Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ, меъмори сулҳи Тоҷикистон

Гузориши нишасти осебшиносии равобити Эрон ва Тоҷикистон

Ба рағми равобити ҳасанаи Эрон ва Тоҷикистон дар даҳаи 1990, ба назар мерасад тайи як даҳаи гузашта ин равобит ба тадриҷ дастхуши таҳаввулоте шудааст, ки ба воситаи он, заминаи сардии равобити Эрон ва Тоҷикистон фароҳам омадааст. Дар ҳамин робита, “Муассисаи мутолеоти Эрон ва Уруосиё” (IRAS) ва “Муассисаи аброри муосири Теҳрон” иқдом ба баргузории нишасти муштараке дар маҳалли Муассисаи IRAS бо ҳадафи осебшиносии ин равобит намуданд, ки оқоён дуктур Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва дуктур Сайидрасули Мӯсавӣ (суфарои пешини Эрон дар Тоҷикистон) ва ҷаноби оқои Ҳасани Биҳиштипур (пажӯҳишгари аршади ҳавзаи Уруосиё) аз суханронони аслии он буданд. Мудирияти ин нишаст низ бар ӯҳдаи дуктур Баҳроми Амираҳмадиён буд.

Он чи дар зайл аз назар мегузарад, гузорише аз мабоҳиси матраҳшуда тавассути суханронон ва тане чанд аз коршиносони ҳозир дар ҷаласа мебошад.

* * *

IRAS: Ҷунбиши Тоҷикистон (дар даҳаи 90-ум) танҳо як ҷунбиши исломӣ набуд, балки як ҷунбиши демукротик буд ва оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ алорағми он ки як раҳбари динӣ буд, раҳбарии як ҷунбиши демукротикро низ бар ӯҳда дошт ва Тоҷикистонро дар масири як ҷунбиши демукротик ҳидоят кард. Иллати он ки Ҳизби наҳзати исломиро ба унвони як ҳизби мӯътадил ба расмият мешиносем, аз он рӯст, ки мероси оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ ба унвони як наҳзати демукротик аст.

Муҳимтарин нукта дар инҷо ин аст, ки оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар ин марҳила ҳадафи худро демукротик эълом мекунад ва ба ҳеч унвон баҳси ташкили давлати исломӣ ва ташкили низоми исломӣ матраҳ нест. Вай мегӯяд, ки мо ҳама барои Тоҷикистон меҷангем, мехоҳем Тоҷикистон қонун дошта бошад, ҷилави таҷовуз гирифта шавад, адолат барқарор шавад. Пас дар ин марҳила шахсияти оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ ба унвони як раҳбари динӣ ва инқилобӣ бо муҳтавои ҳаракати демукротик аст. Марҳилаи баъдии зиндагии оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ, ки шоҳиди он ҳастем, марбут ба айёме аст, ки эшон вориди ҷараёни музокирот мешаванд. Дар даврони музокирот оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ ба унвони як диплумоти тамомаёр ҳастанд. Ончунон дар музокироти сулҳ ворид мешаванд, ончунон тавоноиҳоеро аз худ нишон медиҳанд ва ончунон тайфи густардае аз касоне мисли Мулло Абдуллоҳ, ки Толибонро ба унвони либерол мешинохт, аз оқои Нурӣ табаият мекарданд то Ҷумъаи Намангонӣ фармондеҳи нерӯи низомии ҳаракати исломи Ӯзбакистон, ва то касоне мисли Отахон Латифӣ ва Ҳабиб Сангин… Ва ба иборате, тайфи густардае аз ҳамаи тафаккурот вайро ба унвони раҳбар пазируфта буданд ва ҳар он чи оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ мегуфт, тарҳ мекарданд.

Баъд аз ин, вориди марҳилае мешавем, ки илова бар вуҷуҳи инқилобӣ, исломӣ ва диплумот будан, ваҷҳи дигаре аз шахсияти оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ буруз меёбад, ки метавон аз он ба унвони “меъмори сулҳ” ёд кард, ки ин марҳила марбут ба даврони Кумисиюни оштии миллӣ аст. Яъне баъд аз ин ки музокироти сулҳ дар Маскав ба натиҷа расид, давраи иҷрои сулҳ буд. Бар хилофи хеле аз тавофуқҳои сулҳе, ки дар Афғонистон сурат мегирад, аммо созу кори иҷроии он пешбинӣ намешавад, дар Тоҷикистон музокироти сулҳ ҳоизи созу кори иҷроӣ ва равишҳои иҷрои мувофиқатномаи сулҳ буд мабнӣ бар ин ки давлат ба кори худ идома медиҳад. Дар канори давлат як Кумисиюни оштии миллӣ ташкил мешавад, ки ин Кумисиюни оштии миллӣ тағйиротеро дар сохторҳои давлат анҷом медиҳад ва нерӯҳоеро ҳам вориди давлат мекунад, ки як давлати эътилофӣ ташкил диҳанд. Ва тибқи тавофуқ қарор бар ин буд, ки 30 дар сади нерӯҳои опозисиюн вориди давлат шаванд. Дар канори ин Кумисиюни оштии миллӣ ва давлат гурӯҳи дигаре ҳам ҳузур доштанд, ки аз суфарои кишварҳои нозири музокирот ва тазминкунандаи сулҳ буданд. Яъне муташаккил аз суфарои пойтахтҳое, ки ташкил мешуд ва ҳамчунин ду кишвари Русия ва Эрон, ки дар ин музокирот нақши калидӣ доштанд. Ин суфаро бар фаъолиятҳои Кумисиюни оштии миллӣ ва давлат назорат мекарданд.

Арзандатарин ваҷҳи шахсияти оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ дар ин марҳила буруз меёбад, ки вай хотироти худро дар китоби “Оштинома” навиштааст. Оқои Нурӣ дар ин марҳила сулҳро баргузид. Барои мисол, дар ҳамин айём, дар даврае Отахон Латифӣ, ки тамоми баёнияҳои сулҳро навишта буд терур шуд ва ба дунболи ин Кумисиюни оштии миллӣ фаъолиятҳояшро мутаваққиф кард. Ҳама гумон мекарданд, ки кишвар дубора вориди ҷанг хоҳад шуд, вале оқои Нурӣ қабул кард мудирияти саҳнаро ба даст бигирад. Аз назари иддае, оқои Нурӣ кӯтоҳ омада буд ва дар муқобили давлат ақибнишинӣ кард. Аммо вай мӯътақид буд вақте сулҳро интихоб кардем, бояд ҳазинаи сулҳро бипардозем. Баъд аз Отахон Латифӣ Ҳабиб Сангин терур шуд. Баҳси тақсими 30 дар сад аз мақомҳо ба опозисиюн амалан ба 10 дар сад тақлил ёфт. Ва мавориде аз ин қабил мураттабан пеш меомад. Аммо оқои Нурӣ моил набуд ба хотири посту мақом вориди амал шавад. Вай бар ин бовар буд, ки агар мардуми Тоҷикистон рӯзе бихоҳанд озодӣ ва исломро дошта бошанд, ҳамеша метавонанд, вале мо набояд вориди арсае шавем, ки баъдҳо бигӯянд инҳо ба хотири посту мақоме, ки аз онҳо дареғ карданд, дубора дар кишвар ҷанг ба роҳ андохтанд, ва моил набуд Тоҷикистонро ба Афғонистони дуввум табдил намояд. Ҷамъбандии ман ин аст, ки оқои Нурӣ инсони ношинохтае барои ҳамаи мост ва заҳамоти эшон қадр дониста нашуда ва мероси эшон мутаассифона мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифтааст. Хелеҳо ҳам, ки алъон аз Тоҷикистон ва Наҳзати исломӣ сӯҳбат мекунанд, аз гумони худ ба таҳлили Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар умур мепардозанд ва қодир ба таҳлили шахсияти эшон нестанд.

Агарчи мумкин аст Тоҷикистон ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ заъифтар аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, аммо ба ҷиҳати ақабаи фарҳангӣ, тоҷикҳо қавитарин фарҳангро дар Осиёи Марказӣ доранд. Аз ин рӯ “перестройка” ва “гласност” дар Тоҷикистон ба маънои бозгашт ба фарҳанги худӣ, фарҳанги ниёгон, эҳёи хатти форсӣ ва хатти ниёгон, бозгашт ба ҳувияти худашон буд.

Дар марҳилаи марбут ба даврони Кумисиюни оштии миллӣ илова бар вуҷуҳи инқилобӣ, исломӣ ва диплумот будан, ваҷҳи дигаре аз шахсияти оқои Сайидабдуллоҳи Нурӣ буруз меёбад, ки метавон аз он ба унвони “меъмори сулҳ” ёд кард.

Оқои Нурӣ шахсияти истисноӣ буданд, ки ҷойгузине барои он наметавон ёфт. Эшон ҳамчунин тамоюлоти хоссе нисбат ба Эрон доштанд. Дар воқеъ шаклгирии Наҳзати исломии Тоҷикистон мутаассир аз Инқилоби Исломии Эрон ҳам буд. Гарчи Эрон мустақиман бар он таҳаввулот асар нагузошт, аммо он чи дар Эрон иттифоқ афтод, дар Тоҷикистон беасар ҳам набудааст. Онҳо хеле дақиқ ахбори Эрон ва таҳаввулоти Эронро дунбол мекарданд ба тавре, ки шояд хеле аз мо дар ҷараёни бархе умур набудем.

Ҳадаф аз мабоҳиси марбут ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва оқои Нурӣ дар зайл мавзӯи осебшиносии равобити Эрон ва Тоҷикистон, интиқоли ин паём буд, ки шинохти мо аз бисёре аз масоили Тоҷикистон чандон густарда нест.

Дар вақойеъе, ки дар иртибот бо ҷанги дохилии Тоҷикистон рух дод, русҳо нақши бисёр пурранге доштанд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, афсарони аршади рус эҳсос мекарданд агар баргарданд дигар “яди байзое”, ки доранд нахоҳанд дошт. Бинобар ин, иқдом ба фурӯши силоҳ, ҳам ба давлат ва ҳам ба опозисиюн карданд. Дар воқеъ аз берун силоҳи чандоне нарасид. Чун марзи Афғонистон дар ихтиёри русҳо буд ва то муддатҳо баъд ҳам фурудгоҳҳо тавассути русҳо идора мешуд. Бинобар ин, русҳо яке аз манобеи даромадашон баҳси фурӯхтани силоҳ буд.

Русҳо ҳозир набуданд нақши Эронро дар музокироти сулҳи Тоҷикистон бипазиранд. Ба иборате, русҳо аслан ҳузури Эронро барнаметобиданд. Он айём равобити Русия бо Омрико бисёр наздик буд. Дар кулл, агар нақши Эрон набуд, агар русҳо ҳам баъд аз он ҳамлаи марзӣ мутақоъид намешуданд, музокирот шурӯъ намешуд. Мо бо опозисиюн сӯҳбат кардем, онҳо бо давлат сӯҳбат карданд ва ниҳоятан музокирот шурӯъ шуд. Нахустин даври музокирот дар Маскав буд ва давраҳои баъд дар Теҳрон баргузор шуд ва тибқи он чи худи ҳайъати давлат ва ҳайъати опозисиюн ба он мӯътақид ҳастанд, нақше, ки Эрон дар ҷараёни музокироти сулҳи Тоҷикистон дошт, 80 дар сад буд. Дар воқеъ мо ҷиддитар аз русҳо дар фароянди музокироти сулҳ будем.

Зимнан, таркиби опозисиюн демукротик буд. Лекин худи демукротҳо ҳам ин нуктаро дарёфтанд, ки агар мусалмонон дар майдони Шуҳадо ба майдон намеомаданд, вазъият ба гунае дигар буд ва демукротҳо ин қудратро надоштанд.

Оқои Раҳмон шояд бо машварати дӯстонаш дар Русия ва ҷоҳои дигар, саъй кард дар се бурҳа даст ба иқдомоти мушаххасе бизанад. Аз 1997 то 2001 саъй кард тамаркузи қудратро дошта бошад, аз ин рӯ фармондеҳони низомиро бар гирди худ ҷамъ кард, аз аъзои опозисиюн ба давлат даъват кард ва ба он посту мақом дод ва ин афродро ҷазби давлат кард. Аз 2001 то 2008 дар садад буд ором-ором опозисиюнро ба самти хориҷ аз баданаи давлат бикашонад. Вазъияте пеш омад шуд, ки худи оқои Тӯраҷонзода ба унвони муовини нахуствазир вақте дид дигар ҷое барои бозӣ надорад, ногузир ба ҷудоӣ аз давлат шуд. Дар ҳар ҳол, баъд аз итмоми музокирот, ин кишварҳои тазминкунанда мебоист нақше медоштанд. Аммо оқои Раҳмон ба гунае бозӣ кард, ки ин кишварҳои тазминкунанда ҳам дигар ончунон нақше надоштанд, то расид ба солҳои 2008 ба баъд.

Дар ҳоли ҳозир, вазъияти иқтисодии Тоҷикистон зиёд муносиб нест. Ҳамин амр омилест, ки раисиҷумҳури ин кишвар ба ҷониби кишварҳои арабӣ меравад ва чун Эрон дар ин миён қарор дорад, саъй дорад пулҳое аз онҳо бигирад. Арабистон, Аморот ва соири кишварҳои арабӣ ҳам ҳозир ба ҳамкорӣ ва ҳимоят аз Тоҷикистон ҳастанд. Таваҷҷӯҳ дошта бошем, омрикоиҳо ҳам ҳамкориҳое доранд ва чароғи сабзҳое ба оқои Раҳмон нишон медиҳанд.

Нигаронии Урупо аз ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба бозгашти ДОЪИШ ва бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли вуқӯъ аст, ин масъала ба таври билқувва таҳдиде барои Осиёи Марказӣ бошад. Касоне ҳам, ки аз Тоҷикистон ба ДОЪИШ пайвастанд ва аз норозиён буданд, илзоман исломӣ набуданд, родиколҳо ё норозиёне буданд, ки исломиза шудаанд.

Пуле, ки аз Русия ба Тоҷикистон бармегашт (дар иртибот бо нерӯи кори Тоҷикистон, ки дар Русия машғул ба кор ҳастанд), мутаассифона дар ҳоли ҳозир 30 дарсад коҳиш ёфтааст, ки ҳамин масъала бар афзоиши норозоятиҳо доман мезанад ва ба худии худ бар вазъияти иқтисодӣ асар мегузорад. Ҳамон тавр, ки медонед, агар даромадҳои ҳосил аз нерӯи кори Тоҷикистон, ки бахши аъзами он ҳам аз Русия аст набошад, иқтисоди Тоҷикистон намечархад ва шояд битавон гуфт, беш аз будҷаи кишвар бахши умдае аз ҳамин даромадҳост.

Дар робита бо Арабистон бояд гуфт, ки Арабистон хеле пеш аз инҳо дар онҷо фаъол будааст. Ба тавре, ки алъон хеле ошкоро дар онҷо барои салафигарӣ ҳазина мекунад. Як замоне Арабистон махфиёна иқдомотеро анҷом медод ва ҳатто аввалҳо истифода аз вожаи ваҳҳобӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон бадтарин носазо ба ҳисоб меомад. Аммо алъон Арабистон корро ба ҷое расонда, ки на танҳо дар Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ масҷид месозад ва фаъолияти ошкор дорад.

Нуктаи баъдӣ, масъалаи иртибот бо Русия аст. Бояд ин масъаларо ҳал кунем. Яъне бояд бибинем сиёсати Эрон дар Осиёи Марказӣ бояд бо ҳамоҳангӣ бо Русия танзим шавад ё мустақил аз Русия? Оё қарор аст аз дарвозаи Маскав бо Осиёи Марказӣ кор кунем ё бо Маскав дар Осиёи Марказӣ рақиб ҳастем.

Нуктаи баъдӣ паштвонаи таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва динии Эрон ва Тоҷикистон аст, бо ин ҳол, чаро ин ҳама зарфият тайи ин 25 сол ҷавоб надодааст? Ё чаро камтар аз ин зарфиятҳо истифода шудааст?

Шояд заъфи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумла далоилест, ки боис шуд мо камтар ба ин кишвар таваҷҷӯҳ кунем. Дар мавзӯъоти фарҳангӣ бар рӯйи мавзӯъоте, ки ҳассосиятбарангезии камтаре доранд тамаркуз кунем ва дар мавзӯъ иқтисод рӯйкарди иқтисодии мушаххас дошта бошем, на мисли давраи оқои Аҳмадинажод, ки дар онҷо Эрон ҳузур дошт, аммо аз сари ниёз. Ва тарафи тоҷик ин масъаларо дарк мекунад, ки агар оқои Бобаки Занҷонӣ дар онҷост, ба хотири давр задани таҳримҳост. Ва агар дар онҷо ҳузур доштем, барои ин буд, ки гузинаи ҷойгузини чандоне надоштем.

Дар баҳси осебшиносӣ, минтақаи Осиёи Марказӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии давлатҳои мухталиф дар Эрон набудааст. Агарчи дар замони риёсати ҷумҳурии марҳум Ҳошимии Рафсанҷонӣ ин амр авлавият пайдо кард, аммо дар дастгоҳи сиёсати хориҷӣ ниҳодина нашуд. Яъне вобаста ба ситоде буд, ки бо инҳилоли он ситод, ҳама чиз аз байн рафт.

Асосан чун авлавияти давлати мо иқтисод нест. Амалгароие, ки дар иртибот бо минтақа гуфта мешавад, мушкилеро ҳал намекунад. Ниёзи минтақа иқтисод, сармоягузорӣ, интиқоли текнулужӣ ва тиҷорат ҳаст. Аммо ҳеч кадом аз инҳоро мо ба сурати ҷиддӣ натавонистем анҷом диҳем.

Дар шимоли мо 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки ду то аз онҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон иқтисоди бисёр заъифе доранд ва байни 30 то 50 дарсад GDP ин кишварҳо аз даромади ҳосил аз нерӯи кор ва коргароне аст, ки ба дохили кишварҳо арза мекунанд. Маҷмӯи инҳо 25 то 30 милёрд дулор нест. Ва се кишвари дигар мисли мо содир кунандаи энержӣ ҳастанд. Энержиро ба самти Урупо, ба самти ғарбу шарқ содир мекунанд. Яъне бо шимол, шарқ ва ғарб равобит доранд. Як замоне дар оғози фурӯпошии Шӯравӣ метавонистем 20 милюн тонн колоро аз ин минтақаи маҳсур дар хушкӣ тронзит кунем, соли гузашта тронзити мо 6.5 милюн тонн буд. Барои ин ки инҳо чизе барои мубодила бо мо надоранд. Онҳо ҳам бозорашон мисли бозори мост ва ба Чин ва Туркия энержӣ содир мекунанд.

Бисёр ҳоизи аҳаммият аст, ки робитам ду миллатм Эрон ва Тоҷикистон тадовум ва густариш ёбад ва мо тамоми саъямон бар ин аст, ки дар ин шароит ҳам равобитамонро дар қолаби Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дошта бошем.

Iras

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: