Худошиносӣ ва тавҳид дар Маснавӣ (1)

Бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Маснавӣ аз як назар, саросар илми тавҳид ва Худошиносист. Мавлоно дар Маснавӣ тавҳидро дар маротиби мухталифи он бозгӯ кардааст. Худошиносии Маснавӣ омезае аз мабоҳиси фитрӣ ва шуҳудӣ ва истидлолист.

Дар ин навиштор, муруре мешавад бар порае аз ашъори Маснавӣ, ки марбут ба мабоҳиси Худошиносӣ ва тавҳид аст.

* * *

Худошиносӣ амрест фитрӣ

Мавлоно бо он ки таъкид мекунад, Худошиносӣ амрест фитрӣ, аммо бар ин бовар аст, ки лозимаи фитрӣ будани Худошиносӣ ин нест, ки ҳамаи инсонҳо Худоро чунонки ҳаст бишносанд ва тавсифаш намоянд, балки фитрӣ будани Худошиносӣ ба ин маъност, ки инсонҳо ба вуҷуди офаридгор барои ҷаҳон мӯътақид мешаванд:

Мӯъмину тарсо, ҷуҳуду габру муғ.

Ҷумларо рӯ сӯйи он султон улуғ.

* * *

Пас ҳақиқат Ҳақ бувад маъбуди кул,

К-аз пайи завқ аст сайрони субул.

Лек баъзе рӯ суйи дум кардаанд,

Гарчи сар асл аст, сар гум кардаанд.

* * *

Худошиносӣ аз тариқи осор

Ҳарчанд Мавлоно Худошиносиро амре фитрӣ медонад, вале тафаккур дар осори гетиро низ яке аз роҳҳои шинохти Худо мешуморад:

Чун ба осор ин ҳама пайдо шудат,

Чун нашуд пайдо зи таъсир Эзидат?

На сабабҳову асарҳо мағзу пӯст,

Чун биҷӯйӣ, ҷумлагӣ осори Ӯст.

Дӯст гирӣ чизҳоро аз асар,

Пас чаро з-осорбахшӣ бехабар?

Аз хаёле дӯст гирӣ халқро,

Чун нагирӣ шоҳи Ғарбу Шарқро?

* * *

Бодро дидӣ, ки меҷунбад, бидон,

Бодҷунбонест ин ҷо бодрон.

Мирваҳай тасрифи сунъи Эзадаш

Зад бар ин боду ҳамеҷунбонадаш.

Ҷузви боде, к-ӯ ба ҳукми мо дар аст,

Бодбезан, то наҷубнонӣ, наҷаст.

Ҷунбиши ин ҷузви бод, эй содамард,

Бе туву бе бодбезан сар накард.

Ҷунбиши боди нафас, к-андар лаб аст,

Тобеъи тасрифи ҷону қолаб аст.

* * *

Пас ҳама донистаанд онро яқин,

Ки фиристад бод раббулъоламин.

Пас яқин дар ақли ҳар донанда ҳаст,

Ин ки бо ҷунбанда ҷунбонанда ҳаст.

* * *

Сунъ бинад марди маҳҷуб аз сифот,

Дар сифот он аст, к-ӯ гум кард зот.

* * *

Истидлоли арастуӣ

Мавлоно дар исботи вуҷуди Худо истидлоле ҳам меоварад, ки ёдовари бурҳони арастуии “муҳаррики аввал” аст:

Чун намедонад дили донандае?

Ҳаст бо гарданда гардонандае.

Чун намегӯйӣ, ки рӯзу шаб ба х(в)ад,

Бе Худованде кай ояд? Кай равад?

Гирди маъқулот мегардӣ? Бибин

Инчунин беақлии худ, эй маҳин!

Хона бо банно бувад маъқултар,

Ё ки бе банно? Бигӯ, эй камҳунар!

Хатт бо котиб бувад маъқултар,

Ё ки бе котиб? Бияндеш, эй писар!

“Ҷим”-и гӯшу “айн”-и чашму “мим”-и фам,

Чун бувад бе котибе? Эй муттаҳам!

Шамъ равшан бе зи гиронандае,

Ё ба гиронандаи донандае?

Санъати хуб аз кафи шалли зарир

Бошад авло, ё ба гирое басир?

* * *

Тавҳид ва асмо ва сифоти Худованд

Пеш аз баёни дидгоҳи Мавлоно дар бораи асмо ва сифоти Худованд, шоиста аст ёдовар гардад, ки Мавлоно фаҳми оммаи мардум дар шинохти ҳақиқати илоҳиро норасо медонад:

Дар вуҷуд аз сирри Ҳаққу зоти Ӯ

Дуртар аз фаҳму истибсор ку?

* * *

Ин ҷалолат дар далолат содиқ аст,

Ҷумлай идрокот, пас ӯ собиқ аст.

Ҷумлай идрокот бар харҳои ланг,

Ӯ савори бод, паррон чун хаданг.

Гар гурезад, кас наёбад гарди шаҳ

В-ар гурезад, ӯ бигирад пеши раҳ.

* * *

Ҳол, ба тасреҳи оятҳои 180 сураи Аъроф, 110 сураи Исро, 8 сураи Тоҳо ва 24 сураи Ҳашр, Худованд дорои асмои ҳусност. Роғиб дар таърифи исм гуфтааст: “Исм он чизест, ки бад-он васила зот шинохта мешавад.”

Аз пайи он гуфт Ҳақ худро басир,

Ки бувад диди вайат ҳар дам назир.

Аз пайи он гуфт Ҳақ худро самеъ,

То бибандӣ лаб зи гуфтори шанеъ.

Аз пайи он гуфт Ҳақ худро алим,

То наяндешӣ фасоде ту зи бим.

Нест инҳо бар Худо исми алам,

Ки сияҳ “кофур” дорад ном ҳам.

Исм муштаққ асту авсофи қадим,

На мисоли иллати уло, сақим.

* * *

Ягонагии Худованд

Он кӣ ду гуфту се гуфту беш аз ин,

Муттафиқ бошанд дар воҳид яқин.

* * *

Маснавии мо дӯкони ваҳдат аст,

Ғайри воҳид ҳарчӣ бинӣ, он бут аст.

* * *

Улуҳият махсуси зоти Худованд аст

Улуҳият яъне эътиқод ба ин ки Худованд танҳо зотест, ки шоистаи парастиш мебошад ва ибодати ғайри Ӯ аз назари ислом ширк маҳсуб меояд:

Ҳаст улуҳийят ридои Зулҷалол,

Ҳар кӣ дарпӯшад, бар ӯ гардад вабол.

Тоҷ аз они Ӯст, они мо камар,

Войи ӯ, к-аз ҳадди худ дорад гузар.

* * *

Қудрат ва ҳокимияти Худованд

Гуфт сӯфӣ: қодир аст он мустаъон,

Ки кунад савдои моро безиён.

Он ки оташро кунад варду шаҷар,

Ҳам тавонад кард инро безарар.

Он ки гул орад бурун аз айни хор,

Ҳам тавонад кард ин дайро баҳор.

Он ки з-ӯ ҳар сарв озодӣ кунад,

Қодир аст, ар ғуссаро шодӣ кунад.

Он ки шуд мавҷуд аз вай ҳар адам,

Гар бидорад боқияш, ӯро чӣ кам?

* * *

Бо таъаннӣ гашт мавҷуд аз Худо

То ба шаш рӯз ин замину чархҳо.

В-арна қодир буд, к-ӯ “кун файакун”,

Сад замину чарх овардӣ бурун.

* * *

Бо чунон қодир Худое, к-аз адам

Сад чу олам ҳаст гардонад ба дам.

* * *

Қатрае, к-ӯ дар ҳаво шуд ё ки рехт,

Аз хазинай қудрати ту кай гурехт?

Гар дарояд дар адам ё сад адам,

Чун бихониш, ӯ кунад аз сар қадам.

* * *

Эй рафиқон, роҳҳоро баст ёр,

Оҳуи лангему ӯ шери шикор.

Ҷуз ки таслиму ризо ку чорае?

Дар кафи шери наре, хунхорае.

* * *

Хофиз асту рофеъ аст ин кирдгор,

Бе аз ин ду барнаёяд ҳеч кор.

Хафзи арзӣ бину рафъи осмон,

Бе аз ин ду нест даврон-ш, эй фалон!

* * *

Ӯ ба санъат озар асту ман санам,

Олате, к-ӯ созадам, ман он шавам.

Гар маро соғар кунад, соғар шавам

В-ар маро ханҷар кунад, ханҷар шавам.

Гар маро чашма кунад, обе диҳам

В-ар маро оташ кунад, тобе диҳам.

Гар маро борон кунад, хирман диҳам

В-ар маро новак кунад, дар тан ҷаҳам.

Гар маро море кунад, заҳр афганам

В-ар маро ёре кунад, хидмат кунам.

Ман чу килкам дар миёни исбаъайн,

Нестам дар саффи тоат байн-байн.

* * *

Иҳотаи илмӣ ва қайюмии Худованд

Ҳақ, муҳити ҳар ду омад, эй писар!

Вонадорад кораш аз кори дигар.

* * *

Қатрае, к-ӯ дар ҳаво шуд ё ки рехт,

Аз хазинай қудрати ту кай гурехт?

* * *

Раззоқияти Худованд

Андар ин олам ҳазорон ҷонвар,

Мезияд хушайш бе зеру забар.

Шукр мегӯяд Худоро фохта,

Бар дарахту барги шаб носохта.

Ҳамд мегӯяд Худоро андалеб,

К-эътимоди ризқ бар туст, эй муҷиб!

Боз дасти шоҳро карда навид,

Аз ҳама мурдор бубрида умед.

Ҳамчунин аз пашша гирӣ то ба пил,

Шуд “аёлуллоҳу ҳақ неъмал-муъил”.

* * *

Даст бар сар мезанӣ пеши Илоҳ,

Дасту сар бар додани ризқаш гувоҳ.

То бидонӣ асли асли ризқ ӯст,

То ҳам ӯро ҷӯяд он ки ризқҷӯст.

Ризқ аз вай ҷӯ, маҷӯ аз Зайду Амр,

Мастӣ аз вай ҷӯ, маҷӯ аз бангу хамр.

* * *

Ин замину сахтиён пардасту бас,

Асли рӯзӣ аз Худо дон ҳар нафас.

* * *

Бениёзии Худованд ва ниёзмандии офаридагон ба Ӯ

К-ӯ ғанӣ асту ҷуз ӯ ҷумла фақир,

Кай фақири беиваз гӯяд, ки гир?

* * *

Бетамаъ нашнидаам аз хосу ом

Ман саломе, эй бародар! Вассалом.

Ҷуз саломи Ҳаққ, ҳин! Онро биҷӯ,

Хона-хона, ҷо ба ҷову кӯ ба кӯ.

* * *

З-он ки мӯҳтоҷанд ин халқон ҳама,

Аз гадое гир то султон, ҳама.

* * *

Ман накардам амр, то суде кунам,

Балки то бар бандагон ҷуде кунам.

* * *

Гуфт пайғамбар, ки Ҳақ фармудааст:

Қасди ман аз халқ эҳсон будааст.

Офаридам, то зи ман суде кунанд,

То зи шаҳдам дастолуде кунанд.

На барои он ки то суде кунам,

В-аз бараҳна ман қабое барканам.

* * *

Қисмати дуввуми мақола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Бишнав аз най..., Ислом, Маснавии Маънавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: