Иддаоҳои Ҳафиз Бобоёров дар тарозуи мантиқ

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ

Изҳори назарҳои Ҳафиз Бобоёров дар мавзӯи дин ва бахусус дини ислом, бо он ки аз назари “истидлол“ (исботи муддао бо далел) фоқиди ҳар гуна эътибор аст – зеро эшон ғолибан иддао мепароканад ва дида нашудааст, ки бар муддао далел зикр кунад — аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки он иддаоҳо чи басо барои афроди ғайриошно бо маорифи динӣ (исломӣ) “илмӣ” вонамуд шаванд, ва аз тарафе ҳам, бештари ин иддаоҳо агар дар қолаби қиёси мантиқӣ дароянд, бисёр хандаовар мегарданд, аз ин рӯ лозим дидам онҳоро дар тарозуи мантиқ бигузорам ва ба нақди онҳо бипардозам; бошад, ки эшон аз ин ба баъд, бо каме диққат ва таъаммул дар ин замина изҳори назар намояд ва аз ҷоддаи инсоф берун нашавад.

Дар ин навиштор, равиши нигоранда чунин хоҳад буд, ки аввал иддаоҳои Ҳафиз Бобоёровро таҳти унвони “Иддао” меоварам, сипас дар зайли он, зери унвони “Нақд” ба баррасӣ ва нақди онҳо мепардозам.

* * *

1) Силсилаи маротиби эътибороти динӣ

Иддао: “Силсилаи маротиби эътибороти динӣ мeтавонад як баҳси доманадор бошад, то мушкилот ва камбудиҳои ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои диниро ошкор созад. Ин силсила чист? Он табақабандии мeтафизикӣ ва иҷтимоии рӯҳониён ва умуман тамоми мардум аз нуқтаи назари ҷаҳонбинии динӣ мeбошад. Масалан, аз ин нуқтаи назар фақат Худо эҷодкунандаи ҳақиқатҳои ахлоқӣ ва моддӣ мeбошад. Фақат Пайғамбар ирсолдиҳандаи ин ҳақиқатҳо барои одамон мeбошад. Фақат рӯҳониёну орифони баҳақрасида тавони шинохти дубора ё шарҳу тафсири ин ҳақиқатҳоро доранд. Фақат уламо ҳаққи дар амал татбиқ кардани ин ҳақиқатҳоро доранд. Ин мардум аст, ки бояд банда бошанд, яънe бeчунучаро ҳақиқатҳоро пазиранд, вагарна ба ширку куфр мубтало мeшаванд.”

* * *

Нақд: Ин ки “фақат Худо эҷодкунандаи ҳақиқатҳои ахлоқӣ ва моддӣ мебошад“ ин на танҳо назари дин аст, балки назари бештари фалосифаи реалист ҳамин аст. Ба ҷуз атеистон, дигар ҳама инро қабул доранд, ки на танҳо ҳақиқатҳои моддӣ, балки тамоми падидаҳои моддӣ ва ғайри моддӣ эҷоди Худост.

Дар мавриди ҳақиқатҳои ахлоқӣ ҳам назари ғайри атеистон ҳамин аст; фақат бо ин тафовут ки бархе қоиланд, ки: Худо дар ниҳоди инсон арзишҳои собити ахлоқӣ ниҳода ва бархе қоиланд, ки: Худо арзишҳои ахлоқии собите дар ниҳоди инсон халқ накардааст. Вале дар ҳар сурат, ҳар ду гурӯҳ қоиланд, ки он арзишҳо чи собит бошад ва чи ғайрисобит эҷоди Худост.
Фақат тибқи назари атеистон, махсусан Моркс ва пайравонаш, инсон зотан дорои ҳеч арзиши маънавӣ намебошад, балки зербинои тамоми арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии инсон — ахлоқ, дин, ҳунар, ҳуқуқ, фалсафа ва ғайра — аз назари ӯ ин вазъи иқтисодии ҷомеъа мебошад. Дар воқеъ аз назари Моркс, ҷавҳари инсонро фақат манфиати иқтисодӣ ва судҷӯӣ ташкил медиҳад ва ин судҷӯӣ ба манзилаи зербино ва бақияи ҳамаи арзишҳои фарҳангӣ рӯбинои он мебошад.

Ва аммо ин ки гуфтед: “Фақат Пайғамбар ирсолдиҳандаи ин ҳақиқатҳо барои одамон мeбошад. Фақат рӯҳониёну орифони баҳақрасида тавони шинохти дубора ё шарҳу тафсири ин ҳақиқатҳоро доранд. Фақат уламо ҳаққи дар амал татбиқ кардани ин ҳақиқатҳоро доранд. Ин мардум аст, ки бояд банда бошанд, яънe бeчунучаро ҳақиқатҳоро пазиранд, вагарна ба ширку куфр мубтало мeшаванд.“ — бояд бидонед, ки аввалан, рисолати паёмбарон баёни қонуни ташреъии Худованд аст ва дастуроти ахлоқӣ, ки шумо онро “ҳақиқатҳои ахлоқӣ“ номидед, бахше аз қонуни ташреъии Худо мебошанд. Вале падидаҳои моддӣ, ки шумо онро “ҳақиқатҳои моддӣ“ ном бурдед, рабте ба рисолати паёмбарон ва қонуни ташреъии Худо надорад, балки аз ҷумлаи офаридаҳо ва қонуни таквинии Худо башумор меояд.

Сониян: тибқи таълимоти паёмбарон, махсусан Паёмбари ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам), таълими илм бар ҳама фарзу лозим аст. Дар натиҷа, агар касе худ илм наомӯхт, табиатан бояд аз назари олимон пайравӣ кунад, чи дар соҳаи дин ва чи дар соҳаҳои дигар. Бинобар ин, пайравӣ аз назари олимон, фақат дар доираи дин маҳдуд нест, балки дар ҳар мавзӯе ақли салим чунин ҳукм мекунад.

Аз ин рӯ, ин ҳарфи шумо, ки: “Ин мардум аст, ки бояд банда бошанд, яънe бeчунучаро ҳақиқатҳоро пазиранд, вагарна ба ширку куфр мубтало мeшаванд”, аввалан мағлата ва бозӣ бо калимот аст. Зеро агар мурод аз “Ин мардум аст, ки бояд банда бошанд”, бандагии Худо бошад, дар ин сурат, беш аз ҳама худи паёмбарон бо пойбандӣ ба таълимоти динӣ бандагии Худо мекарданд ва ҳамин тавр олимони динӣ беш аз мардуми оддӣ муваззаф ҳастанд, ки ба он таълимот пойбанд бошанд. Вале агар муроди шумо аз “банда”, ин бошад, ки пайравии мардуми оддӣ аз назари олимонро як навъ бандагӣ ва бардагӣ бидонед, бояд ин суханро дар тамоми соҳаҳои мухталиф ҳам содиқ бидонед. Зеро мардуми оддӣ дар ҳар соҳае, аз олимон пайравӣ мекунанд. Сониян: асли ин мантиқ, мантиқи хатост, ки пайравӣ аз назари олимро сарзаниш ва мояи бандагиву бардагӣ бидонед. Зеро аввалан, хеле рӯшан аст, ки ҳамаи мардум олим ва соҳибназар намешавад, сониян ҳеч олиме дар ҳамаи соҳаҳо олим ва соҳибназар намешавад. Дар натиҷа, тибқи мантиқи шумо, ҳама аз ҷумла худи олимон, бояд сарзаниш бишаванд, чун дар ғайри соҳаи худ аз назари дигарон пайравӣ мекунанд. Гузашта аз ин, дар сурати пайравӣ накардани мардум аз назари олимон, чӣ ҳолат пеш меояд? Ба ҷуз ҳарҷу марҷ?

Бинобар ин, он чи шумо “силсилабаротиби эътибороти динӣ“ номидед, чизе ҷуз пайравии оммӣ аз олим нест, ки сираи уқалои башар дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҳамаи тӯли торих будааст.

* * *

2) Дин қудрати илмӣ надорад?

Иддао: Дин қудрати илмӣ дар даст надорад, ки одамонро ба ҳукмe бовар кунонад. Бо роҳи тарсондан нафси саркашро бовар мeкунонанд, ки ба ҳақиқатҳои ҳазорсолаҳо пeш гуфташуда шак наоранд. Дар ҳақиқат, дар силсилаи маротиби эътибороти динӣ аксарияти омма бояд мутeъ бошанд. Якe аз шартҳои марказии мутeъ будан бeсаводӣ ва нодонӣ ҳаст. Аз ин рӯ, садсолаҳо рӯҳониён, ки шояд як фоизи аҳолиро ташкил мeдоданд, “аҳли саводи миллат” буданд. Маҳз онҳо манфиатдор буданд, ки аксарият бeсавод монанд, ё чунон саводeро аз бар кунанд, ки силсилаи маротиби эътиборот вайрон нагардад. Дигарон аз онҳо саводноктар нашаванд, ҳаққи мулоҳиза ва таҳлилу пeшниҳод надошта бошанд.”

* * *

Нақд: Манзури шумо аз “қудрати илмӣ” чист? Оё бурҳон ва истидлоли мантиқӣ аст? Агар ин бошад, бояд бигӯям, ки иттифоқан дин бештарин қудрати истидлоли мантиқиро дорад. Далели рӯшани он ҳам даъвати бештари дин (дини ислом) ба таъаққул ва бурҳон аст. Қуръон беш аз ҳар чизе мардумро ба таъаққул ва тафаккур даъват мекунад, он қадр Қуръон ба таъаққул ва тафаккур арзиш қоил ҳаст, ки беш аз 300 бор дар ҷойҳои гуногун мардумро ба он супориш мекунад.

Қуръон дар чандин ҷо хитоб ба мункирон мегӯяд:

قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

Бигӯ: далели худро биёваред агар рост мегӯед! (Бақара, 111, ҳамчунин Намл, 64)

Тибқи мантиқи Қуръон, далелу истидлол дар дараҷаи аввал меистад, баъд аз он андарзу мавъиза ва сипас ҷидоли некӯ:

ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ

Бо ҳикмат ва андарзи некӯ ба роҳи парвардигорат даъват бикун ва бо онон бо (шеваи) некӯтар муҷодила намой, дар ҳақиқат парвардигори ту ба (ҳоли) касе, ки аз роҳи ӯ мунҳариф шуда донотар ва ӯ ба (ҳоли) роҳёфтагон низ донотар аст.” (Наҳл, 125)

Гузашта аз ин, ҳамин ки бештари донишмандони тирози аввали ҷаҳон ҳама диндор ва Худобовар будаанд, худ беҳтарин гувоҳ бар қудрати истидлолу бурҳони дин аст. Инҳо дигар мардуми авом нестанд, ки бидуни далелу бурҳон чизеро бипазиранд. Афроде мисли Николай Коперник (1373-1543), Рене Декарт (1596-1650 ), Галилей Галилео (1564-1642), Исҳоқ Нютон (1642-1727), Блез Паскал (1623-1662), Луи Пастер (1822-1895), Алберт Энштейн (1879-1955) ва ғайра…

* * *

3) Оё рӯҳониён бесамаранд?

Иддао: “Аммо сабаби чунин бeсамарӣ фақат Шӯравии 20 сол пeш азбайнрафта нeст. Сабаби асосӣ боз ҳам дар силсилаи маротиби эътибороти динӣ ҳаст, ки фаъолияти эҷодии фардиро маҳдуд ва вобастаи шартҳоe мeкунад, ки хилофи иродаи ӯ ҳастанд. Бояд аввал Бузургвору Ҳазрату Эшон гӯяд, баъд шогирд тасдиқ кунад. Аммо ин бузургон чизҳои фаръиву космeтикӣ мeгӯянд. Чун агар чизҳои ҷавҳарӣ гӯянд, пeш аз ҳама, силсилаи эътиборотро зeри суол мeбаранд ва дар натиҷа мақому мартабаи худро ба хатар рӯбарӯ мeкунанд. Ҷаҳонбинии динӣ ба ковишҳои назариявию ислоҳталабона имкон намeдиҳад. Оё рӯҳониён дидаву дониста ба чунин тарзи худкӯшӣ даст мeзананд? Албатта, нe.

* * *

Нақд: Аввалан, фаъолияти илмии рӯҳониён маҳдуд ба сад соли ахири даврони Шӯравӣ ва пас аз он нест. Сониян, рӯҳониён маҳдуд ба қаламрави Тоҷикистон нестанд, ки милоки арзёбии осори илмии рӯҳониён – ба сурати мутлақ — воқеъ шавад. Бинобар ин, бо баррасии ҳоли рӯҳониёни фақат як минтақа, он ҳам дар як мақтаъи торихии маҳдуд, наметавон натиҷа гирифт, ки пас “Сабаби асосӣ боз ҳам дар силсилаи маротиби эътибороти динӣ ҳаст“.

Зеро барои чунин натиҷаи куллӣ гирифтан ва ҳукми куллӣ барои руҳониён содир кардан, бояд бештари афрод дар ҳар минтақа ва замоне мавриди баррасӣ қарор бигирад. Вале чун дар ин ҷо сӯҳбат фақат дар бораи осори илмии рӯҳониёни як минтақа дар як мақтаи замонии маҳдуде меравад, аз ин рӯ ин натиҷа низ бояд тобеъи муқаддима бошад ва маҳдуд ба ҳамон макон ва замон бошад. Ба иборати дигар, вазъияти илмии рӯҳониёни Тоҷикистон дар ин давра, маълули авомили ҳамин давра мебошад. Чун рӯҳониёни ин минтақа дар давраҳои дигар на танҳо осори илмии қобили таваҷҷӯҳе доштанд, балки дурахшонтарини осори илмии давраи беш аз ҳазорсолаи торихи ин минтақа азони рӯҳониён будааст. Ва аз он тараф ҳам, дар ҳамин даврони ба истилоҳ уфули илмии рӯҳониёни Тоҷикистон, рӯҳониёни манотиқи дигар дорои осори илмӣ ҳастанд.

Дар илми мантиқ ба ин гуна натиҷагирӣ, ки шумо кардаед, ”мағлатаи иллати ҷаълӣ“ мегӯянд. Муғолитаи “иллати ҷаълӣ“ дорои ду шакл аст: шакли аввали он вақте аст, ки дар як истидлол, чизе ба унвони “иллат” вонамуд мешавад, ки дар воқеъ иллат нест. Ҳикояти танзомези зер намунае аз ин навъ муғолита мебошад:

Нақл аст, ки дар даврони қадим, фарзанди соддалавҳи табибе аз падари худ шунида буд, ки ҳар гоҳ ҳоли яке аз беморонат бад шуд, бар болини ӯ ҳозир шав ва ба атроф нигоҳ кун; бубин чӣ чизе пайдо мекунӣ! Агар масалан пӯсти харбузае дидӣ, бигӯ, ки бемор харбуза хӯрда ва бемориаш шиддат ёфтааст… Ҷавони соддалавҳ рӯзе бохабар шуд, ки ҳоли яке аз беморонаш вахим шудааст, зуд бар болини бемор ҳозир шуд ва ба такрор мегуфт, ки бемор парҳез накардааст! Ва барои исботи иддаояш ба атроф нигоҳ кард, аммо чизе наёфт, чуз полони хар. Аз ин рӯ хитоб ба атрофиёни бемор гуфт: Бемор хар хӯрдааст!

* * *

4) Бузургон чизҳои фаръиву космeтикӣ мeгӯянд?

Иддао: “Бояд аввал Бузургвору Ҳазрату Эшон гӯяд, баъд шогирд тасдиқ кунад. Аммо ин бузургон чизҳои фаръиву космeтикӣ мeгӯянд.”

* * *

Нақд: Аввалан, байни ин ду гузора чӣ иртиботи мантиқӣ ҳаст, ки якеро аз дигарӣ натиҷа гирифтед? Яъне байни ҳазрату эшон гуфтани шогирд ва байни ба қавли шумо ислоҳоти “косметикӣ”-и рӯҳониён чӣ робитаи мантиқӣ вуҷуд дорад? Ин мисли он мемонад, ки бигӯед: аввал бояд дар бизанад, баъд дарро боз кунад, сипас аз ин қазия натиҷа бигиред, ки аммо ин бузургон чизҳои фаръиву косметикӣ мегӯянд?!

Сониян, манзури шумо аз “чизҳои фаръиву косметикӣ“ чист, ки дар идома гуфтед: “Чун агар чизҳои ҷавҳарӣ гӯянд, пeш аз ҳама, силсилаи эътиборотро зeри суол мeбаранд ва дар натиҷа мақому мартабаи худро ба хатар рӯбарӯ мeкунанд“?

Агар муродатон ин аст, ки рӯҳониён фақат дар бораи аҳкоми зоҳирии ислом сӯҳбат мекунанд, хато мекунед. Зеро рӯҳониён баробари тадриси илми фиқҳ, илми калом ва чандин илми дигар ҳам тадрис мекунанд. Ва дар илми калом иттиқофан на “чизҳои фаръӣ“, балки аз ҳамон “чизҳои ҷавҳарӣ“ сӯҳбат мешавад. Дар илми калом усули дин омӯхта мешавад, далелҳои исботи вуҷуди Худо ва шубуҳоти инкори ӯ, масъалаи нубуввати омма ва хосса, масъалаи имон ва куфр, масъалаи раҳбарии ҷомеъа, масъалаи ҷабру ихтиёр, масъала адлу зулм… ва масоиле аз ин қабил таҳлилу баррасӣ мешавад. Ин масоил ба ҳеч ваҷҳ, масоили “фаръӣ ва косметикӣ” нестанд, зеро мумкин аст, касе бо гароиши мактаби Ашъарӣ вориди илми калом бишавад, вале бо гароиши Мотуридӣ аз он берун ояд ва ё баръакс. Ва ё чи басо касе бо даҳҳо шакку шубҳа вориди калом бишаваду бо итминону эътиқоди комил аз он берун ояд ва ё баръакс мумкин аст, касе бо як эътиқоди ҷазмӣ вориди калом гашта, вале бо шакку шубҳа аз он берун биояд.

Бинобар ин, чунин куллигӯиҳо ва қазоватҳои якҷониба ҳикоят аз бехабарии нависанда аз мабоҳиси дарундинӣ мекунад, ки ба ҷои ошноӣ аз наздик бо он, дуродур зеҳниятсозӣ намуда, барои худ “силсилаи эътиборот“ фарз кардааст. Ҳамон тавре ки пештар гуфта гузаштем, он чи муаллиф ба унвони “силсилаи эътиборот“ пиндошта, чизе ҷуз равиши уқалоӣ дар пайравӣ аз назари донишмандон нест.

* * *

5) Ҷаҳонбинии динӣ ба ковишҳои назариявию ислоҳталабона имкон намeдиҳад?

Иддао:Ҷаҳонбинии динӣ ба ковишҳои назариявию ислоҳталабона имкон намeдиҳад. Оё рӯҳониён дидаву дониста ба чунин тарзи худкӯшӣ даст мeзананд?

* * *

Нақд: Агар манзур аз “ковишҳои назариявию ислоҳталабона“ таҳлилу баррасии усули эътиқодии дин бошад, пас бояд донист, ки илми калом дақиқан барои ҳамин манзур падид омадааст. Агарчи ҳадафи илми калом, посухгӯӣ ба шубаҳоти динӣ мебошад, аммо лозимаи ин посухгӯӣ аввал, фаҳму дарки он ишколот ва шубаҳот аст. То як шубҳа хуб фаҳму дарк нашавад, имкони посухи он ҳам вуҷуд нахоҳад дошт. Бинобар ин, ҳар ишколу шубҳае, ки дар ҳар замону маконе дар бораи яке аз аркони дин матраҳ мешавад, дар илми калом мунъакис мешавад. Пас наметавон гуфт, ки: “дин ба ковишҳои назарӣ ва ислоҳталабона имкон намедиҳад“. Зеро ковишҳо ва ишколоти назарӣ аз касе намепурсад, ки ба ман иҷозаи ворид шудан медиҳӣ ё намедиҳӣ, балки ин ковишҳо дарназада ворид мешаванд. Илми калом дар воқеъ, ҳамон дарвозаи вуруди ин гуна ковишҳо ва ишколоти назарӣ аст.

Тарҳи ин гуна ковишҳои назарӣ ҳаргиз ба маънои худкушии рӯҳониён ва дин нест, балки баръакс боиси боландагӣ ва амиқтар фаҳмидани дин мебошад. Ҳаргиз уламои дини ислом аз тарҳи ковишҳо ва ишколоти назарӣ имтиноъ накардаанд, балки ҳамеша аз он истиқбол намудаанд, вагарна шубаҳоту ишколоти мухолифини худро дар китобҳояшон матраҳ намекарданд.

Хулоса, дар ин ҷо ҳам боз ҳамон иштибоҳи қаблӣ такрор шудааст, ва он ин ки рӯҳониён ва уламои динро аввалан дар чеҳра ва рафтори чаҳор рӯҳонии минтақаи худ хулоса карда, ва сониян, бо баррасии ноқиси аҳволи онҳо, як ҳукми куллӣ дар бораи ҳамаи рӯҳониёни динӣ – аз садри ислом то ба имрӯз — содир шудааст. Боз хоста ё нохоста, дучори ҳамон “мағлатаи иллати ҷаълӣ“ шудааст.

* * *

6) Бознигарии асли дин куфр аст?

Иддао:Дар дохили як илми ҷомeашиносӣ ё инсоншиносӣ даҳҳо ҷараёнҳо дар як вақт вуҷуд доранд. Ва як файласуф ё муҳаққиқ мeтавонад бо ихтиёри худ якeро ё чандeро пайравӣ кунад. Ва ё ҳамаи онҳоро омӯхта, пушти сар карда, назари хосси худашро дошта бошад. Аммо дин чунин зарфиятро надорад. Бознигарии асли дин куфр аст. Аз ин рӯ, дин ба зоти худ айб дорад. Ҳатто мантиқи Арастуӣ ва Синоӣ инро собит мeкунанд: араз ё худ шакл ифодагари ҷавҳар ва ё асли он моҳият мeбошад. Ислом, ки дар зоти худ айб дорад, аз ин рӯ фаръиёт яънe мусулмониҳои мо низ пурайбанд.”

* * *

Нақд: Агар дин зарфияти ҷараёнҳои мухталифро надошта бошад, пас ин ҳама макотиби эътиқодӣ ва мазоҳиби фиқҳии мухталиф дар даруни як дин, нишонгари чист?

Ба назар мерасад, ин ҷо нависанда байни ду чиз халт кардааст: яке асл ва матни дин, яъне ҳамоне ки аз тарафи Худо ба паёмбараш нозил шудааст, ва дигар, фаҳм ва бардошт аз дин. Дин дар ин ҷиҳат, монанди ҳар мавзӯест, ки аз тарафи донишмандон мавриди мутолеъа қарор мегирад. Дақиқан ҳамон тавре ки донишмандон ҷомеъа, инсон, торих ва ё табиатро мутолеъа мекунанд, ва аз он бардоштҳои гуногуне ба даст меоваранд, динро ҳам мавриди мутолеъа қарор медиҳанд ва табъан аз он бардоштҳои гуногуне ба даст меояд.

Бинобар ин, ҳамон тавре ки масалан инсон ва ё табиъат як ҳақиқати собит аст, вале бардошту фаҳми донишмандон аз он мухталиф мебошад, дин ҳам як ҳақиқати собит мебошад, вале бардошту фаҳми донишмандон аз он мухталиф аст.

Аз ин ҷиҳат, дин агар аз зарфияти бештаре нисбат ба мавзӯъоти дигар бархӯрдор набошад, қатъан камтар надорад.

Бинобар ин, ҳаргиз “бознигарии дин куфр” нест, балки бозофаринии дин куфр аст. Бознигарӣ яъне ин ки ман дар нигариш ва қироъати роиҷ аз дин ишколе бубинам. Дар ин ҷо на танҳо метавонам онро бознигарӣ кунам, балки вазифа дорам ва бояд ин корро бикунам. Аммо бозофаринӣ (ки дар истилоҳи исломӣ ба он “бидъат” гуфта мешавад), яъне ин ки ман чизеро аз пеши худам ба дин изофа намоям ва ё чизеро аз дин кам кунам.

Агар бознигарии дин куфр мебуд, мо ҳаргиз шоҳиди ин ҳама гароишҳои гуногуни каломӣ дар дин набудем. Пас, аз ин ҷиҳат наметавон хулоса баровард, ки “дин дар зоти худ айб дорад”. Албатта дин (ислом) аз ҳеч ҷиҳат дар зоти худ ҳеч айбе надорад, вале агар бихоҳем дар доираи ҳамин истидлол сухан кунем, қатъан суғрои он (“Дин зарфияти бардоштҳои гуногунро надорад”) козиб аст, пас натиҷа низ козиб мебошад, зеро натиҷа тобеъи ахасси муқаддиматайн аст.

Баёни иддаои Бобоёров ба шакли мантиқӣ:

Суғро: Дин зарфияти бардоштҳои гуногунро надорад.

Кубро: Ҳар чизе ки зарфияти бардоштҳои гуногунро надошта бошад, айб дорад.

Натиҷа: Пас, дин дар зоти худ айб дорад.

Ва аммо кизби суғрои ин қиёс: Вуҷуди гароишҳои мухталифи каломӣ ва фиқҳӣ дар дин, беҳтарин гувоҳ аст, ки дин зарфияти бардоштҳои гуногунро дорад. Пас, суғрои ин қиёс козиб мебошад.

Иштибоҳи нависанда дар ин истидлол, роҳ додан ба як муғолита аст, ки дар мантиқ онро муғолитаи “Чизе нест ҷуз…” мегӯянд. Ин муғолита ҳангоме рух медиҳад, ки як ҷанба ё як сифати падидае ба унвони ҳамаи ҷанбаҳо ва зоти он падида муаррифӣ мешавад, ба гунае ки гумон мешавад, он падида ҷанба ва ё сифати дигаре надорад. Аз он ҷо, ки ин муғолита маъмулан дар қолаби “Падидаи А чизе нест ҷуз сифати Б” баён мешавад, мантиқдонон номи онро муғолитаи “Чизе нест ҷуз..” номидаанд.

Ҳоло як мисол: дар теорияҳои илмӣ гоҳе бо чунин иборатҳое рӯбарӯ мешавем, ки мегӯяд: “Ҷаҳон чизе нест, ба ҷуз энержӣ ва ҳама чизҳое, ки мебинем, суратҳо ва ҷилваҳои мухталифи энержӣ ҳастанд”. Асли ин матлаб мубтанӣ бар назарияи Энштейн аст, ки мегӯяд: модда қобили табдил шудан ба энержӣ аст ва аз рӯи формулаи “E=mc2” метавон муъодили ҳар ҷирмеро ба даст овард. Яъне метавон гуфт: ҳар ҷирме қобили табдил шудан ба энержӣ аст. Вале бинобар ин ҳаргиз наметавон гуфт, ки “Ҷаҳон чизе нест ба ҷуз энержӣ”.

Ва аммо ин ки Бобоёров мегӯяд: “Ҳатто мантиқи Арастуӣ ва Синоӣ инро собит мeкунанд: араз ё худ шакл ифодагари ҷавҳар ва ё асли он моҳият мeбошад. Ислом, ки дар зоти худ айб дорад, аз ин рӯ фаръиёт яънe мусулмониҳои мо низ пурайбанд…” — ин суханро метавон “шоҳкори иштибоҳоти” ин асар номид.

Дар куҷои мантиқи арастуӣ ё синавӣ чунин матлабе баён шудааст?

Иттифоқан, ҳамин мантиқи арастуӣ ва синавӣ моҳиятро ба ҷавҳар ва араз ҷудо мекунад ва зоти моҳиятро иборат аз ҷавҳар ва сифоташро аърози он меномад. Асосан, худи ҳамин истилоҳи ҷавҳар ва араз гӯёи ин матлаб аст, ки зоти шаъй ҳамон ҷавҳари ӯст ва араз хориҷ аз зоти шайъ мебошад, бинобар ҳамин, номи якеро “ҷавҳар” ва номи дигариро “араз“ номидаанд. Ҷавҳар яъне асл ва зоти як шайъ, араз яъне чизе, ки бар он шайъ аз беруни зот меояд ва ориз мешавад. Тибқи мантиқи арастуӣ, зоти ҳар шайъ аз ду рукн иборат аст: ҷинс ва фасл. Масалан, ҷинси инсон “ҳайвоният“ аст ва фасли инсон “нотиқият“. Таркиби ин ҷинсу фасл, яъне ҳайвоният ва нотиқият мешавад зоти инсон. Пас, зот ва моҳияти инсон ибоарт аз ҳайвони нотиқ аст ва ғайр аз он ҳар сифат ва аразе хориҷ аз зот ва моҳияти инсон мебошад. Ин ба он маъност, ки сифатҳо ва аразҳо дар зоти шайъ дахолат надоранд, агарчи он сифат арази зотӣ ҳам бошад. Масалан, сифати таъаҷҷуб барои инсон арази зотӣ ба шумор меравад, чун фақат инсон аст, ки аз байни ҳайвоноти дигар ин сифатро дорад. Вале агар инсоне ёфт бишавад, ки таъаҷҷуб накунад, ин ба он маъно нест, ки ӯ дигар инсон набошад ва зот ва моҳияти ӯ аз байн рафта бошад. Дар мавриди арази омм матлаб хеле рӯшантар аз арази зотӣ аст. Масалан сифати “роҳ рафтан” як арази омм барои инсон мебошад, зеро ба ғайр аз инсон ҳайвоноти дигар ҳам дорои ин сифат мебошанд. Бинобар ин, на арази зотӣ ва на арази омм, ҳеч кадом дохил дар зот ва моҳияти шайъ нестанд.

Аз ин ҳам шигифтовар натиҷае аст, ки нависанда аз ин бардошти иштибоҳи худ аз мабҳаси ҷавҳар ва араз мегирад, ки гуфта: “Ислом, ки дар зоти худ айб дорад, аз ин рӯ фаръиёт яънe мусулмониҳои мо низ пурайбанд.

Аввалан, маълум шуд, ки араз дохил дар зот ва моҳияти шайъ нест. Сониян, ин тақсими моҳият ба ҷавҳар ва араз, марбут ба умури хориҷӣ аст, на умури эътиборӣ. Яъне, Арасту ё Ибни Сино умури ҳақиқӣ ва хориҷӣ — мисли инсон, ҳайвон, набот ва ҷамод — ро ба ҷавҳару араз тақисм мекунанд, на умури эътиборӣ мисли ахлоқ, ҳуқуқ, қонун, дин, фарҳанг ва монанди онро. Асосан баҳси моҳият ва ҷавҳару араз дар ҳикмати назарӣ матраҳ аст, яъне дар риёзиёт, табииёт ва мобаъдуттабиъа, на дар ҳикмати амалӣ, яъне дар ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсат.

Солисан: бар фарз ҳам агар “аз боби мусомиҳа дар таъбир” мо баҳси ҷавҳару аразро бар усул ва фурӯъи дин татбиқ диҳед, боз ҳам дар ин ҷо наметавон мусалмонҳоро фурӯъи дин номид. Зеро усул ва фуруъ марбут ба матни дин аст, яъне бахше аз омӯзаҳои дин, пояҳо ва аслҳои он аст ва бахше дигараш шохаҳо ва фурӯъи он. Бинобар ин, фурӯъи дин чӣ рабте ба пайравони дин дорад? Дин бо усулу фуруъаш сари ҷои худаш аст, чи пайраве дошта бошад ва чи надошта бошад.

* * *

7) Ислоҳталабӣ дар ҳавзаи дин

Иддао:Ислоҳталабӣ он гоҳe ҳақиқӣ ҳаст, ки на фаръиёт балки ҷавҳарро ислоҳ кунeм: Ба мусулмонон иҷозат диҳeм, ки ба биноҳои динӣ шак кунанд, онҳо имкон ёбанд, ки дар шинохти худо воситачиe чун рӯҳонӣ надошта бошанд.”

* * *

Нақд: Аввалан, ин ҷо сӯҳбат аз ислоҳоти иҷтимоъӣ ва сиёсӣ меравад, на ислоҳот дар боварҳои динӣ, ки баҳсаш дар “ковишҳои назарӣ” гузашт ва он ҷо тавзеҳ дода шуд, ки ҳатто дар усулитарин аркони дин ҳам ковиш сурат мегирад ва илми калом ӯҳдадори он аст.

Сониян, ин яъне чӣ: “онҳо имкон ёбанд, ки дар шинохти Худо воситачиe чун рӯҳонӣ надошта бошанд”?

Шумо дар бораи дини ислом сӯҳбат доред ё ягон дине дигар? Куҷо дар ислом руҳониён “воситачӣ” дар шинохти Худо ҳастанд? Кадом рӯҳонии мусалмон чунин иддиое кардааст? Дар дини ислом байни Худо ва банда ҳеч воситае вуҷуд надорад, асосан дар ҳеч куҷо байни Худо ва бандае ҳеч воситае вуҷуд надорад. Вале дар таълимоти исломӣ ин ҳақиқат хеле гӯё ва рӯшан баён шудааст. Қуръони Карим мефармояд:

وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ

Ва мо инсонро офаридем ва медонем, ки нафси ӯ чи васвасае ба ӯ мекунад ва мо аз шоҳраги (ӯ) ба ӯ наздиктарем.” (Сураи Қоф, ояти 16)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ

Ва ҳар гоҳ бандагони ман аз ту дар бораи ман пурсиданд, (бигӯ:) ман наздикам ва дуъои дуъокунандаро ҳангоме ки маро бихонад, иҷобат мекунам. Пас (онон) бояд фармони маро гардан ниҳанд ва ба ман имон оваранд, бошад, ки роҳ ёбанд.” (Сураи Бақара, ояти 186)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ وَأَنَّهُ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Чун Худо ва Паёмбар шуморо ба чизе фаро хонданд, ки ба шумо ҳаёт мебахшад, (даъвати) ононро иҷобат кунед ва бидонед, ки Худо миёни инсон ва дилаш қарор мегирад ва ҳам дар назди ӯ маҳшур хоҳед шуд.” (Сураи Анфол, ояти 64)

* * *

8) Дин ва илм

Иддао: Дар байни рӯҳониён ва аҳли фалсафаю мантиқ фарқиятҳои усулӣ ҳаст: нахуст ба шинохту ислоҳи фаръиёт сару кор дорад ва дуввумӣ ба шинохту ислоҳи ҷавҳар.”

* * *

Нақд: Ин ҳам яке дигар аз мағлатаҳои навбатӣ. Дар инҷо аз “мағлатаи эҳмоли сур” баҳра гирифта шудааст. Ҳоло, ин мағлатаро тавзеҳ бидиҳем.

“Сур” дар асл ба маънои девор аст ва “эҳмол” ба маънои фурӯ гузоштан ва раҳо кардан аст. “Сури қазия” (дар як қиёси мантиқӣ) яъне ҳадду марзи каммии он, ки маъмулан бо ибораҳои кулл, ҳама, ҷузъ, баъз ва монанди он муъйян мешавад. Бинобар ин, агар гӯянда ё нависанда дар садади ба иштибоҳ андохтани мухотаб бошад, “сури қазия” яъне ҳадду марзи онро баён намедорад, дар натиҷа мухотаб ба иштибоҳ он қазияро ба унвони як қазияи куллӣ талаққӣ мекунад.

Мисол: дар гузораи “Мардуми ин замон бевафо ҳастанд” чунин муғолитае ба кор рафтааст. Агар гӯянда ба ҷои он мегуфт, ки: “Ҳамаи мардуми ин замон бевафо ҳастанд”, хато будани суханаш ошкор мешуд, бинобар ин амдан сури қазияро зикр намекунад, яъне вожаи “ҳамаи”-ро зикр намекунад.

Бобоёров ҳам дар баёни фарқи байни рӯҳониён ва фалсафаву мантиқ, дақиқан аз чунин мағлатае кор гирифтааст. Зеро агар мегуфт: “Ҳамаи фалсафа ва мантиқ ба ҷавҳар сару кор дорад”, хато будани суханаш ошкор мегашт, чун хеле рӯшан аст, ки ҳамаи сару кори фалсафа ва мантиқ ҷавҳар нест, балки дар он аз араз ҳам сӯҳбат мешавад. Ва ҳамин тавр, дар бораи рӯҳониён низ агар мегуфт: “Ҳамаи сару кори рӯҳониён бо фаръиёт аст”, хатои суханаш ошкор мегашт, чун ки ҳама медонанд, ки рӯҳониён бо усул ҳам сару кор доранд.

* * *

Иддао:Масъалаҳои усулиe ҳастанд, ки динро аз илм фарқ мeгузоранд. Чунончи, барои илм офаринанда ё худо таъинкунандаи пeшакии маърифатшиносӣ ва ҳастишиносӣ нeст. Усули динӣ, ки касe ҷуз худо аз ғайб огоҳ нeст, хилофи усули илмӣ ҳаст. Шак овардан талаби мeҳварии илм аст, дар ҳолe ки дин онро куфр мeдонад. Мeъёру мақулаҳои устувор ва муқаддас, ба мисли ахлоқ, вуҷуд надоранд, магар ки онҳо дар таҷриба исботи худро наёфта бошанд. Аз ин рӯ, даъвати муаллиф (108) барои ба ҳам овардани дину илм усулан ғайриимкон аст. Агар онҳо ба ҳам оянд, пас бeгумон илм асолати худро аз даст додааст. Рӯҳониён намeтавонанд ҷаҳонбинии илмиро ҳазм кунанд, чунки он дар аксари маврид хилофи ҷаҳонбинии динӣ мебошад.”

* * *

Нақд: Хеле рӯшан аст, ки миёни илм ва дин фарқҳои зиёде вуҷуд дорад, ҳам дар мавзӯъ ва ҳам дар равиш ва ҳам дар ҳадаф байни илм ва дин фарқ аст. Илм дар бораи “чистӣ” ва “чигунагии падидаҳои моддӣ ва робитаи байни онҳо” сӯҳбат мекунад, дин аммо дар бораи “инсон ва саодати вай” сӯҳбат мекунад. Равиши илм таҷриба ва озмоиш аст, равиши шинохти дин аммо ақлу нақл мебошад. Бинобар ин, ду чизе, ки на дар мавзӯъ ва на дар равиш ва на дар ҳадаф иштироке надоранд, чаро бояд байни онҳо таъорузе вуҷуд дошта бошад? Таъоруз он гоҳ пеш меояд, ки ду чиз дар бораи як мавзӯъ сӯҳбат намояд, вале байни нигоҳ ва равиши онҳо дар бораи он мавзӯъ тафовутҳое вуҷуд дошта бошад. Дар бораи як чиз ду гуна назар диҳанд ва ду ҳукм содир намоянд, дар чунин ҳолат бояд дид, кадом як дуруст мегӯяд ва кадом як нодуруст.

Бинобар ин, агар байни дин ва чизи дигаре таъоруз қобили тасаввур бошад, он чиз макотиби фалсафӣ ва ахлоқӣ аст, на илм ба маънои Science.

Пас, ин ҷо ҳам муаллиф ба як мағлатаи дигаре паноҳ бурда аст, ва он ин ки мегӯяд: “Мeъёру мақулаҳои устувор ва муқаддас, ба мисли ахлоқ, вуҷуд надоранд, магар ки онҳо дар таҷриба исботи худро наёфта бошанд.” Зеро он чи ки дар он ба қавли муаллиф ”меъёру мақулаҳои устувор ва муқаддас” вуҷуд надорад, улуми таҷрубӣ (яъне Science) аст. Аммо мисоле, ки барои он мезанад ва мегӯяд: “мисли ахлоқ”, ин мисол берун аз мавзӯи улуми таҷрибӣ аст. Чаро ки ахлоқ, ҳуқуқ, сиёсат ва монанди он, аз мақулоти моддӣ нестанд, балки инҳо аз мақулоти эътиборӣ ва ҷузъи улуми инсонӣ мебошанд. Бинобар ин, улуми ақлӣ ба мисли фалсафа ва ё улуми нақлӣ ӯҳдадори баёни онҳост, на улуми таҷрибӣ ва табиӣ. Улуми ақлӣ монанди фалсафа илм ба маънои Science нестанд, балки инҳо илм ба маънои Knowledge яъне маърифат ҳастанд.

Ин мағлата аз навъи “мағлатаи иштироки лафз” аст, ки гӯянда дар он аз калимоте истифода мебарад, ки ду ё чанд маъно дошта бошанд, бидуни ин ки қаринае барои далолат бар яке аз маъноҳо биёварад. Ин мағлата мисли он мемонад, ки касе бигӯяд:

Суғро: Саодат ғояти зиндагӣ аст.

Кубро: Ғояти зиндагӣ марг аст.

Пас: Саодати инсон ҳамон марг аст.

Ин ҷо ҳам муаллиф дақиқан аз ҳамин равиш истифода кардааст. Агар навиштаи ӯро ба сурати мантиқӣ баён кунем чунин мешавад:

Суғро: Дар дин меъёр ва мақулаҳои устувор ва муқаддас вуҷуд дорад.

Кубро: Дар илм ҳеч меъёр ва мақулаҳои устувор ва муқаддасе вуҷуд надорад.

Натиҷа: Пас, ба ҳам овардани дину илм усулан ғайримумкин аст.

Ишколи ин сухан дар он аст, ки калимаи “илм” дар муқаддимаи дуввум (яъне кубро) ба маънои улуби таҷрибӣ яъне Science ба кор рафта, дар сурате ки мурод аз калимаи “илм” дар натиҷа, илм ба маънои маърифат, яъне Knowledge аст. Зеро он ҷо, ки сӯҳбат аз “ба ҳам овардани дину илм” аст, мурод улуми таҷрибӣ нест, балки мурод “улуми инсонӣ” мисли ахлоқ, ҳуқуқ ва сиёсат аст, ки инҳо аз мақулоти эътиборӣ ба шумор мераванд, на мақулоти моддӣ.



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: