Таҳқиқи СММ: “Теруристҳо дарке аз ислом ва маънои “ҷиҳод” надоранд”

Натоиҷи таҳқиқе, ки Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ анҷом додааст, нишон медиҳад, афроде, ки барои пайвастан ба гурӯҳҳои теруристӣ дар Сурия ватанашонро тарк мекунанд, “кучактарин дарке дар бораи маънои ҳақиқии “ҷиҳод” ё ҳатто дини ислом надоранд”.

Ба гузориши Independent, натоиҷи таҳқиқи анҷомшуда барои “Дафтари зидди теруризми Созмони Милали Муттаҳид” нишон медиҳад, аксари ин афрод алорағми иддаоҳояшон мабнӣ бар ин ки дар ҳоли набард барои ҳифзи ислом ҳастанд, бо ин дин кучактарин ошноӣ надоранд ва бархе аз онҳо ҳатто наҳваи намоз хондани саҳеҳро балад нестанд.

Муаллифони ин таҳқиқ навиштаанд: “Афроде, ки дар канори гурӯҳҳои теруристӣ дар Сурия ҷангидаанд, умуман ҷавон буда ва аз лиҳози иқтисодӣ ва таҳсилотӣ ҷузъи ақшори маҳруми ҷавомеъ ҳастанд.”

Дар ин гузориш, ки бар асоси мусоҳиба бо 43 нафар аз 12 кишвар анҷом шуда, омадааст: “Бештари ин афрод бекор ё нимабекор буданд ва ё ин ки гуфтаанд, зиндагиашон фоқиди маъност.”

Се чаҳоруми афроди мавриди мусоҳиба, пас аз вуруд ба Сурия, тасмим ба хуруҷ аз онҷо гирифтанд, дар ҳоле ки соири нафарот ё тавассути мақомҳои кишвари худашон аз рафтан ба Сурия манъ шуданд ва ё дар миёнаи роҳ мутаваққиф шуданд.

Дар ин таҳқиқ унвон шудааст, ки боварҳои динӣ нақши андаке дар ангезаҳои гурӯҳи мавриди баррасӣ барои пайвастан ба гурӯҳҳои теруристӣ — чӣ ДОЪИШ ва чӣ Ҷабҳатуннусра – доштааст, балки омилҳои иқтисодӣ бо таваҷҷӯҳ ба ваъдаҳои теруристҳо барои таъмини дастмузд, маскан ва ҳатто ҳамсар, омили муҳимтар дар ин росто будааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, Таҳлилот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: