Ислом ва Эронзамин (53)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (16)

Фиқҳ ва фақоҳат (2)

14) Шайх Абулқосим Ҷаъфар ибни Ҳасан ибни Яҳё ибни Саъиди Ҳиллӣ, маъруф ба Муҳаққиқ. Соҳиби китобҳои зиёд дар фиқҳ (ва усул) аз он ҷумла “Шаройеъ”, “Маъориҷ”, “Мӯътабар”, “Алмухтасар”, “Алннофеъ” ва ғайра аст. Муҳаққиқи Ҳиллӣ бо як восита шогирди Ибни Зуҳра ва Ибни Идриси Ҳиллии собиқуззикр аст. Дар “Алкуно вал-алқоб” зайли аҳволи Ибни Намо менависад: “Муҳаққиқи Каракӣ дар васфи Муҳаққиқи Ҳиллӣ гуфтааст: аълами асотиди муҳаққиқ дар фиқҳи Аҳли байт Муҳаммад ибни Намои Ҳиллӣ ва аҷалли асотиди ӯ Ибни Идриси Ҳиллӣ аст”.

Зоҳиран мақсуди Муҳаққиқи Каракӣ ин аст, ки аҷалли асотиди Ибни Намо Ибни Идрис аст, зеро Ибни Идрис дар 598 даргузаштааст ва Муҳаққиқ дар 676 даргузаштааст. Қатъан Муҳаққиқ ҳавзаи дарси Ибни Идрисро дарк накардааст. Дар “Райҳонатул-адаб” менависад: “Муҳаққиқи Ҳиллӣ шогирди ҷадд ва падари худаш ва Сайид Фихор ибни Муъидди Мӯсавӣ ва Ибни Зуҳра будааст. Ин низ иштибоҳ аст, зеро Муҳаққиқ Ибни Зуҳраро, ки дар 585 даргузаштааст дарк накардааст. Баъид нест, ки падари Муҳаққиқ шогирди Ибни Зуҳра будааст.

Ӯ устоди Алломаи Ҳиллист, ки баъдан хоҳад омад. Дар фиқҳ касеро бар ӯ муқаддам намешуморанд. Дар истилоҳи фуқаҳо ҳар гоҳ Муҳаққиқ ба таври мутлақ гуфта шавад, мақсуд ҳамин шахси бузургвор аст. Файласуф ва риёзидони бузург Хоҷа Насируддини Тӯcӣ бо ӯ дар Ҳилла мулоқот карда ва дар ҷаласаи дарси фиқҳаш ҳузур ёфтааст. Китобҳои Муҳаққиқ махсусан китоби “Шаройеъ” дар миёни туллоб як китоби дарсӣ буда ва ҳаст ва фуқаҳои зиёде китобҳои Муҳаққиқро шарҳ карда ё ҳошия бар онҳо навиштаанд.

15) Ҳасан ибни Юсуф ибни Алӣ ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ, маъруф ба Алломаи Ҳиллӣ. Яке аз уъҷубаҳои рӯзгор аст. Дар фиқҳ, усул, калом, мантиқ, фалсафа, риҷол ва ғайра китоб навиштааст. Дар ҳудуди сад китоб аз осори хаттӣ ё чопии ӯ шинохта шуда, ки баъзе аз онҳо ба танҳоӣ (монанди “Тазкиратул-фуқаҳо”) кофист, ки нубуғи ӯро нишон диҳад. Аллома китобҳои зиёде дар фиқҳ дорад, ки ғолиби онҳо монанди китобҳои Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар замонҳои баъд аз ӯ аз тарафи фуқаҳо шарҳ ва ҳошия шудааст. Китобҳои маъруфи фиқҳии Аллома иборат аст аз: Иршод, Табсиратул-мутаъаллимин, Қавоъид, Таҳрир, Тазкиратул-фуқаҳо, Мухталафуш-шиъа, Мунтаҳо… Аллома асотиди зиёде доштааст. Дар фиқҳ шогирди доии худ Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва дар фалсафа ва мантиқ шогирди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ будааст. Фиқҳи тасаннунро назди уламои аҳли тасаннун таҳсил кардааст. Аллома дар соли 648 мутаваллид шуда ва дар соли 726 даргузаштааст.

16) Фахрулмуҳаққиқин, писари Алломаи Ҳиллӣ. Дар 682 мутаваллид шуда ва дар соли 771 даргузаштааст. Алломаи Ҳиллӣ дар муқаддимаи “Тазкиратул-фуқаҳо” ва дар муқаддимаи китоби “Қавоъид” аз фарзандаш ба таҷлил ёд кардааст ва дар охири “Қавоъид” орзу карда, ки писар баъд аз падар корҳои нотамоми ӯро тамом кунад. Фахрулмуҳаққиқин китобе дорад ба номи “Изоҳул-фавоид фи шарҳи мушкилотил-қавоъид”. Орои Фахрулмуҳаққиқин дар китоби “Изоҳ”, дар китобҳои фиқҳӣ мавриди таваҷҷӯҳ аст.

17) Муҳаммад ибни Маккӣ, маъруф ба Шаҳиди Аввал. Шогирди Фахрулмуҳаққиқин ва аз аъозими фуқаҳои шиъа аст. Дар радифи Муҳаққиқ Ҳиллӣ ва Алломаи Ҳиллӣ аст. Аҳли Ҷабали Омил аст, ки минтақаест дар ҷануби Лубнон ва аз қадимтарин марокизи ташайюъ аст ва ҳамакнун низ як маркази шиъӣ аст. Шаҳиди Аввал дар соли 734 мутаваллид шуда ва дар 786 ба фатвои як фақеҳи моликимазҳаб ва таъйиди як фақеҳи шофеимазҳаб шаҳид шудааст. Ӯ шогирди шогирдони Алломаи Ҳиллӣ ва аз он ҷумла Фахрулмуҳаққиқин будааст. Китобҳои маъруфи Шаҳиди Аввал дар фиқҳ иборат аст аз: Лумъа, ки дар муддати кӯтоҳе дар ҳамон зиндоне, ки мунҷар ба шаҳодаташ шуд таълиф кардааст, ва аҷиб ин аст, ки ин китоби шарифро дар ду қарн баъд фақеҳе бузург шарҳ кард, ки ӯ сарнавиште монанди муаллиф пайдо кард, яъне шаҳид шуд ва “Шаҳиди Сонӣ” лақаб гирифт. Шарҳи Лумъа таълифи Шаҳиди Сонист, ки ҳамвора аз китобҳои дарсии туллоб буда ва ҳаст. Китобҳои дигари Шаҳиди Аввал иборат аст аз: Дурус, Зикро, Баён, Алфия, Қавоъид. Ҳамаи китобҳои ӯ аз нафоиси осори фиқҳӣ аст. Китобҳои Шаҳиди Аввал низ монанди китобҳои Муҳаққиқ ва Алломаи Ҳиллӣ дар асрҳои баъд, аз тарафи фуқаҳо шарҳҳо ва ҳошияҳои зиёд хӯрдааст.

Дар миёни фуқаҳои шиъа, китобҳои се шахсияти фавқуззикр яъне Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Алломаи Ҳиллӣ, Шаҳиди Аввал — ки дар қарни ҳафтум ва ҳаштум мезистаанд — ба сурати мутуни фиқҳӣ даромада ва дигарон бар онҳо шарҳу ҳошия навиштаанд ва касе дигар намебинем, ки чунин инояте ба осори ӯ шуда бошад. Фақат дар як қарни гузашта ду китоб аз китобҳои Шайх Муртазо Ансорӣ — ки дар ҳудуди 113 сол аз вафоташ мегузарад — чунин вазъе ба худ гирифтааст.

Хонадони Шаҳиди Аввал хонадони илму фазлу фиқҳ будаанд ва наслҳои мутаволӣ ин шарофатро барои худ нигаҳдорӣ кардаанд. Шаҳид се писар дорад, ки ҳар се аз уламо ва фуқаҳо будаанд, ҳамчунон ки ҳамсараш Умми Алӣ ва духтараш Умми Ҳасан низ фақеҳа будаанд ва Шаҳид занонро дар порае аз масоили фиқҳӣ ба ин ду бонуи фозила ирҷоъ мекардааст. Дар китоби “Райҳонатул-адаб” менависад: “Баъзе аз бузургон Фотима духтари Шаҳидро “Шайха” ва “Ситтул-машойих” яъне Сайидатул-машойих лақаб додаанд”.

18) Фозили Миқдод. Аҳли Сюр аст, ки аз қурои Ҳилла аст. Аз шогирдони мубрази Шаҳиди Аввал аст. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ, ки чоп шуда ва дар даст аст ва аз ӯ нақл мешавад, китоби “Канзул-ирфон” аст. Ин китоб оётулаҳком аст, яъне дар ин китоб он силсила аз оятҳои каримаи Қуръон, ки аз онҳо масоили фиқҳӣ истинбот мешавад ва дар фиқҳ матраҳ мегардад тафсир шуда ва ба сабки фиқҳӣ ба онҳо истидлол шудааст. Дар шиъа ва суннӣ китобҳои зиёде дар оётулаҳком навишта шудааст ва “Канзул-ирфон”-и Фозили Миқдод беҳтарин ва ё аз беҳтарини онҳост. Фозили Миқдод дар соли 826 вафот кардааст. Бинобар ин, ӯ аз уламои қарни нӯҳуми ҳиҷрӣ маҳсуб мешавад.

19) Ҷамолуссоликин Абулаббос Аҳмад ибни Фаҳди Ҳиллии Асадӣ. Дар соли 757 мутаваллид шуда ва дар соли 841 вафот ёфтааст. Дар табақаи шогирдони Шаҳиди Аввал ва Фахрулмуҳаққиқин аст. Машойихи ҳадиси ӯ Фозили Миқдоди собиқуззикр ва Шайх Алӣ ибни Хозини фақеҳ ва Шайх Баҳоуддин Алӣ ибни Абдулкарим аст. Алаззоҳир асотиди фиқҳии ӯ низ ҳаминҳо ҳастанд. Ибни Фаҳд таълифоти фиқҳии мӯътабаре дорад аз қабили “Ал-муҳаззабул-бореъ”, ки шарҳи “Мухтасарун-нофеъ”-и Муҳаққиқи Ҳиллист, ва шарҳи Иршоди Аллома ба номи “Ал-муқтасир” ва шарҳи Алфияи Шаҳиди Аввал. Шӯҳрати бештари Ибни Фаҳд дар ахлоқ ва сайру сулук аст. Китоби машҳури ӯ дар ин замина “Уддатуд-доъӣ” аст.

20) Шайх Алӣ ибни Ҳилоли Ҷазоирӣ. Зоҳид ва муттақӣ ва ҷомеъи маъқулу манқул будааст. Устоди ривояташ Ибни Фаҳди Ҳиллӣ аст ва баъид нест, ки устоди фиқҳи вай низ ҳам ӯ бошад. Мегӯянд, дар асри худаш шайхулислом ва раиси шиъа будааст. Муҳаққиқи Каракӣ шогирди ӯ буда ва ӯро ба сифати фақоҳат ва шайхулисломӣ сутудааст. Ибни Абиҷумҳури Эҳсоӣ низ фиқҳро назди ӯ таҳсил кардааст.

21) Шайх Алӣ ибни Абдулъоли Каракӣ, маъруф ба Муҳаққиқи Каракӣ ё Муҳаққиқи Сонӣ. Аз фуқаҳои Ҷабали Омил аст ва аз акобири фуқаҳои шиъа аст. Дар Шом ва Ироқ таҳсилоти худро такмил карда ва сипас ба Эрон (дар замони шоҳ Таҳмосби Аввал) омада ва мансаби шайхулисломӣ барои аввалин бор дар Эрон ба ӯ тафвиз шуд. Мансаби шайхулисломӣ баъд аз Муҳаққиқи Каракӣ ба шогирдаш Шайх Алӣ Миншор, падарзани Шайх Баҳоӣ расид ва баъд аз ӯ ин мансаб ба Шайх Баҳоӣ вогузор шуд. Фармоне, ки шоҳ Таҳмосб ба номи ӯ навишта ва ба ӯ ихтиёроти томм дода ва дар ҳақиқат ӯро соҳибихтиёри воқеӣ ва худро намояндаи ӯ донистааст маъруф аст. Китоби маъруфи ӯ, ки дар фиқҳ зиёд ном бурда мешавад, “Ҷомеъул-мақосид” аст, ки шарҳи “Қавоъид”-и Алломаи Ҳиллӣ аст. Ӯ илова бар ин, “Мухтасарун-нофеъ”-и Муҳаққиқ ва “Шаройеъ”-и Муҳаққиқ ва чанд китоби дигар аз Аллома ва чанд китоб аз Шаҳиди Аввалро ҳошия зада ва ё шарҳ кардааст.

Омадани Муҳаққиқи Сонӣ ба Эрон ва ташкили ҳавза дар Қазвин ва сипас дар Исфаҳон ва парвариши шогирдоне мубраз дар фиқҳ, сабаб шуд, ки барои аввалин бор пас аз давраи Садуқайн, Эрон маркази фиқҳи шиъа бишавад. Муҳаққиқи Каракӣ миёни солҳои 937 ва 941 даргузаштааст. Муҳаққиқи Каракӣ шогирди Алӣ ибни Ҳилоли Ҷазоирӣ ва ӯ шогирди Ибни Фаҳди Ҳиллӣ будааст. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ шогирди шогирдони Шаҳиди Аввал аз қабили Фозили Миқдод буда. Бинобар ин ӯ ба ду восита шогирди Шаҳиди Аввал аст. Писари Муҳаққиқи Каракӣ ба номи Шайх Абдулъолӣ ибни Алӣ ибни Абдулъолӣ низ аз фуқаҳои шиъа аст. Иршоди Аллома ва Алфияи Шаҳидро шарҳ кардааст.

22) Шайх Зайнуддин маъруф ба Шаҳиди Сонӣ. Аз аъозими фуқаҳои шиъа аст. Марде ҷомеъ буда ва дар улуми мухталиф даст доштааст. Аҳли Ҷабали Омил аст. Ҷадди шашуми ӯ “Солеҳ” номест, ки шогирди Алломаи Ҳиллӣ будааст. Зоҳиран аслан аҳли Тӯс будааст, аз ин рӯ Шаҳиди Сонӣ гоҳе “Аттусиюш-шомӣ” имзо мекардааст. Шаҳиди Сонӣ дар соли 911 мутаваллид шуда ва дар 966 шаҳид шудааст. Мусофирати зиёд карда ва асотиди зиёд дидааст. Ба Миср, Димишқ, Ҳиҷоз, Байтулмуқаддас, Ироқ ва Истонбул мусофират карда ва аз ҳар хирмане хӯшаҳое чидааст. Танҳо асотиди суннии ӯро дувоздаҳ тан навиштаанд ва ба ҳамин ҷиҳат марде ҷомеъ будааст. Илова бар фиқҳу усул, аз фалсафа ва ирфон ва тибб ва нуҷум ҳам огоҳӣ доштааст. Фавқулъода зоҳид ва муттақӣ будааст. Шогирдонаш дар аҳволаш навиштаанд, ки дар айёми тадрис, шабҳо ба ҳезумкашӣ барои иъошаи хонадонаш мерафт ва субҳ ба тадрис менишаст. Муддате дар Баълабак ба панҷ мазҳаб (ҷаъфарӣ, ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ, ҳанбалӣ) тадрис мекардааст. Шаҳид таълифоти зиёде дорад. Маъруфтарин таълифи ӯ дар фиқҳ Шарҳи Лумъаи Шаҳиди Аввал ва дигар “Масоликул-афҳом” аст, ки шарҳи “Шаройеъ”-и Муҳаққиқи Ҳиллӣ аст. Шаҳиди Сонӣ назди Муҳаққиқи Каракӣ (қабл аз он ки Муҳаққиқ ба Эрон биёяд) таҳсил кардааст. Шаҳиди Сонӣ ба Эрон наомад. Соҳиби “Маъолим”, ки аз маъорифи уламои шиъа аст фарзанди Шаҳиди Сонӣ аст.

23) Аҳмад ибни Муҳаммад Ардабилӣ, маъруф ба Муқаддаси Ардабилӣ. Зарбулмасали зуҳду тақвост ва дар айни ҳол аз муҳаққиқони фуқаҳои шиъа аст. Муҳаққиқи Ардабилӣ дар Наҷаф сукно гузид. Муосири Сафавия аст. Гӯянд, шоҳ Аббос исрор дошт, ки ба Исфаҳон биёяд, ҳозир нашуд. Шоҳ Аббос хеле моил буд, ки Муқаддаси Ардабилӣ хидмате ба ӯ ирҷоъ кунад, то ин ки иттифоқ афтод, ки шахсе ба иллати тақсире аз Эрон фирор кард ва дар Наҷаф аз Муқаддаси Ардабилӣ хост, ки назди шоҳ Аббос шафоат кунад. Муқаддас номае ба шоҳ Аббос навишт ба ин мазмун:

Бонии мулки орият Аббос бидонад: агарчӣ ин мард аввал золим буд, акнун мазлум менамояд. Чунончи аз тақсири ӯ бигузарӣ, шояд, ки Ҳақ Субҳонаҳу аз порае тақсироти ту бигзарад. Бандаи шоҳи вилоят Аҳмади Ардабилӣ.”

Шоҳ Аббос навишт:

Ба арз мерасонад: Аббос хадамоте, ки фармуда будед ба ҷон миннат дошта, ба тақдим расонид. Умед, ки ин муҳибро аз дуои хайр фаромӯш нафармоед. Калби остони Алӣ, Аббос.”

Худдории Муқаддаси Ардабилӣ аз омадан ба Исфаҳон сабаб шуд, ки ҳавзаи Наҷаф ба унвони маркази дигар дар муқобили ҳавзаи Исфаҳон эҳё шавад, ҳамчунон ки худдории Шаҳиди Сонӣ ва писараш Шайх Ҳасан соҳиби “Маъолим” ва духтарзодааш Сайид Муҳаммад соҳиби “Мадорик” аз муҳоҷират аз Ҷабали Омил ба Эрон сабаб шуд, ки ҳавзаи Шом ва Ҷабали Омил ҳамчунон идома ёбад ва мунқариз нагардад. Соҳиби “Маъолим” ва соҳиби “Мадорик” барои ин ки дучори маҳзур ва рӯдарбоистӣ барои таваққуф дар Эрон нашаванд, аз зиёрати ҳазрати Ризо алайҳис-салом, ки фавқулъода муштоқи он буданд сарфи назар карданд.

Ин банда феълан намедонад, ки Муқаддаси Ардабилӣ фиқҳро куҷо ва назди чӣ касе таҳсил кардааст. Ҳамин қадр медонем, ки фиқҳро назди шогирдони Шаҳиди Сонӣ таҳсил кардааст. Писари Шаҳиди Сонӣ (соҳиби “Маъолим”) ва наводаи духтариаш (соҳиби “Мадорик”) дар Наҷаф шогирди ӯ буданд. Дар китоби зиндагии Ҷалолуддини Даввонӣ менависад, ки:

Мулло Аҳмади Ардабилӣ, Мавлоно Абдуллоҳи Шуштарӣ, Мавлоно Абдуллоҳи Яздӣ, Хоҷа Афзалуддини Турка, Мир Фахруддини Ҳамокӣ, Шоҳ Абӯмуҳаммади Шерозӣ, Мавлоно Мирзоҷон ва Мир Фатҳи Шерозӣ шогирдони Хоҷа Ҷамолуддин Маҳмуд будаанд ва ӯ шогирди Муҳаққиқ Ҷалолуддини Даввонӣ будааст.”

Ва зоҳиран таҳсили Муқаддаси Ардабилӣ назди Хоҷа Ҷамолуддин Маҳмуд дар риштаҳои маъқул буда, на манқул. Муқаддаси Ардабилӣ дар соли 993 дар Наҷаф даргузаштааст. Китобҳои фиқҳии маъруфи ӯ яке Шарҳи Иршод аст ва дигар Оётулаҳком. Назариёти дақиқи ӯ мавриди таваҷҷӯҳи фуқаҳост.

24) Шайх Баҳоуддин Муҳаммади Омилӣ, маъруф ба Шайх Баҳоӣ. Ӯ низ аҳли Ҷабали Омил аст. Дар кӯдакӣ ҳамроҳи падараш Шайх Ҳусайн ибни Абдуссамад — ки аз шогирдони Шаҳиди Сонӣ буд — ба Эрон омад. Шайх Баҳоӣ аз ин рӯ, ки ба кишварҳои мухталиф мусофират карда ва маҳзари асотиди мухталиф дар риштаҳои мухталифро дарк карда ва ба илова дорои истеъдод ва завқи саршор будааст, марде ҷомеъ буда ва таълифоти мутанаввеъе дорад. Ҳам адиб буда ва ҳам шоир ва ҳам файласуф ва ҳам риёзидон ва муҳандис ва ҳам фақеҳ ва ҳам муфассир. Аз тибб низ бебаҳра набудааст. Аввалин касест, ки як давра аҳкоми фиқҳи ғайри истидлолӣ ба сурати рисолаи амалия ба забони форсӣ навишт. Он китоб ҳамон аст, ки ба номи “Ҷомеъи Аббосӣ” маъруф аст.

Шайх Баҳоӣ чун фиқҳ риштаи ихтисосӣ ва тахассусиаш набуда, аз фуқаҳои тирози аввал ба шумор намеравад, вале шогирдони зиёде тарбият кардааст. Муллосадрои Шерозӣ ва Мулло Муҳаммадтақии Маҷлисии Аввал (падари Маҷлисии Дуввум соҳиби китоби “Биҳорул-анвор”), Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Фозили Ҷавод соҳиби “Оётулаҳком” аз шогирдони ӯянд. Ҳамчунон ки қаблан ишора кардем, мансаби шайхулисломии Эрон пас аз Муҳаққиқи Каракӣ ба Шайх Алӣ Миншор падарзани Шайх Баҳоӣ расид ва пас аз ӯ ба Шайх Баҳоӣ расид. Ҳамсари Шайх Баҳоӣ, ки духтари Шайх Алӣ Миншор будааст, зане фозила ва фақеҳа будааст. Шайх Баҳоӣ дар соли 953 ба дунё омада ва дар соли 1030 ё 1031 даргузаштааст. Шайх Баҳоӣ зимнан марде ҷаҳонгард будааст. Ба Миср, Шом, Ҳиҷоз, Ироқ, Фаластин, Озарбойҷон ва Ҳирот мусофират кардааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: