Шарҳи Маснавӣ (203)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (29)

* * *

Тафсири қавли ҳаким (3)

* * *

Ашк, к-он аз баҳри ӯ боранд халқ,

Гавҳар асту ашк пиндоранд халқ.

Селоби ашке, ки аз дидагони мардумони соҳибдил барои Ҳақ фурӯ мерезад, дар воқеъ ашк нест, балки гавҳар ва марворид аст, вале соддаандешон ва зоҳирбинон онро ашки зоҳирӣ мепиндоранд.

Ман зи ҷони ҷон шикоят мекунам,

Ман наям шокӣ, ривоят мекунам.

Ман, ки бар ҳасби зоҳир аз ҷони ҷон, яъне ҳазрати Ҳақ, шикоят мекунам, дар воқеъ ман шикояткунанда нестам, балки танҳо ривоят мекунам.

Нукта: Яъне ин фиғону нолаи ман аз роҳи шикоят нест, балки ривоят аст аз ман барои ошиқон, то эшон низ тариқи ман пеш бигиранд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.127)

Дил ҳамегӯяд: аз ӯ ранҷидаам

В-аз нифоқи суст механдидаам.

Дил ҳамеша ба ман мегӯяд, ки аз он маҳбуб ранҷидаам, вале медонам, ки ӯ ошиқ аст ва ҳеч ранҷишу гилае надорад, аз ин рӯ ҳамвора бар он нифоқи суст ва мавҳум хандидаам.

Нукта: Аз он рӯ механдидаам, ки яқин доштам, ки он бало ва ранҷе, ки дилам аз он шикоят мекард, ҳама лутфи Ҳақ буд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.563)

Ростӣ кун, эй ту фахри ростон!

Эй ту садру ман даратро остон.

Эй, ки ту ифтихори авлиёи ростин ҳастӣ! Эй, ки ту бар болои олами маъно қарор дорӣ ва ман дар остони он! Ростӣ кун!

Остона-в садр дар маънӣ куҷост?

Мову ман, к-ӯ он тараф, к-он ёри мост?

Пойину боло дар олами маъно чӣ ҷое дорад? Чунонки дар он ҷаҳон вақте ёр рух менумояд, мову ман ку, ки бар ҷой монад? Пас олами ваҳдат олами таъайюн ва касрат нест.

Эй раҳида ҷони ту аз мову ман,

Эй латифай руҳ андар марду зан.

Эй комиле, ки ҷони ту аз қайди мову ман раҳидааст! Ва эй латифаи руҳ, ки дар марду зан вуҷуд дорӣ!

Нукта: Агар аз таъайюноти олами касрат қатъи назар кунем, ҷуз як ҳақиқати воҳид боқӣ намемонад. Руҳ низ ба зоти худ аз ҷинсияти мардона ва занона орист, яъне дорои касрат нест, лекин ин касратҳо фақат дар олами аҷсом ва модда аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.563)

Марду зан чун як шавад, он як туӣ,

Чунки якҳо маҳв шуд, онак туӣ.

Агар таъайюноти марду зан маҳв гардад ва дар мартибаи ваҳдат яке шаванд ва мақоми ваҳдати мутлақро пайдо кунанд, он ваҳдати номутаъайин туӣ, зеро вақте ки таъайюнот ва касратҳо соқит шавад, танҳо туӣ, ки вуҷуд хоҳӣ дошт.

Нукта: Никелсун дар бораи ин байт мегӯяд: “Куллияи ҳаводиси табиӣ ва авориз, суратҳои мутаъайине аз вуҷуди воқеӣ аст. Ва чун парда аз таъайюни онҳо барширифта шавад, ҳама бо ҳам меомезанд ва якто мешаванд ва ба ҳастии воқеӣ мепайванданд, ба ин далел Худованд зоти хешро дар ваҳдати ҷонҳои ушшоқ макшуф месозад.” (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии Маънавӣ, с.108-109)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: