӣ ибтидо суннӣ буд ва баъд шиъа шуд. Сарвати фаровоне аз падар ба ӯ ирс расид ва ӯ ҳамаи онҳоро харҷи ҷамъоварӣ ва нусхабардории китобҳо ва таълиму таъаллум ва тарбияти шогирд кард.

Баъзе Ҷаъфар ибни Қулавайҳро, ки устоди Шайх Муфид будааст (дар фиқҳ) ҳамдавраи Алӣ ибни Бобавайҳ ва қаҳран аз фуқаҳои давраи ғайбати суғро шумурдаанд ва гуфтаанд, ки Ҷаъфар ибни Қулавайҳ шогирди Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарии маъруф будааст, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ӯ устоди Шайх Муфид будааст ва дар соли 367 ва ё 368 даргузаштааст, наметавон ӯро муосири Алӣ ибни Бобавайҳ ва аз уламои ғайбати суғро шумурд. Он ки аз уламои ғайбати суғрост падараш Муҳаммад ибни Қулавайҳ аст.

3) Ибни Абиақили Уммонӣ. Гуфтаанд, яманӣ аст. Уммон аз савоҳили дарёи Яман аст. Торихи вафоташ маълум нест. Дар оғози ғайбати кубро мезистааст.

Баҳрулулум гуфтааст, ки ӯ устоди Ҷаъфар ибни Қулавайҳ будааст ва Ҷаъфар ибни Қулавайҳ устоди Шайх Муфид будааст. Ин қавл аз қавли боло, ки Ҷаъфар ибни Қулавайҳро ҳамдавраи Алӣ ибни Бобавайҳ муаррифӣ кардааст, ақраб ба таҳқиқ аст. Орои Ибни Абиақил дар фиқҳ зиёд нақл мешавад. Ӯ аз чеҳраҳоест, ки мукаррар ба номи ӯ дар фиқҳ бармехӯрем.

4) Ибни Ҷунайди Искофӣ, аз асотиди Шайх Муфид аст. Гӯянд, ки дар соли 381 даргузаштааст. Гуфтаанд, ки таълифот ва осораш ба панҷоҳ мерасад. Фуқаҳо аз Ибни Ҷунайд ва Ибни Абиақили собиқуззикр ба унвони “алқадимайн” ёд мекунанд. Орои Ибни Ҷунайд ҳамвора дар фиқҳ матраҳ буда ва ҳаст.

5) Шайх Муфид. Номаш Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нӯъмон аст. Ҳам мутакаллим аст ва ҳам фақеҳ. Ибни ан-Надим дар фанни дуввум аз мақолаи панҷуми “Алфеҳрист”, ки дар бораи мутакаллимини шиъа баҳс мекунад, аз ӯ ба унвони “Ибни ал-Муаллим” ёд мекунад ва ситоиш менамояд. Дар соли 336 мутаваллид шуда ва дар 413 даргузаштааст. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ ба номи “Муқниъа” аст ва чоп шуда ва мавҷуд аст. Шайх Муфид аз чеҳраҳои бисёр дурахшони шиъа дар ҷаҳони ислом аст. Абӯяълои Ҷаъфарӣ, ки домоди Муфид будааст, гуфтааст, ки Муфид шабҳо мухтасаре мехобид, боқиро ба намоз ё мутолеа ё тадрис ё тиловати Қуръони Маҷид мегузаронид. Шайх Муфид шогирди шогирди Ибни Абиақил аст.

6) Сайид Муртазо маъруф ба Аламулҳудо, мутаваллиди 355 ва вафотёфтаи 436. Алломаи Ҳиллӣ ӯро муаллими шиъаи имомия хондааст. Марде ҷомеъ будааст; ҳам адиб буда ва ҳам мутакаллим ва ҳам фақеҳ. Орои фиқҳии ӯ мавриди таваҷҷӯҳи фуқаҳост. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ яке китоби “Интисор” аст ва дигар китоби “Ҷумалул-илми вал-амал”. Ӯ ва бародараш Сайид Разӣ (ҷомеъи Наҳҷул-балоға) назди Шайх Муфиди собиқуззикр таҳсил кардаанд.

7) Шайх Абӯҷаъфари Тӯcӣ, маъруф ба Шайхуттоифа. Аз ситорагони бисёр дурахшони ҷаҳони ислом аст. Дар фиқҳ, усул, ҳадис, тафсир, калом ва риҷол таълифоти фаровон дорад. Аҳли Хуросон аст. Дар соли 385 мутаваллид шуда ва дар соли 408, яъне дар 23-солагӣ, ба Бағдод, ки он вақт маркази бузурги улум ва фарҳанги исломӣ буд муҳоҷират кард ва то поёни умр дар Ироқ монд ва пас аз устодаш Сайид Муртазо риёсати илмӣ ва фатвои шиъа ба ӯ мунтақил шуд. Муддати панҷ сол пеши Шайх Муфид дарс хондааст. Солиёни дароз аз хидмати шогирди боризи Шайх Муфид яъне Сайид Муртазо баҳраманд шудааст. Устодаш Сайид Муртазо дар соли 436 даргузашт ва ӯ 24 соли дигар баъд аз устодаш дар қайди ҳаёт буд. Дувоздаҳ сол баъд аз Сайид дар Бағдод монд, вале баъд ба иллати як силсила ошӯбҳо, ки хона ва китобхонааш ба тороҷ рафт, ба Наҷаф муҳоҷират кард ва ҳавзаи илмияро дар онҷо таъсис кард ва дар соли 460 дар ҳамон ҷо даргузашт. Қабраш дар Наҷаф маъруф аст.

Шайх Тӯcӣ китобе дар фиқҳ дорад ба номи “Анниҳоя”, ки дар қадимулайём китоби дарсии туллоб будааст. Китоби дигаре дорад ба номи “Мабсут”, ки фиқҳро вориди марҳилаи ҷадиде кардааст ва дар асри худаш машрӯҳтарин китоби фиқҳии шиъа будааст. Китоби дигаре дорад ба номи “Хилоф”, ки дар онҷо, ҳам орои фуқаҳои аҳли суннатро зикр карда ва ҳам раъйи шиъаро. Шайх Тӯcӣ китобҳои дигар низ дар фиқҳ дорад. Қудамо то ҳудуди як қарн пеш агар дар фиқҳ “Шайх” ба таври мутлақ мегуфтанд, мақсуд Шайх Тӯcӣ буд. Ва агар “Шайхон” мегуфтанд, мақсуд Шайх Муфид ва Шайх Тӯcӣ буд. Шайх Тӯcӣ яке аз чанд чеҳраи маъруфест, ки дар саросари фиқҳ номашон бурда мешавад. Хонадони Шайх Тӯcӣ то чанд насл ҳама аз уламо ва фуқаҳо будаанд. Писараш Шайх Абӯалӣ мулаққаб ба Муфиди сонӣ фақеҳи ҷалилулқадре аст ва бино бар нақли “Мустадракул-васоил”, ӯ китобе дорад ба номи “Амолӣ”, ва китоби “Анниҳоя”-и падарашро низ шарҳ кардааст.

Мутобиқи нақли китоби “Луълуъул-баҳрайн”, духтарони Шайх Тӯcӣ низ фақеҳа ва фозила будаанд.

Шайх Абӯалӣ фарзанде дорад ба номи Шайх Абулҳасан Муҳаммад. Баъд аз падараш Абӯалӣ марҷаъият ва риёсати ҳавзаи илмия ба ӯ мунтақил шуд ва бино бар нақли Ибни Имоди Ҳанбалӣ дар китоби “Шазаротуз-заҳаб фи ахбори ман заҳаб”, дар замони ин марди бузург туллоби улуми динии шиъа аз атрофу акноф ба сӯйи ӯ мешитофтанд, ва ӯ худ марде порсо ва зоҳид ва олим будааст. Имоди Табарӣ гуфтааст, агар салавот бар ғайри анбиё раво буд, ман бар ин мард салавот мефиристодам. Ӯ дар соли 540 даргузаштааст.

8) Қозӣ Абдулазизи Ҳалабӣ маъруф ба Ибни ал-Барроҷ. Шогирди Сайид Муртазо ва Шайх Тӯcӣ аст. Аз тарафи Шайх Тӯcӣ ба билоди Шом, ки ватанаш буд фиристода шуд. 20 сол дар Тароблуси Шом (ки феълан шаҳре дар Лубнон аст) қозӣ буд. Дар соли 481 даргузаштааст. Китобҳои фиқҳии ӯ, ки бештар ном бурда мешавад, яке ба номи “Муҳаззаб” аст ва дигаре ба номи “Ҷавоҳир”.

9) Шайх Абуссалоҳи Ҳалабӣ. Ӯ низ аҳли Шомот аст. Шогирди Сайид Муртазо ва Шайх Тӯcӣ буда ва сад сол умр кардааст. Дар “Райҳонатул-адаб” менависад, ки ӯ шогирди Саллор ибни Абдулазиз низ будааст. Агар ин нисбат дуруст бошад, мебоист Абуссалоҳ се табақаро шогирдӣ карда бошад. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ ба номи “Кофӣ” аст. Дар соли 447 даргузаштааст. Агар умри ӯ сад сол будааст ва дар 447 ҳам вафот карда бошад, ӯ аз ҳар ду устодаш бузургсолтар будааст. Шаҳиди Сонӣ ӯро “Халифатул-Муртазо фил-билодил-ҳалабия” хондааст.

10) Ҳамза ибни Абдулазизи Дайламӣ маъруф ба Саллори Дайламӣ. Дар ҳудуди соли 448 то 463 даргузаштааст. Шогирди Шайх Муфид ва Сайид Муртазо аст. Аҳли Эрон аст ва дар Хусравшоҳи Табриз даргузаштааст. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ ба номи “Маросим” аст. Саллор ҳарчанд ҳамтабақаи Шайх Тӯcӣ аст на аз шогирдони ӯ, дар айни ҳол Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар муқаддимаи китоби “Алмӯътабар” аз ӯ ва Ибни ал-Барроҷ ва Абуссалоҳи Ҳалабӣ ба унвони “атбоъус-салоса” ном мебарад; яъне ӯро аз пайравоне мешуморад, ки алаззоҳир мақсудаш ин аст ин се нафар тобеъ ва пайравони се нафари дигар (Шайх Муфид, Сайид Муртазо, Шайх Тӯcӣ) будаанд.

11) Сайид Абулмакорим ибни Зуҳра. Дар ҳадис ба як восита аз Абӯалӣ писари Шайхуттоифа ривоят мекунад ва дар фиқҳ бо чанд восита шогирди Шайх Тӯcӣ аст. Аҳли Ҳалаб аст ва дар соли 585 даргузаштааст. Китоби маъруф ӯ дар фиқҳ ба номи “Ғуня” маъруф аст. Ҳар гоҳ дар истилоҳи фуқаҳо “ҳалабиён” (ба сиғаи тасния) гуфта шавад, мақсуд Абуссалоҳи Ҳалабӣ ва Ибни Зуҳраи Ҳалабист, ва ҳаргоҳ “ҳалабиюн” (ба сиғаи ҷамъ) гуфта шавад, мақсуд он ду нафар ба иловаи Ибни ал-Барроҷ аст, ки ӯ ҳам аҳли Ҳалаб будааст. Бино бар он чӣ дар “Мустадрак” зимни аҳволи Шайх Тӯcӣ омадааст, Ибни Зуҳра китоби “Анниҳоя”-и Шайх Тӯcиро назди Абӯалӣ Ҳасан ибни Ҳасан маъруф ба Ибни ал-Ҳоҷиби Ҳалабӣ хондааст, ва ӯ он китобро назди Абӯабдуллоҳ Зайнободӣ дар Наҷаф ва ӯ назди Шайх Рашидуддин Алӣ ибни Зираки Қумӣ ва Сайид Абӯҳошими Ҳусайнӣ ва он ду назди Шайх Абдулҷаббори Розӣ таҳсил карда будаанд ва Шайх Абдулҷаббор шогирди Шайх Тӯcӣ будааст. Бино бар ин нақл, Ибни Зуҳра бо чаҳор восита шогирди Шайх Тӯcӣ будааст.

12) Ибни Ҳамзаи Тӯcӣ, маъруф ба Имодуддини Тӯcӣ. Ҳамтабақаи шогирдони Шайх Тӯcӣ аст. Баъзе ӯро ҳамтабақаи шогирдони шогирдони Шайх дониста ва баъзе давраи ӯро аз ин ҳам мутааххиртар донистаанд. Ниёз ба таҳқиқи бештаре аст. Соли вафоташ дақиқан маълум нест, шояд дар ҳудуди нимаи дуввуми қарни шашум даргузаштааст. Аҳли Хуросон аст. Китоби маъруфаш дар фиқҳ ба номи “Васила” аст.

13) Ибни Идриси Ҳиллӣ. Аз фуҳули уламои шиъа аст. Худаш араб аст ва Шайх Тӯcӣ ҷадди модарии ӯ (албатта маъалвосита) ба шумор меравад. Ба ҳуррияти фикр маъруф аст. Савлату ҳайбати ҷаддаш Шайх Тӯcиро шикаст. Нисбат ба уламо ва фуқаҳо то сарҳадди иҳонат интиқод мекард. Дар соли 598 дар синни 55-солагӣ даргузаштааст. Китоби нафис ва маъруфи ӯ дар фиқҳ ба номи “Сароир” аст. Гуфтаанд, ки Ибни Идрис аз таломизи Сайид Абулмакорим ибни Зуҳра будааст, вале бино бар таъбироте, ки Ибни Идрис дар китоби “Алвадиъа” аз китоби “Сароир” мекунад, чунин бармеояд, ки сирфан муосири вай будааст ва ӯро мулоқот кардааст ва дар бархе масоили фиқҳӣ миёни онҳо мукотиботе радду бадал шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: