Фалсафа ва равиши реализм (103)

Зарурат ва имкон (5)

Муқаддима (5)

Тавҷеҳи низоми мавҷудот

Матолибе, ки таҳти ановини гузашта баён кардем, ҳама муқаддимаи тавҷеҳи низоми мавҷудот буд. Аз матолиби гузашта маълум шуд, ки натиҷаи бархе аз назарияҳо нафйи вуҷуб ва зарурати низоми мавҷудот буд, ва натиҷаи бархе исботи он. Ва тарафдорони назарияи зарурати низоми мавҷудот низ як даста набуданд, балки бархе он низомро муаллаф аз зарурати биззот ва зарурати билғайр медонистанд, ва бархе тамоми ин низомро аз заруроти билғайр муаллаф медонистанд.

Маҷмӯи орои донишмандонро дар тавҷеҳи зарурат ва лозарурати низоми мавҷудот, метавон ин тавр хулоса кард:

1) Қоилин ба судфа ва иттифоқ, ки мункири низоми ҷаҳон ва мункири мабдаи ҷаҳон будаанд:

Ҳеч зарурат ва вуҷубе бар мавҷудот ҳукмфармо нест, зеро қонуни иллият ва маълулияти умумӣ ғалат аст ва падид омадан ва аз байн рафтани мавҷудот ба ҳасби судфа ва иттифоқ аст.

2) Гурӯҳе аз мутакаллимин:

Низоми мавҷудот низоми зарурӣ ва вуҷубӣ нест, зеро ҳарчанд қонуни иллият саҳеҳ аст, вале қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ ботил аст.

3) Касоне, ки маълулро дар ҳудус ниёзманд ба иллат медонанд, на дар бақо, ва ҷабри худ ба худиро низ нафй мекунанд:

Низоми мавҷудот низоми зарурӣ ва ҷабрӣ нест, зеро ҳарчанд қонуни иллият ва қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ саҳеҳ аст, вале таъсири иллат дар вуҷуд ва дар зарурати маълул, танҳо дар ҳудуси маълул аст ва ҳеч чизе бақо ва лобақои маълулотро эҷоб намекунад.

4) Иддае аз урафо:

Вуҷуд низоме надорад, ки зарурӣ ё лозарурӣ бошад, зеро вуҷуд ҳақиқатест воҳиди маҳз ва он ҳақиқати воҳид, воҷиби биззот аст.

5) Ҳукамои илоҳӣ аз қабили Арасту в Ибни Сино ва Форобӣ ва ғайруҳум:

Низоми мавҷудот низоми вуҷубӣ ва зарурӣ аст, зеро қонуни иллияти умумӣ ва қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ ва асли ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо мӯътабар аст, ва ин низом аз вуҷуби зотӣ ва вуҷуби ғайрӣ таълиф ёфтааст, зеро силсилаи муназзами иллатҳо ва маълулот, қоим ба зоти воҷибулвуҷуд аст, ки иллати биззот аст.

6) Бархе аз донишмандони илоҳии ҷадид:

Низоми мавҷудот низоми вуҷубӣ ва зарурӣ аст, зеро қонуни иллияти умумӣ ва қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ мӯътабар аст ва маълул ҳарчанд дар бақо ниёзманд ба иллат нест, вале боқӣ мондани маълул то наомадани иллати зоилкунанда худ ба худ ва ҷабрӣ аст, ва ин низом аз вуҷуби биззот ва вуҷуби билғайр таълиф ёфта ва силсилаи иллатҳо мунтаҳӣ мешавад ба муҳаррики аввал, ки зоти воҷибулвуҷуд аст.

7) Моддигароёни ҷадид:

Низоми мавҷудот низоми зарурӣ ва вуҷубӣ аст, зеро қонуни иллияти умумӣ ва қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ мӯътабар аст ва ҳарчанд маълулот дар бақо мӯҳтоҷ ба иллат нестанд, вале бақои онҳо ҷабрӣ ва худ ба худӣ аст, ва ин низом тамоман аз зарурати билғайр таълиф ёфтааст, зеро силсилаи иллатҳо ва маълулот номутаноҳӣ аст.

* * *

Мо дар инҷо, назарияи қоилин ба судфа ва иттифоқро, ки мункири қонуни иллияти умумӣ ҳастанд, аз назарияи мутакаллимин, ки танҳо ҷабри иллӣ ва маълулиро мункиранд, ва аз назарияи тамоми он касоне, ки (илоҳӣ ва моддӣ) маълулро танҳо дар ҳудус ниёзманд ба иллат медонанд, муҷаззо сохтем ва ба сурати назарияи алоҳида баён кардем. Ва албатта бар аҳли фанн пӯшида нест, ки лозимаи нафйи ҷабри иллӣ ва маълулӣ ва ҳамчунин лозимаи нафйи ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо, ҳамоно нафйи қонуни иллият ва маълулият ва қавл ба судфа аст, ва мо қаблан ҳам ба ин нукта ишора кардаем ва дар мабҳаси “иллату маълул” муфассалан баён хоҳем кард. Бинобар ин, ин таҷзия дар инҷо бар сабили мумошот аст, яъне бар тибқи иддаъои тарафдорони ин назарияҳост, ки аз тарафе ҷабри иллӣ ва маълулӣ ё ниёзмандии маълулро ба иллат дар бақо нафй мекунанд, ва аз тарафи дигар худро ба қонуни иллияти умумӣ музъин мешуморанд ва қоилин ба судфа ва иттифоқро мункири илм ва зидди ақл қаламдод мекунанд, ва илло ин назарияҳо аз назарияи судфа ва иттифоқ қобили инфикок нест.

Ба ҳар ҳол, лозимаи зарурӣ будани низоми мавҷудот ин аст, ки ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ мешавад, воқеъ шуданаш ҳатмӣ ва қатъӣ ва хилофнопазир аст, ва он ҳодиса робитаи зотӣ ва таквинӣ бо соири мавҷудоти ҷаҳон дорад, яъне нисбат ба баъзе маълул ва нисбат ба баъзе иллат, ва нисбат ба баъзе иштирок дар иллатҳои аввалия дорад. Ва чун иртиботи он ҳодиса бо соири ҳаводиси олам зотӣ ва таквинӣ аст, мушаххасоти вуҷудии вай низ зарурӣ ва қатъӣ ва хилофнопазир аст, яъне он ҳодиса, ки фаразан робитаи замонӣ ва маконӣ ва вазъӣ ва изофӣ ва ғайра бо соири мавҷудот дорад — масалан аз лиҳози замон бар баъзе муқаддам ва аз баъзе муаххар ва бо баъзе муқорин аст ва дар ҳар лаҳза аз замон нисбат ба баъзе аз мавҷудот аз лиҳози маконӣ дур ё наздик ва аз лиҳози вазъӣ муҳозӣ бо баъзе ва ғайримуҳозӣ бо баъзе дигар аст — ҳамаи инҳо бо дар назар гирифтани иллатҳои қатъӣ, ки ба ҳаводис иҳота кардааст, зарурӣ ва вуҷубӣ аст, ва маҳол аст, ки хилофи он чӣ ҳаст ва воқеъ мешавад воқеъ шавад.

* * *

Асолати вуҷуд ва зарурат ва имкон

Он ҷо, ки маншаи зарурат ва имконро баён мекардем, ба се назария, ки ба тартиб ҳар назарияи баъдӣ аз назарияи қаблӣ комилтар буд ишора кардем.

Он чӣ қаблан дар баёни маншаи зарурат ва имкон гуфтем, бо қатъи назар аз асолати вуҷуд ё асолати моҳият буд. Ҳамчунон ки дар мақолаи 7 гуфтем, баҳси асолати вуҷуд ва асолати моҳият ба ин сурате, ки имрӯз матраҳ аст, дар пеш аз чаҳор қарни пеш матраҳ набуд, ва аз ин рӯ масоили фалсафа бо адами таваҷҷӯҳ ба асолати вуҷуд ё асолати моҳият ҳаллу фасл мешуда ҳарчанд умуман ба ҳасби завқи ибтидоӣ тавре қазоват мекардаанд, ки бо асолати моҳият мутаносиб будааст.

Вале бо дар назар гирифтани асолати вуҷуд, дар сарнавишти масоили зарурат ва имкон низ тағйироте ҳосил мешавад. Бино бар асолати вуҷуд, иллият ва маълулият ва вуҷуби зотӣ ва вуҷуби ғайрӣ ҳама аз шуъуни вуҷуд аст, ва ҳамаи заруратҳо ва ҷабрҳо аз вуҷуд сарчашма мегирад ва ба вуҷуд бармегардад, ва моҳият ҳамон тавре, ки ҳақиқатан муттасиф ба сифати “мавҷудият” нест, балки маҷозан ва эътиборан мавҷуд аст, ба сифати вуҷуб ва зарурат низ ҳақиқатан муттасиф намешавад, на ба вуҷуби зотӣ ва на ба вуҷуби ғайрӣ, ва агар аҳёнан сифати “вуҷуб ғайрӣ”-ро ба моҳият нисбат бидиҳем, маҷозӣ ва эътиборӣ аст, Яъне моҳият, ҳамон тавре, ки мавҷуд мешавад яъне маҷозан ва эътиборан, зарурӣ ва воҷиб низ мешавад яъне маҷозан ва эътиборан, на ҳақиқатан.

Бо дар назар гирифтани асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият, бояд гуфт: “зарурат” мутлақан (биззот ва билғайр) шаъни вуҷуд аст ва “имкон” шаъни моҳият, ҳамон тавре, ки “имтиноъ” низ аз “адам” сарчашма мегирад. Бинобар ин, бар хилофи он чӣ дар миёни қудамо шойеъ буда ва мо қаблан нақл кардем, ки ҳар як аз инҳоро шаъни моҳияте аз моҳиятҳо медонистанд, бояд бигӯем, ки ҳар як аз зарурат ва имкон ва имтиноъ ба тартиб, шаъни вуҷуд ва моҳият ва адам мебошанд.

Ин ки мегӯем “зарурат шаъни вуҷуд аст” аз он ҷиҳат аст, ки нисбати мавҷудият бо вуҷуд зарурат аст, зеро бино бар асолати вуҷуд, вуҷуд айни мавҷудият ва воқеият аст, ва фарзи вуҷуде, ки мавҷуд набошад, фарзи маҳол аст, ва ҳамон тавре, ки дар ибтидои ин мақола баён шуда: “Воқеияти ҳастии як моҳият ҳаргиз наметавонад муқобили худро, ки иртифоъи воқеият аст бипазирад ва воқеияти вай ловоқеият шавад, яъне ҳеч воқеиятеро аз худаш наметавон салб кард”.

Ин ки мегӯем “имкон шаъни моҳият аст” ба ин маъност, ки нисбати мавҷудият ва маъдумият бо моҳият мутасовӣ аст. Яъне фарзи мавҷудият ва маъдумият ҳеч як барои моҳият зарурат надорад, ва ҳамон тавре, ки дар ибтидои мақола баён шуда: “Маънои имкон мусовӣ будан нисбати шайъ бо вуҷуд ва адам аст… Ва агар бигӯем “инсон мумкин аст” маънояш ин аст, ки нисбати моҳияти инсон бо вуҷуд ва адам мусовӣ аст, агарчи нисбати вуҷуди ин моҳият ба худи вуҷуди моҳият ин гуна нест”.

Ва ин ки мегӯем “имтиноъ шаъни адам аст” ба ин маънист, ки нисбати маъдумият бо адам, зарурат аст ва имтиноъ ҷуз зарурати адам чизе нест.

Тамоми мумтанеъоти биззот ба имтиноъи таноқуз бармегардад ва дар баҳси “адами нисбӣ” хоҳем гуфт, ки танҳо “адами муноқиз” аст, ки адами ҳақиқӣ аст ва имтиноъи зотӣ дорад.

Бино бар ин ки вуҷуб мутлақан (биззот ва билғайр) шаъни вуҷуд аст ва моҳият ба ҳасби ҳақиқат аз он бебаҳра аст, ду матлаби тоза пеш меояд:

а) Маълулот, ки бино бар асолати вуҷуд, аз синхи вуҷудотанд ва вуҷуби билғайр доранд, як наҳв имкони зотӣ мебоист дошта бошанд, зеро лозимаи вуҷуби ғайрӣ имкони зотӣ аст. Ва чун бино ба гуфтаи пеш, имкони зотӣ шаъни моҳият аст ва зарурат шаъни вуҷудот аст, имкони зотии вуҷудотро чӣ гуна бояд тасаввур кард? Вуҷудот имкони зотӣ ва эҳтиёҷи зотӣ нисбат ба иллатҳои хеш доранд, вале ин имкони зотӣ ғайр аз он имкони зотист, ки барои моҳиятҳо фарз мешавад, зеро имкони зотии моҳият ба маънои лоиқтизоъияти моҳият нисбат ба мавҷудият ва маъдумият, ва ё ба маъное, тасовии нисбати моҳият бо мавҷудият ва маъдумият аст. Ва чунонки дидем, дар бораи вуҷудот ин маъно ғалат аст. Имкони зотии вуҷудот ба ин маънист, ки ҳақиқати зоти ин вуҷудот айни маълулият ва айни эҳтиёҷ ва айни таъаллуқ ба иллат аст ва ҳайсияте ҷуз ҳайсияти эҷод ва ҳайсияти феъл будан надоранд ва иртиботи онҳо бо иллатҳои хеш айни зоти онҳост.

Ин ки маълулот вуҷудотанд на моҳиятҳо ва ин ки ҳақоиқи вуҷудияи маълулия айни маълулият ва эҳтиёҷанд ва иртибот ба иллат айни зоти онҳост, яке аз амиқтарин афкори башарӣ дар боби иллият ва маълулият аст ва ҳақиқатест, ки аз асолати вуҷуд ва ташаккуки вуҷуд сарчашма мегирад ва бо бурҳонҳои муҳкам ва мантиқӣ исбот шуда. Дар масъалаи эҳтиёҷи маълул ба иллат дар бақо, ки дар мақолаи 9 машрӯҳан баҳс хоҳад шуд, мо ин матлабро бо баёни равшан ва сареҳе аз назари хонандаи мӯҳтарам мегузаронем.

Имкони вуҷудот ба ҳамин маъно, ки ишора шуд, ҳамон аст, ки Садрулмутааллиҳин барои аввалин бор ба он танаббуҳ пайдо карда ва онро “имкони фақрӣ” истилоҳ кардааст.

б) Бино бар асолати вуҷуд ва ин ки мавҷудият ва иллият ва маълулият ҳама аз шуъуни вуҷуд аст ва моҳият аз ҳавзаи мавҷудият ва доираи иллият ва маълулияти ҳақиқӣ хориҷ аст ва салоҳияти мавҷудият ва иллият ва маълулиятро надорад магар маҷозан ва эътиборан, қаҳран маънои имкони зотии моҳият бо он чӣ қудамо рӯйи асолати моҳият ё бо адами таваҷҷӯҳ ба асолати вуҷуд ва асолати моҳият фарз мекарданд, фарқ мекунад.

Фарзи қудамо рӯйи ин буд, ки моҳият воқеан ва ҳақиқатан салоҳият дорад, ки дар хориҷ мавҷуд бошад, лекин худи моҳият нисбат ба ин ки дар воқеъ мавҷуд бошад ё набошад лоиқтизост, яъне моҳият наметавонад ба худии худ мавҷуд ё маъдум бошад, балки мавҷуд будан ё маъдум будани воқеӣ ва ҳақиқии моҳият тобеъи иллати хориҷист, ки ӯро ба вуҷуд оварда ё маъдум намудааст. Ва аз ин рӯ, моҳият доштани як шайъ мулозим бо маълулияти он шайъ аст ва ин ки моҳият ба ҳасби зот лоиқтизост ва ба табаъи иллат мавҷуд ё маъдум аст, ҳақиқатест воқеӣ ва рабте ба эътибор ва адами эътибори азҳон надорад.

Вале бино бар асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият, барои ҳамеша аз ин фарз бояд даст кашид, зеро бино бар асолати вуҷуд, моҳият на биззот ва на ба табаъи иллат салоҳияти мавҷуд будани воқеъиро надорад ва он чӣ салоҳияти мавҷудият ва маълулияти ҳақиқиро дорад, ҳамоно вуҷуд асту бас ва ин ки моҳиятро бо сифати мавҷудият ё маълулият муттасиф мекунем, ба як наҳв маҷоз ва эътибор аст ва моҳият дар ин мавҷудият ва маълулияти маҷозӣ тобеъи он вуҷудест, ки аз он вуҷуд интизоъ шуда, на тобеъи шайъи хориҷӣ (иллат). Ва бинобар ин, моҳият мавҷуд аст ба табаъи мавҷудияти он вуҷуде, ки аз он вуҷуд интизоъ шуда, ва маълул аст ба табаъи маълулияти ҳамон вуҷуд. Яъне сифати мавҷудият ва маълулияти маҷозӣ ва эътибории хешро аз ноҳияи вуҷуд касб карда, ки ин гуна сифотро ба наҳви ҳақиқат ва бидуни шоибаи маҷозият ва қатъи назар аз ҳар эътиборе воҷид аст. Ва агар фарз кунем он вуҷуде, ки маншаи интизоъи моҳият аст маълул нест, моҳият низ маълулияти табаъӣ надорад. Бино бар асолати вуҷуд, моҳият амри зеҳнӣ аст ва мавҷудияти моҳият низ эътибори зеҳн аст ва қаҳран имкони мавҷудият ва маъдумияти моҳият низ марбут ба марҳилаи зеҳн аст (на воқеъ). Ва ин имкон ба ин маънист, ки моҳият ба худии худ ва қатъи назар аз эътибори зеҳн, салоҳияти иттисоф ба мавҷудият ва маъдумиятро надорад.

Пас ҳам бино бар назарияи қудамо ва ҳам бино бар асолати вуҷуд, маънои имкони зотии моҳият лоиқтизоъияти зоти моҳият нисбат ба мавҷудият ва маъдумият аст ва ба маънои ин аст, ки моҳият ба худии худ ва дар зоти худ салоҳияти мавҷуд будан надорад, лекин бино бар назарияи қудамо бояд ба воқеъ назар дошт, ва маънои ин ки мегӯем моҳият ба худим худ наметавонад мавҷуд бошад, яъне қатъи назар аз иллатм хориҷӣ наметавонад дар воқеъ мавҷуд бошад, вале бо фарзм иллатм хориҷӣ воқеан мавҷуд аст, вале бино бар асолати вуҷуд, бояд назар ба эътиборм зеҳн дошт, ва маънои ин ки мегӯем “моҳият ба худим худ наметавонад мавҷуд бошад” яъне қатъи назар аз эътиборм зеҳн наметавонад мавҷуд бошад ва бо эътиборм зеҳн ба наҳвм маҷоз мавҷуд аст, ва аз ин рӯ имкони зотии моҳияти шайъ ба ҳасби назари қудамо мулозим бо маълулияти он шайъ аст, вале бино бар асолати вуҷуд мулозим бо он нест. Ва ба таъбири дигар, назари қудамо дар имкони зотии моҳият ба ниёзмандии моҳият аст ба ҳайсияти таълилӣ ва воситаи дар субут, вале назари мо дар имкони зотии моҳият, ки мубтанӣ бар асолати вуҷуд аст, ба ниёзмандӣ ба ҳайсияти тақйидия ва воситаи дар уруз аст. Бино бар асолати вуҷуд, бо қатъи назар аз ҳайсияти тақйидия ва воситаи дар уруз барои моҳият, аз мавҷудият ё маъдумият ё аз ниёзмандии вай ба ҳайсияти таълилия ё адами ниёзмандӣ ба он наметавон дам зад. Ва бо дар назар гирифтани ҳайсияти тақйидия ва воситаи дар уруз, моҳият дар ниёзмандӣ ба ҳайсияти таълилия ва адами ниёзмандӣ тобеъи ҳамон восита аст, ки он восита ҳамоно вуҷуди он моҳият аст. Яъне агар вуҷуд муъаллал аст, моҳият низ билъараз муъаллал аст, ва агар вуҷуд ғайримуъаллал аст, моҳият низ билъараз ғайримуъаллал аст ва моҳият дар зоти худ на муъаллал аст ва на мустағнӣ аз иллат.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки асолати вуҷуд то чӣ андоза сарнавишти масъалаи “зарурат ва имкон”-ро тағйир медиҳад, зеро аз маҷмӯи он чӣ гуфта шуд, маълум шуд, ки зарурат ба ҳеч маъно (на биззот ва на билғайр) бо моҳият иртибот пайдо намекунад ва холис аз барои вуҷуд аст. Ва маълум шуд, ки як навъ имкони зотӣ дар вуҷудот ҳаст, ки муғойир аст бо имкони зотии моҳиятҳо. Ва маълум шуд, ки имкони зотии моҳият ба он маъно, ки қудамо фарз мекарданд маъно надорад. Ва маълум шуд, ки асоси назарияи қудамо дар боби маншаи зарурат ва имкон ва имтиноъ, ки ҳар як аз ин серо хоссияти махсуси бархе моҳиятҳо медонистанд ғалат аст, ва зарурат шаъни вуҷуд ва имкон шаъни моҳият ва имтиноъ шаъни адам аст.

Аз ин қисматҳо фақат ин ҷиҳат, ки “зарурати зотӣ шаъни вуҷуд аст” қабл аз тулӯъи назарияи асолати вуҷуд аз рӯйи қароини дигаре дар масъалаи нафйи моҳият аз зоти воҷибулвуҷуд иброз шуда ва аммо ин ҷиҳат, ки “вуҷуби ғайрӣ низ шаъни вуҷуд аст” ва ҳамчунин ин ки “вуҷудот имкони фақрӣ доранд” баъд аз тулӯъи назарияи асолати вуҷуд иброз шуда ва аз калимоти Садрулмутааллиҳин истифода мешавад.

Ва аммо ин ки “имкони зотии моҳиятҳо ба он маънӣ, ки қудамо фарз карда буданд ғалат аст ва ба маънои дигаре саҳеҳ аст” ва ҳамчунин ин ки “ҳар як аз вуҷуб ва имкон ва имтиноъ ба тартиб хоссияти ҳар як аз вуҷуд ва моҳият ва адам аст” барои аввалин бор дар ин китоб иброз шуда ва аз асолати вуҷуд истинбот шудааст.

Ин ки “маънои имкони зотии моҳият бино бар асолати вуҷуд бо он чӣ қудамо фарз кардаанд фарқ мекунад” нуктаест олӣ ва арҷманд ва тарзи истидлолро дар бисёре аз масоил тағйир медиҳад ва ин нукта аз назари Садрулмутааллиҳин низ, ки қаҳрамони асолати вуҷуд шумурда мешавад махфӣ монда. Ва рӯйи ҳамин ҷиҳат дар китобҳои хеш ва махсусан дар “Асфор” дар масоили “имкони зотӣ” дар ҳису биси сахте гирифтор шуда ва қисмате аз ишколот ҳалношуданӣ монда. Ва рӯйи ҳамин ғафлат дар бархе масоил, ки марбут ба ин матлаб буда дар як ҷо ба пайравӣ аз дигарон тавре изҳори назар карда ва дар ҷойи дигар худаш ба иштибоҳи хештан пай бурда ва тавре дигар изҳори назар кардааст, ва мо барои он ки беш аз ин итола накунем, аз тавзеҳи бештар худдорӣ мекунем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: